Ё шарҳи дигаре бар оғози «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ
Вабои куруно имрӯз дар ҷаҳон бедод мекунад ва шабакаю расонаҳо низ куруноӣ шудаанд. Агар аз сели маводи илмию сиёсию динию тиҷориву таблиғотӣ дар ин боб хастаед, лаҳзае ғарқи ин лавҳа бошед, ки нигоҳе инсонӣ ба мавзӯъ дорад. Шояд тааммул рӯи он дар оромиши зеҳн ва бозандешии арзишҳои мо таъсири мусбат бигзорад.
Саъдии Шерозӣ «Гулистон»-и ҷовидони худро бо зикри неъматҳои илоҳӣ ва зарурати шукргузории башар оғоз намуда, ин мазмунро дар мисоли неъмати шойгону ройгоне чун нафас ба тасвир кашидааст. «Ҳар нафасе, ки фурӯ меравад, мумидди ҳаёт аст ва чун бармеояд, муфарреҳи зот. Пас, дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд аст ва бар ҳар неъмате шукре воҷиб.
Аз дасту забони кӣ барояд,
К-аз уҳдаи шукраш бадар ояд?»
Ҳануз понздаҳ сол пештар дар китоби «Шарҳи осонбаён бар дебочаи «Гулистон» ин сатрҳоро барои наврасон тафсир карда будам. Ба гунае, ки як навраси тоҷик маънои комили онро фаро гирад. Яъне, «ҳар нафасе, ки инсон онро фурӯ мебарад, сабаби идомаи умри ӯ мешавад ва чун он нафас аз сина берун меояд, боиси роҳатии ҷисму ҷон гардида, инсон эҳсоси растагорӣ меёбад. Пас, дар ҳар нафасе ду неъмат вуҷуд дорад: неъмати аввал, дарун кашидани нафас (ки сабаби идома ёфтани умр аст) ва неъмати дуюм, берун овардани нафас (ки боиси роҳатии ҷисму ҷон мегардад), зеро агар нафас ба дарун наравад ва ё ба дарун раваду берун наояд, инсон нафасгир ва ҳалок хоҳад шуд…» ва ғ.
Аммо ин шарҳи токуруноӣ буд.
Ҳоло буҳрони ҷаҳонии вирус ва дармондани башар дар мушкилаи нафас дарки моро дар боби ҷойгоҳи ин неъмат басе амиқтар кардааст. Ҳоло дарёфтаам, ки он шарҳи 15 сол пештари банда як шарҳи маъмули илмию мантиқӣ ва каме фақеҳона будааст. Имрӯз, ки сарнавишти башар дар гарави як нафас аст, эҳсос мекунам, ки дарки амиқтари инсонии ин неъмат ва ин мазмун ҳосил шудааст. Дарки айнӣ, ҳиссӣ ва таҷрибии арзишу аҳаммияти нафас. Дар чунин соат сазост, ки ба мавзӯи нафас нигоҳи тоза андозем.
Таҷриба мегӯяд, ки худи ҳаёт иборат аз занҷираи нафасҳост ва муҳимтарин аломати зинда будан низ нафас кашидан аст. Бедили Деҳлавӣ ҳам дар тафсири мафҳуми руҳ гоҳо нафас ва ҷонро ҳаммаъно гирифта, қатъи нафас ва хуруҷи руҳ ва рафтани ҷонро ҳамон як чиз дониста буд. Бузурги олмонӣ Гётте низ бо илҳом аз сухани Саъдӣ дар «Девони Шарқӣ»-и худ овардааст, ки «Дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд аст: он гоҳ, ки дам фурӯ меравад ва замоне, ки мебарояд ва аз ин рафтану баромадани нафас шамъи ҳаёт фурӯзон мемонад…»
Бале, имрӯз дар сакароту маргҳои куруноӣ бисёр рӯшан мебинем, ки охирин аломати зиндагӣ ва муҳимтарин паёмаки ҳаёт маҳз ҳамин нафас аст. Сари болини гирифторони нафас он маъниҳои баланди руҳонӣ ва он тафсирҳои бузурги ирфонӣ бо ин воқеияти бузургтари ҷисмонӣ ва бо ин ҳақиқати урёни инсонӣ даромехта, бори дигар нақшу арзишу нафасро ҳамчун «мумидди ҳаёт» ва «муфарреҳи зот» ба ҷилва меоранд. Дар буҳрони имрӯз муҳимтарин рисолати ҳазорон табиб ин аст, ки нафаси бемор қатъ ва ҳаёти ӯ хатм нагардад. Ин аст, ки беморону пайвандони онҳо, пизишкону масъулони тиббӣ, шаҳрдорону роҳбарони давлатҳо ҳама аз таъмину дарёфти дастгоҳи нафас сухан мегӯянд. То ҷое, ки Раиси Ҷумҳурии абарқудрате чун Амрико ҳар шом аз ҳаҷми тавлиду дастрасии дастгоҳҳои нафас гузориш медиҳад ва шумори бештари онро супориш мекунад. Ҳифзи давлаташ ва наҷоти миллаташро дар гарави дастрасии ҳамин дастгоҳ медонад. Ҷойи шиори сиёсии «Амрико аввал!»-ро таъкиди ҳаётии «нафас аввал» гирифтааст.
Бале, имрӯз масъалаи якуми ҷаҳон ва эҳтиёҷи аввали инсон нафас аст. Имрӯз бузургтарин корхонаҳои мошинсозӣ амр гирифтаанд, ки дигар мошин насозанд, балки ҳамагӣ дастгоҳи нафас созанд. Яъне дар ин мушкила «Ҳаммер» лозим нест, дастгоҳи нафас лозим аст, «Мерседес» лозим нест, дастгоҳи нафас лозим аст, «Форд» лозим нест, дастгоҳи нафас лозим аст, «Тайота» лозим нест, дастгоҳи нафас лозим аст. Дастгоҳи нафас!
Ба корхонаҳои ҳавопаймо амр аст, ки инак ҳавопаймо насозед, балки дастгоҳи нафас бисозед. Яъне ҳоло «Боинг» лозим нест, дастгоҳи нафас лозим аст, «Айробус» лозим нест, дастгоҳи нафас лозим аст, «Ҷет» лозим нест, дастгоҳи нафас лозим аст. Дастгоҳи нафас!
Аз «Айфон»-у «Самсунг»-у «Сименс»-у «Буш» низ хоста шудааст, ки қитъаҳои дастгоҳи нафас созанд: яъне, телефону телевизорро канор занед, мошинаи либосу яхдонро яксӯ гузоред, ҷорӯби барқиву дастгоҳи қаҳваро фаромӯш кунед, ҳамагӣ барои тавлиди дастгоҳи нафаскашӣ басеҷ шавед!
Бо фармони ахири Президенти Амрико акнун дастгоҳи нафаскашӣ ба радифи маҳсулоти махсусан муҳимми амниятӣ ворид гашта, ҳамчун борут, тир, туп, танк, мушак, ҳавопаймои ҷангӣ ва бомба таҷҳизоти низомӣ шинохта шуд. Яъне, моликият ва хариду фурӯши он салоҳияти истисноии давлат эълон гашта, содироти он ҳамчун маҳсулоти стратегӣ ба хориҷи кишвар манъ гашт. Зеро маҳз дастгоҳи нафаскашӣ имрӯз умеду наҷоти Амрико, бахше аз амнияти миллии Амрико эътироф шуд.
То имрӯз башар беҳисоб харҷ мекард, то ба зиёрати Порису Лондону Нюйорку Пекину Руму Дубай равад. Хонаводаҳо солҳо сармоя меандӯхтанд, то ба ин ниҳояти ормон ва то ба ин авҷи ифтихори худ бирасанд. Аммо ҳоло инсон дарк карда, ки барои бақою саломат ҷойе амнтар аз фазои хонаву канори хонавода нест. Имрӯз кӯчаҳои он шаҳрҳои хаёлӣ хиёбонҳои марганд. То ҷое, ки дар чашми инсони гирифтори нафас осмонхароши Нюйорк ҳеҷ азамате надораду манораи Порис оҳане беш нест, девори Чин бораи хишт асту чархаи Лондон даври сарбастаи марг, осори Рум як ривоят асту Бурҷи Халифа як ҳамоқат. Ҳоло башар ба он ҳама таҷаммул ниёз надорад, зеро сарнавишташ дар гарави чизе муҳимтар аз он аст. Ҳоло башар ба нафас ниёз дорад, ба нафасе, ки ба роҳатӣ фурӯ раваду ба ҳамон роҳатӣ барояд.
Сарватмандони рус, ки то имрӯз ҳарисона вилаву бурҷу киштию дарё мехариданд, акнун дар талвосаи хариди дастгоҳи нафаси шахсӣ ҳастанд ва омодаанд бо ҳар қимате онро ба даст оранд. Ҳатто гуруҳҳои ҷиноиву мофиёӣ, ки пештар алмосу силоҳу мухаддир қочоқ мекарданд, ҳоло ниқоби тиббиву дастгоҳи нафас қочоқ мекунанд. Роҳзанони дарёӣ ҳам ба ғорати киштиҳои интиқоли ин коло рӯ овардаанд. Дар ҳоле, ки арзиши нафту тилло ва қимати саҳмияҳои бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ ба шиддат суқут ёфтанд, фақат дар чанд ҳафтаи буҳрон арзиши як дастгоҳи нафас, ки то имрӯз ҳатто вуҷуд доштани чунин асбоберо намедонистем, аз 3-4 ҳазор ба 100-150 ҳазор доллар расид!
Ахиран достони пирамарди итолиёӣ дар шабакаҳо мечархад, ки аз ин назар басе омӯзанда аст. Ҳангоми рухсати ӯ аз бемористон, табибон хостаанд, ки пули истифодаи дастгоҳи нафаскаширо, ки соате 500 евро арзиш дорад, бипардозад. Бобо бо шунидани ин ҳарф ба гиря сар карда, мегӯяд: Пули шуморо мепардозам, аммо банда 93 сол аз ҳавои Худованд нафас кашидаам ва ҳаргиз ҳазинаашро напардохтаам. Пас ман пеши Худованд чӣ қадар қарздорам! Шояд ин қисса бошад ё набошад, аммо бе ҳеч гумоне ин ҳикмат ростин ва ҳамешагист. Ин ҳикмат, ки ҳамаи мо, пеши офариниш фақат барои нафас чӣ қадар қарздорем…
Рӯзҳои охир то ҷое зери таъсири ин андешаҳо будам, ки дасти хонавода гирифтаму маҳз барои нафаси серӣ то баландии теппаҳои Чорбоғ рафтем. Дуродур куҳҳои барфпӯш, атроф даштҳои сабз, давродавр дарахтони гулрез, зери пой замини гулхез. Насими Варзоб аз накҳату тароват маст ва Душанбеи азиз дар кафи даст. Соате дар оғуши баҳор қадам задаву аз покии ҳаво нафас мегирифтам. Эҳсос кардам, ки ин бор бисёр ҳарисона нафас мегирам, мехостам тамоми вуҷуди худро аз ин нафас, аз ин ҳаво пур кунам. Мехостам ин нафасҳоро дар худ захира кунам, зеро эҳсос мекардам, ки бо ҳама имкону тавони худ, дар ниҳоят пеши ҳамин нафас зону хоҳем зад. Дарк мекардам, ки бо ҳама бениёзии худ дар ниҳоят ба ҳамин нафас бисёр ниёз хоҳем дошт.
Ба ин дарк расида будам, ки минбаъд бештар рӯи нафас андешам, минбаъд бештар бо табиат ҳамоҳанг бошам, рӯи иддаоҳои холӣ хат кашам, молу манолро васияту нисор кунам, дӯстонро гарм дар оғӯш гираму душманонро нарм фаромӯш созам… ва агар нафас боқист, бо оромиши бештаре зиндагӣ кунам. Зеро, башаре, ки сарнавишташ дар гарави як нафас аст, ба ин ҳама даъво, ба ин ҳама дурӣ, ба ин ҳама васоил, ба ин ҳама таҷаммул, ба ин ҳама ғурур, ба ин ҳама бим ва ба ин ҳама душманӣ ниёзе надорад. Пас аз ин бояд дар пайи муҳаббат буд, дар пайи отифа, дар пайи маърифат буд, дар пайи рӯшангарӣ, дар пайи накӯӣ буд, дар пайи покӣ, дар пайи табассум буд, дар пайи гул, дар пайи оромиш буд, дар пайи пайванд. Буҳрони нафас бояд моро ба худ орад, моро дубора инсони оддӣ кунад, моро дубора ба усулу арзишҳои наҷиби инсонӣ бозгардонад. Ба мо сабақ диҳад, ки зиндагӣ метавонад басе содатар, басе амнтар, басе муфидтар, басе рӯшантар, басе осонтар ва басе ширинтар бошад.
Маҳви ин ҳол ва ғарқи ин мазмун ба фарзандон достони нафас мегуфтам, аз бемислии ҳавои диёр қисса мехондам, аз неъмати нафаси озод тараннум мекардам. Ташвиқ мекардам, ки нафасҳои амиқ гиред, бузургтарин сарват ҳамин аст, ҳавои покро ба тамом даркашед, бузургтарин неъмат ҳамин аст, накҳати баҳорро фурӯ баред, болотарин ғанимат ҳамин аст. Хоса ҳавои атрбези баҳори гулрези Тоҷикистон, хоса насими биҳиштии Ватан.
Ва эҳсосам ин буд, ки пас аз солҳои дарсгӯиву шарҳнигорӣ фақат акнун бо тамоми вуҷуд дарёфтаам, ки «ҳар нафасе, ки фурӯ меравад, мумидди ҳаёт аст ва чун бармеояд, муфарреҳи зот.» Он ҷой ниҳояти қаноат ёфтам, ки то имрӯз дар талоши неъматҳо ба асрори ин неъмати бузург роҳ набурда ва шукри шоистаи онро чунон ки бояд ба ҷой наёварда будаам. Ва ин эътирофи Мавлоно беихтиёр бар зеҳн ҷорӣ мешуд:
Гар бар тани ман забон шавад ҳар мӯе,
Як шукри Ту аз ҳазор натвонам гуфт…
Ба ҳамаи Шумо баҳори зебо, ҳавои тоза, муҳити озода, нафаси роҳат ва амнияти хотир орзумандам.
Абдуллоҳи Раҳнамо