Ҳодисаи сарнагун сохтани ҳавопаймои Ил-20-и Русия дар баҳри Миёназамин наметавонад сабаби дилсардӣ миёни Исроил ва Русия шавад, чун муқовимати ҳарбии ду кишвар минтақаро ба як ҷанги дигари шадид таҳрик медиҳад ва амниятро хароб месозад. Ҳамчунин Маскав наметавонад чуноне соли 2015 бо Туркия кард, Исроилро низ ба майдони ҳарб ва гӯмагуҳои сиёсиву ҳарбӣ кашад. Русия ва Исроил дар Сурия вазифаҳои мухталиф доранд ва ҳадафҳои гуногунро дунбол мекунанд. Таҳлилгари ҳарбӣ, мутахассиси масоили Ховари Миёна Евгений Крутиков бар ин назар аст, ки он чӣ бо Туркия иттифоқ уфтода буд, барои Исроил такрор намешавад.  

— Вазорати мудофиаи Русия изҳор медорад, ки ҷониби Исроил ҳавопаймои ҳарбии Русияро зери зарбаи мушакҳои зиддиҳавоии Сурия гузошт. Аслан чӣ гузашта буд? 

— Асли гап ин аст. Ҷангандаҳои Исроил вориди ҳамла шуданд ва Ил-20-и Русияро аз паси худ дар сатҳи пасти парвоз гузоштанд. Онҳо наметавонистанд онро набинанд ва ё мушоҳида накунанд. Баъди ҳамла ҷангандаҳо пас баргаштанд ва Ил-20, ки ба ҷусса панҷ маротиба калонтар аз тайёраҳои ҷангандаи Ф-16 исроилӣ мебошад, дар сари роҳи мушакҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Сурия қарор гирифт. Инро “токтики морӣ” меноманд. Аз ҷониби халабонҳои исроилӣ ин на танҳо нозебост, балки тарсуист.  

— Оё халабонҳо дар чунин ҳолатҳо ҳақи тасмим доранд ва ё бояд фармонро мунтазир шаванд? 

— Онҳо метавонистанд мустақилона тасмим гиранд.  

— Ин ҳодисаро то куҷо метавон “оташи дӯстӣ” номид? Яъне, зарба ба худӣ аз ҷониби худиҳо. Дар амалиётҳои ҳарбӣ ин то куҷо мушкилоти ҷиддист? Тибқи иттилои Moscow Defence Brief моҳи августи соли 2008 дар ҷанги Осетияи Ҷанубӣ Русия шаш ҳавопаймои худро аз даст дод ва ниме аз онҳоро дӯстон сарнагун карданд. Оё ин ин як мушкилоти системавист? 

— Ман иттилои талафоти тайёраҳои ҷангии Русияро дар ҷанги соли 2008 наметавонам тасдиқ кунам. Маълум аст, ки Гурҷистон дар ин ҷанг аз системаи ҳамлаи мушакии Украина истифода карда буд. Ва наметавон ин оташкушоиро “дӯстона” номид. Ғайр аз ин ҳар рӯйдодро бояд дар алоҳидагӣ таҳлил кард ва ин ҷо ҳеч системае буда наметавонад. Ва аз ҳоло метавон гуфт, ки артиши Сурия дар нишонгириву ҳисоб мушкил дорад, аммо худи системаи Сипари зиддимушакӣ дар Сурия дар Ховари Миёна аз беҳтаринҳост. 

— Яъне ин ҳодиса метавонад ногаҳонӣ ва бар асари надонистани идораи техника рух дода бошад? 

— Бале, мутаассифона ин як рӯйдоди маъмулӣ барои Сурия аст. 

— Вокуниши президент Путин хеле нарм, шадид набуд. Дида мешавад, ки вай намехоҳад вокунишҳои дипломатӣ кунад, мисли Туркия. Оё метавон гуфт, ки дар ин иртибот “дастони Русия бастаанд? Аз назари шумо Маскав бояд чӣ мекард? 

— Вокуниши президент дар ин маврид ботаҳаммулона буд. Дар таҷриба оқибати изҳоротҳои осемасарона вазнинтаранд. Аз ҳоло метавон гуфт, ки Исроил муддате аз бомбборони қаламрави Сурия худдорӣ мекунад. Эҳтимолан барои неруҳои ҳавоии Исроил “минтақаи ғайрипарвоз” ҳам ҷудо мешавад, ки дар он бидуни огоҳӣ метавонад тайёраҳои ин кишварро сарнагун созанд. Аз сӯи дигар худи Исроил ба ин рӯйдод хеле зуд вокуниш нишод дод, ба Маскав намояндаи ваколатдори неруҳои мусаллаҳи ин кишвар омад, то пӯзиш хоҳад ва ҳамзамон вазъро фаҳмонад. Аммо дар мавриди Туркия, ки суол кардед, вазъ дигаргуна буд. Ҳавопаймои Туркия дидаву дониста тайёраи Русияро сарнагун кард, яъне вай медонист, ки чӣ кор мекунад. Аммо ҷангандаҳои Исроилӣ ба ин назар буданд, ки суриёиҳо тайёраи дӯсташонро намезананд. Ин ду мавқеъ аз ҳам фарқ мекунанд. Дастони Русия ҳам чун дастони дигар бозингарони саҳнаи ҳарбии Сурия баста аст, аз ҷумла мисли дастони Туркияву Исроил. Туркия, Эрон ва Исроил ҳамеша дар ҳолати низоми “худмаҳдудукунӣ” қарор доранд. Ва дар ҳар ҳолати ба ин монанд ин низом сахттару шадидтар мешавад. 

— Исроил худро дар фазои Сурия хеле озод ҳисс мекунад. Ин чӣ гуна рух дод? Оё ин ба он маъност, ки Маскав ба ин гуна вазъ комилан мувофиқ аст? Ин дар ҳолест, ки воситаҳои махсусе сохта шуданд, ки ҳарбиёни Исроил бояд аз ҳамалаҳои қарибулвуқуъи худ ҷониби Русияро огоҳ созанд? 

— Дар мавриди рӯйдоди ҳалокати Ил-20 ин муоҳада нақз шуда буд. Ҳарбиёни Русия хабари ҳамларо ҳамагӣ як дақиқа пештар аз оғози он дарёфт карданд, дар ҳоле, ки Тел-Авив вазифадор буд онҳоро пештар огоҳ созад. Агар Исроил сари вақт иттило медод, имкон дошт, Ил-20-ро аз фазои парвозаш дуртар бурд. Аз сӯйи дигар то ин замон ба Исроил имконоти бештар назар ба дигар ширкаткунандагони буҳрони Сурия дода шуда буд ва ин ба ангезаи зиддиэрониву зиддишиагӣ иртибот дошт. Сеюм, Русия уҳдадорие надорад, ки Димишқро аз ҳамлаи яҳудиҳо ҳимоя кунад, ин гуна созишнома миёни ду кишвар имзо нашудааст. Муносибатҳои Сурияву Исроил кори дохилӣ ва мушкили худи Димишқ аст. Неруҳои Русия дар Сурия танҳо барои мубориза зидди терроризм ва таъмини тамомияти арзии ин кишвар ҳузур доранд, на ҳимоя аз Исроил. 

— Оё метавон гуфт, ки Маскав ҳам ба ҳамин манфиатдор аст, то аз такаббури эронӣ дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кунад? 

— Ин як омили изофии озордиҳандаест, ки қурбонӣ мехоҳад. Русия хеле талош кард ба Тел-Авив фаҳмонад, ки барқарории назорат дар баландиҳои Ҷавлон ба Исроил зарар намеорад, вале яҳудиён то ба охир ба ин бовар накарданд. Пуштибонӣ аз ин зиддият ба фоидаи мо нест ва ҳатто хатарзост. Аз сӯи дигар ҳалли ин мушкил бо ягон роҳи дигар ва осон дар айни замон имконнопазир аст. 

— Оё дар ҳақиқат неруҳои эрондӯсти Сурия объектҳои худро дар Латакия ҷобаҷо месозанд ва онҳо ба ин боваранд, ки ҳузури ҳарбии Русия бояд садди роҳи фаъолнокии Исроил дар ин манотиқ шавад? 

— Ин гуна иртибот вуҷуд надорад. Объектҳои Эрон дар саросари қаламрави Сурия ҷобаҷо шудаанд, аз ҷумла дар навоҳии Палмира, Хома ва атрофи Димишқ. Исроилиҳоро бештар он объектҳое ба ташвиш меорад, ки эрониён метавонанд аз он ба Исроил исобат кунанд. Ва ё бесарнишинҳои худро ба парвоз оранд. Бештари объектҳои Эрон дар Сурия, ки Исроил мавриди ҳамла қарор медиҳад, ба ҳамин тайёраҳои бесарнишин иртибот дорад.  

— Ҳамин тариқ дар ин ҷанг Русия ва Исроил вазифаҳои гуногун доранд ва ин манфиатҳову вазифаҳо зидди ҳаманд. Туркия чӣ? Оё манфиатҳои вай зидди манофеи Исроил ва Русия нестанд? 

— Ҳадафи аслии Туркия ин курдҳои Сурия ҳастанд. Ҳадафи Анқара он аст, ки хатари курдҳоро дар марзҳояш пурра ва ё қисман барҳам занад. Туркия ҳамин курдҳоро таҳаммул надорад, ки даъвои қаламрав мекунанд. Ба ҳамин хотар талош дорад дар минтақаи марзӣ “камарбанди амниятӣ” созад ва ба ин мақсад аз шӯришгарони суриёӣ истифода кунад… Масоили дигар чандон муҳим ҳам нестанд барои Туркия.

Мусоҳиб Антон КРИВЕНЮК, “Совершенно секретно”

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here