Андешаҳои комиссари генералӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид оид ба натиҷа ва ҷамъбасти намоишгоҳи  “ЭКСПО-2017”

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок намудан дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 1 октябри соли 2016, таҳти № 409 қарор “Дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон” қабул намуда буд. Мутобиқи қарори мазкур дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Намоишгоҳ таъсис дода, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид Комиссари генералии экспозитсия дар Намоишгоҳ таъйин карда шуд ва дар як вақт Палата Оператори миллии Намоишгоҳ муайян шуд. 

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Истифодаи оқилонаи захираҳои об ва неру” дар Намоишгоҳ иштирок намуд ва дар ин самт корҳои омодагӣ оид ба иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда оғоз гардид.

Бо мақсади дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ба комёбӣ ноил гардидан аз омилҳои асосӣ оқилона истифода бурда шуд. Вобаста ба ин, пеш аз ҳама бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, дар экспозитсияи Тоҷикистон намоиши раванди татбиқи пешниҳоди чор ташаббусҳои пурарзиши Сарвари давлат ба Созмони Милали Муттаҳид — дар соли 2003 таҳти унвони “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва солҳои 2018-2028 “Об барои рушди устувор”, ки онро 200 давлати ҷаҳон дастгирӣ намуд, муаррифӣ карда шуд. Дар баробари ин, дар экспозитсия лаҳзаҳои суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон дар аксар чорабиниҳои минтақавии ҷаҳон вобаста ба мавзӯи Намоишгоҳ оро дода шуд.

Корҳои меъморию сохтмонӣ дар ороиш додани экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо макетҳои (намуна) захираи об, иқтидори гидроэнергетикӣ, Неругоҳи барқи обии Норак, хатҳои баландшиддати энергетикии “Лолазор-Хатлон”, “Ҷануб — Шимол”, харитаи захираҳои об ва гидроэнергетикӣ,  харитаи “CASA-1000”, истифодаи технологияи нави 3D фарши замини павилон “Оби равон”, ба воситаи экран мунтазам намоиш додани захираҳо, экспонатҳо, маводҳои иттилоотӣ доир ба мавзӯъ, нашри китоб ва китобчаю буклетҳо, инчунин СД-диск таҳти унвони “Раҳнамои тиҷоратӣ”-и аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонида шуда амалӣ гардид. Инчунин павилон самтҳои афзалиятнок, қонуниятҳо оид ба ҳимояи манфиати сармоягузорон ва маълумотҳои муфассал,  тарҳҳои гуногун, гӯшаи таърих ва илму фарҳанги Тоҷикистон, макетҳои “Ҳулбук” ва “Аҷинатеппа”, аксҳо аз захираҳои боигарии кӯҳӣ, табиат, ҳайвоноту наботот, бунёди дарахти баландиаш 4,5 метраи бо сангҳои гаронбаҳои кӯҳистон оро дода шуда, беҳтарин гӯшаи намоиш ва фурӯши армуғонҳо дар доираи мавзӯъ муаррифӣ карда шуд.

Дар  баробари ин, дар павилони Тоҷикистон доир ба мавзӯъи экспозитсия ба воситаи экран филми доимоамалкунанда пай дар пай намоиш дода шуд. Дар форуму семинарҳои дар рафти кори Намоишгоҳ баргузор шуда иштирок намуда,  дар ин лаҳзаҳо имкониятҳои Тоҷикистонро ба таври васеъ нишон дода тавонистем. Дар оғози Намоишгоҳ — 12 июни соли 2017 “Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Аз тарафи дигар дар баррасии корҳо имкониятҳои мо як қадар маҳдуд буданд, зеро масоҳати павилони Тоҷикистон ҳамагӣ ба 60 метри мураббаъ баробар буд. Ҳол он, ки масоҳати павилонҳои як қатор мамлакатҳо  аз 0,5 то 5,0 ҳазор метри мураббаъро ташкил менамуд. Баъзе мамлакатҳои тараққикарда – иштироккунандагони Намоишгоҳ барои корҳои меъморию сохтмон, дизайнерию ороишӣ аз мутахассисони дигар давлатҳо бо хароҷоти маблағи калон истифода мекарданд.

Хулоса, заҳматҳои зиёди шабонарӯзӣ ва масъулияти баланди гурӯҳи кории мо дар тайёр намудани павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Намоишгоҳ, ки он се моҳ – аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017 давом кард мусбатан натиҷа дод.

Барои ба мукофотҳои фахрии Намоишгоҳ сазовор шудан 115 мамлакатҳои ҷаҳон ва 22 ташкилотҳои байналхалқӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва ғайра довталабӣ намуданд. Аз гурӯҳи нуҳнафараи экспертҳои байналмилалӣ барои ба павилони мо баҳои арзанда додан ҳафт нафарашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, овоз доданд. Аз ҷониби Бюрои Байналхалқии Намоишгоҳ 9 сентябри соли 2017 дар толори “Энергия ЭКСПО-2017” беҳтарин мамлакатҳо – иштироккунандагони Намоишгоҳ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Пеш аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои иштироки шахсӣ дар баргузории Намоишгоҳи “ЭКСПО-2017” бо якумин “Медали тилло” сарфароз гардиданд.

Дар ҳамин рӯз, дар рӯзи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони беҳтарин павилон мушарраф гашта, дар номинатсияи “Кушодани мавзӯи Намоишгоҳ” бо Ҷоизаи тилло сарфароз гардид ва ҷоӣи якумро ишғол намуд .

Дар Намоишгоҳи “ЭКСПО-2017” Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи Намоишгоҳ, балки барои таассуроти неки бештар аз 400 ҳазор нафар намояндагони кишварҳои олам, ки аз павилони мо дидан карданд, мавриди ситоиш қарор гирифт.

Дар ин комёбӣ васеъии масоҳати павилон, таҷҳизоту технологияи пешқадам, хароҷотҳои калони молиявӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ барои баъзе мамлакатҳо мақоме набозид. Дар ин ҷо барои Тоҷикистон танҳо зеҳн (интеллект) мақоми асосӣ бозид гуфт Шариф Саид – Комиссари генералии экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи  ЭКСПО-2017, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вобаста ба ин, Комиссари генералӣ бо хушнудӣ ва сарфарозӣ  иброз намуд, ки дар байни чорабиниҳои ҷаҳонӣ ду чорабинӣ бузургтарин аст. Яке “Олимпиада”, ки он зуриро нишон медиҳад ва дигаре “Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО” буда, он чорабинии зеҳнӣ мебошад.

Бо Ҷоизаи тиллоии Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017” сазовор гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалабаи бузург буда, дар боз ҳам баланд гаштани обрӯю эътибори Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.     

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here