Дар шароити муосир, аз ҷумлаи омили муҳимтарини пешгирии таҳдиду хатарҳои хориҷиву дохилӣ, ҳифзи муҳити солими маънавӣ, тавсияи фалсафаи ҳаёт, фалсафаи хушбинона, ҳикмати некбинонаи ҷомеа маҳсуб меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми ҳарсола, бо иқдомҳои наҷибу созандаи нави давлатию байналмилалӣ дар Ватани маҳбубамон, муҳити созандаву бунёдкорӣ, руҳияи баланди ватандӯстӣ, ваҳдату ифтихори миллӣ, фалсафаи некбинонаву пирӯзгаронаро вусъати тоза бахшида, кулли аҳли ҷомеаро ба корнамоиҳо ва комёбиҳои беназир баҳри шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамоянд.

Мафҳуми ҷаҳонбинӣ хусусияти махсус дошта, сохти лексикии он аз ду калима, таркиб ёфта аст: якум «ҷаҳон» ва дуюм «бин ё фаҳм», ки  дар якҷоягӣ маънои оқилона фаҳмидан ва шинохтани ҷаҳонро ифода мекунад. Ташаккули ҷаҳонбинӣ раванди кӯтоҳмуддат набуда, балки дар тули зиндагии инсон ҷараён мегирад. Инсон дар давоми зиндагии худ қодир аст, чандин маротиба ҷаҳонбинии худро иваз намояд. Доштани ҷаҳонбинӣ маънои доштани дидгоҳи махсусро ифода менамояд. Инсон дар тули ҳаёт барои шинохти ҷаҳон ва масоили он ҷаҳонбинии махсус доштанаш лозим аст. Сабаб дар он аст, ки инсоне, ки ҷаҳонбинӣ надорад, инсони ноқис ва рушднаёфта маҳсуб мешавад. Набояд фаромуш кард, ки шарти инсони худогоҳ ва худшинос, ин доштани ҷаҳонбинии мустақил мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки доштани ҷаҳонбинии илмӣ барои рушди шахсият басо муҳим аст. Дар тӯли таърих, заминаҳои ҷаҳонбинии илмӣ сабаб гашт, ки дар соҳаи тиб ва дигар соҳаҳо пешравиҳо ба вуҷуд оянд. Махсусан, тавассути ҷаҳонбинии илмӣ дар соҳаи тиб пизишкон роҳҳои беҳтари муолиҷаи бемориҳоро пайдо намуданд. Ҳамин гуна ҷаҳонбинии мазкур барои рушд илм саҳми босазое гузошт.

Ҷаҳонбинии илмӣ, ин доштани дидгоҳест, ки инсонро барои шинохти дурусти ҷаҳон омода месозад. Инсоне, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ бошад, дар интихоби масири зиндагӣ ҳаргиз ба иштибоҳ роҳ нахоҳад дод.  Хушбахтона, имруз ҷавонони мо гаравиш ба самти ҷаҳонбинии илмӣ намуда истодаанд. Ҷавонони мо ба мутолиаи китоб рӯй овардаанд. Майли ҷавонон ба китобхонӣ рӯз аз рӯз зиёд гашта истодааст. Ин барои пешрафти ояндаи кишвари азизамон бисёр муфид хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки ин раванд, заминаҳои ҷаҳонбинии илмиро дарбар дорад, ки насли имруза ба самти ин дидгоҳи илмӣ равона аст. Инро ҳам бояд дар назар дошт, ки устодон, баҳри ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии шогирдон, дар муассисаҳои таълимӣ, бояд ба таълими чунин фанҳо ба монанди табиатшиносӣ, хониш, одобнома, санъати миллӣ ва меҳнат, дар синфҳои мобайнӣ ва болоӣ фанҳои иҷтимоию таърихӣ, техникию фалсафӣ, ҳамчунин, корҳои беруназтаълимӣ, саҳми босазо гузоранд. Омили асосии рушди ҷаҳонбинии илмӣ, таълими фанҳои дақиқ ва фалсафӣ дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дарки илмии ҳодисаҳо ва воқеаҳои табиӣ, иҷтимоӣ ва пай дар пай равшан сохтани падидаҳои номаълум, тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ сурат мегирад. Илм ва ҷаҳонбинии илмӣ мушкилоти зиндагии инсонро осон гардонида, ба инсон кумак мерасонад, то ба беҳтарин комёбиҳо ноил гардад. Дарк ва шинохти  илмӣ, қудрату тавоноии инсонро зиёд мегардонад. Барои рушди ҷаҳонбинии илмӣ на танҳо кашфиётҳои илмӣ, балки таълимоти ниёгон, асарҳои классикон ва манбаъҳои фалсафии миллиамон, ки то замони мо омада расидаанд, бояд аз онҳо ҳамчун сарчашмаҳои нодир истифода кард. Инсоне, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ аст, аз матнҳое, ки ӯ дастрасӣ менамояд, танҳо он қисматҳоеро ки ба илм дахл доранд, барои худ гирифта, дар корҳои худ истифода менамояд. Бояд зикр кард, ки баъзе аз нақлу ривоятҳо ва афсонаҳо аломату нишонаҳои тахминию хаёлӣ доранд, ки онҳо аз доираи ҳақиқат дур мебошанд. Сабаб низ дар он аст, ки замони онҳо хеле қадим буда, баъзе нишондоду персонажҳои онҳо хаёлӣ ва бофта ҳастанд. Аммо наметавон гуфт, ки онҳо пурра аз воқеият дур бошанд ва инсоне, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ бошад, зуд метавонад, қисматҳои воқеӣ ва қисматҳои бофта ва сохтаи он матнро дарёфт намуда, аз ҳам ҷудо намояд. Бояд дар назар дошт, ки тавонистани анализ ва синтез ин аввалин нишонаи доштани ҷаҳонбинии илмӣ дар инсон мебошад.

Дар хулоса метавон гуфт, ки дар Тоҷикистони саъю талоши мақомоти марбута баҳри пешбурди илму дониш, ободии кишвар ва сафарбар намудани ҷавонон дар роҳи худшиносии миллӣ ва худогоҳии миллӣ равона шудааст,

Дидавар БЕКОВ,

ходими илмии АМИТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here