Коршинос дар бораи мақсадҳои ҳақиқии таъсиси озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар ҷаҳон

Дар ҷараёни паҳншавии COVID-19, ки ҷони ним миллион одамро дар тамоми ҷаҳон аз байн бурд, садҳо озмоишгоҳҳои ИМА дар кишварҳои гуногун, ки зери пӯшиши марказҳои беғарази тадқиқотӣ, гуё машғули гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ барои таъмини амнияти биологӣ буданд, дар мубориза бар зидди короновирус ҳеҷ кор накарданд. Директори генералии Маркази иттилооти сиёсӣ Алексей Мухин дар ҳафтаномаи «Аргументы недели» изҳор медорад, ки: «… Аҷибии кор ин аст, ки чунин  беэътибории озмоишгоҳҳо дар шароите аст, ки дар худи Амрико маргу мир ва сироятёбӣ аз короновирус ба фоҷиаи миллӣ табдил шудааст.» Ин  коршинос таъкид намуд, ки баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар қаламрави кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба таври мудовим пайдо шудан гирифтанд.  Ҳамин тавр, онҳо дар қаламрави  Украина, Грузия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва  Молдовия пайдо шуданд. Маълум аст, ки Амрико барои сармоягузории чунин Барномаҳо хеле ҳавасманд аст. Коршинос иброз медорад, ки озмоишгоҳҳо натанҳо аз лиҳози наздик будан ба сарҳади Русия ба ҳам шабоҳат доранд, балки ҳамчунин аз он лиҳоз, ки ҳаққи ворид шудан ба онҳоро танҳо коршиносони амрикоӣ доранд. Олимон ва кормандони техникии  маҳаллӣ ҳатто ҳаққи ворид шудан ба ҳуҷраҳоро надоранд, ки дар онҳо тадқиқотҳо гузаронида мешаванд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ чанде аз вакилони мардумии Украина ба номи президенти Украина Владимир Зеленский дархости расмӣ ирсол намуданд ва талаб карданд, ки мавҷудияти 15 адад озмоишгоҳҳои амрикоӣ дар қаламрави Украина, ки аз тарафи ИМА сармоягузорӣ мешаванд, тасдиқ шавад.

Сафорати ИМА дар Киев ин хабарро рад накард, аммо иброз дошт, ки ин таҷрибаҳо аз соли 2005 гӯё ба манфиати таъмини сулҳ анҷом шуда бошанд. Аммо, тибқи суханҳои коршинос, хуруҷи касалиҳои хатарнок дар Украина аз чизи дигар шаҳодат медиҳад. Масалан, дар соли 2011 хуруҷи касалии вабо сар зад, ки дар натиҷаи он 33 нафар ба ҳалокат расиданд; дар соли 2014 ба касалии вабо 800 нафар мубтало шуд; дар соли 2016 — 20 нафар сарбозон аз вируси хатарнок, ки шабеҳи зуком буд ҳалок шуданд, инчунин, аз мардуми мулкӣ 364  нафар ба ҳалокат расиданд; дар 11 моҳи соли 2019 ба касалии сурхакон 5371 шаҳрвандони украина мубтало шуданд, ки аз байнашон 2347 нафар кӯдакон буданд. Барои муқоиса бояд гуфт, ки дар соли 2017 ҳамагӣ 87 ҳодисаи  мубталошавӣ ба қайд гирифта шуда буд, дар соли 2016 бошад танҳо 3  нафар касал шуд.

Мутобиқи созишномаи иловагӣ, ИМА машғули бозсозии озмоишгоҳҳои собиқ шӯравӣ ва феълан украинӣ мебошад, ки дар онҳо теъдоди зиёди вирусҳои хатарнок, аз қабили захми сибирӣ ва вабо мавҷуданд. Мутобиқи ҳамин созишнома, тарафҳо мебоист аз паҳншавии технология ва маълумотҳои зеҳнӣ дар  соҳаи вирусология пешгирӣ мекарданд, на инки барои сохтани онҳо фаъолона кӯшиш кунанд. «Магар беҳтар набуд, ки ин озмоишгоҳҳоро аз байн мебурданд ва тадқиқотҳои хатарнокро дар кишвари худашон анҷом медоданд? Аммо барои  Вашингтон осонтар ва бехатартар буд, ки чунин озмоишҳоро дар кишварҳои дигар анҷом диҳад, чунки дар ҳолати иштибоҳи олимон,  «вирусҳои хатарнок» танҳо шаҳрвандони кишварҳои дигарро нобуд мекарданд» -изҳор намуд Алексей Муҳин.

Мутобиқи иттилои вакилони украинӣ, дар ҷаҳон дар ҳудуди 400 озмоишгоҳҳои биологӣ мавҷуданд, ки аз тарафи амрикоиҳо сармоягузорӣ мешаванд. Аз  ин теъдод 15 адад дар Украина: 3 адад дар Киев ва Лвов, якадади дар Одесса, Херсон,Тернопол, Ужгород, Виннитса, Харков ва Луганск ва ду адад дар  Днепропетровск мавҷуданд.

Дар мавриди кишварҳои дигари пасошӯравӣ, ин коршинос гушзад мекунад, ки дар соли 2008 дар Молдова озмоишгоҳи марказии амрикоӣ дар чаҳорчуби Барномаи «Пешгирии  ВИЧ/СПИД ва гепатитҳои В, С», таъсис дода шуд, ки дар он танҳо америкоиҳо метавонистанд кор ва фаъолият намоянд, ҳукумати Молдовия ва кормандони амнияти он ҳаққи дохил шудан ва ё назорати кори ин озмоишгоҳро надоранд.

Дар соли 2008 Арманистон ба  Барномаи DTRA оид ба коҳиши хатари биологӣ шомил шуд ва аллакай дар соли 2018 амрикоиҳо дар ин кишвар 12 адад озмоишгоҳҳои биологӣ ба қимати 50 миллион доллар таъсис доданд. Се озмоишгоҳ дар шаҳри Ереван: дар Маркази назорат ва пешгирии касалиҳо, дар Хадамоти давлатии маводи хӯрока ва дар Беморхонаи касалиҳои сироятии «Норк», фаъолият менамоянд. Дар шарҳои Иҷдеван, Гюмри, Мартуни, Сисиане, Арташате ва Ванадзоре озмоишгоҳҳои минтақавӣ дар чорчуби марказҳои зидди вабо фаъолият  менамоянд.

Дар соли 2005 Озарбойҷон бо вазорати мудофиаи ИМА созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳо ва патогенҳо, ки вобаста ба рушди соҳаи  биология ва паҳннакардани иттилоот» -ро имзо намуд. Ҳамин тавр, дар соли 2013 дар шаҳри Боку озмоишгоҳи марказии биологии махсусгардонидашуда, оид ба тадқиқи микрорганизмҳои патогении инсонӣ ва ҳайвонӣ таъсиси дода шуда буд, ки қиммати он дар ҳудуди 170 миллион доллар мебошад. Ба ҷуз ин, дар чаҳорчуби  ҳамкориҳо бо амрикоиҳо боз 10 адад шабакаҳои назорати биологӣ дар ноҳияҳои гуногуни Озарбойҷон сохта шуданд.

Дар соли 2016 дар шаҳри Алма-Ато озмоишгоҳи марказӣ дар назди Маркази илмии Қазоқистон оид ба омӯзиши касалиҳои сироятии  карантинӣ ба номи М. Айкимбаев, таъсис дода шуд. Сохтмони онро амрикоиҳо ҳанӯз аз соли 2010 шурӯъ намуда, дар умум маблағи 80 миллион долларро барои сохтмонаш сарф карданд. Он замон  Вашингтон изҳор намуда буд, ки  Амрико аз вазъияти эпидемиологии ҷаҳон ба ташвиш омада, мехоҳад ба Қазоқистон дар роҳи мубориза бо касалиҳои сирояткунанда, кумак намояд. Ба қавли амрикоиҳо чунин кумак ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ расонида шуда, дар ин кишварҳо аллакай озмоишгоҳҳо фаъолият менамоянд. Ҷолиб ин аст, ки макони сохтмони озмоишгоҳро дар минтақаи зилзилахез интихоб намуданд. Алексей Мухин, изҳор медорад, ки аз назари ҷуғрофиёи кишвари Қазоқистон дар макони сершамол қарор дорад ва агар вирус ба  ҳаво роҳ ёбад, дарав бо суръати калон ба масофаи бузург интиқол меёбад. Хуруҷи вируси хатарнок метавонад ҳаёти на танҳо милионҳо шаҳрвандони Қазоқистонро ба хатар мувоҷҷеҳ кунад, балки зиндагии шаҳрвандони Русияро, ки дар назди марзи Қазоқистон сукунат доранд, низ зери хатар мемонад.

Тибқи изҳороти Пентагон, ҳадафи сохтмони шабакаи озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ гуё аз он иборат  аст, ки пеши роҳи хуруҷи намунаҳои хатарноки вирусҳои микроорганизмҳо ба атмосфера гирифта шуда, ҳамчунин, ҳамлаи биологӣ ба Амрико ғайриимкон шавад. Алексей Мухин менависад, ки:  «Нофаҳмо ин аст, ки чигуна Қазоқистон ё Молдовия метавонанд ба Амрико ҳамлаи биологӣ анҷом диҳанд. Ҳамчунин, нофаҳмо он аст, ки чаро ин озмоишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотӣ дар шаҳрҳои калон, ки дар он ҷо зичии аҳолӣ хеле зиёд аст ва хуруҷи эҳтимолии вирус хеле хатарнок мебошад, сохта шудаанд». Ӯ ҳамчунин изҳор медорад, ки дар ҳоли ҳозир, дар шароити паҳншавии короновирус, сиёсатмадорон ва коршиносоне, ки дар қаламрави кишварҳояшон озмоишгоҳҳои биологии ИМА сохта шудаанд, ба худ савол медиҳанд, ки: «Чаро ҳеҷ натиҷае аз фаъолияти ин шабакаи озмоишгоҳҳо дар мубориза бар зидди COVID-19  дида намешавад? Чаро чунин шабакаи ҷаҳонии озмоишгоҳҳо, ки гӯё барои ҳимояи биологӣ фаъолият менамоянд, ҳеҷ коре ҳатто барои ҳимояи шаҳрвандони кишварашон карда натавонистанд? Ҷавоб ба ин саволҳо, ба кавли Алексей Мухин, маълум аст. Ӯ мегуяд: «Ҳадафи асосии ИМА дигар чиз аст: ин муҳосира намудани Русия на танҳо бо неруи низомӣ, балки бо пойгоҳҳои биологӣ, ки дар сурати бурузи хатарҳои низомӣ, имкон медиҳад, ки бо силоҳи биологӣ ба ин кишвар зарбаи сангин зада шавад. Тавре, ки маълум аст, вируси нав метавонад хеле зуд паҳн шавад ва оқибатҳои вахиме, барои одамон дошта бошад, ки ҳатто духтурҳои ботаҷрибаро метарсонад.  Ҳамчунин, набояд истисно кард, ки амрикоиҳо на танҳо силоҳи биологӣ месозанд, балки метавонанд силоҳи қатли нажодӣ бисозанд, ки барои нобуд  кардани русҳо ва дар умум нажоди славянӣ, истифода шавад.  Агар ИМА истифодабарандаи асосии натиҷаҳои фаъолиятҳои озмоишгоҳҳои биологӣ аст, пас бояд, дар шароити хатарҳои хозиразамони COVID-19, пеш аз ҳама, дар бораи  бехатарии мардумони худаш фикр кунад, на дар фикри  нобуд кардани миллатҳои дигар бошад?».

Бознашр аз сомонаи: https://lenta.ru/news/2020/05/20/biolab/

Таҳияи Наҷмиддин ПӮЛОДӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here