Аз замони фавти Уго Чавес – роҳбари коммунистмаоби Венесуэла ин кишвар оромиш надорад. Чавес аз ҷумлаи ҳамон роҳбарони қораи Амрико буд, ки ҳамеша ба хостаҳои ИМА посухи рад медод ва кишварашро озоду мустақил дидан мехост, аммо ин озодиро вай дар рушди ҷомеаи сотсиалистӣ медид. Дар замоне, ки олам аз коммунизму сотсиализм дурӣ меҷӯяд, Венесуэла ва Чин барин кишварҳо системаи сиёсии худро бар пояи арзишҳои коммунистӣ месозанд. Дар миён Чин бо доштани имконоти бузург муваффақ аст, вале Венесуэла танҳо дар орзуи бунёди як ҷомеаи ворастаи сотсиалистӣ ҳамоно орзу мешиканад. Бемории саратон нагузошт, ки Уго Чавес орзуҳои худро амалӣ созад ва баъди фавти ӯ Николас Мадуро тақрибан роҳи ӯро идома дод. Бо вуҷуди сахтиҳову муқовиматҳои дохилӣ хату маши сиёсии кишварашро дигар накард: бо ИМА муносибат ҳамон гунае монд, ки дар замони Чавес буд. Ва ин мушкилоти давлатдориро барои ҳокими нав мушкилтар кард. Тазоҳуроти дохилӣ аз сол ба соли дигар рӯ ба афзоиш дорад, қудратҳои дахлдор намегузоранд, ки Мадуро дар кишвари худ ҳокимият кунад. Мо ин ҷо намегӯем, ки Мадуро аз беҳтарин сиёсатмадорони минтақаи худ аст, вале он чӣ айён аст, бар асари интихобот омадааст. Ҳамон интихоботи демократие, ки имрӯз Вашингтон ва пайравонаш иддаои ҳимоят аз он мекунанд. Ва Раҷаб Тайип Эрдуғон-сарвари Туркия ахиран ба кохи сафед ҳамин гуна муроҷиат ҳам кард, ки чӣ ҳақе дорад Трамп аз касе, ки интихоботро дар кишвари худаш баранда шудааст, мегӯяд зимоми ҳокимиятро раҳо куну бирав. Магар Венесуэла иёлоте аз Амрикост? Албатта ин суол бепосух аст. Ҳаддиақал то кунун.

Сар аз моҳи апрели соли гузашта вазъ дар Венесуэла бадтар шуд. Ин замоне буд, ки Додгоҳи олӣ тасмим гирифт ба ваколатҳои президент афзояд ва ҳамзамон ваколатҳои парламонро коҳиш диҳад. То кунун тибқи иттилои расмӣ ҳудудан 120 нафар дар бархӯрдҳо бо неруҳои амниятӣ кушта шуданд ва беш аз ҳазор тани дигар захмӣ гаштанд. Аммо дар аввали соли равон вазъ тағйир кард. 23 январи соли ҷорӣ сарвари мухолифони Венесуэла ва раиси парлумони ин кишвар Хуан Гуаидо худро муваққатан президенти ин кишвар эълон намуд ва ИМА аз аввалинҳо шуда ӯро расман шинохт. Бегоҳии 28 январ Вашингтон PDVSA-ро таҳрим кард. Тибқи маҳдудиятҳои эълоншуда ширкатҳои амрикоӣ пули нефти Венесуэларо ба суратҳисобҳои махсуси масдудшуда равона мекунанд ва ҳамин тариқ ин пулҳо дигар барои ҳукумати расмии Николас Мадуро дастрас нестанд.
Вазъи Венесуэла ба ҳадде буҳронист, ки барои Мадуро ва кишвараш омадани сарнавишти Қаззофиву Либия аз эҳтимол дур нест. Дар Амрикои Лотин Венесуэла кишварест, ки манфиатҳои Амрикову Русия гиреҳ хӯрдаст. Ҳоло ҳам дар олам ҳар кишваре, ки иддиои бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ дорад, аз пуштибонии Маскав бархӯрдор аст, дар ҳоле, ки муддати ин сӣ соли ахир Русия аз коммунизму сотсиализм фосила гирифтааст. Он чи дар баҳсҳо миёни Вашингтон ва Маскав мегузарад, баёнгари он нукта аст, ки ду ҷониб омодаанд дар сурати дахолати ҳарбӣ ҳар кадом аз нерӯи сиёсие ҳимоя кунанд: Русия аз Мадуро ва Амрико аз мухолифони вай. Ахиранд сарвари департаменти Амрикои Лотини Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Шетин гуфт, ки Каракас аз Маскав тақозои ёрии ҳарбӣ накардааст. Вай иброз дошт, ки ин гуна муроҷиатҳо маъмулан хеле ҷиддӣ омӯхта мешаванд. “Мо хоҳиши шарикони стратегии худро басо ҷиддан баррасӣ мекунем, таҳлил менамоем. Аммо дар ин масъала ба мо ягон дархосте нарасидааст”,- гуфт ӯ.
Пас метавон гуфт, ки аз он сӯи уқёнус ҳадс мезананд, ки Маскав метавонд ба Мадуро барои бақои ҳокимияташ ҳатто ёрии ҳарбӣ расонад.

Вақти муколама гузаштааст

Дар миёни ин ҳама гирудорҳо талошҳои Вашингтон ба халалдорсозии суботу амният дар Венесуэла равона шудааст. Сарвари Венесуэла Мадуро ахиран иброз дошта буд, ки Доналд Трамп-президенти ИМА мехоҳад ҳатто ташаббусҳои муколама миёни давлат ва мухолифонро бишканад. Ахиран давлати Уругвай пешниҳоди миёнаравӣ дар ин муколама карда буд. Мадуро гуфт, ки дар ин шабу рӯз мақомоти давлатӣ ва мухолифон ниёз ба муколама доранд ва рад шудани ин гуна пешниҳодҳо роҳи зӯроварӣ ва истифода аз нерӯро боз мекунад.
Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки Николас Мадуро шахсан дар ҷамъоварии имзо ба унвони раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп иштирок карда буд. Ташаббускорони ин нома аз Трамп даъват мекарданд, ки аз дахолат дар умури Венесуэла даст кашад. Зимни суханронии худ дар миёни мардум дар майдони Боливари маркази Каракас Николас Мадуро гуфт, ки буҳрони Венесуэла як тарҳи пӯшидаи ҳарбии ИМА аст. “Бӯҳрони гуманитарӣ ин баҳонаи пӯшидаест барои амалӣ гаштани тарҳҳои ҳарбии Вашингтон. Асли буҳрон ин аст, ки ИМА мехоҳад бо таҳримҳо кишварро ба муҳосираи молиявӣ гирад”,- гуфт ӯ.
Эллиот Абрамс-намояндаи вижаи ИМА дар умури Венесуэла гуфта буд, ки замони муколама бо Каракас кайҳо гузаштааст. Ҳатто 31-уми январи соли равон мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҷон Болтон ба президент Мадуро тавсия дода буд, ки аз ваколатҳои худ даст кашад ва аз кишвар хориҷ гардад.
Тибқи ин гуфтаҳои Болтон ИМА аз ширкат дар конфронси Уругвай ҷиҳати баррасии буҳрони Венесуэла, ки дар он намояндагони беш аз даҳ давлати олам, аз ҷумла Аврупо мебоист ширкат мекард, даст кашид. Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки акнун дигар вақти муколама нест ва замони ин гуфтугуҳо гузаштааст. Намояндаи ВКХ-и Русия Мария Захарова гуфта буд, ки Вашингтон тарҳи ҳарбии табдили ҳокимият дар Венесуэларо мекашад. Аз ин рӯ ҳарбиёни амрикоӣ ҳоло ба ин кор ҷиддан омодагӣ мебинанд. Ҳатто президент Трамп низ ахиран эълон карда буд, ки истифодаи қувваи ҳарбиро дар ҳалли ин буҳрон истисно намекунад.
Аз миёни ҳамаи кишварҳои Аврупо ҳукумати Италия ошкоро аз пуштибонии сарвари мухолифони Венесуэла даст кашид ва аз кишварҳои зидахл хост, то дар муколамаи ҳалли ин буҳрон фаъолона ширкат кунанд. Аслан давлати Италия дар сиёсатҳои хориҷии худ зидди ҳама гуна дахолатҳо дар умури дохилии давлатҳои Амрикои Ҷанубист. Намояндаи вазорати умури хориҷии Италия ахиран эълон кард, ки кишвараш аз мавзеъгирии Русия дар мавриди миёнҷигарӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои дипломатии ҳалли буҳрон пуштибонӣ мекунад. Пештар аз ин Рим изҳороти Иттиҳодияи Аврупо дар бобати шинохти расмии сарвари Маҷлиси миллии Венесуэла Хуан Гуадиоро ба сифати сарвари муваққати ин кишвар таҳрим кард. Дар ин бора РИА Новости истинодан ба доираҳои дипломатии Брюсел хабар дода буд, вале хабар расман на тасдиқ шуд ва на инкор. Ин дар ҳолест, ки дар декларатсияи сарварони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки дар Бухарест гирди ҳам омада буданд, шинохти расмии Гуаидо дида намешуд, ҳарчанд каме пештар Испания, Олмон, Фаронса, Шветсия, Австрия, Португалия ва Дания ба ин пофишорӣ доштанд. Вазирони умури хориҷии кишварҳои ИА дар санади ниҳоии нишасти худ танҳо бо ин маҳдуд шуданд, ки тавсия доданд дар ин кишвари амрикои лотинӣ интихоботи зудрас баргузор шавад. Аммо Федерик Могерни-намояндаи олии ИА дар умури хориҷӣ ва амният изҳор дошт, ки дар мавриди шинохти расмии Гуидо ҳар кишвар мустақилона тасмим бигирад, на дастаҷамъӣ.

Чин ва Русия сармоягузорони аслии иқтисоди Венесуэла

Венесуэла дар ҳеч замоне кишваре набуд, ки вобаста ба ин ё он қудрати олам набошад. Он ки бо ИМА ихтилоф дорад, аслан ихтилофоти шахсии роҳбарони онҳост, ки ба сари мардуми бенаво чун бод фуруд омадааст. Даҳҳо кишвари заъиф дар қораи Амрико бо ИМА месозанд ва барои рушдашон аз он истифода мекунанд, вале Каракаси замони Чавес ба ин пушт гардонд ва бештар рӯ ба мамолике овард, ки аз сохтори сиёсиаш пуштибонӣ мекарданд. Яке аз ин мамолик Чин ва дуюмӣ Русия буд. Баъди марги Чавес Мадуро низ ҳамин роҳро идома дод.
Зарфи солҳои охир Чин иқтисоди Венесуэларо 60 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст, қарзи Каракас ба Пекин бештар аз 21 миллиард доллар аст. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ин кишвари амрикои лотинӣ ба ҳар сурат ва ҳар роҳи ҳалли сиёсии буҳрони худ аз уҳдадориҳои қарзи худ пеши Чин, Русия ё ҳар кишвари сармоягузори дигар даст намекашад.
Дуюмин кишвари сармоягузори Венесуэла Русия аст. Тибқи маълумоти сарвари Ecoanalitica ҳаҷми қарзи давлатии Каракас аз Маскав наздик ба 10 миллиард доллар аст. ТААС истинодан ба Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар дод, ки Маскав иқтисоди Венесуэларо бештар аз 4,1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Буҳрони Венесуэла бештар сиёсист, то ки молиявӣ бошад

Албатта, вазъи молиявии сокинони ин кишвари сотсиалистӣ ба шиддат аз ҳамсоягонашон фарқ мекунад. Вале торҳое, ки дар атрофи ҳукумати Мадуро танида мешаванд, сиёсианд. Ва то ҷойе худи Николас Мадуро низ гунаҳгор аст, ки ба ваъдаҳои худ дар мавриди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ вафо намекунад. Ахиран вай эълон карда буд, ки Ассамблеяи конститутсионӣ таъсис шудааст ва ба сони мақоми якпалатаӣ сохти давлатиро дар кишвар иваз мекунад ва ба конститутсия низ ислоҳот ворид месозад. Таҳлилгар Розентал мегӯяд дар асл ҳамин Ассамблеяи конститутсионӣ як абзори сиёсӣ дар дасти Мадурост. Гап сари он ки интихобот барои Ассамблея нобаробар сурат гирифт. Он қисман мустақим буд ва ниме аз номзадҳо интихоб шуданд. Боқӣ бо усули секторӣ — донишҷӯён, нафақагирон ва ғайра интихоб гардиданд. Дар ин секторҳо кайҳост, ки иртиботҳо бо ҳукумат таҷриба шудааст ва намояндагони мухолифон камтар аз ин тариқ ба Ассамблея роҳ ёфтанд. Аз ин рӯ аз тариқи Ассамблеяи конуститутсионӣ даст ёфтан ба пирӯзиҳои сиёсӣ барои мухолифон имкон нест. Мадуро ҳар талоши лозимро анҷом дод, то АК парламони мухолифро аз миён барад ва худ пурра ба тобеъияти ҷонибдорони Чавес гузарад.
“Ҳоло иқтисоди Венесуэла фарсудаву заъиф шудааст ва маъруфияти Мадуро 80% коҳиш ёфтааст ва ин низом ягон шонси боқӣ мондан дар сари қудратро надорад”,- мегӯяд таҳлилгар Хуан Карлос Идалғо. Аз ин рӯ барои Мадуро ҳамин АК лозим шуд, ки хостаҳои худро аз нигоҳи сиёсӣ аз ин тариқ бароварда созад.
Ин коршинос мегӯяд президенти пешини Амрико Барак Обама дар қиболи Венесуэла дар Амрикои Лотин аз сиёсати “ҷудоии нарм” кор гирифт ва ин як сиёсати муваффақона низ буд. Ҳамин сиёсат ба табдили ҳукуматҳо дар Бразилия ва Аргентина мусоидат намуд — нухбагони анъанавие, ки бо Уго Чавес ва Мадуро иртиботҳои хуб доштанд, аз сари ҳокимият дур карда шуданд. Хубии сиёсати Обама дар он буд, ки ҳар гуна дахолати ҳарбиву амали тахрибкорӣ ва ё хушунатборро истисно мекард. Вале Трамп дигар аст, вай ошкоро мегӯяд, ки ҳозир аст гузинаи дахолати ҳарбиро ҳам баррасӣ кунад. «Ин кизб аст, — мегӯяд Идалғо.- Иёлоти Муттаҳида омода нест ва ба Венесуэла ҳамла намекунад ва ин дақиқ аст». «Барои ҳамла ба Венесуэла Амрико асоси ҳуқуқӣ надорад ва ин метавонад оқибатҳои хатарноке дошта бошад, мегӯяд таҳлилгар Виктор Ҳейфетс. – Албатта, артиши Амрико нерӯманд аст ва метавонад ба артиши Венесуэла пирӯз ояд. Аммо дар ин кишвар оташи ҷанги дохилӣ шуъла мезанад ва ҷангҳои чирикӣ метавонанд даҳсолаҳо идома ёбанд».
Пӯшида ҳам нест, ки таҷовузи амрикоӣ метавонад сабабгори муттаҳидии аҳолии Венесуэла шавад ва бо истифода аз ин Мадуро обрӯи сиёсии худро миёни аҳолӣ барои муддате ҳам бошад, боло барад ва чун пешвои мубориза зидди истилогарони амрикоӣ шинохта шавад.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here