Таърих дар Русия беш аз ҳар кишвари дигар дучори ихтилофи назарҳоест. Гузашта аз ин тӯли даҳсолаҳову садсолаҳо корномаҳову қаҳрамониҳо ҳамагӣ ҳамроҳ ба фоҷеаву нобарориҳо низ будаанд. Албатта, ин сарнавишт хоси манотиқи дигар низ ҳаст, вале ҳоло сухан аз Русия меравад. Қаҳрамониву корномаҳо гоҳо бо амалҳои айёронаву шармандавор ҳам омезиш меёфтанд. Намунаи ин кушоишҳо дар таърихи Арктика, бахусус бо ҷонибе аз кашфиёт, ки ба Русия иртибот дорад, мебошад. Аммо навиштану гуфтан ва омӯзиши он ҳеч гоҳ дер нест.

ҶАНГ ДАР УҚЁНУСИ ЯХБАСТА

Ҳанӯз то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ киштиҳои ҳарбии шӯравӣ, киштиҳои гидрографӣ, зериобӣ аз роҳи баҳрии Шимолӣ ҳаракат мекарданд. Аммо рӯзномаҳо аз он сафарҳо хабар намедоданд, расми қаҳрамонон чоп намешуд, амалиётҳо пинҳонӣ мегузаштанд. Аммо ҳарчанд дар мавриди равуои киштиҳои ҳарбӣ сару садое дар матбуот набуд, вале оид ба экспедитсияҳои пажуҳишӣ фаровон мақолаҳову гузоршҳо интишор меёфтанд ва ба гунае он хало пур карда мешуд. Чунончӣ, гузориш шуда буд, ки соли 1937 — 1940 15 баҳрнавард муддати 812 шабонарӯз дар баҳри Лаптевҳо (баҳре дар ҳошияи уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ аст, ки дар қисмати шимолии Сибир, байни нимҷазираи Таймир ва ҷазираҳои Замини Шимол ва ҷазираҳои Новосибирск ҷой гирифтааст ва номи худро аз ковишгарони қутб бародарони насабӣ Дмитрий ва Харитон Лаптевҳо гирифтааст) дар киштии миёни яхҳо мондаи “Георгий Седов” шино карданд. Бо убур аз Арктикаи Марказӣ тавонистанд киштиро ҳифз намоянд ва дар баҳри Гренландия ба обҳои тоза бароянд. Ҳамаи 15 нафар дарёнавардон, ки онҳоро капитани ҷавон Константин Сергеевич Бадигин сарварӣ мекард, ба  унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Инак ҷанги ҷаҳонӣ шуруъ градид. Ноамнӣ кулли минтақаро фаро гирифт. Таҳдидҳои пурхатаре ба олами набототу ҳайвонони Арктика низ вуҷуд дошт. Неруҳои ҳавоиву баҳрии Олмон ба уқёнуси Яхбаста, баҳрҳои Баренс ва Карск низ ворид шуданд. Ҳам киштиҳои рӯиобӣ ва ҳам зериобӣ, инчунин ҳавопаймоҳои ҷангии онҳо мамолики дигарро таъқиб менамуданд ва роҳҳои бузурги яхиро фалаҷ карда буданд. Ҳадафи онҳо ба харобазор табдил додани бандарҳо ва шаҳракҳои соҳилӣ, ба мисли Амдерма ва Диксон буд, мехостанд ба ин соҳилҳо десант фуруд оранд ва ҳокими ин қисмат аз минтақаи сайёра шаванд. Онҳо Мурманскро бераҳмона бомбаборон намуданд, Архангелск- ин шаҳри бостонӣ борҳо мавриди ҳамла қарор гирифт ва биноҳои қадимиву замонавии он ба коми оташ рафтанд.

Дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳатто киштиҳое пора шуданд, ки молҳои бозаргонӣ интиқол медоданд ва ё сарнишинони онҳо саргарми роҳандозии корҳои таҳқиқотӣ буданд. Дар ин миён ҳайати киштии яхшикани «Александр Сибиряков» бо крейсери вазнини олмонӣ «Адмирал Шеер» ба муҳорибаи нобаробар бархост. Ин ҳодиса моҳи августи соли 1942, соле баъд аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ иттифоқ уфтод, ҷанги нобаробар сар кард. Ин ҳодиса моҳи августи соли 1942, рӯй дод, расо даҳ сол баъд аз он ки бори аввал дар як мавсим ин роҳро паймуда буд.

Дар давоми чанд дақиқаи муҳорибаи артиллерӣ қариб тамоми экипажи «А. Сибиряков» ҳалок шуд. 18 нафар, аз ҷумла капитан Анатолий Алексеевич Качарав, ба асорати фашистон афтоданд. Алавмон П. И. Вавилов дар ҷазира пинҳон шуд ва то наҷот дода шуданаш аз тарафи ҳавонавардони қутбӣ, 34 шабонарӯзро дар танҳоӣ ба сар бурд.

Ва ин фоҷеаи мудҳише дар таърихи ҷангҳо дар уқёнуси Яхбаста бо фашистони олмонӣ буд. Дар ҷараёни ҷанг истгоҳҳои қутбии шӯравӣ зарур шуданд. Онҳо ба мушоҳидаҳои метеорологии худ идома дода, кишварро бо хабарҳои муҳим аз вазъи иқлим ва обу ҳаво хабардор менамуданд

То ҷанг ва баъди ҷанг

Сокинони Замини Калон ҳамаи он чизеро, ки солҳои 20-ум ва 30-юм дар қутб, ба амал меомад, бо хушиҳои беҳад ва шавқу завқи зиёд мепазируфтанд. Вожаи «қутбгард» он замон як вожаи ифтихорӣ дар кишвари Шӯроҳо табдил шуда буд ва мардум аз он касеро, ки қутби шимолро тай мекард, ном мебурданд ва мешинохтанд. Беҳуда нест, ки зиндагиномаи ҳамаи касоне, ки чун кошифону ковишгарони Қутби Шимол, Арктикаи Марказӣ аз роҳи баҳрии Шимолӣ ном бароварда буданд, баробар ба зиндагиномаи кайҳоннавардон ва аввалин касоне, ки роҳи Моҳро ба инсоният во намуданд, омӯхта мешуду қиматашон на камтар аз онҳо буд.

Кометкиштии ёрирасони олмонии замони Ҷанги дуюми ҷаҳон. Соли 1937 вориди об шуд ва соли 1942 ғарқ ва нобуд гардид.

Наметавон дақиқ гуфт, ки кай дари Арктика ба рӯи “маргталабони” одӣ баста шуд. Ва кӣ ба ин даст зад ва ин фармонро содир кард, низ пӯшида нест. Албатта, ки “дӯст” ва “падари” қутбшиносони Шӯравӣ ва дӯстдори “бачаҳои” арктикии худ Иосиф Виссаранович Сталин буд. Имрӯз ин дигар сир ҳам нест. Аммо ин ҷо сухан аз манъи вуруди хориҷиён ба Шимол нест, чун ин иқдоми замони Сталин набуд, балки пештар аз вай, дар замони шоҳони асрҳои ХVII — ХУIII шуруъ шуда буд.  Аммо агар аз даврони Сталин ёд кунем, пас мебинем, ки вай боре дар ҳамин роҳ камталаб ҳам шуд ё назорат накард, ки соли 1940 крейсери ёрирасони олмонии «Комет» хатсайри роҳи баҳрии Шимолиро пинҳонӣ аз ғарб ба шарқ тай намуд. Ва онро киштиҳои яхшикани Шӯравӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Дар киштии олмонӣ он замон беҳтарин маллоҳони шӯравӣ ҳам нишаста буданд ва инро имрӯз метавон як паймони хиёнаткорона миёни Гитлер ва Сталин унвон кард. Зеро «Комет» баъди он ки ба уқёнуси Ором баромад, ба киштии ҷангӣ табдил ёфт ва он таҳдиди азиме ба неруҳои Шӯравӣ ва муттаҳидони вай ба шумор мерафт. Аммо ҳоло сухан дар ин бора ҳам нест, ҳарфи мо сари манъи нашри ҳар гуна иттилоъ ё гузориш оид ба Арктика аст. Дигар ҷомеа баъди ин гуна тасмим бехабар монд, ки чӣ корномаҳое сурат мегирифтанд, чӣ таҳқиқоте шуд ва натиҷаи экспедитсияҳо чӣ будаву чӣ арзише доштанд ва ковишгарони он киҳо буданд ва ғайрава ҳоказо. Ҳамзамон бо ин дар бораи убури киштиҳои ҳарбӣ аз  баҳрии Шимолӣ низ чизе гуфта нашуд, нанавиштанд.

Дар бораи ба ях нишастани гуруҳи Папанин он вақт чизе навиштаву гуфта нашуда буд, танҳо аз вуқуъи ҳодиса рӯзе пас хабар доданд, вале ҷузъиёташ ногуфта монда буд. Ва баъдан оид ба сафари яхшикани “Арктика” низ ҳарфе ба забон оварда нашуд ва мардум ҷузъиёти онро надонистанд. Ҳамин услуби ифшои хабарҳои иктишофӣ солҳо идома кард, ҳатто аз кашфиётҳои кайҳонии Шӯравӣ кам касон иттилоъ доштанд. Ахбор махфӣ нигоҳ дошта мешуд.

Аз таърих медонем, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қатори дигар манотиқ соҳилҳои уқёнуси Яхбаста низ ба хати ҷабҳа табдил шуда буд ва табиист, ки халқи кишвари шӯроҳо чаҳор соли расо дар бораи зиндагӣ, мушкилот ва маргу мири ҳимоятгарони Заполярияи Шӯравӣ (ба ҷуз аз пирӯзиҳои баҳрнавардони флоти Шимолӣ дар баҳри Баренс) ахбори муфассал дар ихтиёр надошт. Ва кулли маълумот оид ба ин минтақа, иқлими он ва яхҳо, экспедитсияҳо, таҳқиқотҳо, дастовардҳо ва талафоти ҷониву молӣ боз муддати даҳ соли баъди анҷоми ҷанг низ сиррӣ буд. Ва баъдан муҳри “комилан махфӣ” бардошта шуду ҷойи онро муҳри “сиррӣ” гирифт ва бо гузашти як муддати дигар он “барои истифодаи хидматӣ» ҷоиз шуд, вале барои омма донистани он ҳамоно манъ буд.

Бо ин амалашон таърих, ҳуқуқ, номҳо, сарнавишти кашшофонро аз мардуми Шӯравӣ гирифтанд, ҳуқуқи инсонҳоро дар донистани он чизе, ки бояд бо он ифтихор кунанд, нақз карданд. Ба назар мерасид як пардаи ғафси оҳанӣ мардумро аз донистаниҳои илмӣ ҷудо кард. Ин дар ҳолест, ки чун пештар он солҳо низ дар Арктика кашфиётҳои илмии беназир мешуданд, дастовардҳое доштем, ки метавонистем аз он ифтихор кунем, олимоне доштем, ки бояд исмашонро медонистем, ковишгарони худро медонистему мешинохтем. Ҳар сол ба он манотиқ экспедитсияҳои  бузурги илмӣ бо номи “Шимол” эъзом мешуданд. Баҳори соли 1950 дуюмин истгоҳи шиновари «Қутби Шимол” дар рӯи ях оғоз ба фаъолият карда буд.

Аммо натиҷаи фаъолияти ин экспедитсияҳо бо гузашти чаҳор сол ба таваҷҷуҳи аҳолии кишвар, доираҳои гуногуни илмӣ ва хориҷиён расонда мешуд Соле пас аз марги Иосиф Сталин рамзҳои махфиву сиррӣ шикаста шуданд. Маълум шуд, ки истгоҳи «СП-2» (оғози фаъолият 2-апрели соли 1950, қатъи фаъолият 11 апрели соли 1951) дар яхҳои Арктикаи Шарқӣ назар ба маъмурияти гуруҳи Папанин бештар, яъне 376 шабонарӯз фаъолият доштааст ва тӯли ин муддат гуруҳи 11 — нафараи он ба мушкилоти зиёде аз қабили аз ҳам ҷудо шудани яхҳо, интиқоли урдугоҳ аз ҷойе ба ҷойи дигар, сӯхтор дар хаймаи мухобиротиҳо, обхезиҳои тобистона, ҳамлаи хирсҳои сафед ба одамон дучор шудаву ин ҳамаро қаҳрамонона паси сар кардааст.

Михаил Михайлович Сомов  25 март (7 апрел) — соли 1908 дар Маскав ба дунё омада ва 30 декабри соли 1973 дар Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) фавтидааст. Олими машҳури Шӯравӣ, уқёнусшинос, қутбгард, доктори илмҳои ҷуғрофӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.  Аммо ин гуруҳҳо ҳаргиз фаъолияти озод надоштанд, мисли ҷосусоне буданд, ки дар банду ҷигари душман лона карда. Ҳатто дар институти Арктика, ки ин экспедитсия омода карда мешуд, наздикону пайвандони онҳое, ки ба сафар мерафтанд ва муддати як сол ва ё бештару камтар аз онро рӯи яхҳо пушти сар мекарданд, чизе намедонистанд. Ба пайвандонашон номаҳои номушаххас менавиштанд ва ҳатто суроға надоштанд ва ба ҷои “СП”-и машҳур ногузир буданд рақами пустаи наздиктаринро чун суроға бинвисанд. Ва  ба ҳамаи онҳо он замон бо як фармони махфии Президиуми Шӯрои Олӣ мукофот доданд. Бо ин фармон роҳбари экспдитсия Михаил Михайлович Сомов унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифт, узви дигари ин ҳайат бо ордени Ленин мукофотонида шуданд. Танҳо чанде пештар маълум шуд, ки сарвари ҳайати эъзомӣ фармони махфӣ дошт, ки дар сурати ба истгоҳ наздик омадани “амрикоии душман” ҳама аснодро сӯзонад ва иншоотҳоро инфиҷор диҳад.

Як асрори муҳими Арктика бунёди озмоишгоҳи ҳастаӣ дар галаҷазираи  Замини Нав дар миёнаи солҳои 50-ум буд. Муддати 30 сол дар он ҷо силоҳи маргзои ҳастаиро озмоиш ва Замини Навро маҷруҳ мекарданд, ба вай осеб мерасониданд ва натиҷаи он аст, ки имрӯз он бозори бузурги парандагони зебо дар шахпораҳои соҳилҳо, рустаниҳои хоси табиати тундра, тюлену моржҳо ва хирсони сафед ба ҳадди аввал дигар вуҷуд надоранд. Ин аст осеби озомишҳои ҳастаӣ дар минтақа. Вале он ҳама талафотро ҳатто акнун наметавон баршумурд.

Дар бораи космодроми Плесетски вилояти Архангелск бори аввал соли 1992 расман маълумот доданд. Ва ҳоло мо медонем, ки онро соли 1958 сохтанд ва боз медонем, ки 18 марти соли 1980 инфиҷори шадид дар ин космодром ҷони қариб 50 нафарро рабуд. Асноди сиррии ошкоршуда нишон дод, ки дар буҳрони Кариб (Куба) роҳбарои вақти Иттиҳоди Шӯравӣ мехостанд маҳз аз ҳамин космодром, дар наздикии шаҳри Мирний душманони онсӯи уқёнусии худро мушакборон кунанд.

Аммо нуктаи дигар шигифтангез аст. Ин минтақа он замон макони нигаҳдошти маҳбусини сиёсӣ буд, дур аз чашми одамон маҳбусон дар шароити тоқатшикан нигаҳдорӣ ва ройгон аз заҳмати онҳо истифода мешуд. Ва як сабаби сиррӣ будани он на аҳамияти стратегӣ, балки зиндони мутаҳҳадини сиёсӣ будани он будааст.

 

Террори сурх. Дасти дарози НКВД

Дасти террори бузурги солҳои 20-50 ба Замини Калон (бахше аз як маҳдудаи сиёсӣ ё табиии чандбахшӣ аст нисбат ба дигар қисматҳо муҳимтар ва маъмулан бузургтар аст) низ расид. Аз назари мақомоти иктишофии Иттиҳоди Шӯравӣ (НКВД) ягон ҳаракат дар қутби Шимол дур намонд. Ягон гӯшаи он, ягон бахши фаъолияти илмиву пажуҳишии он, ягон бунгоҳи хирсони қутбӣ дур аз назари касоне намонд, ки дар ҳама ҳаракату талошҳо душманӣ меҷустанд. Баҳрнавардони гуногунандеш, пажуҳишгарон, олимон, геологҳо, хидматгузорон дар бандарҳо, кормандони хоҷагиву ҳизбӣ, духтурон ва ҳатто намояндагони бумии ин манотиқ, ки на камтар аз 30 қавму қабиларо ташкил медоданд, ба додгоҳ кашида шудаву аксари онҳо ҳадафи тири тройка қарор гирифтанд.

Дар Шимол низ хадамоти ба истилоҳ «душманони синфӣ»-ро пайдо мекарданд: онҳо ба тахрибкорӣ, пайравӣ аз Тротский ва Зиновев, Бухарин ва Риков муттаҳам мешуданд, кулак унвон мегирифтанд ва ғайра. Тибқи номаҳои беимзо бидуни таҳлилу таҳқиқи лозим зиндонӣ ва ё кушта мешуданд.

Ин касоне, ки дар қутб дар як вазъи харобу нимгурусна ба сар мебурданд, дар миёни хатарҳои азими табиат, ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ ва кор мекарданд, ба кӣ халал мерасонданд? Ва ин афрод, ки асосан дарёнавардон, маллоҳони киштиҳои яхшикан, геологҳое, ки конҳои тиллову нуқра меҷустанд чӣ гуна метавонистанд низоми сталиниро ба танг оранд?

Аз сарнавишти профессор Павел Владимирович Виттенбург ёд мекунем. Ин олими донишманд, геологи машҳур, муҳаққиқи машҳури Шпитсберген, нимҷазираҳои Колск, Ёқутистон, ҷазираҳои Вайгач, ки дар заминҳои кашфкардаи худ муҳимтарин пажуҳишҳои илмиро анҷом дода буд, дастгир шуд. Вале баъдан ӯро барои идомаи корҳо дар конҳои сурбу руҳ ба қутб фиристоданд. Вай зинда монд ва баъди чанде ба Ленинград баргашт. Вале бисёре аз ҳамсафону ҳамкоронаш, дӯстонаш, ки дар миёни онҳо ковишгарони мумтоз ва мутахассисони донишманд зиёд буданд, шаҳди бозгашт ба Ватанро начашиданд ва дар ҳамон ғарибӣ ҷон ба ҷонофаринашон таслим карданд.

Соли 1939 профессор Р. Л. Самойловичро ба қатл расонданд. Ва ҳамин сарнавишт ба сари дӯсти меҳрубони вай, падари раққосаи балет Мая Плисетская Михаил Эммануилович Плисетский, ки консули генералии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Арктика буд, омад. Майя ҳамроҳ бо гуруҳи эъзомӣ зимистонеро дар Арктика гузаронида буд. Профессор Павел Александрович Молчанов, ки бо Самойлович дар сафари қутб бо дирижабили «Граф Сеппелин» ширкат намуда буд, низ ба ҳалокат расид. Қаҳрамонон-челюскинчиён Алексей Николаевич Бобров, Иля Леонидович Баевский, Павел Константинович Хмизников, дилбастаи радио Николай Рейнголдович Шмидт, ки аз аввалинҳо шуда бонги хатарро аз Хаймаи сурхи Нобиле шунида буд, собиқадори роҳи баҳрии Шимолӣ, бунёдгузори шаҳр ва бандари Игарка Борис Василевич Лавров ҳам аз ҷониби болшевикон табъид шуданд.

Танҳо дар идораи гидрографии Саридораи роҳи баҳрии Шимолӣ 150 нафар ба иттиҳоми «унсури бегона» ба ҳабс гирифтанд ва ё аз кор ронданд. Нисбат ба гидрографҳои қутбӣ, ковишгарону кашшофони роҳҳои боли ях, донандагони хатарҳои даҳшатноки қутб ва умуман бо одамон, ки ҳаёти муътадил дар роҳи баҳрии Шимолӣ бе вуҷуди онҳо тасаввурнопазир буд, ҳамин гуна муносибатро раво диданд.

Он олимонеро, ки дар гуруҳи Самойлович кор мекарданд, «тими мунтахаби ИҶШС» меномиданд. Ин «тим-и беназири ҳамфикрон, ватандӯстони асил бо гузашти моҳҳои бешумор комилан тирборон шуданд. Аз олимони машҳур танҳо профессор Владимир Юлевич Визеро накуштанд, вале солиёни дароз пайваста зери таҳқиру озор ва таҳдидҳои пайваста қарор дошт. Геолог ва географ Михаил Михайлович Ермолаев, донандаи яхҳо ва ҷараёнҳои зериобӣ Николай Иванович Евгенов, муҳаққиқи барҷастаи қутб Николай Николаевич Урвантсевро ба муҳлатҳои гуногун ва дурудароз зиндонӣ карданд ва ё ба урдугоҳҳои Сибир бадарға намуданд.

Ногуфта намонад, ки маҳз бо талошҳои Николай Урвантсев дар солҳои 20-ум дар Таймир ва ноҳияи Норилск конҳои пурғановати мис, кобалт, никел, ангиштсанг ва графит кашф шуданд. Ва тибқи анъанаи «нек»-и ҷоринамудаи мақомоти ҷазо соли 1940 ӯро иҷборан ба маконе, ки дар гузашта (ва оянда низ) шуҳратманд гардида буд, бозпас фиристоданд. Николай Урвантсев дар зиндон ҳам ба ҳайси гелолог кор мекард, дар экспедитсияҳо ширкат меварзид, асарҳои илмӣ менавишт, вале ин асарҳои пурарзиш ва олимона дар таҳхонаҳои НКВД чун асарҳои «душмани халқ» нигоҳ дошта мешуданд ва рӯи чопро намедиданд.

Ин манзараҳои ҳузангез, ки теша бар решаи илм мезаданд ва даҳҳо олимони барӯманду коршиносони чирадастро дар маҳрумиятҳо нигоҳ медоштанд, асарҳову кашфиётҳои онҳоро нодида мегирифтанд, ба қатлгоҳ мефиристоданд, бадтар аз табъидҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Он солҳо машҳуртарин капитанҳои баҳрӣ дар Арктика ба ҳабс гирифта мешуданд ва ҳамаи онҳо бо ҷурмҳои бофтаву сохтаи тахрибкор ва хиёнат ба ватан муттаҳам мешуданд. Яке аз инҳо киштирони варзида ва донандаи худи қутби Шимол Василий Павлович Карелский муддати 8 сол дар лагерҳо нишаст. Ҳамноми вай капитани киштии яхшикани «Садко» Александр Гаврилович Корелский бо гуноҳи он ки киштиаш дар ҳавои номусоид, дар нуқтаи дар харита набудаи баҳри Карск ба лой дармондааст, ҳукми паррон гирифт…

Юрий Константинович Хлебников — капитани қутбӣ, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Дорандаи чандин мукофотҳои давлатии СССР, аз ҷумла ордени Нахимов. Дар чандин киштиҳои яхшикан фармондеҳӣ кардааст. Соли 1948 бо ҷурми сохта боздошт ва муддати даҳ сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Соли 1957 пурра сафед шуд. Дар синни 76-солагӣ дар Маскав фавтидааст.

Гӯиё ин рӯйхатро поёне нест. Дар солҳои ҷанг ҳавонавардони машҳури қутбӣ Фабио Брунович Фарих ва Василий Михайлович Махоткин ба ҳабс гирифта шуданд, баъд аз ҷанг ба ин рӯихат боз номи ҳавонавардони бисёр ва ҳамчунин капитани арктикӣ Юрий Константинович Хлебников, ягона баҳрнаварди флоти мулкӣ (гражданӣ), ки ордени Нахимов дошт, илова гардид. Ӯро ба «курорти сталинӣ» — ба Воркута фиристоданд ва зиндонӣ Хлебников даҳ сол дар он сӯи қутб ангиштсанг меканд.

Қутбгардон ҳатто дар маҳалҳои дуртар аз замини зимистонгузаронӣ дастгир мешуданд. Сардори истгоҳи қутбӣ дар Замини Франс-Иосиф Филипп Иванович Балабин, уқёнусшиноси ҷавони боистеъдод, корманди яке аз истгоҳҳои Чукотка Александр Чаусов дар зиндонҳои сталинӣ ҷон доданд. Сардори маҳали зимистонгузаронӣ дар ҷазираи Домашнийи баҳри Карск, мухобиротчии машҳур, яке аз аввалин қутбгардони фахрӣ дар мамлакат Александр Павлович Бабич нуҳ сол дар ҳуҷра якҷо бо касони ба марг маҳкумшуда зиндонӣ буд ва бо шиканҷаҳои гӯшношунид аз вай мехостанд иқрор шавад, ки «мехост флоти Арктикаро ба дасти душман супорад». Моҳи майи соли 1950, ду моҳ қабл аз ҳалокат Бабич ба хонааш, ба Ленинград нома фиристод: «Баъзан ба таври сунъӣ худро бовар мекунонам, ки зимистонам дар қутб мегузарад ва бо сабабҳои гуногун наметавонам ба Замини Калон баргардам. Охир, ин «зимистонгузаронӣ» ҳам ягон вақт ба анҷом мерасидагист?»

Вале ҳаёти ин қутбграду қутбнишини фахрӣ ба фоҷеа анҷом ёфт. Аммо барои зиндамондагон ин даҳшатҳо танҳо баъди марги Сталин ва фош шудани зулму асорати вай баъди соли 1956 ба поён расид, вале то охири умр онҳо аз зиндони даҳшатҳои руҳӣ натавонистанд берун шаванд.

Таҳияи Ф. Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here