Кашфи доруҳо-антибиотикҳо, ки имрӯз мо сахт бо онҳо одат кардаем, ҷомеаи инсониро ба таври мушоҳидашаванда дигаргун кард. Бемориҳое, ки каме пештар дар муолиҷаашон табибон оҷиз монда буданд, акнун ақибнишинӣ карданд. Ва ҷолибтар аз ин таърихи кашфи антибиотикҳост. Дар бораи инсоне нақл мекунем, ки ин доруҳоро ихтироъ кард ва башариятро аз шарри чандин бемориҳои мудҳиш наҷот дод. Ӯ Александр Флеминг мебошад.

Биологи варзида Александр Флеминг 6-уми августи соли 1881 дар графигарии Эршири Шотландия ба дунё омад. Вай дар фермаи волидонаш, ки аз чор тараф бо буттазори паҳни халанҷу заминҳои холӣ иҳота шуда буд, ба камол расид. Табиат ба Александри ҷавон бештар аз мактаб сабақ дод. Олими оянда дар овони бачагиву наврасӣ ва ҷавонӣ бо бародаронаш миёни ин буттаҳо ва заминҳои паҳни холӣ аз ҳар гуна зироат шикор мерафт. Бачаҳо усули ғайриоддии шикори харгӯшонро фикр карда бароварда буданд: онҳо ҳайвончаи хурдакакро мушоҳида менамуданд, вале чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онро надидаанд ва дар атрофаш ба бозиҳои худ идома медоданд ва оҳиста-оҳиста ва номаълум ба вай наздик мешуданд. Харгӯш то даме, ки чашмаш ба чашми одамӣ намеафтид, фирор намекард. Ба ҳайвонча наздик шуда, бачаҳо ногаҳон гӯё ба болояш меафтоданд. Ба чунин бозӣ танҳо тифлон метавонанд машғул шаванд: одами болобаланд наметавонист харгӯшро бо ҷисми худ бипӯшад. Он замон ҳам на як бору ду бор сайд худро аз дасти “шикорчиён” раҳо карда буд.
Дар синни 13-солагӣ Александри наврас ба пойтахти Британияи Кабир-Лондон рафт. Дар он замон, ки ҳамсолонаш таҳсил мекарданд ва илм меомӯхтанд, Алекс муддати панҷ сол дар ширкати маҳаллӣ кор кард, то барои нон пул пайдо кунад. Соли 1901 Флеминг имтиҳон супурд ва ба омӯзишгоҳи тибии Марияи Муқаддас дохил шуд. Панҷ соле, ки таҳсил накард, барояш монеъ нашуд, ки соҳиби унвони донишҷӯ шавад. Гузашта аз ин вай довталабе ном гирифт, ки беҳтар аз дигарон имтиҳонҳоро супурд, ҳатто дар таърихи Шоҳаншоҳии Британия ин гуна довталаби донишмандро касе ёд надоштааст. Ин чи гуна ба вай даст дод? Флеминг ҳеч гоҳ даст ба кори беҳуда намезад. Вай аз китобҳои дарсӣ танҳо бахшҳои муфидро ҷудо мекард ва барои омӯзиши бахшҳое, ки гумон мекард лозим нестанд, вақташро сарф наменамуд. Баъди анҷоми таҳсил аз Флеминг даъват карданд, ки дар озмоишгоҳи бактериологии бемористони Марияи Муқаддас кор кунад. Он замон бактереология пешсафи ҳамаи илмҳои замон буд ва шахсиятҳои маълуму машҳури сиёсиву фарҳангӣ, олимону нависандагоне аз қабили Бернард Шоу зуд-зуд ба ин озмоишгоҳ меомаданд. Шоу ҳатто дар як асараш заҳамоти олимони ин озмоишгоҳро бо номҳои дигар ба риштаи тасвир кашида буд.
Соли 1909 оими олмонӣ Эрлих воситаи дорувории наверо ба муқобили оташак (сифилис) пайдо кард. Ин дору бар асоси марги муш сохта шуда буд ва ба организм ворид шуда барангезандаи ин беморӣ-спирохетаҳоро нест мекард. Олим онро “салварсан”, яъне наҷот бо воситаи марги муш унвон кард. Флеминг он замон беморонро бо воситаи ин дору табобат мекард. Салварсанро бо воситаи сӯзандору зери пӯст мегузарониданд ва он дарди азимро барои бемор ба вуҷуд меовард. Мебоист онро ба хун ворид мекарданд, вале он замон ин гуна сӯзандоруҳоро хеле кам истеҳсол мекарданд. Яке аз донишҷӯёни омӯзишгоҳи Марияи Муқаддас лаҳзаҳоеро нақл кардааст:
«Ман бараъло ӯро (Флемингро) дар назди кати бемор, пӯшидаи хилъати сафед мебинам, ки ба раги вариди бемор бо сӯзан хеле эҳтиёткорона дору мегузаронад, то он беҳуда наравад ва мустақим ба хун асар кунад. Барои донишҷӯи он замон сӯзангузаронӣ дар рагҳо ҳам нав ва ҳам ҷолиб буд. Шояд аз ин аст, ки симои Флема (дӯстонаш ӯро чунин меномиданд) ба таври ҳамеша дар хотири ман бо ҳамин нерӯи драмавӣ нақш баст”.
Вақте ин донишҷӯ пурсид, ки ин моеъи зард чӣ ном дорад, Флеминг хеле кӯтоҳ посух дод: «Намаки хлориди диоксиди аминоарсенобензол».
Ин мафҳум барои донишҷӯ бегона буд. Метавонист чунин ба назар расад, ки Флеминг буғзу кинае нисбати ҳамсуҳбаташ дорад, аз ин рӯ бо чунин оҳанг суҳбат мекунад. Вале ин чунин набуд. Ҳамон замон вай ба донишҷӯе, ки мароқ зоҳир карда буд, таърихи сохта шудани ин доруро нақл кард ва аз ӯ даъват намуд, ки фардо барои дидани ин бемор ояд. Рӯзи дигар ҳоли бемор хеле беҳ шудаву захмҳои даҳшатнокаш тоза шуда буданд. Суръати таъсири дору ба донишҷӯён таассуроти амиқе ба ҷо гузошт.
Дар бораи хислати Флеминг яке аз ҳамкоронаш гуфтааст:
«Хеле одами ботамкину бо таҳаммул ва меҳрубон буд. Мухтасару кӯтоҳ посух медод, вақте дигарон ба гап ҳамроҳ мешуданд, вай ором мегирифт. Мо мегуфтем, ки ӯ шотландии асил аст, ки гап намезанад, балки фақат ғур-ғур мекунад. Албатта, ин чандон дуруст ҳам набуд. Мо шӯхӣ мекардем, мисли шӯхӣ дар як “оила”.
Рӯзи кории Флеминг дар солҳои аввали фаъолиятҳои илмиаш қариб, ки шабонарӯзӣ буд. Вақте вай ба кор меомад, соатҳоро месанҷиданд. Ҳатто он кормандоне, ки то соати дуи шаб мемонданд, метавонистанд ба утоқи кории вай ворид шаванд ва пиво нӯшанд.
Хеле баъдҳо донишҷӯён дар борааш мегуфтанд: “Барои мо басо хушоянд ва роҳатдиҳанда буд, ки мушоҳида кунем чӣ гуна вай шишаро дар оташ мулоим мекард, барои кор омода месохт, аммо ба хотири саргармӣ ашёҳои гуногуни шишаӣ, ҳайвончаҳои аҷоибу ғароиб месохт. Бахусус, гурбае дар ёдҳо монда, ки ногаҳонӣ аз шишаи тасфондашуда ҳосил шуд ва чун сард гашт, комилан бо чашмони зинда ба мо менигарист. Баъдан вай хеле ҷонварони аҷибро ҳам сохт, ки аз тарси ин гурба рӯ ба гурез меоварданд”.

Афсар Флеминг

Моҳи августи соли 1914 Ҷанги якуми ҷаҳон оғоз шуд. Флеминг рутбаи афсари хадамоти тиббӣ дарёфт кард ва ӯро барои бунёди озмоишгоҳи бактериологӣ дар шаҳри Булони Фаронса эъзом карданд.
Ҳар рӯз вай ба фарши бинои бемористон, ки озмоишгоҳ он ҷо ҷойгир шуда буд, мебаромад, аз миёни палатаҳои беморхона, ки сарбозон мехобиданд, гузар мекард. Ҳамарӯза гуруҳҳои нав ба нави онҳо меомаданд. Дар ин бемористон садҳо тани онҳо бар асари сирояти касалиҳо мемурданд. Шикастаҳо, даридаҳои бофтаҳои дарун…Пораи хок ва либосе, ки ба ҷароҳат мечаспид…Чеҳраи захмиён ранги хокситарӣ ба худ мегирифт, нафаскашӣ барояшон душвор мешуд, дар ин асно сирояти хун шуруъ мешуд. Натиҷа-марги ногузир.
Флеминг ба таҳқиқи ин инфесксия шуруъ намуд. Вай нақл кард:
«Ба ман маслиҳат доданд, ки ҳатман бандинаро бо антисептикҳо: кислотаҳои борат, карбон ва ё перекиси гидрогенӣ ҳамроҳ бандам. Ман дидам, ки антисептикҳо на ҳамаи микробҳоро мекушанд, вале ба ман мегуфтанд, ки онҳо баъзе микробҳоро нобуд мекунанд ва табобат маваффақонатар аз он мегузарад, ки антисептикҳо истифода нашаванд”.
Флеминг ба қароре омад, ки таҷрибаи оддие гузаронад, то муайян намояд антисептикҳо то куҷо дар мубориза бо инфексияҳо ёрӣ мерасонанд.
Бисёре аз ҷароҳатҳо баробар набуданд, баланду паст, бо пастухамиҳои зиёд. Флеминг барои ҷароҳат амсила аз шиша сохт: найчашишаро доғ кард ва охири онро дар шакли хамгашти захм хам кард. Баъдан вай ин найчаро бо хунобаи ифлос пур кард. Ин схемаи умумии ҷароҳати ҷангӣ буд. Рӯзи дигар хуноба ранги тира ба худ гирифт ва бӯйи нохӯше аз худ хориҷ кард. Дар он микробҳои зиёде ҷамъ ва афзоиш карданд. Баъдан Флеминг хунобаро ба замин рехт ва найчашишаро бо антисептики маъмулии нерӯманд пур кард. Баъди ин бори дигар найчашишаи тоза шусташударо бо хунобаи сироятнашуда пур кард. Баъд чӣ шуд? Ҳар қадар, ки Флеминг найчашишаро бо антисептикҳо мешуст, хунобаи тоза рӯзи дигар ҳамон тариқ тираву бадбӯй мешуд.
Дар хамгашти найчашиша микробҳо боқӣ мемонданд. Флеминг аз ин таҷриба ба хулоса омад, ки антисептикҳои маъмулӣ барои ҷароҳатҳои ҷангӣ чандон муфид ва коршоям нестанд. Вай ба пизишкони ҳарбӣ ин гуна маслиҳат дод: ҳамаи бофтаҳои мурда, ки микробҳо дар онҳо ҷамъ ва инкишоф меёбанд, дур кунанд ва ба организм имкон диҳанд, ки худ мустақилона бо ёрии ҷудо кардани ҳуҷайраҳои сафеди хун мубориза барад. Ҳуҷайраҳои сафеди хун (чирки тоза) микробҳоро нобуд мекунанд.
Яке аз кормандони озмоишгоҳи Флеминг ҳолати он рӯзҳои пизишкони инглис дар Фаронсаро чунин тасвир кардааст:
«Субҳи сарди зимистон, атрофро барфу ях пӯшонидааст, хаймаҳоро бо алови ҳезуми печҳо гарм мекунанд. Ман дар мизе як ҷасадро колбадшикофӣ мекунам ва дар мизи дигар ҷасади дигар мехобад. Он субҳ мо шаш ҷасадро колбадшикофӣ кардем! Ин рӯзи аввали мавлуди Исо буд. Капитан Флеминг аз ҳар ҷасад порае аз бофтаҳо мегирифт”.
Худи Флеминг эҳсосашро аз он рӯзҳо бо ин ҷумлаҳо ифода карда буд: “Ба ҷисми захмхӯрдаи одамон, ки азият мекашиданд ва баъзеҳо мемурданд, нигариста, эҳсос мекардам, ки чи гуна мо ҳамагӣ бечораем ва наметавонем ба онҳо ёрӣ расонем. Фикр мекардам, ки бояд ягон воситае бошад ё бояд коре кард, ки ба дарди ин захмиёни бенаво марҳам шавад ва онҳоро аз марг наҷот диҳад, чизе бошад, ки ин микроби кушандаро нобуд созад…”

Баъди ҷанг ва то ҷанги дигар

Моҳи ноябри соли 1918 ҷанг ба охир расид, Флеминг ба Англия бозгашт ва дар озмоишгоҳи худ ба фаъолият идома дод. Ба ҳоли озмоишгоҳи ӯ гоҳо механдиданд, ки рабту низоме надорад. Вале баъдҳо маълум шуд, ки ин бенизомӣ ба нафъ ва фоида буд. Яке аз кормандонаш навишта: “Флеминг микроорганизмҳои ҷудокардаро ду-се ҳафта нигоҳ медошт ва пеш аз он ки онҳоро нобуд созад, бодиққат меомӯхт, то санҷад, ки тӯли ин рӯзҳо ягон зуҳуроти фавқулодда ва ногаҳонӣ пеш наёмад. Рӯйдодҳои баъдӣ нишон доданд, ки агар ӯ низ чун ман покизакор мебуд, ба ҳеч ваҷҳ кушоиши нави илмие намекард”.
Соли 1922 дар як замоне Флеминг мубталои зуком шуд ва дар косаи наздаш луоби бинии худро резонд. Дар он қисмат аз нимкоса, ки луоб уфтода буд, теъдоди зиёди микробҳо мурданд. Флеминг ин зуҳуротро омӯхт ва муайян кард, ки ба ин гуна амал оби чашм, нохуни буридашуда, буридаи бофтаи организм ҳамин гуна таъсир хоҳанд дошт. Вақте қатраи оби чашм ба найчашишаи маҳлулдор ва аз бактерияҳои зиёди тира мечакид, дар муддати ҳамагӣ якчанд сония тозаву шаффоф мешуд!
Кормандони озмоишгоҳи Флемингро лозим меомад хеле “азият” кашанд, то барои таҷрибаҳои устодашон оби чашм ҷамъоварӣ кунанд. Онҳо пӯсти лимуро меканданд, ба чашмонашон мефишурданд ва ашки ғуншударо ҷамъ меоварданд.
Флеминг моддаи кашфкардаи худро “лизотсим” номид, ки дар тарҷума аз юнонӣ “ҳалкунӣ” ва “туршонӣ” мешавад (маҳлулкунии бактерияҳо дар назар аст). Вале мутаассифона, лизотсим на ҳамаи бактерияҳоро мекушт.
Барои кашфиёти хеле муҳимаш дар зиндагӣ ба Флеминг ҳодисаи тасодуфӣ, беназмӣ дар озмоишгоҳаш ёрӣ расонд. Дар яке аз рӯзҳои соли 1928 ба аёдати Флеминг ҳамкораш Прайс омад. Флеминг якояк косачаи Петриро бо бактерияҳои қадима ба даст гирифт. Ба Прайс рӯ овард ва гуфт: “Ба муҷарради он ки косача бо бактерияро боз мекунед, шуморо ногуворие интизор аст: ҳатман чизе аз ҳаво ба он ворид мешавад…” Ва ногаҳон вай хомӯш монд ва чун ҳамеша хеле бо оромӣ гуфт: “Аҷоиб…”
Дар косачаи Петри, ки дар даст дошт, мағор дамида буд, вале гуруҳи бактерияҳо дар атрофи он мурдаву маҳлул шуда буданд. Прайс гуфт: “Шумо ҳамин гуна лизотсимро кашф карда будед”.
Аз ҳамон лаҳзаҳо Флеминг ба таҳқиқи плесени марговар барои бактерияҳо оғоз кард ва ҳамон косачаи Петриро, ки ин ҳолатро аввалин бор мушоҳида карда буд, тамоми умр нигоҳ дошт.
Маълум шуд, ки занбурӯғи мағорие, ки ба косачаи Петрӣ ворид шудааст, барои бактерия заҳролуд будааст. Ин мағор номи илмии “пенитсиллиум” дошт ва Флеминг моддаи барои бактерия заҳрогинро пенитссиллин номид. Дуруст аст, ки дар пеш санҷиши хеле ҷиддие меистод: оё ин модда барои инсон ва ҳайвон чун бактерия зараровару заҳрогин нест?
Агар чунин аст, пас пенитссиллин аз бисёре антисептикҳои то кунун маълум фарқ нахоҳад дошт. Онро ба хун ворид кардам мумкин набуд. Боиси хушнудии Флеминг ва кормандони ӯ пенитссиллини кашфшудаи марговару заҳрогин барои бактерияҳо барои харгӯшҳои таҷрибавӣ хатарнок набуд.
Барои он ки пенитсиллинро дар муолиҷа истифода кунанд, бояд шакли тозаи онро аз омехтааш ҷудо созанд. Омехта, ки дар ин китоб бо истилоҳи “шӯрбо” (шояд ба он маъно, ки дар ин шӯрбо ҳар омехта ворид шудаву ин доруро сохтааст) барои организм моддаҳои бегона дорад ва онро намешавад бе тоза кардан ба хуни инсон ворид кард.
Моҳи феврали соли 1929 Флеминг дар бораи кашфиёти нави худ ба ҷомеаи тиббии олам хабар дод. Ба ӯ ҳатто ягон савол ҳам дода нашуд! Олимон ин кашфиётро комилан бепарво ва бидуни кадом таваҷҷуҳ қабул карданд. Ва ҳатто соли 1951 Флеминг ин лаҳзаи ба истилоҳи худаш “даҳшатборро” ба ёд овард.
Ҳамин тариқ аз миён 15 сол гузашт! Ҳамон кимиёшиносони кам ҳам, ки ба таъсири пенитссиллин бовар доштанд, натавонистанд шакли тозаи онро ба вуҷуд оваранд. Вале Флеминг тӯли ин солҳо ҳамоно ба ин бовар буд, ки доруи кашфкардааш ояндаи нек дорад.
Соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз шуд. Бори дигар рӯйдодҳои чанд соли пеш такрор шуданд, ҳазорон нафар сарбозон ба ҳалокат расиданд, ҷароҳати онҳо шифо наёфт ва як сабаби он сирояти хун буд. Англия мавриди ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ қарор мегирифт ва як бомб ҳатто хонаи Флемингро валангор кард. Хушбахтона касе аз хонаводаи олими маъруф дар ин ҳодиса ҳалок нашуд ё захмӣ нагардид.
Соли 1940 хурсандибахштарин рӯйдод дар ҳаёти Флеминг буд. Аз маҷаллаи тиббӣ вай хонд, ки ба олимони Оксфорд Флори ва Чейн муяссар гардид, ки пенитссиллинро дар шакли тоза ба даст оранд. Барои Флора ва Чейн мулоқот бо Флеминг ногаҳонӣ буд, чун онҳо гумон мекарданд, ки ин олим бармаҳал аз олам рафтааст. Флеминг аз хурсандии худ ҳарф намезад, вале медонист, ки дар ин бора муддати 11 сол вай танҳо орзу мекард.
Солҳои 1941-1942 дар Амрико ва Англия истеҳсоли саноатии пенитсиллин ба роҳ монда шуд. Соли 1942 ба Флегман лозим омад бори дигар таъсири пенитссиллинро дар дӯсти наздикаш, ки ба касалии мағзӣ гиифтор шуда буд, санҷад. Дар муддати як моҳ ба Флеминг муяссар шуд, ки ин бемори ноумедшударо аз чанголи марг наҷот диҳад ва пурра табобат кунад.
Баҳсҳои хурду реза дар атрофи озмоишгоҳи Флеминг, ки гоҳу ногоҳ сар мезаданд, ҳоло муъҷиза меофарид. Вай садҳо ва ҳазорҳо захмиёни майдони ҷангро аз марг наҷот медод. Вай сабабгори оғози як соҳаи наву густаришёфтаи истеҳсоли антибиотикҳо шуд. Ҷанг ба ин ихтироъи Флеминг тобиши дигару пурҷило медод.
Баъди ин маъруфияти олим болотар рафт, дар бораи ӯ ва доруи нави наҷотбахшаш оламиён бештар аз пештар иттилоъ меёфтанд. Дар Испания одамоне, ки аз пенитсиллин шифо ёфта буданд, ба Флеминг ҳар гуна туҳфаҳо меоварданд: мӯзадӯз гаронарзиштарин попӯш, дӯзанда костюми зебо, айнаксоз айнаки хуби бо оби тилло обдода ва ғайра…
Шоҳи Англия ба олим мартабаи ашрофзодагӣ дод.
Моҳи октябри соли 1945 Флеминг хабар ёфт, ки ба ӯ, Флори ва Чейн барои кашфи пенитсиллин ҷоизаи Нобел додаанд….

Таҳияи Бобоҷони Шафеъ
Манбаъ: С. Т. Исмаилова “Энциклопедия для детей”, Москва, 1996 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here