Президенти Буркина-Фасо бо моҳанаи капитани артиш, ки 450 доллар буд, мезист ва моҳонаи президентии худ ба миқдори 2000 долларро ба хазинаи ятимони кишвараш мегузаронд.

Аввалин иқдоми ҳукумати вай баъди сари қудрат омадан эълони суратҳисобҳои бонкӣ ва даромади солонаву моҳонаи кормандони мақомоти давлатӣ буд. Санкара дар ҳуҷраи кории худ гузоштани кондисионерро манъ кард, барояш “шармовар буд, ки дигарон ин гуна зиндагонии боҳаловат надоранду ӯ дошта бошад”. Вай ҳамчунин аз нахустин рӯзҳои  сари қудрат омадан овехтани расму портретҳои худ дар хиёбонҳо ва утоқи кории кормандонро манъ кард ва гуфт, ки “дар кишвар чун ман ҳафт миллион нафар зиндагӣ мекунанд”. Яъне худро баробар ба ҳамин 7 миллион сокини кишвараш донист, на бешу на кам.

 

Бунёдгузори “Ватани одамони поквиҷдон”

Ҳама мошинҳои гаронарзиши тамғаи “Мерседес”-и ҳукуматӣ ба фурӯш гузошта шуд ва ба ҷойи онҳо ба вазирон мошини “Рено 5”, ки он замон арзонтарин мошин дар кишвар буд, харидорӣ шуд.

Санкара маоши мансабдоронро кам кард, ба онҳо доштани ронандаи хусусиро манъ намуд, соҳибмансаби давлатӣ дигар ҳақ надошт дар ҳавопаймо бо билети дараҷаи аввал парвоз кунад. Аз онҳо талаб кард сарулибоси гаронарзиши хориҷии худро бо лисбосҳои тавлиди ватанӣ иваз намоянд, либосҳое, ки дӯзандагони кишвар дӯхтаанд.

Дар остонаи соли нав маъмуронро водор кард, ки маоши якмоҳаи худро ба хазинаи иҷтимоӣ гузаронанд. Боре ниме аз кормандони як идораро аз кор барканор намуда, ҳамаи онҳоро ба фермаҳои дастҷамъӣ фиристод ва гуфт, ки “он ҷо манфиаташон бештар мерасад”.

Аллакай баъди се соли сари қудрат омадани Санкара Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки Буркина-Фасо бар фасод пурра пирӯз шуд. (Ба назар мерасад Томас Санкара намедонист, ки дар аввал бояд милитсияро пулис биномад).
Санкара ҳалли чандин вазифаи калидиро барномаи интихоботии худ қарор дода буд: аз миён бурдани гуруснагӣ, бунёди системаи ройгони тиббӣ ва маориф, мубориза бо густариши бемориҳои сироятӣ ва коррупсия, барқарор намудани ҷангалҳои буридашуда. Дар солҳои ҳокимияти вай беш аз 10 миллион дарахтон шунонда шуданд ва ин иқдом тавонист садди роҳи лағзиши регҳои биёбон ва зери хатар гузоштани ҳаёти одамон шавад. Дар ҷараёни татбиқи барномаи “Мубориза барои саломатӣ” 2,5 миллион кӯдакони ин кишвар ба муқобили бемориҳои сироятӣ эм карда шуданд. То ин замон Буркина Фасо кишваре буд, ки аз ҳар 1000 тифли навтавлид 280 нафараш мефавтид. Дар як муддати кӯтоҳ ин рақам то 145 нафар коҳиш дода шуд. Барномаи манзили Санкара аз ҷумлаи барномаҳои муваффақи ин кишвар маҳсуб мешавад. Дар замони ҳокимияти худ вай ҳамаи қарзи иҷоранишинони худро барҳам зад, чандин намуди андозҳоро аз миён бурд ва ғайра…

Яке аз аввалин қарори ҳукумати инқилобӣ маҳрум намудани пешвоёни қабилаҳо аз бартариятҳо ва имтиёзҳо буд. Президент онҳоро ҳамчунин аз ситонидани молиёти вижа маҳрум сохт. Дар ҷараёни ислоҳоти кишоварзӣ ҳар коре анҷом шуд, ба нафъи деҳқон анҷом шуд. Дар натиҷа зарфи се сол ҳосилнокии гандум афзуд: акнун ба ҷойи 1700 деҳқонони ин кишвар аз ҳар гектар то 3800 кило гандум ба даст меоварданд ва ин имкон дод, ки мамлакат дар таъмини ғизо худкифо шавад. Чун дар Куба ин ҷо низ кумитаҳои ҳифзи инқилоб ташкил шуданд ва мардум силоҳ дар даст дастовардҳои инқилобии худро ҳимоя менамуданд.

Ҳарбиён ҳам аз баъзе имтиёзҳои қаблии худ маҳрум карда шуданд, аз ҷумла ҳама мағозаҳои вижае, ки барои афсарон молҳои камёфт савдо мекарданд, барҳам дода шуда, як супермаркети умумӣ барои ҳамагон боз кард.

Томас Санкара кори инқилобро аз озодии занон ҷудо намедонист. Ҳукумати вай теъдоди зиёди занонро ба мансабҳои давлатӣ ҷалб кард, ки дар Африқои Ғарбӣ собиқ надошт. Ҳуқуқи занон ба ҳуқуқи мардон баробар карда шуд ва онҳо ҳаққи таҳсил дар макотибро пайдо карданд. Санкара аз вуруди занону духтарон ба сафи артиш истиқбол намуд ва барои онҳо воҳиди вижае мотосикелсаворонро дар артиш ташкил намуд.

Буркина Фасо аввалин кишвари африқоие буд, ки хатари ҷиддии СПИД-ро эътироф кард ва онро барои кулли аҳолии африқоӣ таҳдиди марговар донист.

 

Буркина Фасо чӣ кишварест ва Томас Санкара кӣ буд?

Буркина Фасо давлатест дар Африқои Ғарбӣ, ки пештар Ҷумҳурии Волтои Олӣ номида мешуд. Аз шимол бо Малӣ, аз шарқ бо Нигерия, аз ҷанубу шарқ бо Бенин, аз ҷануб бо Того ва Гана ва аз ҷанубу ғарб бо Соҳили Оҷ (Кот д Ивуар) ҳаммарз аст. Қаламраваш 273 187 км² ва аҳолиаш 15,7 миллион нафаранд. Буркина Фасо «Ватани одамони поквиҷдон” тарҷума мешавад.

Томас Изидор Ноэл Санкара, кишвардори маъруфи Буркина Фасо, ки рушду нумуъи ин кишвари хурди Африқоӣ ба номи ӯ сахт вобаста аст. Соли 1949 ба дунё омадааст ва соли 1987 дар синни 37 — солагӣ кушта шудааст. Солҳои 1983-1987 президенти Буркина Фасо будааст. Дидгоҳҳои инқилобии марксистӣ дошт ва барои боварҳову ғояҳои худ ӯро Че Гевараи африқоӣ меномиданд.

Ислоҳоти бузург ва асосӣ ба манзури аз миён бурдани фақр дар кишварро анҷом дод. Вай худро як инқилобӣ мепиндошт ва  таҳти таъсисири намунаҳои Куба талоши зиёд кард, то мамлакаташ аз фақр наҷот ёбад.

15-уми октябри соли 1987 бар асари табаддулоти давлатӣ, ки дӯсти худи ӯ, вазири адлия Блэз Компаоре созмон дода буд, сарнагун ва ҳамроҳ бо дувоздаҳ ҳамсафонаш ба қатл расид. Гуфта мешавад, ки ҷасади онҳоро пора карданд ва дар як гӯри номуайян гӯрониданд. Ҳамсар ва ду фарзанди ӯ аз кишвар фирор намуданд.

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here