Бо назардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин ва гузариши он ба аксарияти давлатҳои ҷаҳон имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои зиёд нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марг ва дар беморхона бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст. Аммо инҳо ҳама овозаҳои бардурӯғ буданд ва ҳеҷ асоси воқеӣ надоштанд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон масъалаи пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат зери назорати бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллӣ барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Чунин ба назар мерасад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос гуруҳ ва баъзе афроди алоҳида аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд мардумро тарсонанд ё манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд.
Вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута айни замон барои ошкор ва пешгирии сирояти коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида, хушбахтона, то ҳол ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он мавҷуд нест.
Ба ақидаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, “хушбахтона, то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, тибқи Конвенсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, яъне қоидаҳои байналмилалии тиббии санитарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шомили он мебошад, дар гузаргоҳҳои сарҳадии мамлакат, аз ҷумла чӣ дар гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва чӣ дар гузаргоҳҳои заминӣ нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ мавҷуданд, ки онҳо бевосита зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин нуқтаҳо тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешниҳодоту амрномаҳои сардухтури давлатии санитарии эпидемологии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бонги хатар задан супориш дода мешавад, ки ин нуқтаҳо фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаранд. Ҳамзамон, айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди теплавизор ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегардад, тавассути онҳо гузаронида мешавад”.
Дар ҳақиқат ҳам, Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро барои ворид нашудани ин вируси зудпаҳншаванда ва роҳҳои пешгирии он андешида, мубориза бо коронавирусро пурзӯр намудаанд. Тамоми шаҳрвандонро бошад, зарур аст, ки гигиенаи шахсии худро риоя намоянду ҳамеша бо духтурон ҷиҳати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулоддаи ин вирус дар робита бошанд.
Сабабу омилҳои пайдо шудани ин вирус дар одамон истеъмоли гӯшти сироятёфта гуфта мешавад. Бемории сироятии коронавирус аслан дар бадани ҳайвоноти хонагӣ, хусусан парандаҳо, чорвои калон ва хук афзоиш ёфта, баъдан ба одам мегузарад. Ба ин хотир, кулли шаҳрвандоне, ки дар хонаҳояшон ба парвариш ва нигоҳубини чорво ва парандаҳо машғул мебошанд, бояд то андозае дурӣ ҷуста, ба ҳолати гигиению санитарӣ аҳамият диҳанд. Нишонаҳои асосии ин беморӣ пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ мебошад. Инчунин, осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин гардида, дар сурати ба табобат фаро нагирифтан он метавонад ба фавт оварда расонад. Табибони соҳа таъкид месозанд, ки вируси мазкур ба монанди аксари дигар вирусҳои маъмулӣ тариқи ҳавоӣ ва қатрагӣ аз нафари сироятёфта ба одамони солим дар масофаи 10 метр мегузарад. Дар кӯтоҳтарин муддат ин вирус боиси сармохӯрдагӣ, аммо дар мавриди дигар боиси синдроми шадиди роҳи нафас мешавад. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки одамон аз ниқобҳои ҳимоявӣ истифода карда, муваққатан, то ба эътидол омадани вазъият аз салому алейки наздик бо даст, ба оғӯш гирифтани ҳамдигар, бӯсобӯсӣ, сафар ба мамлакатҳое, ки дар онҷо мубталоёни ин вирус ба қайд гирифта шудаанд, худдорӣ намоянд ва дар роҳи пешгирӣ аз ин сироят, мунтазам дастҳоро бо собун қабл аз анҷоми амале шустушӯ намоянд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки муассиртарин роҳ барои муҳофизат дар баробари сироят аз бемории коронавирус, ин шустани дастҳо, дурӣ кардан аз афроде, ки сулфа ва атса мезананд ва даст назадан ба чашмҳо, бинӣ ва даҳон аст.
Бо мақсди пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла дар гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ нуқтаҳои санитарӣ-карантиниро ташкил намудааст. Бо вуҷуди корҳои ҳаммарӯзаи фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва сахтар гардидани чораҳои амниятӣ, дар мавриди пешгирӣ аз сироятёбӣ аз коронавирус, миёни сокинон сарусадоҳо балан гардида, нархи маҳсулоти хӯрока боло рафт.
Мирзошариф АБДУСАЛОМОВ