6 ноябри соли 1945 воҳидҳои ҳарбии ба истилоҳ Ҳизби демократии Озарбойҷон (Ҳизби демократии Озарбойҷони Эрон) бо пуштибонии неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки он замон Эрони Шимолиро ишғол карда буданд, зидди ҳукуматдорони Теҳрон шӯриш бардоштанд.  

Ин ҳизби он замон машҳур 3 сентябри соли 1945 ташкил шуд ва албатта бо дархост ва талоши Иттиҳоди Шӯравӣ аз вуҷуди худ дарак дод. Бо супориши Сталин ба ин масъала шахсан худи Котиби якуми ҲК Озарбойҷони Шӯравӣ Мирҷаъфар Боғиров ва комиссари халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал-лейтенант Мир Темур Яъқубов машғул шуданд. Дар вазорати мудофиа бошад Николай Булганин масъули таъмини неруҳои мусаллаҳи ин ҳизб буд.  

Баъзан он рӯйдодро табаддулоти бехунрезии давлатӣ меноманд ва санаҳои 17, 18-и ноябрро оғози он медонанд. Оё он шӯриш комилан бидуни хунрезӣ гузашт? Ин масъалаи баҳсталаб аст, зеро ҷонибе ва мушоҳидони объективие дар Озарбойҷони Эрон набуданд ва ҳар ҷониби манфиатдор ҳамон арқомеро расонаӣ мекард, ки ба фоидаи вай буд. Чизе буд ё набуд 16 ноябр неруҳои мусаллаҳи ҳизби демократӣ ба забти муассисаҳои давлатӣ ва биноҳои маъмурӣ дар сар то сари Озарбойҷони Эрон шуруъ кард. Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба онҳо ҳамаҷониба мадад мерасониданд. Вақте ҳукумати Эрон неруҳои давлатиро барои пахши ин шӯриш эъзом кард, онҳоро воҳидҳои ҳарбии Шӯравӣ нигоҳ доштанд ва ин фармони сардори Ситоди генералии артиш, генерал Алексей Антонов буд. Дар фармон гуфта мешуд, ки ягон воҳиди ҳарбии ҳукумати Эрон набояд ба қаламрави таҳти нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ ворид шавад.  

Дар Озарбойҷони Эрон Ҷумҳурии демократии худмухтори Озарбойҷон эълон шуд ва 20-21 ноябри ҳамон сол дар Табрез зери ҳимояи артиши кишвари шӯроҳо аввали Конгураи халқии Озарбойҷон баргузор шуд, ки дар он Кумитаи миллии иҷроияи давлати худхонда таъсис ёфт. Ва хеле ба зудӣ осемасарона интихоботи маҷлиси Миллиро ҳам гузарониданд. Вазиронро таъин карданд, аз ҷумла вазири дифоъ генерал Ҷаъфар Муҳаммадзода эълон шуд. Албатта, вай на генерал буд ва на шахси ҳарбӣ, аммо дар корҳои тахрибкорӣ дар ҳамкорӣ бо хадамоти вежаи Шӯравӣ дар Коминтерн таҷрибаи хуб андӯхта буд. 

Инак, ҷумҳурии нав бо ҳама вазиру кабиру раисаш рӯи кор омад ва ба назар мерасид марҳилаи дигар таъсиси давлати нав хоҳад буд. Аммо дар амал дар бораи ягон Озарбойҷони мустақил дар қаламрави давлати Эрон сухан намерафт ва ин гуна тарҳ ҳам вуҷуд надошт, касе атрофи ин гуфтушунид ҳам накарда буд. Маскав тасмим дошт, ки Озарбойҷони Эронро тибқи як тарҳи кайҳо омодашуда ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ кунад. Тибқи ҳамон нақшае, ки Белорусияи Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ, Литва, Латвия, Эстония, Бессарабия ва Буковинаи Шимолӣ шомили СССР карда шуда буданд. Зеро аз охири  моҳи августи соли 1941 Эрони Шимолӣ аз ҷониби неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ғасб шуда буд ва ташкили ба истилоҳ “майлу иродаи халқ” дар Озарбойҷони Эрон ва баъдан пайвастани он бо “халқҳои бародар”-ро дар Иттиҳоди Шӯравӣ кори вақт медонистанд. Яъне, тадриҷан ин кор бояд амалӣ мешуд, чун тарҳи он пухтаву расида буд ва таҷриба ҳам дар ин роҳ доштанд.  

Ин нақша дар Кремл кайҳо таҳия шуда буд ва амаликунандаи он “Сталини Озарбойҷон” Мирҷаъфар Боғиров буд (ва баъзан ӯро Берияи Озарбойҷон ҳам меномиданд). Аммо ҷиддан барои ҳамроҳ кардани Озарбойҷони Эрон ба СССР аз моҳи августи соли 1944 дастбаркор шуданд. Аз ҷумла, моҳи марти соли 1944 Совнаркоми СССР дар бораи аз Боку ба он минтақа эъзом кардани гуруҳи калони кормандони сиёсӣ қарор қабул кард. Моҳи августи соли 1944 Лаврентий Берия маърӯзаеро пешниҳод намуд, ки ба назорати шӯравии чашмаҳои нефтии Эрон таъкид менамуд. Аз он ки ҳукумати шоҳ хоҳиши додани нефт ба Иттиҳоди Шӯравиро надошт, Кремл тасмим гирифт, ки масъалаи баҳсии курдҳову озариҳоро доман занад. Моҳи феврали соли 1945 котиби КМ ҲК Озарбойҷон Ҳасан Ҳасанов, ки сарвари намояндагони ҳизбиву сиёсии СССР дар Эрони Озарбойҷон буд, ҳисобот дод: “дар Озарбойҷони Ҷанубӣ эҳсоси ҷудоихоҳӣ ба ҳадде густариш ёфта, ки дар он ҷо басо осон аст мардумро ба шӯриш бархезонд ва ин қисматро ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Озарбойҷон ҳамроҳ кард ва Вашингтон ва Лондонро дар ҳайрат гузошт”. 

Омодагӣ барои роҳандозии амалиёт фавран бади торумор кардани Олмони фашистӣ шуруъ гардид. 10 июни соли 1945 Сталин Қарори махфиии Шӯрои вазиронро “Дар бораи ташкили объектҳои саноатии СССР дар шимоли Эрон” имзо намуд. 21 июн қарори Кумитаи давлатии мудофиа “Дар бораи корҳои геологӣ-иктишофӣ дар шимоли Эрон оид ба нефт” имзо шуд. 

6 июли ҳамон сол, чуноне муаррихи шинохтаи Озарбойҷон Ҷамил Ҳасанлӣ тасдиқ мекунад, Бюрои сиёсии КМ ВКП (б) қарори пинҳоние бо номи “Дар бораи чораҳо оид ба ташкили ҳаракати ҷудоихоҳӣ дар  Озарбойҷони Ҷанубӣ ва дигар вилоёти шимолии Эрон”-ро қабул намуд. Ва пешбинӣ мешуд, ки барои амалӣ кардани ин тарҳ бояд Ҳизби демократии Озарбойҷони Эрон ташкил карда шавад. Барои татбиқи ин тарҳ бо риёли Эрон маблағи бузурге ҷудо шуд.  

3 сентябри соли 1945 ҳизбро сохтанд, 8 октябри соли 1945 КМ ВКП(б)  Совнаркоми СССР дар бораи амалҳои баъдӣ тасмим гирифт. Аз ҷумла мақомоти марбутаро вазифадор карда буд, ки барои ҷисман нобуд кардани мухолифони ҷунбиши ҷудоихоҳӣ кормандони вежа ҷудо кунанд. Мақомот ба ин ҳадафҳо бештар аз 80 нафар кормандони ботаҷриба дар ин самтро ба Эрон эъзом карданд.  

Дар маҷмуъ ин тарҳ хуб кашида шуда буд ва дар оғоз татбиқи он низ муназзам пеш мерафт. Ва ҳамин гуна тадбирҳоро ҳамзамон дар Курдистони Эрон низ роҳандозӣ карданд, 22 январи соли 1946 зери ҳимояи Артиши Сурх “Ҷумҳурии халқии Курдистон” ташкил шуд. 

Марҳилаи ниҳоии татбиқи ин нақша бояд моҳи марти соли 1946 амалӣ мешуд. 2 марти соли 1946 британиёиҳо ба хуруҷи неруҳои худ аз хоки Эрон оғоз карданд, неруҳои амрикоӣ қаламрави Эронро то аввали соли 1946 тарк карда буданд. 2-уми март муҳлати ҳузури неруҳои Шӯравӣ дар Эрон низ ба анҷом расида буд, вале бархилофи муоҳада баръакс СССР неруҳои тозанафаси худро ба Табрез ворид кард.  

Вале дар ниҳоят аслан коре нашуд: 21 март Трумэн дар Вашингтон сафири Иттиҳоди Шӯравиро даъват кард ва огоҳинома супурд ва мазмуни он суҳбатро танҳо метавон тахмин кард, чун комилан сиррӣ буд ва ҳоло ҳам аз ягон бойгонӣ дар ин бора маводи расмиро касе нахондааст. 

Моҳи майи соли 1946 неруҳои Шӯравӣ низ қаламрави Эронро тарк карданд. Дар остонаи хуруҷ Боғиров ба Сталин занг зад ва гуфт, ки баъди ин хуруҷ Ҳизби Демократии Озарбойҷони Эрон пош мехӯрад. Ва дар посух шунид: Мо наметавонем бо ҳамаи оламиён дар рӯёрӯй қарор гирем…

Аввали моҳи декабри соли 1946 неруҳои Эрон вориди Табрез шуданд ва “муборизон” бе ягон муқовимат фирор карданд ва пешвоёнашон дар Боку паноҳ бурданд… 

 

Матни Владимир ВОРОНОВ, 

“Совершенно секретно”  

23 ноябри соли 2018  

 

Ва иловаи мо бо дастрасӣ аз донишномаи озоди русиву форсӣ:

3 июни соли 1946 миёни Ҳукумати марказӣ ва ҳайати намояндагони Озарбойҷони Эрон бо сарварии Пешоварӣ муоҳада имзо шуд. Тибқи ин созишнома Пешоварӣ розӣ шуд, ки аз мухторияти Озарбойҷони Эрон даст кашад, ҳама вазорату кумитаҳои таъсисёфтаро лағв кунад ва маҷлиси вакилони мардум, ки интихоб шуда буд, ба шӯроҳои музофотӣ табдил дода шавад ва инро Конститутсияи Эрон тайид кунад.  

Миёнаҳои моҳи декабри соли 1946 артиши Эрон Табрезро ишғол кард ва бо ҳамин ба вуҷуди Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон хотима дод. Аз замони мавҷудияти ҳукумати худмухтор наздик ба 500 нафар ҷонибдорони шоҳ кушта шуда буданд.  

Дар мавриди паёмадҳои инсонии суқути давлати худмухтор ду дидгоҳ вуҷуд дорад, манбаҳои ҳизби Тӯдаи Эрон (коммунистон) ва ҳизби Демократӣ аз овораву кушта шудани ҳазорон нафар навиштаанд. Ҷамил Ҳасанлӣ-узви академияи миллии улуми Озарбойҷон менависад, ки “пас аз фурӯпошӣ ҳазорон нафар аз ҳаводорони ҳизб кушта ва зиндонӣ шуданд ва наздик ба даҳ ҳазор нафар ба он сӯи марз гурехтанд”. 

Аммо Ҳамид Аҳмадӣ-донишёри илмҳои сиёсии донишгоҳи Теҳрон мегӯяд, ки бисёре аз ин арқом мубтанӣ ба додаҳои таърихиву мустанад нестанд.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here