Дар таърихи кишваркушоиҳои олам рӯйдодҳои хунин кам нестанд. Бахусус ҷанги аврупоиён бо қабилаҳои ҳинду дар қораи Амрико як саҳифаи нангини таърихи башар аст, бо вуҷуди омӯхта шудан, боз ҳам ба омӯзиш ниёз дорад. Дар ин мақола муруре ба ҳамин таърих дорем, то маълум шавад, ки қавми ба истилоҳ ҳинду дар қораи Амрико чӣ гуна дар гирдоби фитна монд.

Соли 1517 Франсиско Эрнандес де Кордоба бо се киштӣ дар имтидоди соҳилҳои шимоливу ғарбии Юкатан ҳаракат кард. Вай талош намуд ба соҳил фуруд ояд, вале дар бархӯрд бо ҳиндуҳо одамони зиёдеро талаф дод ва ноилоҷ пас гашт. Вале зару зевар ва тиллое, ки аз ин сафари баҳрӣ овард, маллоҳонро руҳбаланд кард ва аллакай соле пас экспедитсияи нав таҳти роҳбарии Хуан де Грихалв ташкил шуд.

Ҳангоми сафар ба он самт испаниҳо боре тӯдаи ҳиндуҳоро диданд, ки парчами сафед доштанд. Онҳо фиристодаҳои сарвари олимартабаи қабилаи қудратманди астекҳо Монтесума буданд. Астекҳо аз қабилаҳои пешрафтаи ҳиндуҳои Амрикои он замон маҳсуб мешуданд ва шаҳре, ки бунёд намуда буданд, пешрафтатарин шаҳр дар қора буд. Фарҳанги пурравнақ ва тавсеъа дар ин кишвар ба роҳ уфтод ва тамаддуни астекҳо ба қабилаҳои дигар дар саросари Мексика таъсир кард. Ҷазираи хурде, ки Теночтитлан дар он бунёд шуда буд, ҳар рӯз бузургтару бузургтар мешуд, то ин ки табдил ба бузургтарин ва қудратмандтарин шаҳр дар Амрикои Марказӣ шуд. Масирҳои тиҷорӣ, ки колоҳоро аз халиҷи Мексика ба ин макон меоварданд, ҳамчунин аз уқёнуси Ором ва ҳатто ба назар мерасад аз империяи Инкҳо мерасид.

21 апрел испаниҳо ба соҳили Мексика дар наздикии ҷазираи Сан-Хуан-де-Улоа фуруд омаданд. Дар ин ҷо онҳо барои худ такягоҳ – шаҳри Веракрусро бо як қалъа бунёд намуданд. Ба ин ҷо сафирони Монтесум омаданд ва ба Кортес барои шоҳи Испания миқдори азими ҷавоҳирот: ду зарфи бузурги сохташуда аз тилло ва нуқра, ки тасвири Офтобу Моҳ, юз ва маймунҳо, овезаҳо, абрӯи тилло, ҳалқаҳо ва дигар ашёи аз тиллои холис сохташударо ҳадя карданд. Дар ин ашё бори аввал аврупоиён бо санъату тамаддуни волои ин қабилаи соҳибтамаддун ошно шуданд.   Кортес сафирони Монтесумаро бовар кунонд, ки аз номи шоҳи Испания ба сарвари аскетҳо паём дорад. Монтесума хеле андешид ва билохира испаниҳоро ба пойтахташ шаҳри Теночтитлан (Мехико) роҳ дод. 16 августи соли 1519 Кортес ба шимолу ғарб ҳаракат кард. Ин аввалин сафари конкистадорони испанӣ ба дохили қора буд. Барои он ки тарсуҳо пас нагарданд ва роҳи бозгашту фирор надошта бошанд, Кортес фармон дод, ки ҳама киштиҳоеро, ки дар бандар истодаанд, дар об ғарқ созанд (тибқи гузоришҳои дигар киштиҳоро сӯзонданд). Киштии ягона боқимонда ба шоҳи Испания ҳадяҳои Монтесумаро бурд. Дастаи Кортес, ки иборат аз 400 пиёдагард ва 15 квалерист бо 6 силоҳ буд, ба пурқудраттарин қабилаи Амрико ситеза кард. Аммо испаниҳо бештар ба қабилаҳои зертобеъи аскетҳо такя мекарданд, ки сарвар Монтесумаро чашми дидан надоштанд.

8 ноябри соли 1519 испаниҳо тантанавор вориди Теночтитлан шуданд. Бузургӣ ва зебогии шаҳре, ки дар ҷазирае миёни кӯли калон ҷойгир шуда буд, онҳоро шигифтзада кард ва ин саҳфаҳои романҳои дӯстдоштаи онҳо дар бораи ритсаронро ба ёд меовард. “Мо ба мушкил аз миёни анбуҳи одамон ба худ роҳ мекушодем,-ба ёд меовард собиқадори истилои Мексика, сарбози қаторӣ Бернал Диас дел Кастило.- Мо ба чашмони худ бовар намекардем. Аз сӯе дар хушкӣ як силсила шаҳрҳои калон, дар кӯл шаҳрҳои дигар ва худи кӯл пур аз киштӣ ва дар сарбанд пулҳои зиёде, ки аз болои каналҳо убур мекунад. Дар рӯ ба рӯи мо шаҳри бузурги Мехико қарор дошт ва мо ҳамагӣ чаҳорсад сарбоз!”

Вориди шаҳр шуда, аҳдшиканона Монтесум ва атрофиёнашро ба асорат гирифт ва аз номи вай фармонҳо содир мекард. Аммо ҳиндуҳо ба зудӣ худро ба даст гирифтанд ва испаниҳоро дар Теночтитлан ба муҳосира гирифтанд. Ногузир шуданд шаҳрро вогузоранд ва ба соҳил ақиб нишинанд. Пеш аз он ки онҳо ақибнишинӣ кунанд, Монтесум вафот кард ва ё испаниҳо ӯро куштанд. Ҳангоми ақибнишинӣ Кортес торумор шуд ва бештар ғаниматҳои худро аз даст дод. Он “шаби пурандуҳ” сарбозони зиёде ба ҳалокат расиданд танҳо ёрии ҳиндувон аз Тласкала дастаҳои Кортесро аз нобудии сартосарӣ нигоҳ дошт.

Кортес дар ин миён дастаи худро мукаммал кард, бо силоҳ муҷаҳҳаз намуд ва бо ёрии 10 ҳазор муттаҳидон аз ҳиндуҳо соли 1521 ҳамлаи нав ба Теночтитланро оғоз намуд. Муҳофизати шаҳрро сарвари нави астекҳо, Куаутемоки ҷавон, ки таҷрибаи хуби кори ҳарбӣ дошт ва ҷасораташ беҳамто буд ба уҳда гирифт. Пойтахте, ки аз ҳар ҷониб муҳосира шуда буд, беш аз се моҳ худро муҳофизат кард. Танҳо гуруснагиву қаҳтӣ миёни муҳосирамондагон ба испаниҳо имкон дод, ки  ба шаҳр зада дароянд. Мексика бо зарби силоҳи оташфишон ва шамшер забт шуд. Садҳо тан куштаву мурда аз бемадориву гуруснагӣ, бемориҳои сироятӣ, ки конкистадорон оварда буданд. Ҳамин буд манзараи баъди фатҳи ин шаҳр.

Худи Кортес ҷасорати мардонагии зиёд нишон дод ва аз худ чун як сарвари ҳарбӣ ва дипломати пухтакор дарак дод. Аз сӯи дигар золимӣ, сангдилӣ, дурӯягӣ ва аҳдшиканӣ ҳам хоси ин истилогар буд. Кофист аз сарнавишти худи сарвари ҷавон Куаутемок ҳарф зад, то паймоншикан будани Кортес исбот шавад. Вай ба ӯ шахсан амнияту бехатарӣ ва ҳаёти озод ваъда кард, вале чун ба асораташ уфтод, шиканҷа кард ва соли 1525 ба қатл расонд.

Баъди фатҳи Теночтитлан Кортес ва ҳамроҳонаш як силсила маконҳои атрофи соҳилҳои аскетҳоро ҳам ба даст оварданд. Онҳо тақрибан ҳамаи қаламрави Мексика, Гватемала ва Гондурасро фатҳ карданд. Аз нуқтаи назари муҳимият дар ин азхудкуниҳо ва кушоишҳои географӣ сафари баҳрии Франсиско де Улоа буд, ки солҳои 1539-1540 сурат гирифт ва ӯ бо се киштӣ аз Акапулко ба самти шимолу ғарб ҳаракат кард ва қуллаи халиҷи Калифорния ва резишгоҳи дарёи Колорадоро ба даст овард ва баъдан ҳамаи қаламрави нимҷазираи Калифорнияро, ки пештар ҷазира гуфта мешуд, гузашт.

Дар муддати 20 сол зиёдтар аз ҳама ба конкистадорони испанӣ ҳиндуҳои қабилаи майя дар Юкатан муқовимат карданд. Худи табиат ин маконро аз истилои испаниҳо басо боэътимод ҳимоят мекард. Аммо яке аз давлатҳои майя Тайясал (дар ноҳияи кӯли Петен-Итса дар шимоли Гватемала) озодии худро то охири асри ХVII ҳифз кард. Танҳо соли 1697 охирин давлати мустақили ҳиндуҳои Амрикои Марказӣ ба мавҷудияти худ хотима дод.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here