Солмандони олам. Оё шумо ба оморҳое, ки сари чанд вақт дар расонаҳо чоп мешаванд, бовар доред? Оё эҳсос кардаед, ки солмандтарин шахси Сайёраро наметавон дақиқан эълон кард. Имрӯз агар дар қитъаи Амрико якеро бузургсолтарини олам эълон кунанд, фардо аз Осиё садои дигар ба гӯш мерасад, ки пирсолтарин хонум ё оқо ин ҷост. Ва моҳе пас Африқо ё Аврупо ин гуна иддио мекунанд. Пас посухи суол ин гуна бояд бошад, ки назар ба арзёбии фулон пойгоҳи таҳқиқӣ ё манбаъи дигар шахси пирсоли олам фулонист. Қабул?

Аммо таърих омори худро дорад. Тӯли санд асри охир, замоне, ки башарият ба воситаҳои иртиботии қавитар даст ёфт, қатори масоили дигар дар мавриди солмандони олам ҳам изҳори назарҳо ба миён омаданд. Аммо донишмандон дар гузашта бештар сари ин мавзуъ баҳс мекарданд, ки ҳисоби миёни дарозумриву кутоҳумрӣ чанд аст. Дар аввали асри 19 дар Британияи Кабир ҳисоби миёнаи умр ҳамагӣ 40 сол будааст.  Соли 1950 ин рақам ба 48 расид, яъне ҳисоби миёнаи умри британиёиҳо дар соли 1950 48 солро дар бар гирифт.

Бонки умумиҷаҳони ахиран омори дигар ироа карда буд. Бино ба маълумоти ин манбаъ соли 2017 ҳисоби миёнаи умр ба 72 сол расид. Имрӯз бино ба хабарҳои дарёфӣ дар саросари олам 13 нафар беш аз 110 сол умр доранд. Синни калонсолтарин фарди олам ба 117 расид. Ҳафт нафар аз ҷумлаи ин 13 нафар дарозумрон  занон мебошанд. Дар зер исми 9 солмонди оламро бо такя ба маълумоти созмони байналмилалии Gerontology Research Group (GRG ) меорем.

Думитру Команеску. 111 сол дорад. 8 – уми ноябри соли 1908 зода шудааст. Бино ба асноди таърихӣ Думитру  дар коммунаи  Провита-де-Жоси уезди Прахови Руминия ба дунё олмадааст. Дар гузашта вай муҳандис-кишоварз ва яке аз шинохтатарин осебшиносони Румия будааст.

Боб Вейтон. 111 — сола. 29 – уми марти соли 1908 зода шудааст. Дар борааш маълумоти бештар нест.

Мина Китагава. 114 — сола. 2 ноябри соли 1905 ба дунё омадааст. Мина Китагава ҳафтумин дарозумри олам аст. Дар бораи ӯ низ маълумоти зиёде дастрас нест ва дақиқ ҳам нест, ки дар куҷо зода шудааст. Аммо маълум, ки ҳоло дар шаҳри Хиконэи Ҷопон зиндагӣ мекунад.

Айрис Вестман. 114 сол дорад. 28-августи соли 1905 дар иёлоти Дакотаи Шимолии ИМА ба дунё омадааст. Аввал омӯзгор ва баъдан китобдор будааст. Шавҳар накардаву фарзанд надоштааст. Солмандтарин сокини Дакоти Шимолӣ буда, наздиктарин хешовандонаш аз насли ҷияҳояшанд.

Хестер Форд. 114 сол умр дорад. 15-августи соли 1905 дар графигарии Ланкастери Королинаи Ҷанубии ИМА ба дунё омадааст. Муддати 20 сол доя будааст. Ҳоло соҳиби наздик ба 50 набера, бештар аз 100 абера ва чабера аст. Чун эътиқодманди масеҳият солҳои зиёдеро дар калисо гузаронидааст. Бовуҷуди он ки хотирааш заъиф шудааст, вале ҳоло ҳам порчаҳоеро аз Инҷил бе ягон мушкил қироат мекунад.

4. Сигеё Накати. 115-сола. 1-феврали соли 1905 дар Ҷопон дида ба олам кушодааст ва ҳоло дуюмин зани солманд дар ин кишвар мебошад, ки 115 сол доранд. Се даҳсола дар мактаби ибтидоӣ муаллимӣ кардааст. Дар 90-солагӣ аз беэҳтиётӣ ду маротиба устухони рони худро шикастааст. Аммо ҳоло муолиҷа шудаву қудрати гаштан дорад.

Жанна Бот. 14-январи соли 1905 ба дунё омада ва ҳоло 115 сол умр дорад. Дар сарбозхонаи яке аз қисмҳои ҳарбии Фаронса, ки падараш афсари он буд, дида ба олам кушодааст. Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди солмандӣ ҳеч бемории ҷидие надорад. Дуюмин солманди Фаронса мебошад.

Люсил Рандон. 116-сола. Мутаваллиди 11- феврали соли 1904. Дуюмин шахси калонсоли олам (номи мазҳабиаш Андре) аст. Дар аввалҳо пешхизмат дар хонаҳои мардум будааст ва баъдан ба калисо рафтааст, чун ҳамшира дар беморхонаҳо ва хонаҳои пиронсолон кор кардааст. Мегӯяд, тамоми умр сертараддуд буд ва дар хизмат қарор дошт ва сабаби аслии дарозумриаш низ ҳамин аст. Дар бораи фарзандону наберагонаш маълумот нест.

Канэ Танака. 117 сол умр дорад ва 2 январи соли 1902 дида ба олам кушодааст. Солмандтарин  одами зинда дар олам аст. Дар Ҷопон ба дунё омадаву он ҷо зиндагӣ мекунад. Соли 2019 дар маросими расмии шаҳодатномаи китоби рекдҳои Гиннес ба суоли дар як рӯз чанд конфет хӯрда метавонад, посух дод: “Сад”.  Дар синни 103-солагӣ  ҷарроҳии саратонро аз сар гузаронд. Барои ба дарозумртарин одами сайёра баробар шудан 5 солаш намерасад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here