75 сол пеш тоторҳои Қрим бо қарори Кумитаи мудофиа, ки онро Иосиф Сталин имзо карда буд, зӯрану ҷабран ба Осиёи Миёна кӯчонида шуданд. Дар барқияе, ки дар таърихи 20 — уми майи ҳамон сол соати 4 ба Маскав барқия расид, гуфта мешуд, ки аз қаламрави Қрим 183 155 нафар тоторҳо кӯчонида шуданд. Хеле баъдтар Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС эътироф кард, ки ҳамкории бахше аз тоторҳои Қримро бо фашистон беасос ба сари кулли ин мардум бор карданд. Ин табъидро ғайриқонунӣ ва ҷинояткорона эълон карданд ва ҷабрдидагон сафед шуданд. Рӯйдоди ахирро ҳамагон дар ёд дорем. Маскав бо ҷуброни баъзе зарарҳо ба тоторҳои Қрим иҷозат дод, ки дубора ба ватани бобоии худ баргарданд. Ҳоло сари ин мардум баъди ҳамроҳшавӣ ба Русия чӣ омад ва дурнамои ин амал чист, мавзуъи баҳси ҷудогонаест. Имрӯз талош дорем ҳамон табъидеро таҳлил кунем, ки фоҷеабор буд, аммо назарҳо дар атрофи он мухаталифанд. Зеро дар он солҳои ҷангӣ мантиқи тамоман дигаре ҳоким буд. Владимир Свержин (адиби русзабони Украина, бештар майл ба ҳикоёти фантастикӣ дорад) дар борои он изҳори назар мекунад, ки Сталин чӣ асноде дар ин замина дар даст дошт ва чаро ба қароре омад, ки ҳамаро яксара гунаҳгор кунад.

Муҳаққиқони имрӯзаи тотор ба ин назаранд, ки он солҳо 423 ҳазору 100 нафар ба манотиқи дигар, аз ҷумла Осиёи Миёна табъид шудаанд. Вале гумон аст чунин бошад. Ҳатто агар тоторҳоро дар як шароити бағоят ғайриинсонӣ ҳам бо қатор интиқол медоданд, гумон буд ин теъдод дар ин як муҳлати басо кӯтоҳ кӯчонида шаванд. Ин боз дар ҳолест, ки ҷанг идома дошт, паравозу вагонҳо намерасиданд, ронандагон ва роҳбаладон хеле кам монда буданд. Ва аз сӯйи дигар вагонҳо низ ғунҷоши мушаххас доштанд.

Метавон ба ҳисбоҳои одии арифметикӣ ҳам рӯ овард: шумораи қаторҳои ҳаракаткунанда, миқдори ангиште, ки барои қаторҳо ҷудо карда шуда, иқтидори гузариши қаторҳо аз роҳҳои оҳан (аз Симферопол, ки яке аз муҳимтарину мушкилтарин нуқтаи роҳи оҳан дар он шабу рӯз ба шумор мерафт), қисмҳои ҳарбие, ки барои ҳифзи ин қаторҳо ҷудо шуда буданд ва ғайра… Ҳамаи инро басо одиву осон метавон ҳисоб кард. Метавонем гӯем, ки дар амалиёти интиқоли тоторҳо 32 ҳазор сарбозону афсарони НКВД ширкат карда буданд. Ва хеле ба осонӣ ҳам метавон гуфт, ки ин миқдор дар куҷо ҷойгир шудаву чӣ миқдор ғизо барояшон ҷудо шуда буд ва аз кадом ҳисоб? Назорати ленинӣ, ки имрӯз дар бойгониҳо боқӣ мондааст, таҳлилгаронро метавонад ба хулосаҳои илмӣ расонад.

Тоторҳои Қрим бо либосҳои миллии худ

Ва баъд, ин муҳаққиқон мегӯянд дар роҳ ба иллати гуруснагӣ ва мубтало шудан ба бемориҳо ва ваҳшонияти НКВД 46 дарсади қримиҳои кӯчдодашуда фавтиданд. Агар ба ин даъво бовар кунем, пас онҳое, ки саломат ба макони таъиншуда расиданд хеле зиёдтар аз оморест, ки 75 сол пеш Кремл эълон карда буд. Вале агар ба омори шумориши аҳолӣ дар соли 1939 назар андозем, теъдоди умумии тоторҳои Қрим дар саросари кишвар пеш аз ҷанг 218179 нафар буд.

Мантиқи Сталин

Албатта, ин ҷо наметавонад ду фикр бошад: фармони кӯч додани тоторҳо аз ҷониби Сталин имзо шуда буд. Каси дигаре дар солҳои ҳукмронии вай наметавонист ин гуна масъулияти азимро бар душ бигирад. Вале бояд иқрор шуд: бо ҳама золимӣ амали бедалелро қабул надошт. Пас маълум мешавад, ки табъиди густардаи халқу миллатҳо (ғайр аз тоторҳо он солҳо боз чеченҳо, қалмиқҳо, кореягиҳо, арманиҳо, қримиҳои юнонӣ — дар маҷмуъ даҳ халқият) ба андешаи Сталин маънову мантиқ дошт. Набояд инчунин фаромӯш кард, ки ҳамаи ин кӯчишҳо соли 1944 гузаронида шуданд, замоне буд, ки вермахт ба шикаст рӯ ба рӯ буд, вале ҷанг ҳамоно идома дошт. Роҳҳои оҳан, ки раги асосии шарёни хушкӣ дар саҳнаи театри ҷангӣ ба шумор мерафт, хеле бо шиддати ғайри қобили мулоҳиза кор мекард. Сарфармондеҳи олӣ дар чунин вазъ наметавонист ҳазорон вагонро ба кӯчиши халқҳое сафарбар кунад, ки ин вагонҳо ва қаторҳо дар хати ҷабҳа заруртар буд. Пас маълум мешавад, ки ин халқиятҳо чизе доштанд, ки ба Сталин маъқул набуданд ва қарор имзо кард, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷангӣ онҳо ба ақибгоҳ ва хеле дур аз қаламрави Русия кӯчонида шаванд. Ин ҷо мантиқе бояд бошад, бигзор хеле бераҳмонаву золимона, вале мантиқ бошад.

Дар масъалаи чеченҳо ҳолати кор рушантар аст. Агар ҷангҳои Қафқоз, ки Русияи подшоҳӣ дар асрҳои XVIII-XIX роҳандозӣ карда буд, сарфи назар кунем, баъди анҷоми ҷанги гражданӣ дар ин қаламрав 109 гуруҳи зиддидавлатӣ ошкор ва нобуд карда шуда буд. Баъди ин то оғози ҷанг минтақа нисбатан ором буд, вале талошҳо ва оташи бадбиниҳо шуруъ аз соли 1941 дубора аланга зад. То табъид дар ин қаламрав фаъолияти 232 гуруҳи зиддиҳукуматӣ хунсо шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барномаи вижаи ҳизби бародарони Қафқоз ташкили ҷумҳурии федероли Қафқози зери назари Олмон муҷиби он шуда буд, ки қафқозиҳо яксара аз артиши Сурх фирор карданд ва зидди шӯравиҳо вориди амал шуданд.

Ҳамин тариқ, бо имзои фармони табъиди чеченҳо Сталин хуб медонист, ки аз чӣ мехоҳад худро халос кунад. Кӯчонидани чеченҳо ба як амалиёти воқеъии ҳарбӣ табдил шуд, ки дар он якҷо бо неруҳои НКВД қисмҳои ҳарбии Артиши Сурх ҳам фаъолона ширкат карданд. Куҳҳои Қафқоз муддати басо тӯлонӣ барои таҳкими фаъолиятҳои партизании қафқозиҳо зидди ҳокимияти Шӯравӣ, ки аз ҷониби Гитлер ҳидоят мешуданд, боқӣ монд. Вале дар ниҳояти амр НКВД ва артиши Сурх бар онҳо ғолиб омаданд.

Аммо дар мавриди тоторҳои Қрим гапу кори дигар буд. Дар мавриди онҳо низ “доҳии халқ” баҳонае барои табъидашон дошт. Дар аввали ҷанг роҳбарияти кишвар ба ин қисмати аҳолии Қрим хушбовар буд ва аз онҳо умедҳои фаровон дошт. Дар куҳҳои Қрим пойгоҳҳои ҳарбии воҳидҳои чирикии тоторҳои Қрим таъсис шуда буданд ва дар пинҳонгоҳҳои вижа барояшон силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва ҳатто захираи хӯрокворӣ ҷобаҷо карда шуда буданд.  Табиист, ки чун дигар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ тоторҳои Қрим низ ба сафи Артиши Сурх даъват шуда буданд… Аммо ҷонишини Комиссариати ҳарбии бехатарии ИҶШС Кабулов ва ҷонишини комиссари ҳарбии НКВД ИҶШС Серов 22 апрели соли 1944 ба Лаврентий Берия ин гуна гузориш доданд:

Ҳамаи касоне, ки аз Қрим ба хизмат дар сафи Артиши Сурх даъват шудаанд, 90000 нафарро ташкил медоданд, аз ҷумла 20000 нафари онҳо тоторҳои Қрим буданд. Биступанҷ ҳазор тоторҳои Қрим аз артиши 51-ум ҳангоми ақибнишинӣ аз Қрим фирор карданд.

Шояд ин ҷо сарварони олирутбаи неруҳои қудратӣ дар ироаи санад зиёдаравӣ ҳам карда буданд, вале моҳият ҳамоне буд, ки пиндошта мешуд. Аммо на ҳамаи тоторҳои қримии даъватшуда бо силоҳ ба хонаҳои худ баргашта буданд. Шояд баъди он ки фашистонро дар остонаи хонаи худ диданд, онҳо дубора силоҳ ба даст гирифтанд? Оре, чунин буд, вале аввал сару либоси сарбози олмонӣ ба бар карданд. Ҳудудан 9000 нафар як ротаи худмуҳофизатӣ дар навоҳии куҳиро созмон доданд. Боз 9000 дигар воҳидҳои ёрирасон буданд, ки корҳои сохтмонӣ ва ғайраро созмондеҳӣ мекарданд. Иддае дигар ба сафи пулиси муҳофизатии фюрер пайвастанд, ки саранҷом аз онҳо полки СС-и куҳии тоторҳо ташкил карда шуда буд.

 Туҳфаҳо ба Гитлер

Зиддият миёни роҳбарони тоторҳои партизан Мокроусов ва комиссари халқии умури дохилии Ҷумҳурии мухтори Қрим Қаранзода авҷ гирифт. Қаранзода сарвари мустақим ва дӯсташ Лаврентий Брияро мутақоид карданӣ мешуд, ки ҳамаи тоторҳои Қримро яксара ба бадномӣ ҳукм кардан нашояд, на ҳама ба мисли Мокроусов бо фашистон пайвастанд. Ҳарчанд аксари кулли тоторҳои куҳистонӣ ошкоро аз фашистон ҷонибдорӣ карданд, вале тоторҳои водинишин бо Артиши Сурх содиқ монда буданд. Андешаи комиссари халқ ба роҳбарияти олӣ мувофиқ омад.

Эрих фон Манштейн (аз чап)

Тобистони соли 1942, ки ба назар мерасид ҳаракати партизании Қрим саркӯб карда мешавад, ба кумитаи ҳизбии вилоят қароре омад, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд:

Изҳороти роҳбари партизанҳо ва баёнияи нодурусту аз нигоҳи сиёсӣ зараровари он дар мавриди мавзеъгирии тоторҳои Қрим шадидан маҳкум карда шуда, ин нукта таъкид шавад, ки аксари кулли тоторҳои Қрим ба фашистони олмонӣ назари манфиву хасмона доранд ва дар канори мардуми заҳматкаши Шӯравӣ қарор гирифтаанд.

Аммо фелдмаршали олмонӣ Эрих фон Манштейн аз ин изҳороти ҳизбӣ изҳори норозигӣ кард ва гуфт:

Тоторҳо аз ҳамон аввал аз мо ҷонибдорӣ карданд. Онҳо дар симои мо озодкунандагону наҷотбахшони худро диданд ва гузашта аз ин мо ба дину эътиқоди онҳо ва анъанаҳои миллиашон эҳтиром қоил будем. Як ҳайати тоторон ба назди ман омаданд ва бо худ меваҳои гуногун ва матоъи басо зебои дастдӯхт ба унвони туҳфа ба наҷотбахши тоторҳо Адолф-афандӣ оварданд…”

Шояд ин фелдмаршали Гитлер туҳмат баста буд. Вале раиси Кумитаи тоторҳо, ки намояндаи ҳукумат дар нимҷазираи Қрим буд, моҳи январи соли 1942 тайид намуд:

Ман аз номи кумита ва аз номи ҳамаи тоторҳо ҳарф мезанам ва бовар дорам, ки метавонам афкори онҳоро ифода намоям. Як даъвати артиши Олмон кофист, ки тоторҳо дар паҳлу ба паҳлу бо онҳо зидди душмани ягонаи мо қарор гиранд. Барояшон ин шараф аст, ки таҳти роҳбарии фюрер Адолф Гитлер — фарзанди бузурги халқи Олмон мубориза баранд.

Ва ин гуна тайиду тасдиқҳоро хеле зиёд метавон пайдо кард. Дуруст аст, ки соли 1943, вақте чархи ҷабҳа ба манфиати Артиши Сурх гардон шуд, баъзе гуруҳҳои тоторҳои Қрим низ дар мавзеъгирӣ таҷдиди назар карданд.

Гузориш ба Берия

Баъде, ки Артиши Сурх Қримро озод кард, НКВД чун анъана ба поккорӣ даст зад ва ҳама ҷонибдорону ҳамкорони фашистонро шиносоӣ намуд. Албатта, матолибе, ки партизанҳо дар солҳои ишғоли фашистон дар мавриди ҷаллодон ва пешвоёни сиёсиву иҷрогарон омода карда буданд, ба ташкилоти иттилоотии СМЕРШ (кӯтоҳшудаи “Марг ба ҷосусон”- номи ду ташкилоти мустақили истихборотии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) хеле ёрӣ расонд. Натиҷаи умумӣ ҳатто мутахассисони корозмудаву машҳурро ба ҳайрат оврада буд. Лаврентий Берия соле қабл аз Пирӯзии бузург ба Сталин навишта буд:

Ба Кумитаи давлатии мудофиа рафиқ Сталин И.В. 10-уми майи соли 1944. Мақомоти НКВД ва НКГБ дар Қрим корҳои ошкорсозӣ ва мусодираи агентураи душман, хоинони Ватан, мададрасонони ишғолгарони фашистӣ ва дигар унсурҳои зиддишӯравиро роҳандозӣ кардааст. То 7 майи соли равон 5381 нафар дар ҳамин иртибот боздошт шудаанд. Дар маҷмуъ 5395 камон, 337 пулемёт, 259 автомат, 31 миномёт ва теъдоди зиёди норинҷак ва тирҳои камон мусодира шудааст…
Аз қисмҳои Артиши Сурх то соли 1944 бештар аз 20 ҳазор тотор фирор карда ва ба тарафи душман гузашта, бо силоҳ зидди Артиши Сурх ҷангидааст…

Бо назардошти амали хасмонаи тоторҳои Қрим бар зидди халқи Шӯравӣ ва бо назардошти он ки дигар аз ин ба баъд дар Қрим ва дигар нуқоти марзии Иттиҳоди Шӯравӣ будану зистани онҳо номуносиб аст, НКВД СССР ба баррасии Шумо тарҳи қарори Кумитаи давлатии мудофиа дар бораи кӯчонидани ҳамаи тоторҳо аз қаламрави Қримро пешниҳод мекунад. Мо чунин меҳисобем, ки тоторҳои Қрим дар заминҳои Ӯзбекистон барои истифодаи онҳо дар корҳои кишоварзӣ дар колхозу совхозҳо, ҳам дар саноат ва сохтмон ҷобаҷо карда шаванд. Масъалаи интиқоли тоторҳои Қрим ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ӯзбекистон бо котиби КМ КП (б) Ӯзбекистон Юсупов ҳамоҳанг шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ дар айни замон дар Қрим аз 140 то 160 ҳазор нафар тоторҳо зиндагонӣ мекунанд. Амалиёти интиқоли онҳо рӯзҳои 20-21 май оғоз шуда, то 1-уми июн ба анҷом мерасад. Ҳамзамон бо ном тарҳи қарори Кумитаи давлатии мудофиаро пешниҳод мекунад. Қарори Шуморо интизорам. Комиссари халқии умури дохилии ИҶШС Л.Берия.

Дар нома илова ба ҳамаи ин ҷузъиёти дигари ин кӯчиш оварда шуда буд. Вале ҷанг идома дошт, Қрим дар хати марз буд. Гузашта аз ин он шабу рӯз дар Ялта мулоқоти роҳбарони кишварҳои иттиҳоди зиддиолмонӣ ба назар гирифта шудаву омодагӣ мерафт. Ва дар паҳлуи Ялта вуҷуди як минтақаи қобили таркиш чандон ба мақсад мувофиқ набуд. Ва Сталин ҳам бо ҳама дурандешӣ наметавнист ба ин иҷозат диҳад. Аз ин рӯ, на танҳо ин пешниҳодро пазируфт, балки иҷрои қарорро ҳам тезонид.

Аммо мушкилот бештар аз ҳадди интизор буд. Ниҳоде наметавонист ба ниҳоди дигар мадад кунад, зеро ҷанг ҳамано идома дошт ва шиори рӯз ҳамоно “Ҳама чиз барои ҷабҳа ва ҳама чиз барои ғалаба!” буд. Вале ин амр ва ин фармону қарор билохира амалӣ гардид. Дар муддати басо кӯтоҳ тоторҳои Қрим ба Осиёи Марказӣ кӯчонида шуданд.

Саталин аз олам рафт, пайравону ҳамкоронаш низ аз саҳнаи сиёсиву вазифаҳои давлатӣ рафтанд. Никита Хрушёв сари кор омад ва ин кӯчиш ва табъидро маҳкум намуд. Ба андешаи ӯ бо вуҷуди душманиҳо халқҳои табъидшуда мебоист дар макони бобоии худ боқӣ мемонданд. Аммо Хрушёв ҳамаи халқҳоро бахшид, ба ҷуз тоторҳои Қрим. Онҳо танҳо соли 1967 сафед шуданд, қарор қабул гардид, ки табъиди онҳо нодуруст буд. Вале боз ҳам онҳоро барои бозгашт ба Қрим иҷозат надоданд.

Танҳо солҳои бозсозии Горбачёв дар натиҷаи муборизаи тӯлонӣ Кремл барояшон иҷозати бозгашт ба маконҳои бобоияшонро дод, аммо танҳо дар баъзе ноҳияҳо мебоист мустақар мешуданд. Тоторе, ки ба Қрим бармегашт, имтиёзҳое дошт аз қабили қитъаи замини ройгон ва дарёфти маводи сохтмони бепул. Хонаи қаблиро вай метавонист бифрӯшад ва пулашро худаш соҳиб шавад.

Леонид Кравчук (президенти нахустини Украинаи мустақил) дар остонаи интихобот ба хотири соҳиб шудан ба овози бештар ба ин моҷаро хотима гузошт. Вай ҳама монеъаҳои бозгашти тоторҳои Қрим ба ватанро лағв кард ва онҳо шаҳрвандони Украина шуданд. Тибқи омори соли 2001 дар Қрим наздик ба 250 ҳазор тотор зиндагӣ мекард.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here