Илми ҷуғрофия яке аз илмҳои шавқоварест. Бахусус агар мо мехоҳем донем, ки истилоҳоти имрӯз кай, дар куҷо аз ҷониби кӣ ихтиро шудаву кишварҳои мухталиф дар чӣ ҳоле кашф шуданд ва аввалкошифони кураи Замин ба кадом машаққатҳо дида аз олам бастанд, вале чашми дигаронро боз карданд. Хостем як сисила мақолоте дар ин бора дар ҳафтаномаи “Самак” чоп кунем, ба умеде, ки мақбули хонандагон гардад.

 Олам аз назари Ҳеродот

Дар Аврупо қадимитарин давлати олам дар ҷазираи Крит пайдо шуд. Крит ё Кирит бузургтарин ҷазираи Юнон аст, ки дар майдони 8261, 183 км мураббаъ доман паҳн кардааст. Аз ҷиҳати масоҳат панҷумин ҷазира дар баҳри миёназамин аст. 110 км аз Аврупо, 175 км аз Осиё ва 300 км аз Африқо дуртар ҷойгир шудааст. Крит маркази қадимитарин тамаддун дар Аврупост, ки бо номи тамаддуни минойӣ ёд мешавад ва ин ҷазираро ҳатто гаҳвораи тамаддуни Аврупо низ меноманд. Аммо то имрӯз ҷомеаи башарӣ аз ин тамаддуни қадима огоҳии камтар дорад, чун то замони мо далелҳои қатеъу манбаъҳои муътамади ҳикояткунанда аз ин тамаддун нарасидааст. Аз сӯи дигар, то ҳанӯз дабира ё хати киритиён нохоно мондааст.

Он чи метавон дар бораи ин халқ гуфт, ин аст, ки киритиён аслан мардумони дарёгард буданд ва ҳатто аз доштани флоти баҳрии муназзаму қудратмандашон хабар дода мешавад. Ба онҳо муяссар шудааст, ки таъсири худро дар бисёр ҷазираҳои баҳри Эгей расонанд. Ба Пелопоннес (юнонӣ: Πελοπόννησος — нимҷазираи бузург дар ҷануби Юнон) расида, киритиҳо ба кашфи соҳилҳои қитъаи Аврупо оғоз бахшиданд. Дар асрҳои XVI-XV то милод онҳо гулӯгоҳҳоеро, ки баҳри Миёназаминро аз баҳри Сиёҳ ҷудо мекунанд, аз ҷумла, Геллеспонт (Дарданир) ва Босфорро кашф карданд.

Вазъи баҳрҳо замоне тағйир хӯрд, ки юнониҳо-ахеянҳо (охоюсҳо — яке аз қабилаҳои қадимитарини юнонӣ. Дар “Иллиада”-и Гомер ҳамаи юнониёни Пелопоннес ахеянҳо номида шудааст) мардумони дарёгард шуданд. Аввалин кори бузурге, ки анҷом доданд, забти ҷазираи Крит буд. Ҷазираҳои Родос ва Кипрро низ ишғол ва ба тобеъияти худ дароварданд. Дар ҷазираҳои Эвбей, Аттик ва дигар вилоятҳои Юнон ахесҳо якчанд маҳалҳои истиқоматӣ бунёд карданд, ки бо гузашти солҳову асрҳо ба шаҳрҳои бузург табдил ёфтанд. Инҳо: Коринф (юнонии Κόρινθος), Афина (юнонии Ἀθηνᾶ ва ё  Ἀθηναία), Фиви (юнонии Θῆβαι), Делфи (юнонии Δελφο) мебошанд.

Донишҳои ҷуғрофии ин қисмат аз Аврупо ҳамвора васеъ мешуд ва як сабаби асосии он “Истеъмори бузург” дар асрҳои  VIII-V то милод буд.  Аз давлатҳои ташкилшуда дар соҳилҳои баҳри Эгей юнониён дар ҷучстуҷӯи заминҳо ва қаламраве, ки ба зиндаги муносиб бошанд ва тавонанд, ки хоҷагиҳои худро васеъ намоянд, ба ҳама қаламрави баҳри Миёназамин аз Африқои Шимолӣ ва нимҷазираҳои Апеннин­ (итолёвии Penisola appenninica; ҳамчунин Penisola italiana -нимҷазираи Италия) то соҳилҳои баҳри Мрамор нуфус карданд. Тарҳи азхудкунии ҳудудҳои нав чунин буд: дар ибтидо дар маҳалли таҳқиқот шаҳраки муваққатии моҳидорӣ ва ё макони тиҷорат бунёд мекарданд ва агар таҳқиқ мешуд, ки дар интихоби ҷой муваффақ шудаанд, тадриҷан онро ба мустаъмара табдил медоданд. Дар соҳилҳои аврупоӣ ва африқоии баҳри Миёназамин ва соҳилҳои Адриатика (паҳнои обӣ дар самти шимоли баҳри Миёназамин), баҳрҳои Сиёҳ ва Азов ин гуна қарияҳои хеле зиёд пайдо шуда буданд.

Дар таҳқиқ ва ба мустаъмара табдил додани  соҳилҳои шимолу ғарбии баҳри Миёназамин ионийҳо (юнонии Ἴωνες — сокинони бархоста аз соҳилҳои Осиёи Хурд. Яке аз се гуруҳе буданд, ки юнониёни бостон бовар доштанд юнониёни холис ба он се даста  тақсим шудаанд) нақши муҳим бозиданд. Мустаъмараҳои онҳо қадоқади соҳилҳои  шарқӣ ва шимолии Ситсилия доман паҳн карда буд. Дар ин ҷо онҳо шаҳри Мессина (ё Мессин, аз юнонии Μεσσήνη)-ро асос гузоштанд ва дар соҳили халиҷ дар муқобили Везувий (аз итолёвии Vesuvio-аз маъруфтарин оташфишонҳои Италия маҳсуб мешавад ва ягон оташфишони қораи Аврупост, ки зарфи ин сад соли охир комилан фаъол будааст) шаҳри Неаполро бунёд кард. Ҳамин тариқ дар замони “Мустаъмараҳои бузург” дарёнавардони Юнони бостон, моҳигирон ва бозаргонон ҳамаи соҳилҳои баҳримиёназаминии Аврупои Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шариқиро омӯхтанд.

Дар қисмати шарқии баҳри Миёназамин дар миёнаҳои асри YIII то милод ҳамаи роҳҳоро баҳрнавардон аз шаҳри Милет (лотинии ΜίλητοМалат, Милет, Милатус-шаҳри машҳур дар соҳилҳои ғарбии осиёи Хурд) назорат мекарданд. Онҳо бо қисматҳои ботлоқии Миср ошно шуда, маълум карданд, ки шакли соҳили ин ҷо шабеҳ ба ҳарфи чоруми алифбони юнонӣ-делта мебошад ва аз ин рӯ, ин қаламрав он замон ҳамин номро гирифт.

Маълум аст, ки дар миёнаҳои асри YI то милод соҳилҳои ғарбии Африқо аз Гибралтар то дарёи бузурги Сенегалро баҳрнавард Эвтимен аз Массалия (юнонии Ευθυμένης ο Μασσαλιώτη – баҳрнаварди Юнони бостон, ки тақрибан дар асри YI то милод дар уқёнуси Атлантик шино кардааст), вале навиштаҳои вай то замони мо омада нарасиданд. Дар бораи заҳамоти пажуҳишии вай ҷуғрофишинос Марсиан Гераклейског хабар додааст.

Моҳигирони муҳоҷир эҳтимолан аввалин юнониҳое буданд, ки ба Қрим расиданд ва аз тариқи гулугоҳи Керч (гулугоҳе, ки баҳри Сиёҳро бо Азов мепайвандад. Номи пешинаи он Босфур Киммерийский)  аз паси шикори моҳии сурх рафтаанд. Дар асри YII то милод юнониҳо то соҳилҳои Қафқоз ҳам расиданд. Мустаъмараи юнониҳо дар Қрим муддати ҳазорсолаҳо боқӣ монд ва дар асрҳои миёна иддае аз онҳо дубора эҳё шуданд.

Талоши дарки олам

Дар асрҳои охири то милоди Масеҳ замони омӯзишҳову дарки маводҳои ҷуғрофии то ин дам навишташуда буд. Муҳаққиқон талош мекарданд кашфиётҳои тамаддунҳои куҳан ва гуногунро биёмӯзанд ва ба дарки муаммоҳои олам расанд. Дар рушди ҷуғрофия нақши муҳимро тамаддуни Эллада (Юнони бостон) ва Руми бостон бозид. Онҳо ҳама донишҳои ҷуғрофиро аз қадим то муосир, ки манбаъи беинтиҳову бепоёни ғояҳо ва шеваҳои илмӣ на танҳо барои асрҳои миёна, балки барои Замони нав буданд, ҷамъоварӣ карданд.

Асосгузори улуми табиатшиносӣ дар Юнони бостон Фалес (Толис) аз Милет (юнонии Θαλῆς ὁ Μιλήσιος, файласуф ва риёзидони Юнони қадим, ки тақрибан солҳои 640/624 — 548/545 то милод зиндагӣ кардааст. Аз ӯ ба унвони оғозгари фалсафа ва нахустин чеҳраи илм ёд мекунанд) мебошад. Аввалин маротиба маҳз ӯ баъзе мафҳумҳои ҷуғрофӣ, аз қабили “уфуқ” (ҳарчанд худи ин калима баъдтар пайдо шуд), “тарафҳои олам” (шимол, ҷануб, шарқ, ғарб)-ро ворид кард. Маҳз баъди ҳамин харитаҳои ҷуғрофӣ ба самтҳои олам нигаронида шуданд ва минтақаҳоро аз рӯи ҳамин ҷудо мекарданд. Вале таҳияи аввалин чунин харитаро мансуб ба шогирди Фалес — Анаксимандра (файласуф ва донишмонди Юнони бостон, ки байни солҳои 610 то 546 то милод зистааст) медонанд.

Географҳои Милет фаҳмиши “қисме аз олам”-ро низ ба кор бурданд. Аллакай ҳамон замонҳо барои ифодаи қисмҳои олам истилоҳоте аз қабили Осиё ва аврупо истифода шуда буд.  Дар замони мо калимаҳои “Осиё” ва “Аврупо”-ро усуриёӣ меноманд ва ба маънои “тулӯъ” ва “ғуруб”.  Аммо дар замони Ҳеродот бароиши ин истилоҳот фаромӯш шуда буда.

Ҳамзамони кӯчаки Анаксимандра Ҳикатей Милетский (юнонии Ἑκαταῖος, пажуҳишгар ва ҷуғрофидони юнонӣ ва тарроҳи харита, ки тахминан солҳои  550-490  зистааст) боз як қисми Заминро муайян кард, ки он Либия (Африқо) буд. Истилоҳи “Африқо” дар адабиёти бостон дар охири асри III пеш аз милод дар порае аз шеъри таърихии шоири Руми бостон Квинт Энний вомехӯрад.  Аммо дар оғоз ин ном марбути Карфоген буд ва баъди харобии ин шаҳр румиҳо вилояти Африқоро бунёд карданд. Ва хеле баъдҳо ин ном ба як қораи калонтарини олам тааллуқ гирифт.

Муаррихон ва географҳои юнонӣ ҳама донишҳои ҷуғрофии қадимро ҷамъоварӣ ва нигоҳ медоштанд. Дар аввали асри Y қабл аз милод Ҳекатий Милетский, муаллифи асари “Тавзеҳоти Замин” аввалин харитаи ойкуменҳо (лотинии οἰκουμένη «ҷамъияти замин” ё   οἰκέω «маскун, сокин”)-ро тартиб дод. Дар он ҳамаи чор калонтарин нимҷазираҳои баҳри Миёназамин: Осиёи Хурд,  Балкан бо Пелопоннес, Апеннинский ва Пиренейский тарҳбандӣ шуда буданд.

Ним аср баъд ба ин тарҳбандиҳои географӣ олими дигари юнонӣ Ҳеродот арзиши воло қоил мешавад. Ҳеродотро ба дурустӣ “падари таърих” меноманд ва дар асари машҳури худ “Таърих”, ки ҳатто имрӯзиён онро асари классикӣ меноманд, вай ба таври ҷолибу хонданӣ на танҳо дар бораи рӯйдодҳои олам ҳикоят мекунад, балки дар бораи замине, ки ин рӯйдодҳо гузаштаанд, маълумотҳои пурқиммати илмӣ медиҳад. Бисёре аз макону ҷойҳое, ки муаллиф тасвир мекунад, худи ӯ рафтаву бо чашмони худ дидааст, аз ин рӯ тасвираш хеле заминиву боварибахшанд. Вақте дар бораи Африқои Шимолу Шарқӣ ҳарф мезанад, бори аввал дар бораи релйеф сухан рондааст. Ҳеродот дуруст тасвир кардааст, ки Миср дар заминҳои пасти саршор аз об ҷой гирифтааст ва аз шарқ ин кишварро кӯҳҳои араб иҳота кардаанд ва аз ғарб кӯҳҳои сангиву пур аз рег иҳота намуда. Дар ҳақиқат регзори қисмати шимолии биёбонҳои Либия теппаҳои баландиашон то 300 метрро ташкил додаанд. Ҳеродот Африқои Шимолиро (Либияро) ниҷазира ва бахше аз Осиё медонад ва ин дар маҷмуъ дуруст аст.

Аз Ҳеродот асари дигаре то замони мо расидааст, ки дар бораи скифҳо баҳс мекунад. Вай дар бораи дарёҳои скифҳо нақл мекунад. Ҳеродот мегӯяд дарёи Истр (Дунай), ки “дар қаламрави Аврупо ҷорӣ мешавад, аз замини келтҳо оғоз мегирад”. Баъди Истр, ба андешаи Ҳеродод дуюмин дарёи бузург ин  Борисфен (Днепр) аст. Ва муаллиф самти ҳаракати ин дарёро хеле дуруст тасвир мекунад, вале дар бораи ин дарё маълумоти муфассал ироа намекунад. Барои вай ҷараёни поёнии Днепр маълумтар аст: “Дар наздикии баҳри Борисфен дарёи пурмаҷрое дар ҳоли ҳаракат аст. Дар ин ҷо ба он Гипанис (номи таърихии Буги Ҷанубӣрудхонае, ки дар Украинаи имрӯза  ҷараён дорад ва он аз ғарби Украина сарчашма гирифта, ба баҳри Сиёҳ мерезад) пайваст мешавад.

Ҳеродот дар идома маълумоташро пурра мекунад ва менависад, ки  дар соҳили чапи Борисфени поён вилояти ҷангалии Гилей ҷойгир аст: дар як тарафи он  скифҳои заминкор ва дар тарафи дигари он  скифҳои кӯчманчӣ мезистанд, ки масофаи даҳрӯза роҳро ба самти шарқ ишғол карда буданд ва дар идомаи он заминҳои шоҳони скифӣ ҷой гирифта буд. Аз самти ҷануб Скифия ба Қрим мерасид ва аз шимол ба  Танаис (Дон).  Ҳеродот аввалин муаррихест, ки дар бораи зиндагонии скифҳо ва ҳаёти маишии онҳо навиштааст. Тибқи нуқтаи назари вай  дар даштҳои Дон савроматҳо (қабилаи кӯчманчии эронизабони наздик ба қавми скиф) мезист.

Дар замони Ҳеродот ҳоло ишғолгарони юнонӣ бо исми Волга шинос набуданд. Бори аввал зери номи “Ра” аз он файласуф ва ахтаршиноси юнонӣ Клавдия Птолемей дар асри II то милод ёд карда буд.

Таҳияи Б. Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here