Вожаи «Курдистон» маънои замини курд ё курдҳоро дорад ва он дар Ховари Наздик ҷойгир аст. Имрӯз курдҳо дар ҷанубу ғарбии Эрон, шимолу ғарбии Ироқ ва ҷануби Туркия зиндагӣ мекунанд. Дар Сурия шумораи каме аз ин халқият вуҷуд дорад. Курдҳо таърихи қадим доранд ва ин минтақа ҳам ҷойгоҳи қадими фарҳанги инсонӣ шинохта шудааст.
Курдҳо гуруҳи калонтарини этникӣ буда, бо пирӯзии қувваҳои истеъморгари Британия ва Фаронса дар Ҷанги якуми ҷаҳон ба империяи Усмонӣ ғолиб шуда, тақрибан 30 миллион курдро дар ин минтақа тақсим карда, онҳоро ба чаҳор пора миёни Ироқ, Эрон, Туркия ва Сурия ҷудо кардаанд. Аммо имрӯзҳо курдҳо кӯшиш доранд, ки ба ҷудоӣ хотима бахшида, давлати парокандашудаи худро дубора ташкил намоянд. Ин аст, ки ҳафтаи охир тамоми расонаҳои хориҷӣ аз ҷудо шудани курдҳо аз давлати Ироқ хабар доданд. Ҳарчанд, ки дар Конститутсияи Ироқ ҳукумати Иқлими Курдистон ишора карда шудааст. Солҳои 1970-1980 ин минтақа “Минтақаи худмухтори Курдӣ “ номида мешуд.
Забони расмӣ дар Иқлими Курдистон, курдӣ ва арабӣ буда, бо вуҷуди лаҳҷаҳои дигар, забони курдӣ забони маъмултарин буда, нисбати забони арабӣ зиёдтар мавриди истифода қарор мегирад.
Иқтисодиёти Иқлими Курдистон вобаста ба бахшҳои кишоварзӣ, нефту газ, саноат ва сайёҳӣ такя мекунад, ки ин минтақаро бисёртар куҳистон ишғол кардааст. Аз тариқи Иқлими Курдистон наҳри Даҷла аз Туркия ба Ироқ мегузарад.
Иқлими Курдистон ба чаҳор вилоят тақсим шудааст, ки минтақаи Курдистони Ироқро ташкил медиҳанд: Даҳук, Арбил, Сулаймония ва Ҳалбаҷа.
Курдистони Ироқ дорои қудрати хоси ҳарбӣ буда, дар асоси Конститутсияи Ироқ амал мекунад. Қувваҳои “пешмарга”, яъне “ҳимоятгарони Иқлими Курдистон” ба артиши давлати Ироқ бо мақсади ба минтақаи Курдистон ворид шудан аз рӯи қонун иҷозат дода намешавад.
Нооромиҳои дохилии курдҳо
Сарфи назар аз таъсиси минтақаи худмухтори Курдӣ пас аз иттифоқ миёни ҳукумати Ироқ ва роҳбарони ҷомеаи курдҳо дар Ироқ ҳаракатҳои ҷудоихоҳи қурдӣ таваққуф накард. Ин ҳаракатҳо дар шимоли Ироқ дар соли 1973 ташкил шуд. Даргириҳои миёни артиши Ироқ ва шӯришчиёни Курдистон аз соли 1977 то соли 1979 идома кард. Пас аз ин нооромиҳо ба ғарази пешгирии чунин вазъият, курдҳоро ба дигар минтақаҳои мамлакат, ба ҷануб ва ба якчанд вилоятҳои ҷанубии Ироқ кӯчониданд.
Роҳбарияти Иқлими Курдистон аз ҷониби ду ҳизби асосии курд, Ҳизби демократии Курдистон бо роҳбарии Масъуд Боризонӣ ва Иттиҳоди ватандӯстии Курдистон, ки аз ҷониби Ҷалол Толибонӣ роҳбарӣ карда мешуд. Ин минтақа низ дорои парчам ва суруди миллии худ мебошад.
Курдҳои ироқӣ дар ҷанги дуюми Халиҷ нақши муҳимро бозӣ мекарданд. Ҳизбҳои мухталифи курдӣ якҷо шуда, қувваҳои хешро дар муқобилаи ҳукумати Ироқ муттаҳид карданд. Қувваҳои ҳарби курдӣ, ки ба номи Пешмарга шинохта шудаанд, нақши калидиро дар суқути ҳукумати Ироқ мебозиданд. Аммо барои фиристодани қувваҳо ба Бағдод худдорӣ карда, нахостанд, ки ба саҳнаи ҷанги этникӣ ворид шаванд.
Вақте, ки Ҷалол Толибонии Курдӣ ҳамчун раиси нави давлати Ироқ соли 2005 интихоб шуд, раҳбари Ҳизби демократии Курдистон Масъуд Боризонӣ раиси ҳукумати Иқлими Курдистон интихоб гардид. Аз замони фурӯпошии режими Саддом Ҳусейн, инчунин муносибати байни ҳукумати Иқлими Курдистон ва Туркия тағйир ёфтанд.
Инчунин дар Иқлими Курдистон дар оғози баҳори соли 2011 гирдиҳамоии норозигӣ шуруъ шуд, ки аз шаҳри Сулаймония оғоз ёфт ва сиёсатмадорон онро “Баҳори курдҳо” номиданд. Ҳамчунин мардуми шаҳри Даҳук ба гирдиҳамоии густардае барои дастгирии ҳукумати Курдистон ва Масъуд Боризонӣ баромаданд, ки ҳизбҳои асосии курдҳо барои ҳалли буҳрон тавассути муколама онро ҳал карданд.
Овоздиҳӣ барои истиқлолият
25-уми сентябри соли 2017, тақрибан 5 миллион овоздиҳандагони курд бо вуҷуди нигарониҳои дохилии давлати Ироқ ва бисёре аз кишварҳои хориҷӣ, дар минтақаҳои зери назорати курдҳо дар шимоли Ироқ ба раъйдиҳӣ баромаданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Ироқ аз он нигарон аст, ки овоздиҳӣ метавонад ба тақсим шудани Ироқ оварда расонад, ҳамаи ин дар ҳолест, ки Ироқ барои барқароркунӣ ва баргардонидани гурезагон гуфтугӯ мекунад. Ин музокирот барои ҳалли баҳсҳо дар бораи замин, захираҳои энергетикӣ ва истифодаи нерӯи барқ, аз ҷумла вазъи минтақа ва минтақаи этникӣ-Киркук ва захираи нефти он нигаронида шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамсояҳои Ироқ аз референдуми баргузоркардаи Иқлими Курдистон изҳори ташвиш мекунанд ва ба он боваранд, ки талаботи ҷудоихоҳии курдҳо ба кишвари онҳо низ таъсир мегузорад.
Туркия дорои шумораи калонтарин аққалиятҳои курдҳост. Барои аз байн бурдани ҷудоихоҳии курдҳо дар ҷанубу шарқии кишварашон аз соли 1984 мубориза мебаранд. Аммо курдҳои эронӣ аз ҷиҳати ҳамфарҳангӣ бо курдҳои ироқӣ хеле наздик буда, бо забони курдӣ ҳарф мезананд.
Инчунин ин таъсир дар Сурия бе асар намонда, курдҳо барои ба даст овардани худмухторӣ саъйу кӯшиш мекунанд, дар ҳоле, ки Сурия ба ҷанги шаҳрвандӣ машғул аст.
Раиси Иқлими Курдистон Масъуд Боризонӣ дар конфронси матбуотии санаи 24-уми сентябр дар Арбил баргузоршуда гуфт: «Ҳамоҳангӣ бо Бағдод ноком шуд ва мо онро такрор нахоҳем кард. Мо ба қаноат расидем, ки истиқлолият имкон медиҳад, ки фоҷиаҳои пештараро такрор накунем. Мо ба қаноат расидем, ки ҳарчи бошад қимати раъйпурсӣ, осонтар аз интизори бозгашти сиёҳ аст” .Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Иқлими Курдистон барои ҷудо шудан, роҳи раъйпурсиро ихтиёр кардааст.
Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ эълон кард, ки барои ҳимояи ягонагии кишвар чораҳои мушаххас меандешад, чуноне ки Туркия ва Эрон барои раъйдиҳӣ ба гирифтани чунин чораҳо ишора намуданд.
Ҳукумати марказӣ дар Бағдод ин раъйпурсиро ба ғайри дастурӣ баҳо дода, ин кӯшишҳои курдҳоро ба хотири порашавии ягонагии Ироқ шумориданд.
Бештар аз панҷ миллион овоздиҳандагон дар раъйпурсӣ дар чаҳор вилояти ин минтақа овоз доданд.
Абдуҳалим ОДИНАЕВ,
ходими калони илмии АИ ҶТ