216 сол пеш, моҳи майи соли 1803 Наполеон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Луизианаро (иёлоте дар ҷануби Амрико, ки аз назари масоҳат сивуякум ва аз назари ҷамъият рутбаи биступанҷумро дар миёни 50 Иёлоти Амрико дорад) фурӯхт ва ин харидуфурӯш муддати бештар аз 200 сол муаррихонро шигифтзада кардааст. Ин чӣ буд? Бурди бузурги амрикоиҳо? Ва ё бо қалам сиёҳ кардани Наполеон аз ҷониби “молики баҳрҳо” Британияи Кабир? Ва ё шояд чизе буд, ки ба истилоҳи имрӯз ба унвони “коррупсия” ёд мешавад?

 

Ҳамчуноне маълум аст, Ҷорҷ Вашингтон аз 4 марти соли 1797 дигар президенти ИМА набуд ва вакили мудофиа Ҷон Адамс дар курсии вай нишаст. Адамс то 4-уми марти соли 1801 президенти ИМА буд ва баъдан ин мақом насиби Томас Ҷефферсон шуд, ки як инсоне буд бо дидгоҳҳои демократӣ. Вай аз ғуломдорӣ ҳеч хушаш намеомад ва онро пуштибонӣ намекард. Аммо муҳимтарин дастоварди Ҷефферсон харидории Луизиана дар соли 1803 буд.

Ин харидуфурӯш миёни Фаронса ва ИМА ба Иёлоти Муттаҳида имкон дод, ки амалан қаламрави худро ду баробар афзоиш диҳад, назорати Миссисипиро, ки муҳимтарин роҳи нақлиёти обӣ буду қаблан хати марз дониста мешуд, куллан ба даст орад.

 

Мустаъмараи собиқи Испания

Таърих гувоҳ аст, ки соли 1762 Луизиана ба мустаъмараи Испания табдил ёфта буд. Орлеани Нав (ҳоло он бузургтарин шаҳр дар ин иёлот аст) дар қаламрави Луизиана қарор дошт ва аз мавқеъи хуби ҷуғрофӣ бархӯрдор буд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳар кишваре ин мавзеъро зери назорат дошта бошад, кулли дарёи Миссисипиро метавонист назорат кунад.

Амалан амрикоиҳо сарзаминҳои ишғолии фаронсавиҳо дар Амрикои Шимолиро харида буданд ва андозаи қаламрави он тахминан 2,1 миллион метри мураббаъ буд, ки чор баробар бузургтар аз қаламрави худи Фаронса дониста мешуд. Арзиши ин тиҷорати аср бо пули он замон 15 миллион доллар ва ё 80 миллион франки фаронсавӣ буд. Яъне, амрикоиҳо ҳар км масоҳатро ба 7 доллар харида буданд.

Дар қаламраве, ки ИМА он замон соҳиб шуд, ҳоло иёлотҳои  Арканзас, Миссурӣ, Айова, Оклахома, Канзас, Небраска, қисмати ҷанубии иёлоти Миннесот, қисмати бештари Дакоти Шимолӣ, амалан ҳамаи иёлоти Дакоти Ҷанубӣ, қисмати шимолу шарқии иёлоти Ню-Мексико, бахши калонтарини иёлоти Монтана, қисме аз иёлоти Вайоминг, қисмати шимолии Техас, нимаи шарқии Колорадо ва бахше аз иёлоти Луизиана, аз ҷумла шаҳри Орлеани Нав ҷой гирифтаанд.

Чуноне ишора рафт, «Харидории Луизиана” кори президенти сеюми ИМА Томас Ҷефферсон ба шумр мерафт ва худи ӯ аз қонунӣ будан ё набудани он дар ташвиш буд, зеро он замон Конститутсияи ИМА моддае дар мавриди харидани қаламраве аз кишвари хориҷа надошт. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин вай маҷбур шуд ба ин амал даст занад, зеро Фаронса ва Испания чун ҳокимони ин қаламрав ба тиҷорати озоди Амрико аз тариқи бандари Орлеанаи Нав мушкил эҷод мекарданд. Орлеани Нав, чуноне таъкид ҳам кардем, дарёи Миссисипиро комилан назорат мекард ва ин рӯдхона дар ҳақиқат як роҳи басо муҳими обӣ дар Амрикои Шимолӣ маҳсуб мешуд. Амрикоиҳо тибқи муоҳада ҳақи содироти коло аз тариқи бандари Орлеани Навро доштанд. Вале аллакай соли 1798 испониҳо якҷониба амали ин созишномаро боздоштанд ва ин роҳбарияти ИМА-ро шадидан нигарон кард.

Баъдан соли 1800 Испания ҳаққи назорати Луизианро ба Фаронсаи наполеонӣ дод. Аммо танҳо 30 ноябри соли 1803 назорати комили Луизиана аз Испания ба Фаронса гузашт.

 

Гуфтушунидҳо дар Париж

Баъди ин Томас Ҷефферсон Ҷеймс Мон ва Роберт Ливингстонро барои гуфтушунидҳои пешакӣ ба Париж эъзом кард. Ҷолиб он аст, ки он замон Амрико танҳо харидории Орлеани Нав ва атрофи онро ба нақша гирифта буд. Ягон нафар ҳатто пешбинӣ ҳам намекард, ки ҷониби Фаронса дар ин гуфтушунидҳо комилан пешниҳодҳои дигар дар миён мегузорад.

Гап сари он аст, ки соли 1802 Пйер-Самюэл Дюпон де Немур, зодаи Париж ва фироркарда баъди инқилоб ба ИМА фиристода шуд. Дар Амрико Дюпон яке аз дӯстони наздики Томас Ҷефферсон буд ва ҳамзамон иртиботҳои назик ва муфид бо доираҳои пурнуфузи фаронсавӣ дошт. Ва бо роҳҳои пинҳонии дипломатӣ Дюпон аз номи Президенти ИМА бо худи Наполеон вориди гуфтушунид шуд.

Наполеон басо хуб медонист ва ҳадс ҳам мезад, ки Британияи Кабир ба осонӣ Луизианаро метавонад ба ишғол дароварад. Вай дарк мекард, ки ҷанги нав бо инглисҳо ногузир аст, вазъро ақлонаву мантиқӣ таҳлил кард ва ба хулосае омад, ки талоши ҳоким шудани вай дар нимкураи Ғарбӣ ба нокомӣ хоҳад анҷомид. Фаронса он замон флоти баҳрии рақобатпазир надошт ва наметавонист як сарзамини азимеро ҳифозат кунад ва билохира он ҳаққи бритониёиҳо хоҳад шуд. Аз сӯйи дигар ба Наполеон пул лозим буд. Аз ин рӯ, вай ба қароре омад, ки бо як тир ду нишонро занад. Ин буд, ки Наполеон чун як шахсияти дурандеш хеле зуд ба ин қарор омад ва ба вазири молияи худ Франсуа де Барбе-Марбуа дастур дод, ки ҳарчи сареътар амрикоиҳоро хабардор кунад, ки вай мехоҳад кулли қаламрави Луизианаро бифрӯшад, на танҳо як бахши он Орлеанаи Навро.

Аммо консули аввалин изҳор дошт: “Ман аз Луизиана даст мекашам. Ман на танҳо Орлеани Нав, балки ҳамаи қаламрави мустаъмараи онро гузашт мекунам”. 11 апрели соли 1803 Талейран расман ин қарори Наполеонро тасдиқ намуд. Аммо баъдан маълум шуд, ки ҷониби Амрико танҳо барои Орлеани Нав омода буд 10 миллион доллар пардохт кунад, аз ин рӯ амрикоиҳоро пешниҳоди фурӯши кулли Луизиана ба маблағи ҳамагӣ 15 миллион доллар, шигифтзада кард. Аммо барои Наполеон пули зиёд лозим буд, эҳтиёҷи бештар дошт ва 22,5 миллион доллар талаб кард. Вале амрикоиҳо қабул накарданд. Баъди ин Наполеон ба дипломатҳои худ бо ишора фаҳмонд, ки метавонад дар ин бора бияндешад. Яъне, дари музокаротро комил набаст. Баъдан якчанд рӯз хомӯш монд. 27 апрел Барбе-Марбуа ба сафорати Амрико омад ва гуфт, ки Наполеон нархро то 16 миллион доллар поин овард. Амрикоиҳо чун қонунҳои иқтисоди бозорӣ 12 миллион доллар пешниҳод карданд ва баъдан билохира ба 15 миллион доллар розӣ шуданд.

Муоҳадаи харидуфурӯш 30-юми апрели соли 1803 имзо шуд ва мувофиқи он Ҷумҳурии Фаронса қаламрави Луизианаро барои “истифодаи ҳамеша бо ҳамаи ҳуқуқҳои истиқлолият” ба Иёлоти Муттаҳида мефурӯшад.

 

Оқибатҳои фурӯши Луизиана

Ҳамчуноне болотар ҳам ишора рафт, қаламрави Луизиана хеле бузург буд: вай аз халиҷи Мексика шуруъ мешуд ва то Замини Руперта (замини шоҳзода Руперта) ба шимол, аз дарёи Миссисипи ба шарқ то Куҳҳои Рокӣ дар ғарб доман паҳн карда буд. Майдони умумии замине, ки Наполеон фурӯхт, ду баробар аз қаламрави худи Иёлоти Муттаҳида дар ҳамон солҳо бештар буд.

Муаррихони муосир бо тамасхур Луизианаро калонтарин харидуфурӯши ғайриманқул дар таърихи башар медонанд. Президент Ҷефферсон 4-уми июли соли 1803 ба шаҳрвандони кишвараш аз ин рӯйдод хабар дод ва ҳамон замон дар қаламрави нав ҳукумати муваққатии ҳарбии худро ташкил кард.

Ин як қаламрави басо азим ҳамагӣ ба 15 миллион доллар ба даст омад. Амрико ба Фаронса $11250000 пули нақд пардохт намуд ва боқӣ 3750000 доллари он пардохти қарзи Фаронса ба мардуми ИМА буд. Ин қарзҳо аз инҳо иборат буданд: товони “зарарҳои расидаи тиҷоратӣ ба амрикоиҳо дар ҷараёни декретҳои Конвент”, барои амали роҳзанҳои баҳрии фаронсавӣ, барои киштиҳо ва борҳои талафёфта ҳангоми амалиётҳои ҷангии солҳои 1798-1800. Ва аз ҳар ҷониб, ки бингарӣ, дар ин харидуфурӯш фоидаи ҷониби Амрико фавқулода бузург буд.

Ҷолиб он аст, ки замоне ҳукумати Фаронса ба Испания ваъда дода буд, ки ба ҳеч ваҷҳ ва ҳеч замоне ин қаламравро ба каси дигар намефурӯшад ва чун ваъдаро хилоф кард, ҳатто ҷониби Испанияро аз тасмим ва кори анҷомшуда хабардор ҳам нанамуд. Сафири Испания дар Париж Хосе-Николас де Асара дар ин бора танҳо миёнаҳои моҳи май хабардор шуд ва 19 май ба вазири умури хориҷии кишвараш иттилоъ дод: “Ҳукумат Луизианаро ба ИМА фурӯхт, муоҳада имзо шуд ва барои тасвиб ба Амрико ирсол шуд”. Аммо Мадрид он замон хеле заъиф шуда буд ва коре аз дасташ намеомад, наметавонист чорае андешад ва ҳатто нотаи эътирозии ҳукумати Испанияро Наполеон аслан нодида гирифт. Испания ҳамин гуна нотаро ба ИМА низ ирсол карда буд. Тирамоҳи соли 1803 фиристодаи Испания дар Вашингтон ба ҳукумати Амрико эътироз кард ва изҳор дошт, ки Фаронса ҳаргиз аз ихтиёроти ба касе фурӯхтани ин заминҳо бархӯрдор набуд. Аммо дар посух амрикоиҳо ба дипломати испонӣ гӯшзад карданд, ки “ИМА ба масоили хусусӣ миёни Фаронса ва Испания дахле надорад ва ин масоилро онҳо бояд миёни худ ҳаллу фасл кунанд”.

Испониҳо талош карданд бо сипар Луизианаи Фаронсаро ҳифозат кунанд, вале худ дар ҳолати ногувор монданд ва бо ин амалашон Флоридаро низ комил аз даст доданд.

Мануэл Годой, аввалин вазири подшоҳии Испания, ки аз соли 1792 то 1808 амалан ин кишварро идора мекард, муоҳадаи Амрико ва Фаронсаро “паёми марги империяи мустаъмараҳои Испания” номид. Хеле баъдҳо дар дафтари хотироташ навишт: “Дар муоҳада модда буд, ки тибқи он Луизиана ба ягон кишвар ё қудрати дигар дода намешуд, замоне агар Фаронса мехост аз дарди сари он халос шавад, мебоист дубора ба Испания бармегардонд. Худи Фаронса баъди ин санади харидуфурӯш аз ҳама афзалиятҳое, ки онро метавонист ба як қудрати мустаъмаравӣ табдил намояд, маҳрум гардид. Табдил, ба пул фурӯхтани як халқ ба кишвареву давлати дигар бидуни маслиҳату машаварат бо он халқият, бигзор вай ҳар халқе бошад, қобили қабул нест…”

Мануэл Годой ба ғазаб омада буд: “Консули аввал ба чанд миллион Испания, муттаҳиди худро фурӯхт, гузашта аз ин вай манофеъи худи Фаронсаро ба савдо гузошт. Вай эътиқод, ваъдаи дар муоҳада зикршудаеро, ки мо имзо карда будем, фурӯхт”.

Метавон ба ғазаб омад, асабӣ шуд, вале ин чизеро дигар намекард. Дар натиҷа 4 июли соли 1803 ҳукумати ИМА дар бораи имзои муоҳадаи Луизианаро ба губернатори испонии ин вилоят Хуан-Мануэл де Салседо ва Себастян Калво де ла Пуэрта, маркиз де Каса-Калво хабар дод. Ҷолиб он буд, ки Наполеон Луизианаро ба амрикоиҳо то замоне, ки Фаронса ба расмият ҳокимии онро қабул накарда буд, фурӯхт. Аз ин рӯ, расман талаб мешуд, ки ваколатҳои идораи Луизиана аввал ба фаронсавиҳо супурда мешуд. Инак, 30 ноябри соли 1803 префекти Фаронса Пйер-Клеман де Лосса ҳокимияти Луизианаро бар душ гирифт. Ва баъдан қаламрави аломатгузоришударо ба амрикоиҳо таслим кард.

Баъди ин де Лосса Луизианаро тарк кард, то ки дар префекти Мартиника, ки тибқи муоҳадаи Луизиана Фаронса ба амрикоиҳо фурӯхта буд, вазифаи дигарро ишғол кунад.

Муоҳадаи харидории Луизиана барои худи Амрико дардисарҳое эҷод кард, нигарониҳо аз хурсандиҳо бештар буданд. Нигарониҳо инҳо буданд: аввалан Конститутсияи ин кишвар низоми густариши қаламрави мамлакатро аз ҳисоби харидани заминҳои дигар инъикос накарда буд, яъне амалан қонун ин ҳолатро пешбинӣ накарда буд; дуюм бисёриҳо метарсиданд, ки ҳаракати бенизом ба самти Ғарб 6 миллион аҳолиро басо бенизом ҷобаҷо созад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин нигарониҳову пешбинӣ накардани қонуни асосӣ, Луизиана дар парлумон баҳси гармеро ба вуҷуд овард.

Ҳамзамон бо фурӯхтани Луизиана Фаронса худро аз мустаъмараҳояш дар Амрикои Шимолӣ комилан маҳрум сохт, танҳо соли 1816 Сан-Пейер ва Микелон ба ҷазираҳои хурде воқеъ дар соҳилҳои Нюфаундленд баргаштанд.

 

Пулҳо чӣ шуданд?

Амрикоиҳо ба Наполеон на доллар, балки облигатсия доданд, аммо ба сарвари Фаронса пули нақд лозим буд. Аммо Ҷеймс Монро ва Роберт Ливингстон барои анҷоми ин харидуфурӯш пешниҳод карданд, ки аз бонки бародарон Баринг дар Лондон ва бонки Хоуп дар Амстердам истифода кунанд. Ҳукумати Фаронса ин пешниҳодро пазируфт ва бо пардохти музде ин облигатсияҳоро ба пули нақд иваз намуд.

Муаррихи шинохта  Е.В.Тарле дар бораи Талейран сухан ронда навишт: “Амалан на ҳамеша метавон арқоми ришваи ӯро мушаххасан таҳлил кард. Масалан, вақте Наполеон фармон дод, ки Луизиана ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фурӯхта шавад, гуфтушуниди арзиши қаламрави мавриди назарро Талейран роҳандозӣ мекард. Амрикоиҳо бошанд ба ҷойи ҳаштод миллионе, ки сухан мерафт, ба Фаронса танҳо панҷоҳучор миллион пардохт карданд. Ҳатто то ба имрӯз рақами аслии гузашт ва муомилаи вазири умури хориҷии Фаронса ба амрикоиҳо номаълум аст”.

 Сергей НЕЧАЕВ

«Совершенно секретно»

Баргардони Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here