Дар сафарнома ва номаҳои худ Роберт Скотт сабабҳои ба фалокат дучор омадни гуруҳашро муфассал навиштааст ва ҳатто ба ҳар ҳамсафараш баҳо додааст. Чунончӣ, дар бораи яке аз онҳо менависад: «Вай ҳамон гуна, ки мардонавор ва бо ҷасорат мезист, ҳамон гуна ба истиқболи марг рафт. Аз дӯстони пурсабрам буд ва боре ҳам маро сарзаниш накрад, ки ин рӯзро ба сараш овардам”.  Дар бораи яке дигар аз ҳамраҳонаш навишта: “Ҳар қадаре, ки бори гароне ба сарамон фурӯ меомад, рӯҳияи шикастнопазираш моро нерӯ мебахшид. Зиндадил, саропо умед буд ва бо ҳамин зиндадиливу қалби пур аз орзуву умед оламро тарк кард”.  Ва охирин сатри ин ёддоштҳо, ки баъдан ба тамоми олам паҳн шуд: Аз барои Худо наздикони моро танҳо магузоред…”

Аз замонҳои хеле қадим одамон тахмин мекарданд, ки дар Сарзамини ношинохтаи Ҷануб Нимкураи Ҷанубӣ  вуҷуд дорад, ҳарчанд он замонҳо ба арзҳои аз хати истиво дур шино кардану рафтан хобу хаёле беш набуд. Дар бобҳои пешин дар бораи баъзе аз  аз ин кушоишҳо муфассал ҳарф зада будем. Чунончӣ, оид ба он ки соли 1501 Америго Веспуччии шуҳратманд, ки ду қитъаи Амрико номи ӯро доранд, ба арзҳои панҷоҳуми Атлантикаи Ҷанубӣ рафта расида буд. Ҳудудан баъди сесад сол баҳрнаварди маъруфи инглис Ҷеймс Кук ба ҷустуҷӯи ҳадафмандонаи TerraAustraliaIncognita Терра Австралия Инкогнито — Заминҳои ношинохтаи Ҷанубӣ шурӯъ намуд. Вай ҳангоми сафари дуюми гирдиоламии худ ду маротиба аз доираи қутби Ҷанубӣ гузашт ва ба параллели 72-ум расид. Аммо он замон ҳарчанд вай қитъаи Антарктидаро надид, вале бо яхҳои шиновар ва яхкуҳҳои муқтадири арктикӣ аз наздик ошно шуд.

Моҳи январи соли 1820 баҳрнавардони аввалин экспедитсияи русҳо бо заврақҳои бодбонии “Восток” ва Мирный”, ки таҳти роҳбарии Беллинсгаузен ва М. П. Лазарев сафар крада буданд, гӯё як тарҳи замини хушки то ҳол номаълумро диданд, аммо онҳо натавонистанд ба он наздик шаванд. Бист сол баъд ин корро ковишгари инглис Ҷеймс Кларк  Росс анҷом дод. Ҳайати экспедитсияи вай савори киштиҳои чӯбии бодбонии «Эребус» ва «Террор» ба параллели 78-ум расиданд ва ин замини ҷойгирифта дар имтидоди соҳилро кашф карданд. Бо ҳамин башар соҳиби боз як қитъа замини нав — қитъаи шашуми Замин гардид. Дар аввалин харитаи мӯътамади Антарктида ҳам Замини Уилкс, ҳам Замини Виктория, ҳам Монеаи азими Яхтоқи Росс ва ду вулқони баланд дар миёни барфу яхҳо, ки баъдан номи киштиҳои экспедитсияро гирифтанд, сабт гардиданд.

Соли 1895 бори аввал қадами инсон ба соҳили соҳили Антарктида расид ва ин шараф насиби ковишгари автралиёии норвежиасл Ҳенрих Иоҳанн Булл шуд. Се сол баъд Булл Карстен Борхгревинк, ки низ пажуҳишгари новаежӣ буд, нахустин бор дар таърихи ин қитъа фасли зимистонро пурра он ҷо гузаронд. Ин замоне буд, ки аллакай сайёдони наҳангҳо аз бисёре кишварҳои аврупоӣ ва ковишгарони пажуҳишгарон ба обҳои Антарктида таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Ингилисҳо, белгиҳо, шведҳо, олмониҳо, фаронсавиҳо яке пас ҳам ба ин қораи тозакашф бо ҷидду ҷаҳди бештар аз Норденшелд ва Нансен дар Арктика, баҳрнавардони қутбгарди рус ва мутаассибони амрикоӣ дар қутби Шимол мешитофтанд. Пайи ҳам аз фатҳи манотиқи нави он хабарҳо мерасид. Вале ин масъала миёни ҳамаи ин ковишгарону муҳаққиқон ва ҳатто мутаассибон матраҳ буд, ки билохира кӣ аз аввалинҳо шуда ба қутби Ҷануб рафта мерасад?

Дар қиёс ба Арктика, ки аввалкошифи он зери савол қарор гирифта буду, баҳсҳои доманадореро дар олами асроромези ҷуғрофия ба бор оварда буд, суол дар мавриди Антарктида ба зудӣ посухи дақиқ ёфт: моҳи декабри соли 1911 дар нуқтаи маълум қутби Ҷануб  парчами миллии Норвегия парафшон гардид.

Ва ҷолибтар аз ҳама: инсон қутби Ҷанубро баъди чанд соли башумори кашфи Антарктида пайдо кард, вале мусобиқаи кашшофон барои кашфи комили Арктика қариб сад сол бидуни ист идома дошт. Аммо рӯйдоде, ки дар иртибот ба қутби Шимол дар асноди расмӣ омадааст, ин парвози дирижабли «Норге»  мебошад, ки соли 1926 иттифоқ уфтода буд. Ва бояд ин нуктаро ҳам қайд кирд, ки кулли комёбиҳои беназир дар кашфи  Арктикаи Марказии солҳои 20 — 30-ум бо ҳавопаймоҳо ва дирижаблҳо алоқаманд аст. Дар Антарктида одамон бо лижа ва сагчанаву аспчана қутбро комилан «фатҳ» намуданд. Аммо ҳавопаймо, ки аз ҷониби қутбгарди барои мо маълум Ричард Бэрд идора мекард, моҳи ноябри соли 1929 дар фазои қутби Ҷануб ба парвоз даромад.

Дар гузашта ҳам касони зиёде дар орзуи фатҳи қутби Ҷануб буданд. Яке аз онҳо дарёнавард, муҳаққиқи маъруфи Арктика ва Антарктида Жан-Батист Шарко буд, ки соли 1936 ҳангоми экспедитсияи навбатӣ дар Гренландия ба ҳалокат расид. Нансен низ аз ҷумлаи касоне буд, ки дар бораи фатҳи Антарктида меандешид ва орзу дошт бо киштии дӯстдошгтаи худ «Фрам»  ба баҳрҳои ҷанубии сафар кунад. Соли 1909 Эрнст Шеклтони инглис бо ҷумлаи ҳамраҳонаш ба дили қитъа ворид шуд, вале аз он ки ғизои кофӣ дар ихтиёр надошт, сад мил ба қутб нарасида, ақиб нишаст. Моҳи октябри соли 1911, дар баҳори сарди антартикӣ ҳамзамон ду экспедитсия  — норвежӣ ва британиёӣ ба қутби ҷануб наздик шуданд. Экспедитсияи якумро Руал Амундсен сарварӣ мекард ва роҳбари экспедитсияи дуввум капитани дараҷаи аввал дорандаи ордени Виктория Роберт Фолкон Скотт буд. Амудсен охири асри Х1Х як зимистонро бо киштӣ дар обҳои антарктикӣ  гузаронида буд ва бо он он ки солҳои 1904-1906 киштии хурдакаки «Йоа» аз печухами галаҷазираи Канада гузашта буд, машҳур гардид.

Скотт афсари баҳрӣ буд ва то замони сафараш ба Антарктида  ҳам киштиҳои бузург ва ҳам линкорҳоро (киштиҳои ҳарбии калон) фармондеҳӣ кардааст. Дар аввали асри ХХ ду соли умрашро дар соҳилҳои Антарктида гузаронида буд. Бо як гуруҳи начандон бузург талош кард дохилтари қитъа ворид шавад ва дар муддати се моҳ қариб ҳазор мил роҳро тай намуд.

Ба муҷарради бозгашт ба ватан Скотт филҳол ба экспедитсияи навбатӣ омодагӣ дид. Ҳарчанд дар ҷумлаи мутаасибони қутб набуд, вале хоҳиши фатҳи он боло гирифт ва мехост ҳарчи зудтар ва пештар аз дигарон худро ба он нуқта расонад. Вақте ки киштии «Терра-Нова» ба сӯи Артктика роҳ пеш гирифт, инглисҳо огоҳӣ ёфтанд, ки Амудсен низ боикиштии «Фрам» босуръат равонаи қутби Ҷануб мебошад. Ҳамзамон гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин гирудорҳо намояндагони Русия низ ширкати фаъолона доштанд. Дар «Фрам»  уқёнусшиноси ҷавону боистеъдод Александр Кучин саргарми таҳқиқот буд, дар миёни зимистонгузаронандагони ингилис каюр (ронандаи сагҳо ва гавазнҳои чанакаш дар шимол) Дмитрий Гиреев ва аспбон Антон Омелченко ҳузур доштанд. Вале ин се тан дур буданд. Ҳар сеи инҳо дар роҳпаймоиҳои рекордӣ иштирок накардаанд.

Дар аввал Амундсен қасд надошт ба нимкураи Ҷануб сафар кунад. Вай аз Нансен киштии «Фрам»-ро ба орият гирифт, то минтақаи шинокардаи вайро такроран тай кунад ва бо истифода аз лижаҳо худро ба қутби Шимол расонад. Аммо хабар ёфт, ки Кук ва Пирии амрикоӣ алакай ин корро анҷом додаанд ва ҳоҷат нест, ки масири онҳо дубора тай шавад. Ин буд, ки ба хотири ҳифзи обрӯу ва эътибори қутбии худ суккони киштиро ба самти қутби Ҷануб гардонд. Ҳамин тариқ Скоттро ба сабқат ҷалб кард ва шиори “Кӣ аз кӣ пеш мегузарад” раҳнамои баъдии сафари баҳрии онҳо гашт.

Ингилисҳо, ҳарчанд дорои сагҳо ва чанаҳои муҳаррикдор буданд, боз аспакҳои пакана ва пурбардошти манҷуриро чун воситаи аслии нақлӣ истифода карданд. То расидан ба қутби ҷануб мебоист 800 мил роҳи душворгузар, гузаргоҳҳои қаъаршон номаълум ва яхзорони доманкушодро тай мекарданд ва боз бо ҳамин масир ва тай кардани ҳамин 800 мил ба қафо бармегаштанд. Аммо ин масире буд, ки онҳоро ба хатарҳои зиёде, аз қабили сармои болотар аз 50 дараҷа, ҳалокати ҳамаи аспҳо, сармо задани узвҳои бадани онҳо, вайрону валангор ва шикастани чанаҳои муҳаррикдор рӯ ба рӯ кард. Вақте то ҳадаф 150 мил боқӣ монд, дигар барои ақибмондагон маҷоли ҳаракат намонд ва онҳо ақиб гаштанд. Аммо чаҳор марди инглис аз миёни яхзорон бо чанаҳои пур аз бор ба роҳи худ, ба хотири расидан ба ҳадафи ниҳоӣ идома доданд.

Умеди норвегиҳо ба 52 саги интихобии онҳо буд, ки дар якҷоягӣ чаҳор чанаи пур аз таҷҳизотро мекашиданд. Сагҳои хаставу нотавоншударо марг таҳдид мекард, аз ин рӯ онҳоро мекуштанд ва гӯшташонро ба сагоне медоданд, ки ҳоло нерӯи ҳаракат ба пеш доштанд. Дар лаҳзаҳое одамон низ ноилоҷ аз гӯшти ин сагон тановул мекарданд.

Амундсен, дар муқоиса бо Скотт маҳалли зимистонгузаронӣ ва ҷаҳиши минбаъдаро хеле моҳирона — сад мил наздиктар ба қутб — интихоб намуд.

17-уми  январи соли 1912 Скотт ва рафиқони ӯ ба нуқтаи риёзии кутби Ҷануб қадам гузоштанд. Ва ба муҷарради расидан боқимондаҳои ӯрдугоҳи бегона, изи чанаҳо, хаймаҳову парчамро диданд. Ҳарифонашон як моҳ пеш аз онҳо қутбро фатҳ карда буданд. Амундсен бе қурбониву шикаст, бо риояи тарҳи сафар, дақиқану саҳеҳан ба комёбӣ ноил гардид ва ин як кушоиши муҳим ва охирини қутбӣ аз ҷониби вай буд. Скоттро навмедӣ фаро гирифт ва яъси вай дар дафтари хотироташ низ инъикос шудааст. Вай навишт: «Норвежиҳо пеш аз мо расиданд. Навмедии даҳшатнок, дилам ба ҳоли ҳамроҳони содиқам месӯзад. Пас аз ин ин зарба касе аз мо наметавонист бихобад»…

Бозгаштан лозим омад ва гуруҳи ингилисҳо, аз як анбори фосилавии хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ то анбори дигар ҳаракат намуда, ба ақиб баргаштанд. Дар роҳи бозгашт одамон бештар хаставу бемадор мешуданд. Дар ин роҳи мушкил яке аз ҷавонтарин ширкаткунандагони экспедитсия Эдгар Эванс вафот кард, қалби ҷавонаш дигар натавонист бори машаққати сафари беанҷомро таҳаммул кунад. Капитан Лоуренс  Отс, ки дасту пояшро ба сармо дода буд, дигар нахост бори гарони ҳамроҳон шавад ва шабе аз хайма ногаҳонӣ бурн шуд ва дигар барнагашт. Вай худкушӣ кард ва бо майли худ ба ҳаёташ поён дод. Се нафаре монданд, ки хастаҷону абгор шуда буданд, дар тӯфонҳои сахттарин наметавонистанд муддати дароз ҳаракат кунанд. 11 мили дигар аз 1600 мили тайшуда монда буд, ки мебоист ба анбори иловагии охирин мерасиданд. Вале сарнавишташон дигаргуна рақам хӯрд: тундбоди азим ва барфи шадид роҳи онҳоро баст. Баъди ҳафт моҳ гуруҳи наҷот ҷасади лейтенант Ҳенри Бауэрс, пизишк Эдвард Уилсон ва Роберт Скоттро пайдо кард. Роберт Скотт бо ҳамин ба шуҳрати қутбгардии худ поён дод, гуруҳи наҷотбахш пас аз ҳафт моҳ пайдо кард.

Наҷотдиҳандагон дар паҳлӯи ҷасади Скотт сумкае пайдо карданд, ки дар он сафарномаи вай, номаҳои хайрбодӣ, ба маблағи 35 фунт намунаи маъданҳои геологиро пайдо краданд. Гумон меравад гуруҳ ин маъданҳоро аз шохаҳои танаи яхзорон пай ёфта буданд. Инглисҳо ин бозёфтҳои худро то охирин лазаҳо, ҳатто дар ҳоле, ки расидани маргро ҳам эҳсос мекарданд, мекашиданд!

Дар сафарнома ва номаҳои худ Роберт Скотт сабабҳои ба фалокат дучор омадни гуруҳашро муфассал навиштааст ва ҳатто ба ҳар ҳамсафараш баҳо додааст. Чунончӣ, дар бораи яке аз онҳо менависад: «Вай ҳамон гуна, ки мардонавор ва бо ҷасорат мезист, ҳамон гуна ба истиқболи марг рафт. Аз дӯстони пурсабрам буд ва боре ҳам маро сарзаниш накрад, ки ин рӯзро ба сараш овардам”.  Дар бораи яке дигар аз ҳамраҳонаш навишта: “Ҳар қадаре, ки бори гароне ба сарамон фурӯ меомад, рӯҳияи шикастнопазираш моро нерӯ мебахшид. Зиндадил, саропо умед буд ва бо ҳамин зиндадиливу қалби пур аз орзуву умед оламро тарк кард”.  Ва охирин сатри ин ёддоштҳо, ки баъдан ба тамоми олам паҳн шуд: “Аз барои Худо наздикони моро танҳо магузоред…”.

Капитан Скотт ба ҳамсар ва дӯстонаш менависад: «Мо дар қутб будем ва  чун наҷибзодагон бовиқору ҷавонмардона мемирем. Дилам ба ҳоли занҳои танҳомондаамон месӯзад»; «агар мо беморонро ба ҳоли худ мегузоштем, метавонистем зинда бимонем»; «оҳ агар мо зинда мемондем, ман дар бораи матонат, таҳаммул ва ҷасорати рафиқонам чӣ ривоятҳое мекардам! Сатрҳои дарҳамбарҳами ман ва ҷисмҳои беҷони мо бояд давоми шарҳи ин қисса бошад…!”.

Дар ёддоштҳои Роберт Скотт эътирофе ба ҳамсарашро мехонем, ки мегӯяд барои зинда мондани ӯ ва ҳамроҳонаш аслан ягон шонсе набуд ва ҳамзамон аз вай хоҳиш мекунад, ки шавқи писарашро ба омӯхтани илмҳои табиӣ бедор кунад, то тавонад роҳи падарашро ба гардишгариву омӯзиши табиат идома диҳад. Писари вай Питер Скотт то солҳои 90 асри ХХ зинда буд ва тибқи васияти падар табиатшиносӣ омӯхт, аз ҷумлаи биологҳои машҳур ва муҳфизони табиат буд, аз ҷумлаи роҳбарони Иттиҳодияи байналхалқии ҳифзи табиат ва манбаъҳои табиӣ ба шумор мерафт.

Се нафаре, ки бо Скотт рӯзҳои охирро ҳамроҳ сипарӣ карда буданд, ҷасадашон пайдо ва дар барфтӯдаҳои абадии Антарктида гӯронида шуданд. Бо вуҷуди ковишҳои зиёд ҷасади Эванс ва Отсро пайдо накарданд. Аммо чун нишони ёдгор ба ҳамаи аъзои ҳалокшудаи экспедитсияи Скотт як салиби семетра қомат афрохт, ки ба рӯ ба ҷониби Яхтоқи Росс оварда.

Дар он катибаи ёдгории панҷ баҳрнаварди қурбоншуда мисраҳои шоири машҳури қарни нуздаҳуми Британияи Кабир Алфред Теннисон ҳаккокӣ шуданд:   «То strive, to seek, to find and not to yield!», яъне, “Муборизаву ҷустан, пайдо намудан ва ҳаргиз таслим нашудан”.

Баъдҳо романи моҷароҷӯи Вениамин Каверин «Ду капитан» чоп шуд, ки ҳамин сатрҳоро барои миллионҳо хонандагонаш шиор кард…

Суоле ба миён меояд, ки оё Амундсен ҳодисаи сӯзандаи тобистони сард солҳои 1911-1912  дар Антарктидаро бахшид? Ба эҳтимоли зиёд на. Агар чунин намебуд солҳои баъдӣ дар ҷомеаи байналмилалӣ даст ба худсафедкуниҳо намезад, охир илова ба ҳамаи ин вай хеле мағруру худписанд низ буд.

Ва агар мебахшид, оё тобистони соли 1928 ба истиқболи марги худ парвоз мекард? Он замон Амундсен пеш аз он ки бо “Латама” парвоз кунад, ҳама корҳои заминии худро анҷом дод. Ҳамаи ашёи хонаашро фурӯхт, бо ҳама қарзхоҳонаш бори аввал дар умраш ҳисобӣ кард, яъне қарзҳои гирифтаашро баргардонд ва худро барои наҷоти дӯсташ омода сохт. Баъди як соату чиҳил дақиқаи парвоз иртибот бо вай қатъ шуд ва  Амундсен дар кадом нуқтаи баҳри Баренс ба ҳалокат расид. Баъди чанд моҳи ин ҳодиса ва ҷустуҷуҳои беҳосил мавҷи баҳр яке аз машкҳои шиноварии «Латама»-ро ба соҳилҳои шимолии Норвегия партов кард. Ин шеър аз Константин Симонов аст, ки «Мӯйсафед» ном дорад ва ба хотираи  Амундсен бахшида шудааст:

Дар пойиз, дар остонаи яхбандиҳо,

Киштии моҳигирӣ рафт ба шикор.

Чун нишон аз шуҳрати бемаргии ӯ,

Пораҳои сӯхтаи боли ҳавопайморо ёфт.

Агар Амундсен худро мебахшид, бо шунидани хабари марги Скотт ва ҳамроҳонаш ин суханони самимиву ҳайратангезро наменавишт: «Оҳ агар метавонистам, шуҳрати худ ва ҳар чизе дорам, онро қурбон мекардам ва ӯро  ба ҳаёт бармегардонидам. Ҷисми маро андешаҳои фоҷеаи вай тира кардааст. Он маро таъқиб менамояд!».

Амундсен ва Скотт, Скотт ва Амундсен… Имрӯз дар ҳамон нуқтае, ки ба яке пирӯзии бузург эҳдо кард ва ба дуюмӣ мағлубияти маргбор овард, истгоҳи антарктикии «Амундсен-Скотт» фаъолият менамояд. Қутби Ҷануб ва харитае, ки аз рӯи хирад тарроҳӣ шудааст, барои қарнҳо ин ду шахси мухолифро, ки риштаи ҳаёти ҳарду фоҷеабор канда шудааст ва рӯҳашон ба осмонҳо ҷовидон кардааст, барои абад ба ҳам пайванд додааст…

Таҳияи Б. Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here