Башар шоҳиди он аст, ки низоми давлатдории дунявӣ тайи зиёда аз сад соли ахир ба унвони беҳтарин модели давлатсозӣ шинохта шуда, элита-нухбагони сиёсии кишвару миллатҳои гуногуни сайёра ба ин тарзи мудирияти сиёсӣ ва низоми мардумсолорӣ эътимод бастаанд. Иллати эътимоду бовармандӣ ба ин тарзи идоракунӣ, қабл аз ҳама, дар озод ва боз будани фаъолиятҳои инсонӣ дар муҳиту фазои рангоранги сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ зоҳир мегардад. Бояд таъкид кард, ки намояндагони бузурги фарҳангу сиёсати ғарбӣ дар заминаи давлатсозии дунявӣ ва сохтмони ҳукумати фарҳангӣ ҳанӯз аз садаи ҳаждаҳум ибтикороти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, сохтани давлатҳои секулории миллиро бар мабнои ақлу хирад вазифа ва рисолати инсонӣ талаққӣ кардаанд. Ин аст, ки қишри рӯшангарии аврупоӣ ба сохтани муҳити дунявӣ ва фазои секулорӣ машғул шуд ва дар имтидоди тӯлонии замонӣ ба ҳадаф расид. Аз ин ҷост, ки сохтани муҳити дунявӣ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани низоми секулорӣ вазифа ва рисолати равшанфикрон ва давлатмардон буда ва ҳаст.

Тавре ки маълум аст, раванди барномарезиҳои мудавоми бузургони илму сиёсати ғарбӣ дар заминаи бунёду сохтусози давлатҳои секулорӣ ва хирадмеҳвар аз асри ҳаждаҳ таҳкиму тақвият ёфта, барои ба вуҷуд овардани муҳит ва фазои солими эҷодӣ донишмандону равшанфикрони шаҳире назири Дидро, Руссо, Волтер, Монтескиё ва дигарон саъю талоши фаровон намуданд. Институт ва ниҳодҳои равшанфикри ғарбӣ дар симои маорифпарварони франсавӣ рисолати худро бар мабнои манофеи миллию мардумӣ дуруст анҷом дода, дар бедории иҷтимоӣ ва фикрии ҷомеа саҳми асосӣ гирифтанд. Онҳо аслҳою арзишҳои муҳтараме мисли ҳувият, шарофат, наҷобат ва асолати инсониро дар маърази таваҷҷуҳи мардумӣ қарор доданд ва дар ин росто, бо мутаассибини давр, ки аз кудрати азими сиёсӣ ва динӣ бархӯрдор буданд, бо силоҳи ақлу мантиқ ва маърифату хирад сахт мубориза карданд. Мубориза бо ин тоифа, ки он замон дар институт ё ниҳоди муътабари калисо ва низоми сиёсии католитсизм мунсаҷим шуда, миёни авом ва элитаи сиёсӣ нуфузи зиёд доштанд, саҳлу осон набуд. Аҳли калисо ва меҳробиён, ки дар паноҳи давлат қарор гирифта, аз имтиёзоти фаровоне бархӯрдор буданд, ҳаргиз намехостанд, мардум ба таҷаддуд ва навгаройӣ бипардозанд ва аз қайдубандҳои хурофотӣ, ки асрҳо аз тарафи рӯҳониён ба сифати абзори фишору контроли авом ва соири табақаҳои иҷтимоӣ истифода мешуд, раҳо гарданд. Тарзу шеваи асрҳо таҷрибашудаи мудирияти авом ва ҷомеаро, чӣ дар қаламрави нуфузи диёнати исломӣ ва чӣ дар сарзаминҳои ғарбӣ аҳли калисо ва рӯҳониён хуш доштанд ва мутаассифона, то имрӯз рӯҳониёни мутаассиб ва мутаҳаҷҷир аз домани мардум даст барнадошта, ҷиҳати таҳти контроли доимӣ қарор додани тӯдаҳо ва авомуннос аз тамоми имконот истифода мебаранд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик дар охири асри бист ва ибтидои садаи бисту якум ба сохтусози модели дунявӣ ва секулорӣ камари ҳиммат барбаст ва дар ин самт довталабона гом бармедорад. Муҳим ин аст, ки барои сохтани давлати миллӣ бар мабнои низоми сиёсии секулорӣ мо замина, таҷриба ва собиқаи тӯлонии таърихӣ дорем. Ҳанӯз дар қадимтарин бовару эътиқодоти миллӣ, ки дар қолаби афсонаю асотири бостонӣ бофта ва пардохта шудаанд, сохтмони давлат ва ҷомеаи дунявӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳамчун намуна, метавон аз асотири қадимаи Ҷамшеду Фаридун ёд кард, ки раванди давлатсозиро аз барномарезиҳои дунявӣ ва тадобири фарҳангӣ оғоз кардаанд.

Миллату мардуме, ки дар пайи сохтани давлати демократӣ ва дунявӣ гом мебардорад, аслан ба хирад, дар мадди аввал арҷ мегузорад ва онро меъёри асосӣ дар низоми зиндагӣ мешуморад. Аз ин ҷост, ки давлати дунявӣ ва мардумсолор хирадмеҳвар аст ва ҳар тасмиму иқдомоте, ки элитаи сиёсӣ ва нухбагони фарҳангӣ мегиранд, албатта, дар тарозуи донишу мантиқ баркашида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки давлати дунявӣ хирадбунёд аст. Аз тарафи дигар, давлатҳои дунявӣ ҳамеша дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ амал мекунад ва дар пиёда кардани барнома ва стратегияҳои давлатӣ саҳми интеллигенсия ва нерӯи ақлонии ҷомеа калидӣ мебошад.

Масъалаи дигаре, ки дар низоми давлатдории дунявӣ матраҳ аст, масъалаи муносибат ва робитаи ҳукумат бо виҷдони озод аст. Виҷдони озод он аст, ки ҳар шаҳрванд дар низоми давлатдории секулорӣ ҳаққи интихоб дорад ва дар заминаи пазириш ва ё напарифтани бовару эътиқодоти динию сиёсӣ шахсан бидуни дахолати дигарон тасмим мегирад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Ба сӯйи ҳукумати фарҳангӣ. Ландан: Курмали Пресс, 1998. -С. 49). Ин аст, ки ҳар қадар дар ҷомеа майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа ёбад ва роҳҳои тадовуми он ҳамвортар гардад, ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият мепазирад. Ҳатто дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ, ки дар қолаби асотир ва достонҳои устуравӣ рехта шудаанд, ҳадафи ниҳойӣ ва стратегӣ дар сохтусози давлати дунявӣ ба вуҷуд овардани муҳити интихоб озод шинохта шудааст (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст. Ландан, бидуни соли нашр. -С.64) ва ҳаққи интихоби озоди ақидаву мафкура ва бар гардани дигарон таҳмил накардани он ба унвони аслу нуктаи меҳварӣ дар низомҳои сиёсии минбаъда авлавият ва таҳаққуқ пайдо кардааст. Аз ин ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) дар шароити феълӣ метавон механизмҳои корбурдӣ ё ба истилоҳ, тактикӣ ҷустуҷӯю пайдо кард ва саранҷом дар сиёсати фарҳангӣ роҳандозӣ намуд.

Вожаи дунявӣ ҳамчун мафҳуми фалсафӣ ва сиёсӣ, қабл аз ҳама, маънои эътимод ва эътиқод доштан ба ин дунё аст. Дар зеҳни дунявиён, ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ-мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфта, дастгоҳи олии роҳбарикунандаи он аз шахсоне таркиб меёбад, ки ба ин дунё бовар доранд. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон, беҳудуд ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар, бидуни бартарият ва афзалият додан ба касе, шароити ибодӣ, фароғату истироҳат ва шуғлу мутолиот таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни созмону ҳаракатҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, динӣ-мазҳабӣ, сиёсӣ ва амсоли инҳо ба вуҷуд меоранд.

Маълум аст, ки давлатсозии миллӣ, ба вижа дар доираи арзишу идеалҳои миллию дунявӣ кори осон нест, аммо сарфи назар намудани дунявият ва мабодии он, ки ҳамагӣ инсонсозу мардумсолоранд, корро дар ин самт мушкил месозад. Таърих ба мо таҷриботи давлатсозии миллиро дар симои империяҳои қудратманди Ҳахоманишӣ, Сосонӣ, Тоҳирӣ, Саффорӣ, Сомонӣ, Ғурӣ, Шӯравӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) манзур намуда, дар баробари ин, заволу шикасти ононро, ба сабаби хиёнат, нодонӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, маишати бебанду бор, худнамойӣ, бемасъулиятӣ ва саҳлангории давлатмардон рӯйи авроқи китобаш сабт кардааст. Бинобар ин, авроқи китоби таърихи миллӣ, ҳамчунин таърихи Шарқу Ғарбро бо чашми ибрат ва ақлу хирад мебояд ҷиддӣ мутолиа ва дар заминаи он марзу ҳудуди дунявиятро таъйин, таҳким, тақвият ва ҳимоят кард.

Илова бар ин, дар саргаҳи давлатсозии миллӣ бар мабнои муҳтавиёти дунявӣ мушкилоти фикрӣ, идеологӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дунболагири мост. Мутаассифона, камбуди мутолеотӣ, фақри фикрӣ, набудани ҷаҳонбинии илмӣ бар асари бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ, бепарвоӣ ба сарнавишти наслҳои имрӯзӣ ва баъдӣ, нотавонии фикрӣ ва эҷодӣ, гироиши маҳдуд ба илму хирад сол ба сол дар тору пуд ва рагу пайванди қишрҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи тоҷикӣ реша давонда, ҷомеаро дар баробари ҷаҳолат ва хурофот сироятпазир карда истодааст. Дар ин замина, наандешадани тадбирҳои судманд хатароти ҷиддие (бунёдгаройӣ, ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ)-ро дар пай дорад. Дар зимн, дар кишварҳое, ки тафаккури зиндаи фалсафӣ ҳанӯз вуҷуд надорад, танҳо бо вомгирӣ ва истифодаи тафаккури фалсафии ғарбӣ зиндагӣ мекунанд. Вақте ки сиёсатмадорон ва донишмандони улуми инсонӣ ва табиӣ-риёзӣ аз уҳдаи маъно бахшидан ба зиндагӣ намебароянд, дар натиҷа, диндорон бо шариати хушку холии худ ин рисолатро дар ҳазорон соли дигар иҷро нахоҳанд кард. Адабиёт, фалсафа, ҳунар бояд дар роҳи маънӣ бахшидан ба зиндагӣ пеш раванд, то сиёсатмадор дар самти ҷудо кардани дин аз давлат ва натиҷатан, гироиши ҷомеа ба дунявият комёбӣ ба даст оварад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дувум. Ландан: Курмали, 1995. -С.23).

Бад-ин тариқ, дунёмадорӣ ва низоми секулорӣ муҳтавои давлати демократӣ ва мардумсолориро ташкил медиҳад ва тарзи мудирияти сиёсӣ, ки бар пояи донишу хирад таҳаққуқ ёфтааст, кишвар, давлат, миллат ва халқҳоро ба қуллаи мурод — иттиҳоду ҳамбастагӣ ва рушду тараққӣ мерасонад.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here