Куруши Кабир барҷастатарин ва шоистатарин шоҳони бостонии Эрон аст, ки решаи хираду андеша ва сиёсатҳои олимона ва фозилона ва меҳанпарастонаи ӯ реша дар асотири бостон ва подшоҳони Пешдодию Каёниён дорад. Аз ин рӯ аст, ки ӯ ҳамчун Рустами Дастони Фирдавсӣ мазҳари истиқлол ва озодӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Эрони бостон аст. Куруши Кабир дар роҳи иттиҳод ва иттифоқи ақвоми ориёӣ ва ҳифзу ҳаросати сарзамини Ориёиён ҷон бар каф талошу кӯшиш намуд ва азамату бузургии миллат ва меҳани ориёиёнро ба ҷаҳониён нишон дод ва дар ин росто беш аз 2500 соле пеш то кунун номи Куруш мавриди эҳтиром ва таҳсини ҷаҳониён аст.
Ӯ дар ҳақиқат бо мардию мардонагӣ ва озодманишӣ ва риояти адлу адолат ва мардумдорӣ роҳу расми подшоҳӣ ва деморкатияро ба ҷаҳониён нишон дод ва Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башари ӯ имрӯза мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи созмонҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар аст ва дар Созмони фарҳангии ЮНЕСКО аз Куруш ба некӣ ёд мешавад. Ва ҳатто агар ба девонҳои шеъри форсӣ ва ашъори шоирони классик аз замони Сомониён то кунун бингарем, бисёре аз шуаро ҳамвора тарафдори озодии инсон ва риояти ҳуқуқи инсонии ӯ будаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ бо бартарии инсоне бар инсони дигар ва табъизи табақотӣ мувофиқ набуданд ва ҳамвора озодӣ, баробарии инсонҳо ва адлу додро дар ашъори пурмағзи худ сутудаанд. Аз ҷумла Саъдӣ:
Бани одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ба ҳар ҳол, таваҷҷуҳе, ки Куруши Кабир дар сиёсат ва ҳукуматдорӣ нишон дод, ҳамвора бар мабнои озодию огоҳии инсонҳо буда ва дар ҳақиқат ӯ душмани бардагӣ ва бандагӣ буд ва каромату ҳурмати инсонро беш аз мақоми шоҳию мансаб медонист. Аз ин рӯ аст, ки Куруш дар ҳақиқат бо аъмолу сиёсатҳои хирадмандонае, ки дошт, тавонист ҳукумате навин ва ободу озод барпо созад ва таърихи пуразамати Эрони бостонро бисозад ва чи басо агар ӯ набуд имрӯза номе аз ҳукуматҳои ашконию сосонӣ ва ё ҳукуматҳои баъдӣ набуд ва мо аз ганҷинаҳои забону адабиёт, фарҳанг, тамаддун, одоб, русум, арзишҳои асотириву устураии худ низ бархӯрдор набудем ва аз «Шоҳнома» ҳам маҳрум будем ва ҳамчунин аз ганҷинаи ашъори Рӯдакӣ ва дигар бузургони адаби форсӣ ҳам бенасиб мемондем. Аз ин рӯ аст, ки ҳамвора меҳанпарастон, донишмандон, зиёиён ва шуаро ба гузаштаи бостонии худ ифтихор мекунанд ва дар тӯли таърих муборизоне ҳамчун Спитамен, Деваштиҷ, Яъқуби Лайси Систонӣ, Бобаки Хуррамдин, Абӯмуслими Хуросонӣ ва бавижа Сомониёни тоҷик саъй карданд, ки арзишҳои миллӣ ва меҳании аҳди бостон ва истиқлол ва озодии куҳани худро дубора зинда кунанд ва бо бегонагону муҳоҷимон ба ситези далерона бархостанд. Ончи метавон ба дурустӣ баъд аз суқути Сосониён унвон кард, ҳамоно муборизоти Яъқуби Лайси Систонӣ ва хадамоти шоистаи Сомониён бо вазирони доно ва хирадманди бостонгарои худ Балъамӣ, Ҷайҳонӣ, Масъабӣ ва шоҳоне ҳамчун Амир Исмоили Сомонӣ ва Наср ибни Аҳмад, ки ҳамвора мехостанд шукуҳ ва азамати Эрони бостонро зинда кунанд ва руҳи бунёдгузори Ҳахоманишиён, яъне руҳи Куруши Кабирро шод гардонанд. Ва аз ин рӯ, барои иттиҳод ва иттифоқ, истиқололу озодӣ ва ҳифзи фарҳангу тамаддун ва таърихи миллӣ-меҳании Эрони бостонро дунбол карданд, ки бо сиёсатҳои хирадмандонаи худ боиси мондагории забону адабиёти форсӣ-тоҷикии сарзаминҳои ориёӣ шуданд.
Ҳамчунин метавон гуфт Куруши Кабир решаи ҳамеша мондагор ва ҷовидони таърихи пуршукуҳ, сутург ва пурбаргубори таърихи ҳукумати Ҳахоманишиён ва ҳукуматҳои Ашконӣ, Сосонӣ ва бавижа Сомониён аст.
Гар нахли вафо бар надиҳад чашми таре ҳаст,
То реша дар об аст умеди самаре ҳаст.
Метавон гуфт, давлатдории хирадмандона, мардумгароёна ва императории бузурги ӯ на барои кишваркушоӣ ва тасаллутӣ бар кишварҳо ва ривоҷи бардагию бандагии миллатҳо буд, балки ӯ мехост рифоҳ, амният ва осоишу оромишро ба ҳамаи ҷаҳониён туҳфа диҳад ва аз ин рӯ аст, ки имрӯза ниёз ба тафаккур ва роҳу равиши Куруш барои иттиҳод ва иттифоқ ва бародарию баробарӣ ва ваҳдати миллию меҳанӣ ва таваҷҷуҳ ба озодию огоҳии инсон аз ҳар замони дигар заруртар ба назар мерасад. Аз ин рӯ аст, ки сиёсатмадорон ва раҳбарони кишварҳо бояд аз таърихи гузаштаи миллатҳо ҳамвора дарс биёмӯзанд, чаро ки таърихи гузашта чароғи роҳи ҳол ва оянда ва муаллиму раҳнамои инсонҳо аст. Ба қавли Одамушшуаро Рӯдакӣ:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Хушбахтона, имрӯза Пешвои хирадманд ва сиёсатмадори номии Тоҷикистон, ки густаришдиҳандаи фарҳанг, тамаддуни таърихи Эрони бостон, ниёгон ва Сомониён аст, бо дигар давлатмардон ва бузургону зиёиёни Тоҷикистон парчамдори ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии Куруши Кабир ва дигар шоҳони пурифтихори Эрони бостон аст. Ва ончунон ки Фирдавсӣ «Шоҳнома»-аш санади ифтихори нажоди ориёст, имрӯза тоҷикон, ки фарзандони Курушу Дориюшу Баҳроми Чӯбина, Амир Исмоили Сомонӣ ҳастанд, бо таваҷҷуҳ ба шинохти миллӣ-меҳанӣ ва ишқу алоқаашон ба таърихи ниёгон дар ҳақиқат улгу ва намунаи мумтозу барҷастае барои дарки дурусти гузаштаи таърихии ниёгон ва арзишҳои гаронбаҳои он ҳастанд ва дар ҳамин росто аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои таърихдон ва таърихсози тоҷикон бо таълифи китобҳои пурарзиш ва гаронбаҳои худ, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Забони миллат-ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» ва дигар мақолоти худ ҳамвора посдору нигаҳбони арзишҳои куҳани таърихии ниёгон буда ва ҳаст. Ин Пешвои гиромӣ дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» ба таҷзияву таҳлили шахсияти волои Куруш пардохта ва нишон додааст, ки Куруши Кабир шаҳсутуни давлатдорӣ ва азамати ҳукуматҳои Эрони бостон то ба имрӯз аст. Дар ҳақиқат бояд гуфт Куруши Кабир оташи ҳамешафурӯзони фарҳангу тамаддун ва таърихи нажоди Ориёст ва номи бузургу руҳи сутаргаш ҳамеша зинда ва дар ҷаридаи олам сабт шудааст ва ба қавли Ҳофиз:
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Дар воқеъ ишқи Куруш ба нажоди Ориё ва иттиҳоди ақвоми мухталиф барои шукуҳ ва азамати нажоди Ориё ва хадамоти шоиста барои мондагорӣ ва моноии устураҳои ориёӣ ва таъсиси давлати Ҳахоманишӣ ва таваҷҷуҳ ба демокартия ва озодихоҳӣ боис шудааст, ки номи ӯ дар ҷаридаи олам сабт шавад. Ҳамчунин метавон гуфт, Пешвои муҳтарами Тоҷикистон ҳамвора дар суханрониҳо ва навиштаҳои худ ҳамвора ба ин мавзӯ ишора мекунад, ки дар иртибот бо хештаншиносии таърихӣ ва ҳифзи ҳуввият ва шахсяти таърихии гузаштаи худ бояд аз ҳамаи зарфиятҳо ва имконоти фарҳангӣ истифода кард.
Ҳамвора дар суханрониҳо ва осори арзандае, ки офаридаанд, дар иртибот бо хештаншиносии таърихӣ ва ошноӣ бо таърихи гузаштагон раҳнамудҳои бисёр муфиде медиҳанд ва оинае дар муқобили дигарон мегузоранд то худро ба дурустӣ бубинаду бишносад ва дар натиҷа роҳи бузургону муборизону озодихоҳону меҳанпарастонро барои ҳифзи обу хоку сарзамини муқаддаси худ идома диҳанд ва нагзоранд чароғе, ки Куруш равшан кардааст хомӯш гардад ва ҳамвора нагзоранд, ки ин марзу бум дучори газанду осеб шавад. Ва аз ҳамин рӯ аст, ки Пешвои муҳтарам ахиран Гимназияи ҳарбии «Куруши Кабир»-ро ифтитоҳ намуд. Дар ҳақиқат бояд гуфт ин сиёсати хирадмандона ва курушгароёна бисёр қобили аҳамият ва таваҷҷуҳ аст, чаро ки дар омӯзишгоҳ навҷавонон ва ҷавонон машғули таҳсил мешаванд ва бо номи Куруши Кабиру хадамоти шоистаи ӯ бештару беҳтар шинос мешаванд ва руҳи ватандорӣ, ишқ ба Ватан ва таваҷҷуҳ ба гузаштаи таърихиашон бештар мешавад ва ҳар кадом метавонанд роҳу расм ва андешаи муборизону далерони гузаштаро дар посдошти меҳану ватан иҷро намоянд. Аз ин бобат аз назари илмӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ин гуна номгузориҳо дар равнақу ривоҷи меҳанпарастӣ ва ватандорӣ бисёр муфиду муассир хоҳад буд.
Чунонки дар ҳамин робита Пешвои доно ба номгузории фарзандони тоҷик низ бисёр таваҷҷуҳ кардаанд, ки аз номҳои бегонагон ва афроде, ки ба сарзаминҳои ориёӣ ҳуҷум овардаанд ва боиси қатлу куштор ва вайронӣ шуданд, ҳаргиз истифода накунанд ва саъй кунанд, ки аз номҳои асили бостонӣ, ориёӣ ва бавижа номҳои «Шоҳнома» истифода кунанд, ки ин андеша ва фикр бисёр мусбату муфид ва миллигароёна аст, чунки афрод бо номҳои гузаштаи бузургони хеш шинос мешаванд ва роҳу равиши онҳоро дунбол мекунанд. Ва ин номгузориҳо дар тарбияи руҳӣ ва равонии онҳо барои арзишгузории гузаштаи таърихии ниёгони худ бисёр лозим ва зарурӣ аст. Ва аз ин рӯ аст, ки ин андешаи хирадмандона ва меҳанпарастонаи Пешвои миллат шоистаи таҳсин аст.
Ва ҳамчунин, ҷойи тақдиру ташаккур аст аз Пешво ва донишмандону хирадмандони тоҷик, ки Боғи Курушро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ карданд, ки дар воқеъ дар ҳеч куҷои дунё инчунин амали боарзиши таърихӣ ва пураҳамият, ки реша дар доноӣ ва хиради тоҷикон дар қадршиносӣ аз Куруши таърихсоз ва муттаҳидкунандаи ақвоми ориёӣ дорад, ба чашм намехӯрад ва то кунун ин номгузории муҳиму арзишманду таърихӣ дар ҳеҷ куҷо анҷом нашудааст. Дар ин бора бояд гуфт табиист, ки дар авзоъу аҳволи кунунии минтақа, ки баъзе афрод ва ҷараёнҳои ақибмондаи таърихӣ ва беҳуввияту ориёиситез мехоҳанд таърихи нажоди ориё ва тамаддуни пуршукуҳ ва ифтихорофарини Эрони бостонро камранг кунанд, ин гуна аъмоли пешгиранда ва огоҳкунанда аз тарафи бузургону андешамандони Тоҷикистон сурат мегирад ва дар ҳақиқат бояд гуфт бо ифтитоҳи ин Парк барои бисёре аз форсизабонон ва ориёиён қобили тақдиру таҳсин мебошад ва метавонад дар худшиносии миллӣ, меҳанӣ, ватандорӣ, дифоъ аз арзишҳои бостонӣ ва Сомонӣ бисёр корсозу муфид бошад.
Имрӯза ин гуна иқдомоти миллигароёна ва тоҷикона, ки реша дар андешаи Куруш ва дигар шоҳони асилу мардумӣ дорад, барои мардуми бостонии тоҷик ифтихорофарин ва таҳсинбарангез аст. Бавижа бояд аз амалкардҳо ва корҳои бисёр чашмгири шаҳрдори муҳтарам, Рустами Эмомалӣ, мири Душанбе-шери Душанбе, ки дар роҳи бозсозӣ ва зебосозии Душанбе, пойтахти азизи Тоҷикистон, ки инак Куруши Кабир меҳмони Душанбе аст, заҳамоти зиёде кашидаанд ва бо ибтикорот ва афкори равшани худ шаҳри Душанберо ҳамчун биҳиште сохтаанд, ташаккуру қадрдонии бисёр зиёде кард. Умед, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии Пешвои хирадманд ва идомадиҳандаи роҳи Куруш ва Амир Исмоили Сомонӣ ва ҳамчунин фарзанди доно ва хирадмандаш Мири Душанбе, Тахти Ҷамшед ва Посоргоде намодин ва самбулик дар сарзамини бостонӣ ва аҳуроии Тоҷикистон бино гарданд ва Рӯзи ҷаҳонии Куруши Кабир дар ин кишвар бо ҳузури сиёсатмадорону ҳайатҳои баландпояи кишварҳо ва донишмандону муаррихону шуаро, нависандагон ҳар сола бо шукуҳи ҳарчи бештар баргузор гардад то бисёре аз мардуми ориёинажод аз саросари дунё барои боздиди Боғи Куруш, Тахти Ҷамшед, Посоргод ва Гимназияи ҳарбии Куруши Кабир ташриф биёваранд, ки ҳамзамон башхи туризму ҷаҳонгардӣ низ равнақи бештару беҳтар пайдо мекунад ва дар ҷаҳонисозии фарҳанги пурифтихори тоҷикон бисёр муфиду арзишманд ва қобили таваҷҷуҳи ҷаҳониён хоҳад буд. Ва ҷаҳониён бавижа, ориёиҳои саросари дунё бо ҳузури худ дар Тоҷикистон бо фарҳангу тамаддун ва шахсияти миллӣ ва меҳании бузургони тоҷик муборизон, шуаро, нависандагон, ошно мешаванд ва аз биноҳои таърихӣ, музейҳо ва манотиқи зебо ва дидании ин кишвар дидан мекунанд ва ин диду боздидҳо дар ҷону дилашон нақш мебандад ва боиси ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини бостонии Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни ғании он мегардад. Дар ҳақиқат Тоҷикистонро хонаи воқеӣ, асил ва бостонии худ медоданд ва ба оғӯши пурмеҳри тоҷикон меоянд, ки дар тасдиқи ин сухан метавон гуфт Пешвои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: «Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикон ва ба таври умуми хонаи ҳамаи ҳамзабонони бурунмарзии мо шуда метавонад»[1].
Куруши Кабир-шоҳи шоҳон
Ало, Куруши Ориёинажод,
Аҳуро ба ту тоҷу тахте бидод.
Туӣ шаҳсутуну туӣ ҷовидон,
Фурӯзандаи оташи бостон.
Туӣ шоҳи шоҳону фарри Каён,
Гиромӣ бувад номи ту дар ҷаҳон.
Авестову Зардушту оини меҳр,
Дар андешаат ҷумла шоҳини меҳр.
Тану ҷон зи меҳру равонат зи меҳр,
Ба девони дил ҳам забонат зи меҳр.
Ало Куруш, эй ҳомии адлу дод,
Аҳуро ба ту нури яздон бидод.
Туӣ минбару мазҳари Ориё,
Ҳамон гавҳари неку бас пурбаҳо.
Чароғи дилат дар ҷаҳон равшан аст,
Ба Маншури ту Ориён гулшан аст.
Туӣ фахри шоҳон ба ҳар анҷуман,
Туӣ Куруши ориёӣ Ватан.
Ба пиндору гуфтору кирдори ту,
Битобад ба ҷонҳо зи анвори ту.
Туӣ ифтихори маҳону маҳин,
Ба Тоҷику Эрону Афғонзамин.
Ту куҳи сарафрозу кохи баланд,
«Ки аз боду борон наёбад газанд».
Ало Куруш эй номии ҳар замон,
Ало решаи зиндаи бостон.
Ҳуқуқи башарро ту тобандаӣ,
Ту чун оташи ишқию зиндаӣ.
Бинозам дилу ҷони пуршӯри ту,
Ба озодию адлу Маншури ту.
Ту шоҳи сиёсат, ту аҳли хирад,
Забони хирад номи некат барад.
Ало Куруш, эй ҷони ҷонони меҳр,
Чу дайри муғонию тобони меҳр.
Дилат пур зи меҳру равонат зи меҳр,
Аҳурову Зардушти ҷонат зи меҳр.
Ало Куруш, эй шоҳи фархундафол,
Ало ҷони ту парҷамолу камол.
Кунун раҳбару давлати тоҷикон,
Ҳамин пурхирад вориси Ориён.
Яке гулшане номи Куруш ниҳод,
Зи ишқи ту Раҳмону Айнӣ бизод.
Бинозам ба андешаи гавҳарат,
Дурахшад Душанбе ба тоҷи сарат.
[1] Маҷаллаи «Пайванд», № 18-19, саҳ. 31, с.2014.
Муҳаммадризо Тоҷдинӣ,
шоир, нависанда ва пажуҳишгари эронӣ