Ин шабу рӯз исми Оғохони IV дар сархати сомонаҳои хабарии гуногуни дунё қарор гирифтааст. Ва дар воқеъ кору пайкори ин марди накӯкору хирадпеша, шоиставу боиста аст, то хабару гузориш намуда, пахш намоӣ, ки мардум аз корнамоиҳояш воқиф ва низ панду ибрат бигаранд, зеро ҳар амали як инсони бошараф метавонад чандин касонро ба худшиносӣ ва ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Бе тардид куллӣ амалу рафторҳои Оғохони IV дар сар то сари сайёрра намунаи ибарат асту инсондӯстиро тарғиб менамояд. Оғохони IV ба кадом кишвари дунё, ки сафар накунад, нахуст бо вазъи иҷтимоӣ, илмӣ, тандурустӣ ва таълими мардуми он кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва мекӯшад то қадри тавоноӣ ба мушкилиҳои ҷойдоштаи бахшҳои мазкур кӯмаки хешро расонда бошад. Аз ин рӯ ҳар куҷое наравад бо як самимияти том пешвозаш мегиранду дуруду сипосҳо ба номаш мефиристанд. Ва созмони бонуфузаш Бунёди Оғохон далел гуфторҳои болост, ки дар чандин кишварҳои дунё таълимгоҳҳо, беморхонаҳо, бунёди роҳҳо амсол аз инҳоро бунёда намудааст.

Тибқи иттилои сомонаи Sputnik  ҳафтаи қабл Аълоҳазрат Оғохони IV, Пешвои Исмоилиёни ҷаҳон ва муаллифи Ҷоизаи бонуфузи меъморӣ ҳафтаи гузашта, вориди Тотористон шудааст. Аз рӯи гуфтаи манбаъ Оғохони IV дар ҷараёни сафари хеш аз шаҳрҳои Булғор, Кремли Қазон боздид намуда, дар ин росто дар супоридани  Ҷоизаи « Аълоҳазрат Оғохони IV оид ба меъморӣ барои соли 2019», ки санаи 13-уми сентябр дар шаҳри Қазон баргузор гардид, ширкат намуд.

Оғохони IV бо аҳли оилааш барои супоридани ҷоизаи мазкур ба шаҳри Қазони Тотористон иштирок намуд. Тибқи гузоришҳо ҷоизаи «Аълоҳазрат Оғохони IV оид ба меъморӣ барои соли 2019»- миёни барандагони ҷоиза- Тарҳи бозсозии шаҳри Муҳаррак дар Баҳрайн, Тарҳи таълимии «Arcadia» дар Бангладеш, Осорхона дар шаҳри Бирзеити Фаластин, Барномаи рушди фазои ҷамъиятӣ дар Тотористони Федератсияи Русия, ки дар доираи он 328 тарҳи бозсозии боғу гулгаштҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тотористон роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ гардидаанд.
Инчунин қисмате аз Донишгоҳи ба номи Алиуна Диопа дар шаҳри Бомбай, Боғи «Wasit» дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб ҳам миёни тарҳҳои беҳтарини меъморӣ пазируфта шудаанд.

Озмуни кори барандагони ҷоизаи мазкур аз ҷониби нуҳ довар аз ҳисоби коршиносон ва меъморони шинохтаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, ки Ҷоиза 42 сол боз инҷониб ба соҳибонаш супорида мешавад ва то имрӯз 122 тарҳ барандаи «Aga Khan Awards for Architecture» шудааст. Дар умум то соли равон барои дарёфти «Aga Khan Awards for Architecture» беш аз 9 ҳазор тарҳи меъморӣ пешниҳод шудааст.

Оғохони IV дар ин сафар ба Ҷумҳурии Тотористон ҳамчунин бо пайравони мазҳаби Исмоилия дидор намуд. Мардуми зиёд барои дидор бо Оғохони IV ҷамъ омада буданд.

Созмони «Aga Khan Awards for Architecture» аз рӯзи ташкилёбиаш то инҷониб ҳадафи хешро танҳо баҳри пешрафт ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ будани тарҳҳи меъморӣ, равона кардааст. Барои эҷод ва бунёди меъморӣ модерн, ки асоси пешрафти ин соҳа мебошад ва ҳам тақозои замони имрӯз, то имрӯз созмони «Aga Khan Awards for Architecture» бисёр корҳоеро дар ин замина ба сомон расон дааст.

Санъати иморатсозӣ, ки аз рӯи тарҳ ва сифат мебояд ҳам зебову ҳам навэҷод, вале ҷавобгӯи илми меъморӣ бошад, созмони номбурда думболагирӣ менамояд ва низ меъморонеро сазовори ҷоизаи худ медонад, ки санъати тарҳи кашидаашон ғайри одӣ бошанд. Бидуни шак, Оғохони IV бо ташкили чунин созмон тавонистааст, ки дар тараққиёти соҳаи меъморӣ нақши боризи хешро гузорад. Албатта, ҳар иқдом ё тасмиме, ки Оғохони IV дар ҳар масъала мегирад, ҷаҳониёнро шефтаву ҳайратзадаи хеш мегардонад. Худ Бунёди Оғохон дар сар то сари дунё корҳоеро анҷом додаасту медиҳад ва зикри он ҳамаро ин ҷо лозим намешуморем, зеро ҳамагон хуб медонанд.

Бояд ёдовар шавем, ки Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат созишнома бо Бунёди Оғохонро барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони кишвар ирсол кардааст.

Мутобиқи гузориши «Спутник» Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат аз 30 августи соли равон созишномаи имзошуда миёни  Вазорати нақлиёти кишвар ва Бунёди Оғохонро барои тасвиб ба парлумон фиристондааст.

Бар асоси созишномаи мазкур, пули нав бо роҳҳои мошингарди пайвастшаванда ба он дар қисмати Кокул миёни ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ва ноҳияи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон бунёд мегардад.  Ин пули 180-метрӣ ва беш аз 18 километр роҳҳои пайвастшаванда, ба он аз ҷониби Бунёди Оғохон бо дастгирии шарикони рушд дар доираи барномаи ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон амалӣ мегардад.

То ҳол Бунёди Оғохон чандин пул миёни Тоҷикистону Афғонистон болои дарёи Панҷро бунёд намуд, ки бештари онҳо дар ВМКБ мебошанд.

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here