Ҳар сол барои кашфиётҳои бузурги илмӣ дар соҳаи физика, химия, тиб, адабиёт ва сулҳи пойдор дар олам мукофот дода мешавад, ки номдортарини он Ҷоизаи Нобел аст.

Алфред Бернхард Нобел олими намоёни швед буда, 21-уми октябри соли 1833 таваллуд шуда ва 10-уми декабри соли 1896 дар Сан-Рети (Италия) фавтидааст. Ҳамагӣ 63 сол умр дида, оиладор нашудааст. Ҳамаи ҳаёти худро ба омӯзиш ва кашфиётҳои илмӣ бахшидааст. Тавонистааст, ки бо кашфиётҳои бузурги худ номашро то абад зинда гузорад.

Нобел муҳандис-олими намоёни швед буда, аз соли 1853 дар ширкати «Нобел», ки ба падари ӯ тааллуқ дошт ва барои артиши Русия яроқи ҳарбӣ меовард, кор кардааст. Барои ихтирои динамит соли 1867 иҷозатномаи кишварҳои Шветсия, Англия ва Америкаро гирифтааст. Таркиби борути бедудро кор кардааст.

Ӯ пеш аз маргаш 33 миллион крони шведиро барои мукофот дар корҳои беҳтарин дар соҳаи физика, химия, физиология, тиб, адабиёт ва мустаҳкам кардани сулҳ васият кардааст. Нобел сармоядори бузурги охири асри 19 буда, соҳиби 93 завод, ихтироъкунандаи динамит ва дигар моддаҳои тарканда, дорандаи 350 шаҳодатномаи ҳуқуқии ихтироъкорӣ, доктори фалсафа ва академик буд. Асосан сарвати худро дар муассисаи нафтистеҳсолкунии бародарон «Нобел»-и Русия ва аз корхонаҳое, ки ба мусаллаҳшавии бошитоб иртибот доштанд, ҷамъ намудааст. Забони русиро хеле хуб медонист ва забони дуюми худ ҳисоб мекард. Яке аз элементҳои химиявии системаи даврии элементҳо, ки номи Нобелий-102-ро дорад, аз тарафи ӯ кашф карда шуда ва ба номаш гузошта шудаст. Танураи вулқонии тарафи муқобили моҳро ӯ муайян кардааст ва он ба номи ӯ мебошад.

Нобел пеш аз маргаш, 27-уми ноябри соли 1895 васиятномае навиштааст, ки дар он сухан дар бораи тамоми сарвати то замони марг ҷамъ кардааш мерафт. Дар он аз ҷумла гуфта шудааст: «Тамоми амволи баъд аз марги ман монда бояд чунин тақсим гардад, васиятгари ман бояд тамоми сарват ва моли маро ба қоғази қиматдор (пулӣ) табдил дода, хазинаеро ташкил диҳад ва фоизҳои аз ин хазина ба даст омада ба шакли ҷоиза ба онҳое дода шавад, ки дар давоми сол ба башарият манфиати азиме овардаанд». Сипас, ӯ дар васиятномааш менависад, ки фоизҳо бояд ба панҷ қисми баробар тақсим шаванд. Қисми якум ба он шахсе дода шавад, ки бузургтарин кашфиёти илмиро дар соҳаи физика кардааст. Қисми дуюм ба он шахсе дода шавад, ки бузургтарин кашфиётро дар соҳаи физиология ё тиб амалӣ намудааст. Қисми сеюм ба бузургтарин кашфиёт дар соҳаи химия ҷудо шудааст. Қисми чорум ба офарандаи беҳтарин асари бадеӣ, ки идеалҳои олии инсониро инъикос менамояд, бахшида шудааст. Қисми панҷум ба он нафаре дода мешавад, ки дар иттиҳоди халқҳо, аз байн бурдани ғуломӣ, камшавии теъдоди қӯшунҳои ҷангӣ ва таҳкиму густариши сулҳ дар ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст.

Дар васиятномаи худ Нобел таъкид мекунад, ки ҷоиза сарфи назар аз мутааллиқи кадом миллат будани номзад, дода шавад.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛОВ,

омӯзори МТМУ №68-и ноҳияи Рӯдакӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here