Соли 2018 сармояи умумии “даҳгонаи тиллоӣ” ҳамагӣ 1 миллиард доллар коҳиш ёфт ва ба 743,8 миллиард доллар расид. Ҷозеф Безос чун соле қабл боз ҳам ҷойи аввалро ҳифз кард.

Сармояи соҳиби Amazon Ҷозеф Безос дар тӯли ин як сол 19 миллиард доллар афзуд ва ҳоло ба 131 миллиард доллар расидааст. Вай дуввумин сол аст, ки дар садри сарватмандтарин шахси олам бино ба фарзияи Forbes мебошад. Бунёдгузори Microsoft Билл Гейтс бо 96,5 ва бонкдор Уоррен Баффет бо 82,5 миллиард доллар дар ҷойҳои дуввум ва сеюм ҷой гирифтаанд.

Forbes-и амрикоӣ 33-умин рейтинги сармоядорони бузурги оламро моҳи март чоп карда буд. Сармояи умумии 2153 миилиардерҳои дунё ба 8,7 трилион  расида буд, ки назар ба як соли пеш 0,4 трилион доллар кам аст.

Дар рутбабандии Forbes 98 миллиардер аз Русия дохил буданд. Амрикоиҳо 607, чиниҳо 324, олмониҳо 114 ва ҳиндуҳо 106 нафар шомили ин рутбабандӣ шудаанд. Дар миёни сад нафари аввали миллиардерҳо танҳо Леонид Михелсон бо 24 миллиард доллар сармоя дар мақоми 32 қарор гирифтааст.

Дар охири соли 2018, сарвати умумии 10 миллиардери беҳтарин дар ҷаҳон 743,8 миллиард долларро ташкил дод. Ин назар ба як соли пеш (744,6 миллиард доллар) камтар аст. Онҳо 8,5% сарвати ҳамаи миллиардерҳои доллариро дар ҷаҳон ташкил медиҳанд.

Ҳафт нафар дар даҳгонаи аввали сарватмандони олам амрикоиҳо мебошанд, як нафар аз Фаронса, як тан аз Мексика ва як нафар испонӣ аст. Баъди Безос, Гейтс ва Баффет Бернард Арнои фаронсавӣ ҷойи чорумро ишғол кардааст, ки соли гузашта сарваташ ба76 миллиард доллар расидааст. Баъдан Карлос Слими канадагӣ бо 64 миллиард доллар ҷойи панҷумро ишғол кардааст. Миллиардери испонӣ Амансио Ортега (бо 62,7 млрд. доллар) ва амрикоиҳо Ларри Эллисон (62,5 млрд. доллар), Марк Сукерберг (62,3 млрд. доллар), Майкл Блумберг (55,5 млрд. доллар) ва Ларри Пейдж (50,8 млрд. доллар) ҷойҳои баъдиро ишғол намудаанд.

Дар ин даҳгона чор нафаре низ шомил шудаанд, ки соли 2018 барояшон нобарор омадааст ва бахше аз сармояҳои худро аз даст додаанд. Аз ҷумла поягузори Facebook Марк Сукерберг 8,7 миллиард доллар, асосгузори Inditex Амансио Ортеги 7,3 миллиард, молики America Movil Карлос Слим $3,1 миллиард, ва соҳиби Berkshire Hathaway Уоррен Баффет 1,5 миллиард доллари худро аз даст доданд.

Инак, даҳгонаи аввали бузургтарин сармоядорони олам дар соли 2019:

Ҷефф Безос: бунёдгузори Amazon Ҷефф Безос — корофарин, накӯкор ва сармоягузори амрикоӣ дар заминаи Интернет, мудири омил ва муассиси ширкати Амозон аст. Тирамоҳи соли 2017 сармояи ӯ аз 100 миллиард доллар боло рафта буд. Ҳоло 131 миллиард доллар сармоя дорад, дар як сол бойгарии вай 19 миллиард доллар афзудааст. Сарчашмаи даромади вай ҳамоно Amazon.com аст. Синнаш ба 55 расидааст ва дар ИМА зиндагонӣ мекунад.

Безос ширкати аэрокайҳонии худ Blue Origin-ро рушд медиҳад ва ваъда ҳам додааст, ки ракетаҳои истифодаашон зиёди вай барои интиқоли мусофирон низ истифода хоҳанд шуд. Моҳи сентябри соли 2018 Безос дар бораи бунёди хазинаи Bezos Day One хабар дод, ки барои бехонаҳои ИМА ва сохтани муассисаҳои томактабӣ бо усули Montessori 2 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Дар соли 2013 Безос 250 миллион доллар сарф кард, то рӯзномаи The Washington Post-ро харад. Вашингтон Пост нашрияе мебошад, ки бехастагӣ аз Доналд Трамп интиқод мекунад. Ҳокими Кохи Сафед ҳамвора сарвари Амазонро ба саркашӣ аз пардохти молиёт ва барҳам задани анъанаҳои хурдафурӯшон айбдор мекунад.

Моҳи январи соли 2019 Безос аз ҳамсараш Маккензи, ки 25 сол бо ҳам мезистанд, ҷудо шуд. Баъдан миёни ӯ ва Трамп дар чанд масъалаи ахлоқии дигар ихтилофот шуруъ гардид. Ин гунаҳгорсозиҳо ҳамоно идома доранд.

Билл Гейтс: 96,5 миллиард доллар сармоя дорад, дар як сол сарвати вай 6,5 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Сарчашмаи даромади вай  Microsoft мебошад. 63 сол дорад ва шаҳрванди ИМА мебошад.

Бунёдгузори Microsoft зарфи як сол сармояи худро 6,5 миллиард доллар афзоиш дод ва баъди Безос дар рутбабандии Forbes дар ҷойи дуюм қарор гирифт.

Билл Гейтс — корофарин, бозаргон, сармоядор, накӯкор мебошад. Соли 1975 Гейтс ҳамроҳ бо Пол Ален ширкати Microsoftро сохт, ки   калонтарин тавлидкунандаи нармафзорҳо дар ҷаҳон мебошад. Имрӯз Гейтс қисмати бештари саҳмияҳои ширкатро фурӯхтаву ҳамагӣ 1%-и онро дар ихтиёр дорад. Пулҳое, ки аз фурӯши  саҳмияҳои Microsoft ба даст меорад, ба корҳои хайрия масраф мекунад.

Соли 2016 Гейтс ҳамроҳ бо тими худ, ки иборат аз 20 сармоягузор, аз ҷумла Ҷеф Безос мебошад, хазинаи Breakthrough Energy — ро бо сармояи 1 миллиард доллар созмон дод. Пеш аз ин вай ҳамроҳ бо ҳамсараш Мелинда як хазинаи хайрия бунёд карда буданд, ки ҳадафи аслии он беҳбуди шароитҳо дар тандурустӣ ва мубориза зидди гуруснагӣ дар кишварҳои фақири олам буд. Соли 2018 вай дар Бостон Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти тиббии Билл ва Мелинда Гейтсро бо сармояи 100 миллион доллар асос гузошт. Ҳадафи он коркарди доруҳои нав ва ваксинҳо зидди табларза, сил ва исҳол мебошад, ки ҳар сол дар рӯйи замин 2,6 миллион нафарро ба ҳалокат мерасонад.

Уоррен Баффет: 82,5 миллиард доллар сармоя дорад, соли гузашта дороии вай 1,5 миллиард доллар коҳиш ёфтааст. Манбаъи даромади вай Berkshire Hathaway мебошад. Сокини ИМА, 88 сол дорад.

Уоррен Баффет низ аз ҷумлаи корофарон, бозаргонон, сармоягузорон, накӯкорони амрикоӣ аст, ки соли 2018 дар рӯйхати миллиардерҳои ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол намуд. Зарфи се моҳи соли 2018 хазинаи Баффет якбора 27 миллиард долларро бар асари коғазҳои қиматнок дар бозорҳои Амрико аз даст дод. Аммо нимаи дуюми соли 2018 Баффет аз афтиши саҳмияҳои бонкҳои амрикоӣ истифода кард ва аз панҷ дар чор бонки бузургтарини ИМА — JPMorgan Chase & Co, Bank of America, PNC Financial Services и U.S. Bancorp саҳмдори калонтарин шуд. Ҳамзамон бо ин вай сармоягузории Apple-ро коҳиш дод.

Ҳолдинги Berkshire Hathaway дар бештар аз 60 ширкати машҳур, аз ҷумла Apple, Coca Cola, Geico, American Express, Fruit of the Loom ва ғайра саҳмия дорад.

Баффет ба хазинаи Билл ва Мелинда Гейтс 35 миллиард доллар гузарондааст. Ҳоло ваъда кардааст, ки 99 дарсади сармояи худро сарфи корҳои хайрия хоҳад кард.

Бернар Арно: дороии ӯ 76 миллиард доллар мебошад. Зарфи як сол сармояи Арно 4 миллиард доллар афзоиш кардааст. Манбаъи даромади вай LVHM буда, 70 сола мебошад. Дар Фаронса зиндагонӣ мекунад.

Ба ҳолдинги LVMH 70 брендҳои машҳури ҷаҳонӣ, аз ҷумла Moët Hennessy ва Louis Vuitton, Sephora ва Tag Heuer шомиланд. Раиси идорӣ ва директори кулл Бернар Арно соҳиби ҳамагӣ 5%-и саҳмияҳои LVMH мебошад.

Дар миёнаи солҳои 1980 Арно бо шариконаш ширкати бофандагии Boussaс-ро, ки дар вазъи хеле ногувор қарор дошт, харид. Аз он ба баъд Арно дар чандин додугирифтҳо ва азхуд кардан ва боз фурӯхтани корхонаву ширкатҳо иштирок кардааст.

Арно аз ҷумлаи касонест, ки ба фарҳанг муҳаббати зиёд доранд. Вай барои рушди осорхонаи хазинаи Louis Vuitton, ки соли 2014 дар Париж ифтитоҳ шуда буд, 135 миллион доллар додааст.

Карлос Слим Элу: 64 миллиард доллар дорад ва дар як сол сармояи вай 3,1 миллиард доллар коҳиш ёфтааст. Манбаъи даромади вай Телеком мебошад. 79-сола, сокини Мексика.

Карлос Слим Элу сарватмандтарин шахси Мексика мебошад, вай ҳамроҳ бо оилааш ширкати America Movil, ки калонтарин ширкати алоқа дар Амрикои Лотин маҳсуб мешавад, таҳти назорат дорад. Соли 1990 ҳамроҳ бо шарикони хориҷӣ саҳмияҳои ягона ширкати телефонии Мексика — Telmexро харид, ки баъдан он бахше аз America Movil гашт. Вай ҳамчунин як миқдор саҳмияҳо дар ширкатҳои сохтмониро ҳам дар даст дорад, 17%-и саҳмияҳои рӯзномаи The New York Times низ мутааллиқ ба ӯст.

Афзоиши саҳмияҳои America Movil дар соли 2017 боиси 39 дарсад зиёд шудани сармояи Слим гашт. Аммо соли 2018 America Movil 15%-и арзиши худро бар асари нақшаҳои ҳукумати Мексика барои рақобатпазир кардани бозори алоқа дар кишвар аз даст дод. Ин буд, ки сармояи Слим 3,1 миллиард доллар кам шуд, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин вай тавонист дар зинаи панҷуми миллиардерҳои олам қарор гирад.

Амансио Ортега: 62,7 миллиард доллар сармоя дорад. Зарфи як сол 7,3 миллиард доллар зарар дидааст Манбаъи даромади ӯ Zara, буда, сокини 82-солаи Испания мебошад.

Соли 1975 Амансио Ортега ҳамроҳ бо ҳамсараш ширкати Inditex-ро таъсис намуд, ки зерпӯшҳо ва хилъатҳо барои ҳаммом омода мекард. Имрӯз ин ширкат соҳиби 8 бренди либосҳои гуногун, аз ҷумла Zara, Massimo Dutti ва Pull & Bear, ҳамчунин 7500 мағоза дар саросари ҷаҳон мебошад. 60%-и ширкат ба Ортега муталлиқ аст, ки аз онҳо ҳар сол вай 400 миллион доллар саҳм мегирад. Ортега тибқи анъана ин ҳамаро барои амволи ғайриманқул дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Мадрид, Барселона, Лондон, Чикаго, Майама сарф мекунад.

Соли 2017 вазъи Zara бад шуд ва сармояи Ортега 1,3 миллиард доллар коҳиш ёфт. Соли 2018 низ барои Ортега соли нокомӣ буд ва ӯ 7,3 миллиард доллари худро аз даст дод.

Ларри Эллисон: дорандаи 62,5 миллиард доллар буда, соли гузашта ба сармояи умумии вай 4 миллиард доллар илова шуд. Манбаъи даромади Эллисон Oracle мебошад. Ӯ 74 сол дорад ва дар ИМА зиндагонӣ мекунад.

Ларри Эллисон соли 1977 ширкати коркарди нармафзори Oracle — ро бунёд намуд. Соли 2014 вай аз вазифаи директори кулл канор рафт, вале раиси шӯрои директорони ширкат боқӣ монд. Соли 2015, ӯ эълон кард, ки ширкат ба рушди технологияҳои абрӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар соли 2016 бо ин мақсад ширкати Netsuite-ро 9,3 миллиард доллар ба даст овард.

Моҳи марти соли 2018 коргоҳи рушди гидропоникии (бе хок, дар муҳити сунъӣ руёндани рустанӣ) Sensei-ро дар ҷазираи Ланаи Гавай асос гузошт. Солҳои ҷавонӣ вай ба ин ҷазира дил баста буд.

Марк Сукерберг: Барои тоҷикон бештар баъди изҳори назарҳои Бек Сабурович — раиси хадамоти алоқаи кишвар машҳур шуд. Бунёдгузори Facebook, миллиардере, ки 62,3 миллиард доллар сармоя дорад. Дар як соли охир 8,7 миллиард доллари худро аз даст додааст. 34-сола аст, дар ИМА зиндагонӣ мекунад.

Соли 2018 барои Сукерберг соли душворе буд. Шабакаи иҷтимоии вай зери борони интиқодҳо монд ва иллаташ ҳам он буд, ки мегуфтанд вай наметавонад ба сели навгониҳои фейкӣ ва хушунат муқобилият нишон диҳад. Моҳи апрели соли 2018 ба вай лозим омад дар ҷаласаи Конгресси ИМА ба суолҳо дар мавриди ифшои маълумоти 50 миллион корбари Фейсбук аз тариқи замимае, ки ширкати консалтингии Cambridge Analytica таҳия карда буд, посух диҳад.

Моҳи июл Facebook интизории сармоягузоронро дар мавриди боло рафтани фоида бароварда насохт. Моҳи ноябр The New York Times натиҷаи таҳқиқотеро мунташир кард, ки дар он сухан дар бораи пул додани Сукерберг ва менеҷерони шабакаи иҷтимоӣ барои интишори мақолоти манфӣ ба Ҷорҷ Сорос нақл мекард. Дар натиҷа сармояи вай дар соли 2018 ба миқдори 8,7 миллиард доллар коҳиш ёфт. Ин буд, ки вай аз мақоми панҷум дар як соли қабл ба мақоми ҳаштум кӯчид.

Гуфтанист, ки Сукерберг соли 2004, ки ҳамагӣ 19 сол дошт, Facebookро сохт. Соли 2012 ин шаркат расман ба фаъолият пардохт. 17 дарсади саҳмияҳои он ба худи Сукерберг мутаалиқ аст. Моҳи декабри соли 2015 ӯ ва ҳамсараш Приссилла Чан ваъда доданд, ки тӯли ҳаёташон 99 дарсади саҳмияҳои худро мефурӯшанд ва пули онро сарфи корҳои хайрия мекунанд.

Майкл Блумберг: соҳиби 55,5 миллиард доллар мебошад ва соли гузашта ба сармояи вай 5,5 миллиард доллари дигар ҳамроҳ шудааст. Манбаъи даромади вай Bloomberg LP буда, синнаш дар айни замон ба 77 расидааст. Миллиардери амрикоӣ мебошад.

Майкл Блумберг ширкати тиббии Bloomberg LP-ро созмон дод. То ин замон вай муддати 15 сол дар бонки сармоягузории Salomon Brothers кор мекард. Бо мададпулии 10 миллион доллар аз кор барканор шуд. 4 миллион доллари онро ҳазинаи ташкили ширкати Innovative Market Systems, ки бозори молияро таҳлил мекард, намуд. Баъдан онро ширкати Bloomberg LP номид ва аввалин мизоҷ ва сармоягузори он бонки сармоягузории Merrill Lynch шуд.

Имрӯз ширкати вай солона то 9 миллиард доллар фоида меорад ва 88% саҳмияҳо моли худи ӯст.

Аз соли 2002 то 2014 Блумберг шаҳрдори Ню-Йорк буд, баъдан дубора ширкати худро сарварӣ кард. Узви ҳизби демократии ИМА буда, ҳоло тасмим гирифтааст дар интихоботи навбатии президентии ИМА ширкат кунад.

Блумберг яке аз сарватмандони накӯкори ИМА аст. Вай барои назорати силоҳҳои шахсӣ ва эҳтиёҷоти дигари ба ин монанд 5 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Моҳи ноябри соли 2018 ин миллиардер эълон намуд, ки барои Донишгоҳи Ҷон Хопкинс дар Балтимор 1,8 миллиард доллар медиҳад, то барои донишҷӯёни даромадашон миёна ва паст мадад расонанд.

Ларри Пеҷ: Соҳиби 50,8 миллиард доллар мебошад ва соли 2018 аз фаъолиятҳои худ 2 миллиард доллар фоида дидааст. Манбаъи даромади вай Google ба шумор меравад. Сокини 45-солаи ИМА мебошад.

Пеҷ соли 1998 якҷо бо донишҷӯи донишгоҳи Стэнфорд Сергей Брин Гуглро эҷод кард. Ва ин шабака ба яке аз пешгомтарин шабакаҳои ҷустуҷӯии Интернет табдил ёфт. Ширкате, ки соли 2015 Alphabet номгузорӣ шуд, ҳоло солонаи беш аз 100 миллиард доллар фоида меорад ва дар он зиёда аз 60 ҳазор нафар дар 50 кишвари олам кор мекунанд.

Пеҷ муддате аз роҳбарии Гугл канор рафта буд, вале соли 2015 ба қароре омад, ки дубора ширкати Alphabetро сарварӣ кунад.

Лари Печ бо дороии холиси 37 миллиард доллар соли 2016 ба унвони 12-умин миллиардери ҷаҳон ва даҳумин фарди қудратманди олам дар соли 2015 ва 5-умин сарватманд дар ҳавзаи технологӣ дар соли 2015 шинохта шудааст.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here