Дар олам маконҳое мавҷуданд, ки гардишгарон талош мекунанд аз он мавзеъҳо дидан кунанд. Қуллаҳое ҳастанд, ки таваҷҷуҳи куҳнавардонро ба худ мекашанд, обҳое, ки ғаввосони оламро сӯйи худ мехонанд… Ва дар ин гуна мавзеъҳо аз замони кашфашон то кунун садҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд. Онҳо рафтанд, то чизеро бубинанду ба дигарон дар бозгашт нақл кунанд. Вале диданду нақл накарда даст аз ҳаёташон шустанд. Бозгаштагон қиссаҳо карданд, дигаронро ташвиқ намуданд, ки раванд. Ва ин аст, ки мераванду меоянд ё ҳоло ҳам мераванду на ҳама бозпас меоянд. Инҳо аз ҷумлаи муаммоҳои оламанд. Хостем аз даҳ мавзеъе ҳикоят кунем, ки барои гардишгарон басо хатарноканд.
Роҳ ба куҳи Хуа (Чин)
Куҳи муқаддаси даосизм яке аз пурхатартарин роҳҳои олам ба шумор меравад. Ҳазорон куҳнавардони пуртаҷриба ва дӯстдорони сайёҳӣ ба ин макон мераванд, то маҳорати худро бисанҷанд. Роҳ ба сӯи қулла басо мушкилзост, ҳолате пеш меояд, ки шумо ба варта овезон бошед ва боз талош кунед, то бо сар ба партгоҳ фурӯ наравед. Ҳар сол дар ин роҳ наздик ба 100 нафар гардишгарон аз саросари олам ба ҳалокат мерасанд, онҳое, ки мехоҳанд ба маъбад расанд ва ин макони таърихиро бо чашмони худ бубинанд, номуваффақ ба ҳаёти худ падруд мегӯянд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, маҳз дар ҳамин қулла онҳоро бо беҳтарин навъи чойи олам зиёфат медиҳанд. Боз мегӯянд ба қулла метавон ба осонӣ бо василаи қатори кабелӣ (фуникулер) расид, вале тамъи чой на он аст, ки пиёда ба он бирасӣ.
Кйераг: нахуд миёни ду сахра (Норвегия)
Дар куҳҳои Норвегия ҷойи дилписанде мавҷуд аст, ки гардишгарон дӯст медоранд аз он дидан кунанд. Дар ин ҷо миёни сахраҳо дар баландии наздик ба 1000 метр бо ким-кадом сабаби барои илм то ҳол номаълум тахтасанге сарозер шуда ва миёни ду сахра ба худ макон сохтааст. Болову поёни он озод, аз ду тараф сахраҳо онро нигоҳ медоранд. Рафтану болои он суратгирӣ кардан як шуғли басо пурхатар барои ҷаҳонгардон аст. Зеро як қадами беэҳтиёт кофист, ки исон сарозер шавад ва оламро падруд бигӯяд.
Дақиқан он дар баландии 1084 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Ҳаҷми ин тахтасанг тахминан 5м³ — ро ташкил медиҳад ва як макони дӯстдоштаи гардишгарон аст.
Гуфр Берже: ғори мурдагон (Фаронса)
Гуфр Берже (фр.Gouffre Berger-«Партгоҳи Берже»)-ғор дар Фаронса. 24 майи соли 1953 аз ҷониби Жозеф Берже кашф шудааст ва исми Берже баргирифта аз номи аввалкошифи он аст. Аввалин ғори олам аст, ки то умқи 1 километри он омӯхта шудааст. Соли 1956 то умқи 1122 метри он рафтанд. Аммо ҳоло маълум шудааст, ки умқи ин ғор 1323 метр аст.
Вуруд ба ин ғор шабеҳи он аст, ки инсон ба маркази Замин сафар кунад. Барои тадриҷан расидан ба умқи он як шабонарӯз бояд дар ҳаракат бошанд. Дар ҳавои боронӣ дар кӯтоҳтарин муддат ин ғор пур аз об мешавад, аз ин рӯ қабл аз вуруд ба он бояд аввал вазъи ҳаворо донанд.
Таноброҳи Ҳусайн (Покистон)
Ин иншооти овезон хатарноктарин пули Сайёра ба шумор меравад. Ҳатто як назари сатҳӣ ба акси он кофист, ки даҳшати он дар вуҷуди кас соя андозад. Одамон бо василаи он аз як соҳил ба соҳили дигар дарё мегузаранд ва ин сафарест афсонавӣ. Бовари кас намеояд, ки оё метавон аз ин пули дурударози ларзонак гузашт. Дар бисёре аз ҷойҳои он тахтаҳо уфтодаанд, танобҳо фарсудаанд ва ҳар қадами аз беэҳтиётӣ гузошташуда хатари марговаре дорад. Хатари афтодан ба қаъри рӯдхонае, ки бо силсилакуҳҳои Ҳимолой иҳота шудааст.
Ва ҳангоми гузар кардан аз он илова ба хатари пул, бо хатари боди сарду сахт ҳам таҳдид мекунад. Боди сахт қувваи ба ларзиш овардани онро дорад.
То соли 1978 сокинони Покистони Шимолӣ аз қисмати асосии кишварашон ҷудо буданд, роҳе надоштанд ба осонӣ ба марказ раванд. Ҳоло ин гуна роҳ сохта шудааст, вале барои сокинон лозим меояд ҳамвора аз роҳи пули ларзон гузар кунанд. Акнун онҳо бидуни тарсу ларз аз он мегузаранд ва бовар доранд, ки пуле, ки номи Имом Ҳусайн дорад, барояшон бадбахтӣ намеорад. Аз ин рӯ бо борҳои вазнин мегузаранд, молу колову чорвои худро ҳам интиқол медиҳанд.
Кӯли Ниюс
Кӯли Ниюс-кӯли қотил. Минтақаи маскунӣ дар Камерун аст, ки дар қисмати шимолу ғарбии ин кишвар воқеъ шудааст. Онро кӯли қотил меноманд. Аз ин кӯл шохоби чапи дарёи Жонга ҷорӣ мешавад. Паҳнои он 1,48 километри мукааб, ҳаҷми обаш 0,153 километри мукааб аст.
Як кӯли болоикуҳист, ки дар баландии 1091 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Чор аср пеш дар ин макон бар асари гардиши оби гарм пайдо шудааст. Дар ҷараёни ин раванд гудозаҳо (модаҳои сӯзони куҳи оташфишон) бо обҳои зеризаминӣ бархӯрдаанд ва сабабгори як таркиши бузурге шуда, оби даҳона (инфиҷори оташфишоне, ки қутри бузург дошта ва ба василаи кӯл ишғол мешавад) шуда, баъдан тадриҷан обҳои зиризаминиву рӯйизаминиро пур кардааст.
21-уми августи соли 1986 дар кӯли Ниюс фалокати лимнологӣ рух дод, ки бар асари он бештар аз 1700 нафар ҷони худро аз даст доданд. Партов шудани ҳаҷми бузурги диоксиди карбон ба сурати газ муддати чанд соат идома кард. Ин газ ба масофаи то 27 км паҳн гардид ва ҳар чизе сари роҳаш буд, нобуд сохт. Бино ба шаҳодати онҳое, ки зинда монда буданд, дар ҳаво як муддати тӯлонӣ бӯйи шабеҳ ба бӯйи тухми фосидшудаи мурғ боқӣ монда буд. Олимон ба ин боваранд, ки сабаби ҳалокати одамон сулфиди гидроген шуда буд. Пӯшида нест, ки ин газ дар ҳоли зиёд ихроҷ шудан кушанда аст.
Барои пешгирӣ аз такрори ин ҳодиса сар аз соли 2001 олимон тадбирҳое аз қабили бегаз кардани оби кӯлҳои Ниюс ва Манунро роҳандозӣ мекунанд. Ҳамчунин барои таъмини бехатарии сокинон пешниҳод шудааст, ки соҳилҳо мустақҳкам карда шаванд, сатҳи об поин бурда шавад ва омӯзиши ҳамзамони вазъи минтақа ба роҳ монда шавад.
Ҳамоно дар қаъри он махлути таркандаи гази карбон, метан ва гелий ҷамъ мешавад. Хурдтарин заминларза, боди сахт ва ҳатто дигаргун шудани иқлим барои муҳити атрофи он боз ҳам кушанда хоҳад буд.
Шикофи обии бузург (Белиз)
Як шикофи обии басо бузург дар соҳили Белиз (кишваре дар Амрикои Марказӣ) аст. Ин шикофи доирашакли беш аз 300 метр буда, умқи он 108 метр мебошад. Бино ба таҳқиқоти илмӣ он дар ибтидо як системаи ғори оҳаксанг буд, ки дар даврони яхбандони сартосарии охир пайдо шуд. Он замон сатҳи оби баҳр поин буд, вале чун оби уқёнусҳо афзуд, он зери об монд. Ҳоло ин шикоф дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Ин маҳал тавассути Жак Иву Кусто кашф гардид ва дар рӯйхати 10 ҷойи беҳтарини олам барои ғаввосӣ дохил карда шудааст.
Соҳили кисамоҳии Фиш Хук (Африқои Ҷанубӣ)
На ҳама ҷуръат мекунанд, ки дар соҳили хатарнок дар ҷаҳон шино кунанд. Ин қисмати уқёнуси Атлантика яке аз муҳимтарин нукоти олам аст, ки кисамоҳиҳои сафед ҳаёт ба сар мебаранд. Онҳо аз он ҷиҳат хатарноканд, ки ба одамон ҳамла мекунанд ва таърих зиёд рӯйдодҳоеро дар хотир дорад, ки бар асари ин ҳамлаҳои ғофилгирона одамон ҷони худро аз даст додаанд ва ё туъмаи ин кисамоҳиҳо шудаанд.
Маъмурони соҳилҳои тафреҳӣ ҳама овезаҳои лозими огоҳкунанда аз ҷойҳои хатарро меовезанд, вале гардишгарон аз бепарвоӣ ба он таваҷҷуҳ намекунанд ва ё саргарм аз тамошои манзараҳои дилфиреби лаппиши об ба он ҷойҳое мераванд, ки маъмулан акулаҳо шино мекунанд.
Бешаҳои боронии Амазон (Амрикои Ҷанубӣ)
Номи бузургтарин ҷангали боронии олам аст, ки дар қисмати шимолии Амрикои Ҷанубӣ ҷой гирифтааст ва бештари он дар хоки Бразилия ва Перу мебошад. Дар бораи оташсӯзии азими Амазон ду моҳ қабл зиёд гуфта мешуд. Беш аз ними ҷангалҳои боронии боқимонда дар ҷаҳон дар Амазон мебошад. Масоҳати умумии ҷангалҳои он 5,5 миллион километри мураббаъ аст, ки миёни бештар аз 9 кишвари минтақа тақсим шудааст. Ин ҷангалест, ки саросар бо дарахтони паҳнбарг пӯшида шудааст ва дарёи Амазон низ аз миёни он мегузарад. Ин ҷангалҳо тамоми сол ҳавои гарм ва рутубатнок доранд. Бахши бразилии Амазон дар тӯли чил соли гузашта беш аз 18 дарсади ҷангалҳои худро аз даст додааст, ки ин як масоҳати баробар ба иёлоти Калифорнияи ИМА мебошад.
Ин ҷангалҳо пур аз дарандагонанд, пур аз хазандагон ва ҷонварони дигаре мебошанд, ки аксари онҳо ба ҷони инсонҳо хатар доранд. Бахусус ҳашаротҳое ҳастанд, ки як миқдорашон заҳрогинанд ва ба муҷарради газидан заҳр мезананд. Моронро метавон донист, ки онҳо заҳрзананд, вале хатари бештар аз ҳашаротҳост, ки одамон на ҳамаи хосиятҳои онҳоро медонанд. Ҳатто дар танаи дарахтони он ҷонвароне зиндагӣ мекунанд, ки пӯсташон заҳр ҷудо мекунад. Тахмин меравад, ки дар як километр масоҳат то 800 миллион мӯрча ва 100 миллион термитҳо зиндагонӣ мекунанд. Ин аст, ки омӯзиши куллии табиати Амазон ва бешазорони он номумкин аст. Ҳашароту дарандагону хазандагони бешазорони Амазон барои ҳаёти одамон хатари бузург доранд.
Оташфишони вулқони Майон (Филиппин)
Оташфишоне дар Филиппин, баландии он 2462 метр. Аз ҳама оташфишонҳои минтақа аз фаъолтаринҳост. Дар 400 соли охир вай бештар аз 50 маротиба фаввора задааст. 1 феврали соли 1814 бар асари фаввораи оташи он шаҳри Кагзаво пурра хароб шудааст ва ин пурфоҷеатарин фавраи оташи Майон будааст, ки бештар аз 1200 нафар ба ҳалокат расиданд.
Арвоҳ-шаҳр Припят (Украина)
Дар соҳили рӯдхонаи Припят дар масофаи 3 км аз Чернобил ҷойгир шудааст. Дар айни замон сокинонаш комилан онро тарк кардаанд. Баъди садамаи Чернобил зиндагӣ дар ин шаҳр номумкин шуд. То садамаи мазкур он дорои 47500 нафар аҳолӣ буд. Шаҳр ҷавон буд, онро соли 1970 сохта буданд. Рафтан ба ин шаҳр хатарноктарин ҳисобида мешавад, чун ҳоло ҳам сатҳи радиатсия баланд аст ва ин заҳролудӣ кушанда мебошад.
Таҳияи Б.Шафеъ