Ҳавопаймои МС-21 17-уми октябри соли 2018 аввалин парвози дури худро аз фурудгоҳи корхонаи ҳавопаймосозии Иркутск оғоз кард. Тибқи иттилои манобеъи расмӣ, ки ТАСС ба он истинод кардааст, ин парвоз як парвози муқаррарӣ будааст ва 6 соат идома доштааст.  

Аммо нахустин бор ин тайёраи нав 28 майи соли 2017 парвоз кардааст ва табиист, ки он парвози озмоишӣ буд. Ин аввалин ҳавопаймо дар Русия аст, ки пурра тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуд ва талабот дар бозорҳои ҷаҳонӣ риоя шудааст. ТАСС ҳамчунин иттилоъ дод, ки баъди Sukhoi Superjet 100 (SSJ — ҳавопаймои наздикпарвоз дар ҳавопаймоии мулкии Русия дуюмин тайёраи навъи нав ва муосир аст. 

МС-21 — лоиҳаи ҳавопаймоҳои борикпайкари реактивии мусофирбар аст. Вай барои парвозҳо ба масофаи то 6 ҳазор км пешбинӣ шудааст ва қарор аст тадриҷан ҳавопаймоҳои то ин замон машҳуру маълуми Ту-154 ва Ту-204/214, ҳамчунин тайёраҳои тавлиди хориҷии Airbus А320, Boeing 737 ва ғайраҳоро иваз кунад. Албатта, дар фазои парвози дохилии ин кишвар ва дар ширкатҳои ҳавопаймоии марбут ба Русия. 

 

Бунёди лайнер

Ин ҳавопаймо аз ҷониби ширкати саҳҳомии ҳавопаймосозии ба номи А.С. Яковлев ва Коорпоратсияи “Иркут”, ки як тарҳи амалинашудаи Як-242 дар охири солҳои 1980 марбут ба он аст, сохта мешавад.  

Соли 2014 ноиби сарвазири Русия Дмитрий Рогозин изҳор дошта буд, ки силсилатайёраҳои тарҳи МС-21 Як-242 номида хоҳанд шуд. Аммо соли 2015 эълон гардид, ки ин ҳавопаймо Як-242 номида нахоҳад шуд, балки бо ҳамин номи МС-21 боқӣ мемонад. Ин қабл аз ҳама бо назардошти талаботи бозор буд, чун таваҷҷуҳ ба ҳавопаймои нав бо номи нав бештар аст. 

 

Масрафоти кам, аз нигоҳи технологӣ хуб ва муҳим он ки ватанист

Ин се сифатест, ки ба ҳавопаймои нав мансуб медонанд. То ҳол ду тарҳи он барои сохтан омода шудааст МС-21-300 (дорои 163-211 ҷойи нишаст) ва гузинаи хурдтари он МС-21-200 (барои 132-165 ҷой). Охирӣ бояд солҳои 2019-2020 соҳиби шаҳодатнома шавад. 

Ин ду навъи ҳавопаймо нусхаҳои маъмулӣ (3500 км) ва афзтоишдодашуда (5000 км) сохта мешаванд. Аммо оянда метавонад нусхаи дурҳаракати он низ сохта шавад, ки то 7 ҳазор км ҳаракат мекунад. 

Аз SSJ-100 ҳавопаймои МС-21 бо дурпарвозии худ фарқ мекунад. SSJ-100 метавонад то 108 мусофирро барад, аммо МС-21 — то 211 курсии нишаст дорад. 

МС-21 ҳавопаймое хоҳад буд, ки мусофирон аз ҳама шароити мусоиди сафар таъминанд. Тибқи иттилои маҷаллаи  «Крылья Родины» дар МС-21 ба ҳар курсии нишаст 27 дюйм (ченаки дарозӣ баробар ба 2,54 см) бурриши кундаланги бадана мувофиқ меояд (Airbus А330 — 25 дюйм,  Boeing 787 — 24 дюйм). Фарохии нишинаҳои мусофирон то 18 дюйм (А330 — 17), гузаргоҳ миёни курсиҳо то 22,5 дюйм мебошад. Ва ин назар ба ҳавопаймоҳои дигаре, ки МС-21 бояд рақобат кунад, васеътар аст. Ҳангоми парвозҳои дур мусофирон хеле роҳаттар метавонанд бошанд ва имкони гашутгузори озод дар салонро ҳам пайдо мекунанд. Ғайр аз ин, замони нишастану бархостан кӯтоҳтар аст. 

Салони мусофирони МС-21 дорои системаи ҳавокашӣ хоҳад буд ва ин ҳам боис мешавад, ки онҳо дар ҷараёни сафар худро хеле хуб ҳис кунанд.  

Нусхаҳои аввали МС-21 бо муҳаррики воридотии Pratt & Whitney муҷаҳҳаз мешавад, аммо дар оянда онҳо бо муҳаррикҳои тавлиди ватании ПД-14 иваз карда хоҳанд шуд. Муҳаррики ПД-14 дар корхонаи ОДК барои авиалайнери МС-21 сохта мешавад.  

 

Хубии дигари ин ҳавопаймо 

Бори аввал дар таърихи ҳавопаймосозии ватании Русия дар тарҳи ин лайнер наздик ба 40%-и масолеҳи таркибӣ истифода мешавад.  Интизор меравад, ки аз ҳисоби коҳиши вазни он ба суръати ҳаракаташ ҳангоми ба ҳаво хестан афзуда мешавад. 

Ҳуҷраи халабонҳои МС-21 бо назардошти талаботи муосир сохта шудааст ва бори гарони идораву дигар вазниниҳои парвозро коҳиш медиҳад. Ин ҳуҷра пурра бо техникаи навтарини муосир ҷиҳозонида хоҳад шуд. 

Ширкати «Радиоэлектронные технологии» (КРЭТ) беш аз 70 дарсади  БРЭО МС-21-ро омода кард ва ҳамзамон принсипҳои модули электронӣ истифода мешавад.  

 

Аввалин нусхаи таҷрибавӣ

Ҷамъуҷури нусхаи таҷрибавии МС-21-300, ки бо муҳаррики Pratt & Whitney муҷаҳҳаз шудааст, дар корхонаи ҳавопаймосозии Иркутск 6-уми июни соли 2016 шуруъ гардид ва рӯнамоии расмии он 8-уми июни ҳамон сол баргузор шуд.  

Аммо санҷиши нусхаи таҷрибавӣ, ки дар оғоз ба семоҳаи дуюми соли 2016 таъин шуда буд, бо иллатҳои номаълум ба соли 2017 гузаронида шуд. Дарёфти шаҳодатномаи Русия барои аввалин ҳавопаймои МС-21-300 тибқи нақша ба охири соли 2018 вогузор шуд.  

28-уми апрели соли 2018 аввалин нусхаи омодашуда барои парвоз сехи ҷамъуҷурро тарк кард ва худро барои парвози аввали санҷишӣ омода сохт. 15 май дар фурудгоҳи корхонаи ҳавопаймосозии Иркутск санҷиши он шуруъ гардид, системаҳои гуногуни ҳавопаймо мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар “Иркут” ба хабарнигорон гуфтанд, ки ҳама кор тибқи нақша ва сари вақт анҷом гирифт.  

 

Фармоишҳо барои ҳавопаймо

Ноиби сарвазири Русия Дмитрий Рогозин изҳор дошта буд, ки алалкай барои харидории ҳавопаймои нави МС-21 285 дархост расидааст ва барои пештар омода кардани 185 тайёра омодагиҳо идома доранд.  

Аввалин истифодабари он ширкати машҳури «Аэрофлот» хоҳад буд. Пешбинӣ мешуд, ки нахустин лайнер бо 175 ҷойи нишастро “Аэрофлот” дар семоҳаи чоруми соли 2018 дарёфт хоҳад кард. Аммо хабари ниҳоӣ дар ин замина расонаӣ нагардид. Дар маҷмуъ ин ширкат дар парки худ санҷиши 50 ҳавопаймои навро идома медиҳад.  

Солҳои 2015–2016 Вазорати тиҷорати саноатии ФР ва топ-менеджери ОАК хабар доданд, ки Индонезия, Арабистони Саудӣ, Танзания, Эрон ва чанд кишвари дигар барои харидани ин ҳавопаймо мароқ зоҳир кардаанд. То кунун барои 10 ҳавопаймо бо ширкати мисрии Cairo Aviation муоҳадаи пешакӣ имзо шудааст. Арзиши ҳар ҳавопаймои МС-21 болотар аз 85 миллион доллар аст. 

Моҳи феврали соли гузашта рӯзномаи «Ведомости» хабар дод, ки яке аз калонтарин фармоишгари ҳавопаймо ширкати Red Wings хоҳад буд. «Red Wings бо ширкати лизингии «Ильюшин финанс Ко» барои 10 тайёраи МС-21 муоҳада имзо кардааст. Агар истифодаи ин тайёра самаровар ва хуб шавад, пас теъдоди он то 15-16 адад меафзояд”, — гуфтааст ба ин нашрия сарвари ширкати лизингии номбурда Александр Рубсов.

Бино ба гуфтаи ӯ вақте соли 2019 аввалин МС-21 барои истифода омода мешавад, ин ширкати ҳаввопаймоии мисрӣ тадриҷан онро бо тайёраҳои Airbus ва Ту иваз менамояд. Дар айни замон ширкати мазкур дар ихтиёри худ ҳафт адад ҳавопаймоҳои Ту-204 ва Ту-214 дорад.

Албатта, вақт нишон хоҳад дод, ки ин нақшаҳо то куҷо амалишавандаанд, вале коршиносон бар ин назаранд, ки аввалин фармоишот дар дохилу хориҷ умедворкунандаанд.  

 

Роман Азанов,

«Крылья Родины»

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here