Ҷоизаи Академия аз соли 1940 инҷониб бо номи ҷоизаи “Оскар” маълум аст. “Ҷоизаи Академияи амрикоии санъат ва илми синамои ИМА” буда, соли 1929 таъсис ёфта, ба ходимони санъати синамо барои саҳмгузорӣ дар эҷоду наворгирии филмҳо супорида мешавад. Маъракаи супоридани ҷоизаи “Оскар” ҳар сол дар шаҳри Лос- Анҷелес , дар театри Долби баргузор гардида, ба даҳҳо кишварҳои ҷаҳон намоиш дода мешавад.
Аввалин маротиба маъракаи “Ҷоизаи Академияи Амрикоӣ” 16 -уми майи соли 1929 дар шаҳри Лос-Анҷелеси штати Калифорния дар толори Hоllywood Roosevelt баргузор гардид. Лауреатов 12- филмро интихоб карда, дар се моҳ ғолибонро муайян кард. Аввалин соҳиби ҷоизаи номбурда ҳунарпешаи олмонӣ Эмил Яннингс мебошад. Уиляма Уэллмана бо филми “Крылья” (қанот, бол), ки соли 1927 сабт гардидааст, дар ҳаҷми 15 дақиқа аввалин филме мебошад, ки бо ҷоизаи мазкур қадрдонӣ гардидааст.
Соли 1953 аввалин намоиши телевизионии ҷаҳонии ҷоизаи “Оскар” дар ИМА ва Канада сурат гирифт, ки зиёда аз 200 мамлакати қора шoҳиди ин намоиш буд. Ҷоизаи “Оскар” ранги зардтоб дошта, баландиаш 34 сантиметр ва вазнаш 3, 85 кг тиллои холис мебошад.
Дар таърихи ҷоизаи “Оскар”аз рӯи 11 наминатсияи гуногун рекорд гузошта шудааст, ки аз ҷумла се филм:филми нахуст “Бен-Гур” буда, соли 1959 сабт гардидааст, зери коргардонии УильямУайлер, филми дуввум бошад ин филмҳои “Титаник” ва “Властелин колец ” мебошад, ки соли 1997 сабт гардидааст ва муаллифонашон Джеймс Кэмерон мебошад. “Возвращение короля” охирин филм буда, соли 2003 рӯи навор омадааст, ки муллифии филми номбурдаро Питер Джексон ба уҳда дошт. Кэтрин Хепберн аз рӯи наминатсияи “Нақши беҳтарини занона” чаҳор маротиба солҳои 1934, 1968,1969 ва 1982 ҷоизаи “Оскар”-ро моли хеш кард, ки ин то ин замон рекорд ба ҳисоб меравад. Коргардони филмҳои “Осведомитель” соли 1935, “Гроздья гнева” соли 1940, “Как зелена была моя долина” соли 1941 ва “Тихий человек” соли 1952 Джону Форду бо филмҳои таҳиянамудааш чаҳор маротиба ба гирифтани ҷоизаи “Оскар” мушарраф гардид, ки то ин дам рекорд ба шумор меравад.
Ҳоло ҷоизаи “Оскар” аз рӯи 26 номинатсияи асосӣ : барои “Беҳтарин филми сол”, “Коргардони беҳтарин”, барои “Нақши беҳтарини мардона”, барои “Нақши дуюми беҳтарини мардона”, барои “Нақши беҳтарини занона”, барои “Нақши дуюми беҳтарини занона”, барои “Беҳтарин сенария”, “Беҳтарин мусиқӣ”, “Беҳтарин суруд”, барои “Сенарияи беҳтарини мутобиқгардида”, барои “Филми беҳтарини анниматсионии калонҳаҷм”, барои “Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ” ва дигар наминатсияҳо амал мекунад. Ба ғайр аз ин номинатсияҳои асосӣ, ҷоизаҳои “Оскар” доир ба шаш номинатсияи махсус супорида мешаванд: “ Ҷоизаи ёдбуди ба номи Ирвинг Талберг, барои саҳми арзандаи продюссери дар рушди истеҳсоли синамо”, “Ҷоизаи башардӯстонаи ба номи Ҷин Хершолт, барои шахсоне, ки ба синамо вобастагӣ дошта, саҳми арзандаи башардӯстона гузоштаанд”, “Оскар”-и фахрӣ, барои саҳми арзанда дар рушди санъати синамо ва хизмати шоиста дар Академияи Амрико”, “Оскар” барои саҳми илмӣ ва техникӣ ва филмҳои бадеӣ, ки ба филмҳои аз ҷониби доншҷӯёни макотиби олии синамои ИМА банаворгирифта, супорида мешавад”.
Академияи филми Амрико дар 92-юмин маросими супоридани ҷоизаи “Оскар” тағйирот ворид намудааст, ки акнун барои иштирок дар номгӯи “Беҳтарин филми тасвирӣ” шарт нест, ки лоиҳаҳо дар давоми як сол ба кинотеатр пешниҳод бигарданд. Расм ва наворҳое, ки ба номгӯи “Беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳмуддат” ва номгӯи “Беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳмуддати бадеӣ” пешниҳод мегарданд, танҳо дар кинотеатрҳои шаҳрҳои Ню- Йорк ва Лос-Анҷелес намоиш дода мешавад. Ғайр аз ин, номгӯи “Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ” ба “Беҳтарин филми байналмилалии бадеӣ” иваз карда шуд. Тағйироти воридшуда ба номгӯҳои озмун қоидаҳои мавҷуда, раванди фиристодани филмҳо ва талаботҳои махсусро иваз намекунад. Филмҳои байналмилалии бадеӣ берун аз марзи Амрико бо забони ғайрианглисӣ ба навор гирифта мешавад. Рӯйхати филмҳои номгӯи “Беҳтарин филми байналмилалии бадеӣ” ҳамагӣ 10 ададро дар бар мегирад.
Фаридун САФАРЗОДА