Тиллои Перу ба касе шодӣ наёвард, тиллокобон, онҳое, ки ба ивази сармояҳои беҳадду марз ҳазорон ҳиндуро қатли ому бехонаву дар карда буданд, билохира худ аз дасти ҳамдигар кушта шуданд.

Фатҳи Мексика, ки баъди мувффақиятҳои Кортес бисёриҳо онро «мамлакати тиллоӣ» номиданд, конкискадорҳоро ба ҷунбиш овард. Онҳо ҳарисона дар ҳар ҷо ва аз ҳар суҳбат дар бораи сарват ва иқтидори давлати ҳиндуҳо овозаҳо мешуниданд. Испониҳо дар Панама дар бораи империяи қудратманди Виру (перу) маълумот ба даст меоварданд. Франсиско Пизорро (португалии Francisco Pizarro González) як нафар аз дарёнавардони машҳуре буд, ки дар сар орзуи фатҳи ин кишварро мепарварид.

Писари ғайриникоҳии дворянин аз вилояти ипониёии Эстремадура Пизорро замони наврасӣ ба сарбозӣ рафт. Соли 1510 вай барои дарёфти хушбахтӣ ба Олами Нав раҳсипор шуд, Охедаро дар сафараш ба  халиҷи Дарйенск ҳамроҳӣ кард ва баъдан ба Васко Нунйес де Балбоа хидмат кард ва он замон аз ӯ ба хидмати Педрариас де Авил гузашт.  Шахсе буд ҷасур ва боғайрат, қотеъ барои расидан ба ҳадафҳои худ, вале дар зиндагӣ пасандозе надошт, аз ин рӯ бо ҳар касе, ки пул дошту озими Перу буд, мебоист муоҳада имзо мекард.  Диего де Алмагро ва Эрнандо де Луке ду тан аз ҳамсафони ӯ мисли худи ӯ ташнаи ҳар корнома буданд, то сарват ҷамъоварӣ кунанд. Эрнандо де Луке шахси табиатан ором ва кашиш дар Панама буд, вале ӯ низ хост соҳиби сарвату давлат шавад. Ҷолиб он аст, ки дар миёни ин се тан шахси саводдор танҳо ҳамин де Луке буд, ки дар муоҳада сареҳан имзо гузошт ва Алмагро ва Пизоррои бесавод бо ҷойи имзо танҳо аломати салиб гузоштанд.

Аввалин сафари баҳрии мустақили Пизорро ва Алмагро солҳои 1524—1525 иттифоқ уфтод, вале он ба нокомӣ анҷом гирифт. Соли 1526 онҳо бори дигар талош карданд. Онҳо резишгоҳи дарёи Сан-Хуанро дар арзи 4° ба даст оварда, якчанд рустои ҳиндуҳоро ғорат карданд ва аз он амволи зиёд ба даст оварданд. Аммо пай бурданд, ки барои идомаи амалиёт ба неруҳои бештар ниёз доранд. Алмагро ақиб гашт, то қувва ҷамъ орад ва киштии дуввум таҳти роҳбарии Барталоме Руис ба иктишоф ба самти ҷануб равона шуд. Пизорро бошад дар ҷойи худ боқӣ монд, то атрофро таҳқиқ намояд. Руис ба самти ҷануб ҳаракат кард ва дар 700-ум километр экваторро гузашт.

Дар ин миён маллоҳон чандин перуиҳоро боздошт карданд ва дар бораи давлатдории инҳо, қасрҳо ва сарватҳои пойтахти он шаҳри Куско маълумоти муфасал ҷамъ оварданд. Баъди он ки ба тақвияти неруҳояш қувваҳои нав омаданд ва ба Руис ҳамроҳ шуд, Пизорро ба самти ҷануб ҳаракат кард. Вале боз ҳам қувва барои ҳамла ба пурқудраттарин мамлакати Амрико кофӣ набуд. Алмагро дубора ақиб баргашт, вале ноиби нави «Кастилияи зарин» истихдоми ихтиёриёнро барояш манъ кард. Гузашта аз ин губернатор шахсеро бо нома ба назди Пизорро фиристод ва талаб намуд, ки фавран ба Панама баргардад. Вақте фармон ба Пизорро супурда шуд, бисёре аз ҳамроҳонаш, ки аз гуруснагиву бемориҳо азият мекашиданд, хушҳол шуданд. Он вақт Пизоррои аз ғазаб сурхшуда бо шамшер ба замин хат кашид, аз болои он гузашт ва гуфт:  «Кастилиягиҳо! Ин роҳ (ба ҷануб) ба Перу мебарад, ба сӯи сарватҳои беҳудуд, он роҳ (ба шимолба Панама ва ба фақру бенавоӣ. Интихоб кунед!» Танҳо 13  нафар аз Пизорро пайравӣ карданд. Капитани киштӣ дигаронро ба киштӣ боло кард, таноби онро боз намуд ва «исёнгарон»-ро ба сарнавишт ҳавола кард. Пизорро ва ҳамроҳонаш боз ним солро дар ҷазирае, ки 50 км дуртар аз соҳил буд, гузаронданд, онҳо аз шикори парандагон ва молюскҳо ғизо мехӯрданд.

Пизорро ҳамаи ин шаш моҳ интизори кӯмак аз пайравонаш буд ва то  9° арзи ҷануб ҳаракат кард. Дар ин ҷо вай зарфҳои нуқраву тилло ба даст овард, матоъҳои нафис пайдо кард, ламо (ҳайвон) пайдо кард ва соли 1528 бо ин ҳама ба Испания рафт ва бо он ба қабули шоҳ мушарраф шуд. Шоҳ ба ӯ барои фатҳи Перу патент дод ва ҳукуматро вазифадор кард, ки маблағ ва масрафоти забти Перуро, ки Пизорро бо сармояи худ анҷом медиҳад, пешпардохт кунад. Пизорро ба муҷарради дарёфти ризояти шоҳ ба истихдоми ихтиёриён шурӯъ кард: дар навбати аввал вай бародаронаш Эрнандо, Гонсало ва Хуанро ҷалб намуд. Алмагро, ки соҳиби мансаб нашуда буд, вале ба умеди  муоҳадаи қаблӣ оид ба тақсими ғаниматҳо розӣ шуд, ки одамонро истихдом кунад.

27-уми декабри соли 1530 дастаҳои Пизорро дар ҳайати  180 нафар, ки 36 тани онҳо саворагон буданд, аз Панама шино кард. Дар соҳилҳои Экватор фуруд омада, Пизорро дар аввали соли 1535 ба наздикии Тумбес расид. Ин ҷо вай аз Панама кумак дарёфт кард ва дар бораи ҳолати дохилии давлати инкҳо — Тауантинсуйу маълумотҳои заруриро ҷамъоварӣ намуд. Маълум гардид, ки дар мамлакат нав ҷанги қабилавӣ ба анҷом расидааст ва бар сарвари он — Инку Уаскараи Бузург бародари угайи вай Атауалпа пирӯз омадааст. Ҷонибдорони Уаскара аз Пизорро хоҳиш карданд, ки барои шикаст додани ишғолгар кумак расонад. Ва ин лаҳзаи бас муносибе буд барои шикасти давлати муқтадири инкҳо. Маълум гардад, ки Атауалпа бо дастаҳои ҳарбии панҷҳазорнафараи худ дар наздикии шаҳри Кахамарка, ки дар қисмати ҷанбу шарқии Тумбес воқест, қарор дорад.

24-уми сентябри соли 1532 дастаҳои Пизорро соҳили халиҷи Гуаякилро тарк карданд ва бо истифода аз роҳи инкҳо аллакай 15 ноябр ба Кахамарка ворид шуданд.  Атауалпаи зудбовар барои вохӯрӣ бо конкистадорон розӣ шуд ва дар ҷараёни мулоқот испониҳо аҳдшиканонаву ғаддорона Атауалпаро ба асорат гирифтанд.

Инкаи Бузург чун донист, ки аврупоиё беш аз ҳар чизи дигар тиллоро хуш доранд, вай дар девори утоқи зиндонии худ то ҷое дасташ мерасид, хате кашид ва гуфт, ки ин хонаро то ҳамин хат ва аз он ҳам болотар бо тилло пур мекунад, то ӯро озод кунанд. Пизорро пешниҳодро пазируфт ва Атауалпа ба ҳар тараф саворонашро фиристод, то ҷавоҳирот ҷамъоварӣ кунанд, ҳатто тиллои ороишҳои савмаъаҳоро биёранд. Моҳи июли соли 1533 6 тонна тилло аллакай ҷамъоварӣ шуда буд! Ҳарчанд ин ҳоло на ҳама ваъдаи гарав буд, Пизорро таҳаммулро аз даст дод. Вай Инкуи Бузургро ба ҳама гуноҳҳои имконпазир муттаҳам кард ва 26-уми июл ӯро ба қатл расонд.

11-уми август аз Кахамарка инкҳои шаҳри Кускоро ба пойтахт раҳо намуд. Дар ҷанги зидди ҳиндуҳои аспсавор силоҳҳои оташфишон ба конкистадорон пирӯзиро таъмин карданд. Пизорро  Кускоро шаҳри ишғолии шоҳи Испания эълон кард ва ба самти уқёнус ҳаракат кард.

5-уми январи соли 1535 каме дуртар аз соҳил вай пойтахти ояндаи Перурро поягузорӣ кард ва онро «Шаҳри шоҳон» (бо испонӣ Сюдад де лос Рейес) номид. Ва хеле баъдҳо ин шаҳр номи Лимаро гирифт. Яке аз ҳамроҳони Пизорро Себастян Белалкасар ба самти шимолии пойтахти империя Кито, ки инкҳо мехостанд онро ба Кускои дуюм табдил диҳанд, ҳамла кард. Соли 1535 Киторо ишғол карданд. Империяи қудратманди инкҳо шикаста шуд. Конкистадорҳо дар Перу сарватҳои бешумор ва гӯшношунид ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳатто  сармояи ҷамъовардаи Кортес зери сояи он монд. Худи Пизорро соҳиби 57 ҳазор песои тилло (беш аз 25 кило тиллои холис) шуд, ки боз тоҷи заррини Инки Бузург аз ин ҳисоб берун буд. Ҳатто ширкаткунандагони қатории асиргардонии Атауалпа сарватмандтар аз ҳар граф ва ҳерсоги аврупоӣ шуданд.

Дар сафарҳои солҳои 1532-1535 испониҳо кишварҳое, ки имрӯз бо номҳои Перу, Эквадор ва Колумбия ёд мешаванд, ишғол намуданд. Бо фармони шоҳ ҳамаи ин қаламрави ишғолӣ ба ихтиёри Пизорро супурда шуда, худи вай соҳиби унвони маркиз гардид. Алмагро губернатори ҳанӯз ишғолнашудаи Чили таъин гардид. Бо мақсади забти он 3-юми июли соли 1535 Алмагро аз Куско хориҷи шуд ва дар имтидоди соҳилҳои ғарбии бузургтарин кӯли баландкуҳ дар Амрикои Ҷанубӣ Титикака равон ишуд. Ба зудӣ испониҳо тиллоеро мусодира карданд, ки қабилаҳои ҳиндуҳои ҷануб ба инкҳо ирсол карда буданд, вале тақсими ин ғанимат иштиҳои онҳоро овард. Аз ду роҳи имконпазир ба Чили Алмагро кутоҳтарини онро интихоб намуд, ки ба ҷануб аз тариқи вилоятҳои баландкуҳ мебурд ва ҳарчанд дар он манотиқ пайдо кардани ғизо мушкил буд, вале тиллоҷӯён аз роҳ нагаштанд. Дар роҳ бештари ҳайат ба ҳалокат расиданд ва ин зарбаи сахте ба экспедитсия буд. Аз доманакуҳ гузашта, садҳо км  ба ҷануб ҳаракат карданд ва сипас Алмагро ба самти ғарб, ба куҳи Анд гашт. Аз доманҳои он гузашта, испониҳо роҳи бехатари гузариш аз ин монеъаро меҷустанд. Саранҷом, дар  арзи 27° ҷанубӣ дар баландии 4726 м ағбае пайдо карданд, ки Сан-Франсиско номида шуд. Барф чашмонро хира мекард, ҳаво сард буд ва тӯфон ҳаракатро мушкил мекард. Сӯзишворӣ набуд, одамон аз сардӣ азият мекашиданд ва ба болои ин ҳама гуруснагии шадид бештар дом ангирашон шуда буд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳ ба самти баландии ҷанубиро оғоз карданд. Дар натиҷа тӯли ин муддати сафар аз чаҳор як ҳиссаи аврупоиён ва ҳиндуҳои боркаш ба ҳалокат расиданд.

Билохира, моҳи марти соли 1536 онҳо ба водии дарёи Копяпо расиданд ва ба истироҳат қарор гирифтанд. Дар ин ҷо испониҳо ба ҳиндуҳо наздик ба як тонна тиллои дарёфт карданд. Баъдан Алмагро лаб-лаби соҳили уқёнус ба ҷануб, ба Кокимбо ҳаракат кард, аз он ҷо ба ҷануб дастаи Гомес Алварадоро фиристод. Вай 750 км ба ҷануб ҳаракат кард ва Чилиро таҳқиқ намуду онро «охири олам» номид. Ба назари вай ин кишвар кишвари биёбониву маъюскунанда буд ва сокинонаш ҳиндувҳои ҷанговари арауканҳо буданд. Моҳи сентябри соли 1536 Алмагро қафо гашт. Вай аз биёбони Атакама убур карда, ба кӯҳ баромад ва ба самти Кусско равон шуд.

Ин яке аз сафарҳои мушкилтарине буд, ки конкистадорон дар Амрикои Ҷанубӣ анҷом доданд. Аммо аз нигоҳи ҷуғрофӣ пурсамартарин буд. Дастаи Алмагро пуштакуҳи баланд ва кӯлҳо, риштакӯҳҳои баланд, водиҳои ҳосилхезро кашф кард. Онҳо 2500 км хати соҳилро дар уқёнуси Ором ба қайд гирифтанд. Аммо испониҳо ин ҷо Перуи дуюмро пайдо накарданд.  Ва сафар тақрибан бенатиҷа буд. Алмагро худро поймолшуда тасаввур кард ва ба қароре омад, ки  адолатро бо истифода аз қувва барқарор кунад.

Соли 1537 Алмагро баргашт, ин замоне буд, ки дар Перу тазоҳуроти зиддиспаниҳо дар ҷараён буд ва он аз ҷониби императори охирини инкҳо Манко Инка Юпанка сарварӣ мешуд. Бо истифода аз вазъи сангини Пизорро Алмагро Кускоро ишғол кард ва ба мавқеъи артиши Пизорро зарба зад. Ҳамчунин, бародари Пизорроро ба асорат гирифт. 8-уми апрели соли 1537 Алмагро худро губернатори Перу эълон кард. 12-уми июл вай артиши Алонсо де Алварадоро, ки барои наҷоти бародарони Пизорро омада буд, шикаст дод. Пизорро ба ҳадафи кашол додани вақт, то ки кумак расад, бо Алмагро вориди гуфтушунид шуд, билохира ба вай муяссар гашт, ки бародаронашро озод кунад. Аммо баъди озод кардани бародараш Пизорро муоҳадаи сулҳи муваққатро ҳам нақз кард ва зидди Алмагро ба ҷанг идома дод. Вале дар ин миён беморӣ вазъи худи ӯро мушкил кард. 26-уми апрели соли 1538 дар Куско охирин муҳориба бо пирӯзии Пизорро ба анҷом расид. Алмарго боздошт ва сар зада шуд.

Бо гузашти бештар аз се сол, дар соли 1541 ҷонибдорони вай дар як сӯиқасд Франсиско Пизорроро ба ҳалокат расонданд ва писари Алмагрои кушташуда Диего Алмагро губернатор эълон намуданд. Вай низ аз ҷониби қувваҳои вафодор ба Пизорро кушта гардид. Тиллои Перу ба касе шодӣ наёвард, тиллокобон, онҳое, ки ба ивази сармояҳои беҳадду марз ҳазорон ҳиндуро қатли ому бехонаву дар карда буданд, билохира худ аз дасти ҳамдигар кушта шуданд.

Соли 1540 барои забти Чили ширкаткунандаи дастаи Алмагро Педро де Валдивия эъзом шуд. Ва дар ҷараёни ҳамин истило Валдивия бандари Валпараисоро (тарҷ. «Водии биҳиштӣ) асос гузошт. Ва камее баъдтар пойтахти кунунии Чили Сантяго поягузорӣ шуд. Аммо дар ин ҳама солҳо муборизаи ҳиндуҳо зидди испониҳои ишғолгар қатъ нашуд.

Арауканҳо, ки дар асорат аз испониҳо дарси ҳарбӣ омӯхта буданд, шогирдони бомаҳорате шуданд: бо навбат чандин дастаҳои испониҳоро шикаст доданд ва соли 1553 худи Валдивияро ба асорат гирифтанд ва ба қатл расонданд. Дар тӯли се асри ҳокимияти худ испониҳо дар Амрикои Ҷанубӣ натавонистанд бар озодидӯстон ва меҳанпарастони арауканҳо пирӯз оянд. Ин мубориза тӯли ин се ср аслан хомӯш нашуда буд.

Таҳияи Б.Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here