Имзои муоҳада миёни Чеченистон ва Ингушистон дар мавриди аломатгузории сарҳад вазъ дар Қафқози Шимолиро бесубот кард. Ҳукуматдорони ду ҷумҳурӣ дар оғоз ба он ҳавасманд буданд, ки хеле осону сода ва бидуни муноқишаҳои ҳарбиву дахолатҳои дигар мушкилоти марзии худро ҳал кунанд. Аммо дар Ингушистон ин муоҳада вақти баррасӣ дар парламон буҳрони сиёсиро ба вуҷуд овард, ки муҷиби муноқишаи ҳарбӣ ҳам шуд. Мухолифон мегуфтанд, ки сарвари ҷумҳурӣ Юнусбек Евкуров замини мутааллиқ ба ингушҳоро “фурӯхт”.

 

ТИР БА ҲАВО 

Рӯзи панҷшанбе, 4 октябри соли равон тамоми рӯз аз пойтахти Ингушистон, ки эътирози мардумӣ оид ба тасвиби муоҳадаи марзии ин кишвар бо Чеченистон идома дошт, хабарҳои изтиробангез мерасиданд. Дар аввал сарвари ҷумҳурӣ тасвиби ин созишномаро дар парлумон тасдиқ кард. Аммо фурсате баъд вакилоне, ки ба назди гирдиҳамомадагон баромаданд, изҳор доштанд, ки аз 24 вакил 15 вакил зидди ин муоҳада овоз доданд. То нисфирӯзӣ Евкуров мардонавор талош кард бо эътирозгарон муколама кунад, ба сараш шиша ҳам ҳаво доданду чизҳои дигар низ. Лозим омад аз онҳо худро дур гирад. Неруҳои амниятӣ аз ноилоҷӣ ва ба хотири ҷилавгирӣ аз харҷумарҷ ба болои сари гирдиҳамомадагон ба ҳаво тирандозӣ карданд. 

Муоҳада миёни Ингушистон ва Чеченистон табодули қаламрав дорад. Тибқи ин ҳуҷҷат Ингушистон заминеро дар ноҳияи Надтеречний мегирад, ки масоҳати он ҳудудан ду ҳазор гектар аст. Қисмати куҳии ноҳияи Сунҷенск, ки мутааллиқ ба Ингушистон аст, моли Чеченистон мешавад. Муоҳада, ҳамчунин харитаи он аз ҷониби роҳбарони ҷумҳурӣ интишор дода шудаву дар дастрасии умум қарор дода шуда буд.  

Буҳрони сиёсӣ танҳо Ингушистонро фаро гирифт ва дар Чеченистон ин тасмим чандон вокунише ҳам надошт. ВАО то ин муддат танҳо аз норозигии сокинони ноҳияи Надтеречний иттило дода буданд, ки намехостанд ба Чеченистон пайванданд.  

 

Чаро чеченҳо ва ингушҳо дар ин қазия вокунишҳои гуногун доштанд?

«Охири ҳафтаи гузашта ман бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ингушистон, ки зидди имзои муоҳадаи марзӣ садо баланд карда буданд, суҳбат доштам. Баъдан барои он ки ба моҳияти ин ҳама моҷаро пурратар сарфаҳм равам, аз онҳо хостам, ки бароям имкон диҳанд дар мулоқот бо ҷомеаи Ҷумҳурии Ингушистон ширкат кунам. Аз натиҷаи суҳбатҳо ва ширкат дар мулоқотҳо ман ба хулоса расидам, ки яке аз сабабҳои асосии эътироз дар ҷумҳурӣ дар он аст, ки муоҳада пинҳонӣ имзо шудааст ва шаҳрвандон ҳоло мехоҳанд роҳбаронашон ба ин суол посух гӯянд, ки дар асл ин ҷо чӣ мегузарад. Ин комилан қобили қабул нест”,- менавсад Екатерина Сокирянская – директори лоиҳаи барномаи Аврупо ва Осиёи Гуруҳи байналмилалии буҳроншиносӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук. Екатерина Сокирянская мутахассиси обрӯманд оид ба фарҳанги Нохҳо мебошад. (Шарҳи кутоҳ: Мардумони нох ё нохҳо-гуруҳи қавмеанд, ки дар гузаштаи таърихӣ ва ҳатто имрӯз ба забони нох сухан мегӯянд ва фарҳанги ҳамсон доранд.  Имрӯз ин мардумон дар бахши Шарқии Қафқози шимолӣ зиндагӣ мекунанд, вале чунин ба назар мерасад, ки дар гузашта Қафқози Ҷанубӣ низ нохнишин будааст. Имрӯза танҳо шохаи зинда аз забонҳои нох забонҳои войнох мебошанд, ки гӯишваронаш чеченҳо ва ингушҳо мебошанд).  

Шуруъ аз аввали моҳи сентябр хабарҳои изтиробангез аз Ингушистон мерасиданд, ин замоне буд, ки сохтмончиёни чечен корҳои сохтмонии роҳро дар ноҳияҳои барояшон бегона оғоз карда буданд. Ин кор бо ширкати муҳофизони мусаллаҳи чечен мегузашт.  

Ин ду кишвари ҳамсоя аз нигоҳи сохтори давлатдорӣ ва сиёсати ҳокимон аз ҳам фарқ мекунанд. Дар Грозний тасаввури эътироз ба пружаҳо ва вазифаҳое, ки аз ҷониби президент Рамазон Қодиров роҳандозӣ мешаванд, ғайриимкон аст. Аммо дар Ингушистон як низоми нисбатан демократӣ ҳоким аст ва мухолифони Евкуров дар аввалин фурсати эълони муоҳада ва баррасии он дар парламон даст ба эътироз заданд. 

Дар Ингушистон ҷомеаи шаҳрвандӣ нерӯманд аст ва сарвари ин кишвар Юнусбек Евкуров тасаллути чандоне надорад. 4 октябр Додгоҳи Қонуни Асосӣ аз тазоҳуркунандагон пуштибонӣ кард ва хостори таҷдиди назар дар ин муоҳада шуд. Ин додгоҳ дар баёнияи худ изҳор дошт, ки ин гуна муоҳадаҳоро парлумон ҳақи баррасиву тасвиб надорад, масоиле аз қабили табодули қаламрав бояд дар ҳамапурсӣ роҳи ҳал пайдо кунад.   

 

МУҚАДАДСТ БУДАНИ ЗАМИН ДАР ФАРҲАНГИ ИНГУШИСТОН

Ин муоҳада аслан табодули қитъаотеро пешбинӣ мекунад, ки дар он одамон зиндагӣ намекунанд ва бахшҳои одамзӣ аз ягон ҷониб ба ҷониби дигар дода намешаванд. Аммо пинҳониву ноогоҳона қабул шудани чунин қарор муҷиби эътирози шадид шуд. Ва буҳронеро дар Ингушистон ба вуҷуд овард, ки оқибати он метавонад барои сарвари ин кишвар ва тарафдоронаш нохуб бошад.  

Ин ноҳияи куҳӣ – маконест, ки нохҳои куҳан мезистанд ва ҳам барои чеченҳо ва ҳам барои ингушҳо аҳамияти фарҳангӣ дорад. Нохҳо сарнавишти талх доранд, соли 1944 онҳо ҷабран ба Қазоқистон бадарға карда шудаанд. Аммо вақте ба онҳо иҷозаи бозгашт ба ватанашонро доданд, вале дар маконҳои бобоӣ зистанро манъ карданд.  

«Ин марзест, ки дар ҳар гузина қаламрави будубоши нохҳо миёни ду кишвар аст. Он худи мо чеченҳо ва ингушҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Аз ин рӯ мо дар маҷмуъ зидди онем. Бо назардошти вазъи имрӯза ду ҷонибро даъват кардем, ки аз тағйири қаламрав худдорӣ кунанд”,- мегӯяд Зуроб Сечоев, намояндаи сиёсии нохҳо. 

Дар солҳои 1990 қаламрави чеченҳо ва ингушҳо аз ҳам танҳо ба хотири он ҷудо шуд, ки ингушҳо хостанд дар ҳайати Русия боқӣ монанд. Ин замоне буд, ки Чеченистон иддаои ҷудоӣ мекард ва мустақилият мехост. Бори аввал марзбандиҳои нав миёни сарварони вақти Ингушистон ва Чеченистон Руслан Аушев ва Ҷавҳар Дудаев баррасӣ шуда буд. Соли 1993 онҳо дар ин замина як муоҳада ҳам имзо карда буданд. Аммо баъдҳо, ки Русия истиқлолияти Чеченистонро зери по кард ва он дубора ба ҳайати Маскав дохил карда шуд, ин созишномаро Аҳмад Қодиров ва Мурат Зязиков такроран имзо карданд.  

Аммо дар умум ингушҳо назар ба чеченҳо ва ҳатто нисбат ба ҳамаи дигар мардумони Қафқоз ба қаламрави худ бастагии бештар доранд ва заминро мероси таърихӣ меноманд. “Ингушҳо метарсанд, ки заминашнро кашида мегиранд, солҳои 90-и асри гузашта боре ин ҳодиса рух дода буд ва дар зиддият бо осетинҳо қаламравашонро аз даст дода буданд. Ин ҳам боз дар ҳолест, ки чеченҳо талошҳои зиёде ба афзудани қаламравашон мекунанд ва онҳо ҳатто ин ҳудудҳоро то расидан ба обҳои баҳр васеъ карданианд”,- мегӯяд Екатерина Нерозникова. 

Ин аст, ки бо вуҷуди он ки матни муоҳада, харитаи маконҳо табодул ва иттилоъи муфассал дар ин бора ироа шудааст, вале ингушҳо боз ҳам инро хиёнати роҳбаронашон медонанд ва мегӯянд, ки як порча замин ҳам бидуни ризояти мардум бояд фурӯхта нашавад ва ё табодул ҳам нагардад. Бо вуҷуди он ки маконҳои табодул асосан баланкуҳҳову теппаҳоянд ва дар он касе зиндагонӣ намекунад ва он барои ҳам чеченҳо ва ҳам ингушҳо баробар аҳамиёти таърихиву фарҳангӣ дорад, дар Ингушистон ин муоҳадаро гузашта аз “хати сурх” медонанд, ки метавонад дар ояндаи наздик зиддиятро афзоиш диҳад. Ҳарчанд заминае дар ин иддио вуҷуд надорад. 

Ин мушкил муборизаҳо дар дохили ҷумҳурӣ барои ҳокимиятро қувват мебахшад. Худи вазъи Юнусбек Евкуров хуб нест. Маъруфияти вай зарфи ин чор соли ҳукмронӣ якбора дар сатҳи поин қарор гирифт. Коррупсия ба ҳадди пешгӯинашаванда кишварро фаро гирифт. Аксари корхонаҳое, ки ахиран сохта шуданд, кор намекунанд ва арзиши сохтмонии онҳо комилан боло бурда шудаву пули он аз ҷониби гуруҳҳои мафиозӣ обу лой шудааст. Дар ҳамаи зинаҳои ҳокимият, вазорату идораҳо хешовандони Евкуров нишаставу амалан кишвардорӣ мекунанд.  

То ба имрӯз Маскав хомӯшӣ ихтиёр кардааст ва мавқеъи худро эълон ҳам нанамудааст. Маълум аст, ки Руслан Аушев, сарвари пешини ин кишвар ва барои мардуми он шахсияти маҳбуб барои талош дар ҳалли низоъ ба пойтахти Ингушистон рафтааст. Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров дар муроҷиатномае, ки ахиран интишор дод, ҳатто аз омодагии худ барои ҷангидан ҳам эълон кард. 

Хулоса, мушкил андар мушкил аст ва вазъ ба чӣ меанҷомад ҳоло маълум нест. 

 

Антон КРИВЕНЮК, «Совершенно секретно»

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here