Энсиклопедияи фарогири ҳама донишу илмҳо ва дастрас барои тамоми истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ дар ҷаҳон, Википедия ё худ Донишнома мебошад. Дар энсиклопедия иттилоот ба бисёре аз забонҳои ҷаҳон тарҷума мешавад. Донишнома иттилоотеро фаро гирифтааст, ки мавзӯъҳои пурра ва мукаммалро  дар бар мегирад. Донишнома (Википедия) дар заминаи лоиҳаи Нупедия (Nupedia) пайдо гардидааст. Лоиҳаи Нупедия худ  9-уми марти соли 2000 тарҳрезӣ шуда ва он замон олимон, муҳаррирони касбӣ ва мусаҳҳеҳон мақолаҳоро бо забони англисӣ омода мекарданд, ки то охири сол 12 мақола нашр гардид. Бо мақсади тезонидани суръати пуршавии энсиклопедия, 15- уми январи соли 2001, лоиҳасозон, Уэйлс ва Сэнгер сомонаи Донишномаро кушоданд, аз ҳамон вақт имкони иштирок дар таҳрири энсиклопедия ба тамоми истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонӣ дастрас гардид. Моҳи майи ҳамон сол аввалин модулҳои забонӣ ба захираи донишнома ворид карда шуда, ҳамакнун тавони инъикоси мақолаҳои худро бо 260 забони ҷаҳон дорад. Яке аз арзишҳои асосии Донишнома, пешниҳод кардани иттилоот ба забони давлатӣ буда, қимати онро аз ҷамбаи афзолҳои фарҳангӣ нигоҳ дошта, зиёда аз 30 миллион мақоларо дар бар мегирад, ки ҳамасола қариб 517 миллион истифодабарандагони фаъол мехонанд. Аз рӯйи ҳаҷми маълумотҳо ва мавзӯъҳо Донишнома аз ҳама энсиклопедияи бой дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Хар як истифодабарандаи интернет бидуни қайд дар сомонаи энсиклопедияҳо метавонад ба донишнома ворид гардида мақолаи зарурии худро дастрас намояд. Дар ҳолати пайдо гардидани хатогӣ ва ё норасогии маълумот бо пахш намудани тугмачаи “таҳрир” метавон хатогиҳоро ислоҳ намуда, иттилои бештар ва мақолаи худро ба сомона ворид намуд. Ба ин восита, одатан навиштаҳои номукаммал пурра гардида, мақолаҳои нав пайдо шуда, энсиклопедия ба авҷи тараққиёти худ мерасад.

Донишномаро ду гуруҳ маъмурон бо мақолаҳои илмӣ- оммавӣ таъмин намуда, идора мекунанд. Масъулине, ки сервери Донишномаро идора мекунанд, бомаош таъмин карда мешаванд. Маъмурон, ки мақолаҳоро дар Донишнома пахш мекунанд, бо маош таъмин карда намешаванд.

Мақолаҳое, ки дар Донишнома гузошта мешаванд, зери назорати масъулини он қарор мегирад ва дар сурати хатогиҳои ин ё он мақола, зуд аз ҷониби эшон ислоҳ карда мешавад. Мақола дар Донишнома чандин маротиба навишта мегардад, бад-ин маъно, ки агар иштибоҳ ё номукаммалӣ дар мақола бошад, метавонад шахси дигарро онро ислоҳ ё илова намояд. Дар энсиклопедияи Донишнома, тамоми дурусткуниҳо (правки) сабт карда шуда, ҳар як шахс метавонад таърихи тағйирдиҳии онро бубинад. Аксарияти маводҳое, ки аз тарафи истифодабарандагони энсиклопедия гузошта мешаванд, барои нусхабардорӣ, тағйирот ва паҳнкунӣ, озод мебошанд.

Маводҳои Донишнома пайваста, дар ҳоли тағйироту тавзеҳот мебошад, аз ин ҷиҳат мақолаҳо ё маълумотҳое, ки дар он ҷой доранд, қисме ҷавобгӯ ба стандартҳо ва қисми дигар бар акси он. Аз ин бар меояд, ки Донишнома сарманбаъ шудан наметавонад. Инчунин, баъзе аз мақолаҳо метавонанд хатогиҳои фаҳш дошта бошанд, аз ин лиҳоз, истифодаи Донишнома, барои корҳои илмӣ то ҷое дуруст нест.

Ворид намудани навиштаҷотҳои хусусияти таблиғӣ ва рекламавӣ дошта, дар Донишнома манъ аст. Дар умум, Донишнома сарчашмаи бепул буда, дар худ реклама надорад, дар як сол як маротиба ташкилкунандагон ҷамъоварии хайрияҳои истифодабарандагонро бо усули “кӣ чӣ қадар ҳиммат мекунад?” мегузаронанд.

Ҳар кишвар нисбати Донишнома муносибати гуногун дорад. Масалан, дар Хитой гирифтани иттилоот ва истифодаи Донишнома мамнуъ эълон карда шудааст, аммо дар Германия бошад баракс, сарчашмаи эътимоднок, ба вижа  дар риштаи ҳуқуқшиносӣ, Донишнома ба ҳисоб меравад. Мувофиқи баъзе таҳқиқотҳо дар ҷаҳон 7 %- и истифодабарандагони шабакаи интернетӣ, ҳангоми фаъол кардани интернети худ, ба Донишма низ ворид мегарданд, аммо бовуҷуди онки ҳар яки онон имкони мақола навиштанро доранд, вале на ҳама ин амалро анҷом медиҳад.

Дар Ӯзбекистон аз рӯйи маълумоти оморӣ, истифодаи Донишнома дар ҷои 6 -ум истода, айни ҳол дорои 133, 346 мақола буда, аз рӯи шумораи мақолаҳо, дар тамоми ҷанбаъ ҷои 57-умро ишғол менамояд.

Мо дар бораи таърихи пайдоиши донишнома ва сатҳи истифодаи он дар бархе аз мамлакатҳои ҷаҳонро инҷо овардем ва дар охир ба ҷои хулоса, истифодаи Донишнома ва дар чи ҳолати қарор доштани он дар кишвар, маълумоти мухтасар ба шумо хонандагони азиз медиҳем. Ҳангоми ба Донишномаи тоҷикӣ ворид гардидан, чашмам дар нигоҳи аввал ба шумораи мақолаҳо расид, ки 100-132 шумора мақоларо дар бар мегирифту бас, ки ин албатта, хеле кам аст. Иллати  кам будани истифодабарандагони Донишномаи тоҷикӣ ҳам аз он аст, ки Донишномаи мо хеле дар ҳоли заиф қарор дорад. Ҳамчунин, бисёре аз маводҳои таърихӣ, норӯшан, номукаммал ва ҳатто ғалатҳо низ вуҷуд доранд, ки ин метавонад хонандаҳоро дилсарду ноумед аз Донишнома гардонад. Ҳар яки мо дорои ғоя ва дониши кофӣ ба он дорем, то як чизи нав ворид намоем ва ё таҳқиқот гузаронида, бозёфтҳои навро ба Донишномаи тоҷикӣ ворид намоем, дар ин маврид метавон захираи онро бой гардон, агар масъулияти худ дониста, амал накунем, гумон аст, ки солҳои зиёд ҳоли Донишномаи тоҷикӣ чунин аптару забун боқӣ бимонад. Барои навиштани мақола, дар Донишнома чи тавре дар боло зикр намудем, ҳар як шахс озод метавонад  дар Донишномаи тоҷикӣ маводҳои заруриро бештар ворид намояд, дараҷаи эътибори онро баланд гардонад. Инро ғайр аз мо каси дигаре анҷом намедиҳад. Агар дар Германия Донишномаро ҳамчун сарчашмаи иттилоот, дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ истифода баранд, пас мо низ бояд Донишномаи худро ба як сатҳи ақаллан миёна бардорем то ки истифодабарандагони Донишнома бемалол мавзӯъҳо ва мақолаҳои зарурии худро дастрас намоянд.

Ва имрӯз, ки Википедия солрӯзаш аст, ба ҳар кудом истифодабарандагон, 19 солагиашро ҳумоюн бод мегӯем!

Дилои БАНДАИШО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here