Аз касе пӯшида нест, ки дар баъзе кишварҳои олам ҳавопаймоҳои вижае ҳастанд, ки танҳо ба сарварони он мамолик хизмат мерасонанд. Дар дилхоҳ маврид роҳбарони давлат ва ё сарвазирони ин кишварҳо вориди тайёраҳои вижа мешаванд ва ба сафар мераванд. Баъзе аз ин сарварон танҳо як тайёра доранд ва иддае дигар аз хизмати чандин ҳавопаймо ҳамзамон истифода мекунанд. Ва ин ҳавопаймоҳо махсусанд, барои сафарҳои сарварон ба нукоти мухталиф ҳама шароитҳоро фароҳам овардаанд: аз бистари хобу истироҳат то толори ҷаласаву ҳуҷраи мухобирот ва ҳатто машғул шудан ба соатҳои тафреҳу варзиш. 

Ширкати Air Charter Service дар мавриди ин мавзӯ таҳқиқоте анҷом додааст ва ба ин суол посух ҷустааст, ки сарони кишварҳои мухталифи олам аз кадом навъи тайёраҳо истифода мекунанд ва ҳавопаймоҳои сафарии онҳо мансуб ба кисту чӣ шароите дорад ва арзиши он чанд аст? Ва боз аз кадом вижагиҳои дигар бархӯрдор аст. Натиҷаи ин заҳамотро мо низ ба сурати мухтасартар ин ҷо меорем. 

 

Владимир Путин ва Нуқтаи идории болдоре, ки 500 000 000 доллар арзиш дорад

Андешаи ин ки президенти Федератсияи Русия метавонад бо ҳавопаймои тавлиди кишвари хориҷа парвоз кунад ва ё ҳатто мавҷудияти ин гуна ҳавопаймо дар флоти ҳавоии сарвари ин кишвар андешаи ботил ва гузашта аст. Тайёраи рақами аввали Путин ИЛ-96-300ПУ мебошад, ки онро “Ҷамъияти саҳҳомии ҳавопаймосозии Воронеж” сохтааст. Ин як тайёраи бузурги чаҳормуҳаррика буда, аз ҳавопаймоҳои ҳамсони мулкӣ ба осонӣ фарқ карда мешавад. Дар он воситаҳои иловагии иртиботӣ насб карда шудаанд, ки тайёраи рақами яки президенти Русияро ба як нуқтаи муҳими мухобиротӣ табдил додааст ва аз ин нуқта метавон ба осонӣ ва хеле сода бо неруҳои мусаллаҳ тамос гирифт ва ё дар ҳоли зарурат ва бахусус дар вазъҳои фавқулоддаву муқовиматҳои ҳарбӣ ба онҳо ҳар гуна фармонҳоро ирсол кард.  

Тавсифи техникии ҳавопаймои ИЛ-96-300ПУ

Андозаи ин ҳавопаймо чун барф сафед наметавонад қобили эҳтиром набошад: он қариб 65 метр дарозӣ дорад ва болҳои он то 60 метр доман паҳн кардаанд. Фарқияти он аз тайёраҳои ҳамсонаш чандон зиёд нест. Вазни ниҳоии он 270 тонна ва суръати ҳаракати он болотар аз 850 км дар як соат ва дар ҳоли зарурат то 900 км дар як соат аст. Фарқияти ягона ва мушоҳидашаванда ин ба масофаи дуртар аз ҳамнавъҳояш парвоз карда тавонистани он аст. Бидуни ист барои пур кардани захираи сӯзишворӣ ин тайёра қодир аст ба масофаи то 13 ҳазор км парвоз кунад.  

Сохтусози ҳавопаймои ИЛ-96-300ПУ

Аммо дохили ин ҳавопаймо то ҳадди шинохтанашаванда аз ҳамнавъҳои худ фарқ мекунад. Аз берун гӯё инҳо як ҳавопаймоянд, ки бо фарқи андаке мепарвозанд, вале чун дохили он ворид шавед, баъд мебинед, ки ин чисту онҳо чистанд. Сохтусози дохил таврест, ки сарвари як кишвари қутратманд дар он на танҳо парвоз мекунад, балки одитарин шароити тафреҳиву кории вай фароҳам оварда шудааст. Масоҳати кобинаи Владимир Путин дар ҳавопаймои ИЛ-96-300ПУ бештар аз 10 метри мураббаъ аст. Солуни тайёра бо гобелен (қолини қоқмаи девории суратдор) оро дода шудаву бо тилло ва сангҳои гаронарзиш хотамкорӣ шудааст. Он дорои ҳуҷраи истироҳат ва варзиш аст.  

Имкониятҳои вижаи ҳавопаймои ИЛ-96-300ПУ

Мавзӯи муҳим ва масъалаи аслие, ки созандагони ҳавопаймо мебоист ҳаллу фасл мекарданд, ин таъмини амнияту бехатарии тайёраи президенти Русия буд. Ин фаҳмост, ки ин гуна як лайнери азимҷусса ниёз ба пӯшиш дар қаламрави Русия ва баъзан берун аз он дорад ва мебояд онро халабонҳои авиатсияи ҳамлавари неруҳои ҳавоии Русия бадрақа кунанд. Худи ҳавопаймо дорои воситаҳои зиёди ҳифозатист ва аз онҳо метавон дар ҳолатҳои ҳамла дар замин ва дар ҳаво истифода кард: ин тайёра дорои баданаи пӯшидае низ мебошад, ки онро стансияҳои радиолакатсионӣ камтар пай мебаранд ва системаи автоматии монеъагузорӣ ба кашфи радарҳо ва ҳатто барои системаи сипари ҳавоии дохилӣ низ дорад. Ифшои маълумоти бештар аз ин сирри давлатӣ дониста мешавад ва аз ин рӯ наметавон беш аз ин дар бораи системаи ҳифозатии ҳавопаймои президенти Русия ҳарф зад, дақиқан ин гуна маълумот махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ва он чи ки боз ҳам метавон гуфт, бо худ доштани ҷомадони ҳастаист, ки маъмулан сарони мамолики ҳастаӣ ҳамеша бо худ хоҳанд дошт.  

Флоти ҳавоии президенти Русия

Ин вуҷуд дорад. Ва ин флот танҳо иборат аз ҳамин як адад ҳавопаймо нест, балки дорои чаҳор тайёра аст. Аммо ин ҷо ҳарф боз ҳам сари таъмини амнияту бехтарист, на сари эътимоду беэътимодӣ бошад. Ва чун дар бораи сафари дохилӣ ва хориҷии сарвари давлат хабар мерасад, ҳамаи ин чаҳор ҳавопаймо омодагӣ мегиранд. Ва маҳз дар кадоме аз ин чаҳор тайёра Путин парвоз мекунад, касе то охирин лаҳазоти парвоз намедонад. Ва чун интихоб сурат мегирад, ҳамаи тайёраҳои боқимонда ҳам аз ақиби ҳавопаймои аввал чун эҳтиёт ба парвоз меоянд. Дар маҷмуъ флоти президенти Русия дорои 68 киштии ҳавоист, аммо дар амал 64 адади он фаъоланд ва чор тайёра барои эҳтиёт нигоҳдорӣ мешаванд.  

Арзиши тахминии ИЛ-96-300ПУ

Посухи дақиқ ба суоли ин ҳавопаймои рақами як барои президенти Русия ба чӣ маблағе сохта шудааст, вуҷуд надорад. Танҳо худи ИЛ-96-300ПУ беназардошти таҷҳизоти дохилии он наздик ба 600 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Вале он чӣ болотар нақл кардем бурун аз ин масрафот аст.  

 

$1 000 000 000  арзиши Air Force One-и Доналд Трамп

Air Force One-ин номи умумии ҳар ҳавопаймои амрикоист, ки дар он президенти ин кишвар нишастааст. 

Boeing 747-ҳавопаймои ҷаҳормотораи бузурге мебошад, ки онро ширкати ҳавпаймосозии Боинг месозад. Тавлиди ин ҳавопаймо дар замони худ инқилобе буд дар самти ҳавпоймосозии мусофирбарии ҷаҳонӣ. Боинг 747 бо чаҳор мотор ва ва сохтори дутабақаӣ қобилияти ҷобаҷоии ҳаддиаксар 550 мусофирро доро мебошад. Дарозии он бештар аз 70 метр, андозаи болҳояш 65 метрӣ буда, суръати ҳаракати он то ба 1000 км дар як соат мерасад ва он метавонад ба масофаи то 14 000 км беист парвоз кунад. Дар ҷараёни сохтани нусхаи нави Boeing 747-200 барои президенти ИМА чун дар ҳоле, ки бо ИЛ-96-300ПУ барои президенти Русия дидем, ба сохтусози он баъзе тағйиротҳо ворид карда шуд ва ҳамин тағйиротҳо онро аз ҳамгунаҳои мулкиаш фарқ мекунонад. Яке аз ин фарқиятҳо имкони он ки ин тайёра метавонад дар ҳаво ва дар ҳоли ҳаракат бидуни таваққуф сӯзишворӣ гирад ва ба роҳаш идома диҳад. Ва ин имкон медиҳад, ки ҳавопаймои президенти Амрико муддати тӯлонӣ дар ҳаво бошад.  

Вижагиҳо дар имконоти VC-25A

Чун ИЛ-96-300ПУ барои Владимир Путин VC-25A метавонад барои Доналт Трамп низ чун як нуқтаи комилан муҷаҳҳази мухобиротӣ бошад ва сарвари Амрико дар ҳар ҳолат бо замин ва ниҳодҳои кишвараш, бахусус неруҳои ҳавоии он дар иртиботи ҳамешагӣ ва мустақим бошад. Ғайр аз ин, ин ҳавопаймо дорои бахши ҷарроҳии муҷаҳҳаз бо ҳама лавозимоти зарурии тиббӣ мебошад ва дар сурати лозим метавонад ёрии фаврии тиббӣ ва ҷарроҳӣ расонад. 

Сохтусози Boeing 747-200B

Аввалин бор тағйиру иловаҳо ба сохтусози Boeing 747-200B бо пешниҳоди ҳамсари президенти 40-уми ИМА Роналд Рейган — Нэнси Рейган тибқи сабки қисмати Ҷанубу Ғарбии ИМА ворид карда шуд. Масоҳати қобили истифодаи дохили ин ҳавопаймо беш аз 370 метри мураббаъ мебошад. Аммо баъдан ҳам ин ҳавопаймо такмил мешуд ва ҳар бор вобаста ба талаби замон ба он чизҳое иловаву чиҳое кам карда мешуд. Бахусус системаи мухобиротии замони Трамп ба замони Рейган ба куллӣ фарқ мекунад. Аввалин мусофири ҳавопаймое, ки ҳоло Трамп дар он парвоз мекунад, Ҷорҷ Буши калонӣ будааст, ки соли 1990 дар он нишастааст. 

Ин ҳавопаймо ба манзалаи як хонаи истиқоматӣ ҳам ҳаст, ки дар он метавон истироҳат кард, дар ҳуҷраи корӣ кор кард, саргарми варзиш шуд, ғизо хӯрд ва хобид. Аксари мебелҳои ин ҳавопаймо дастисохтанд ва аз ҷониби устоҳои моҳир сохта шудаанд.  

Ва ин табиист, ки сарвари ҳар кишваре дар ҳавопаймо тани танҳо сафар намекунад ва ҳамеша ӯро афроде аз ҷумлаи муҳофизон ва вузарову хидматрасонҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Барои ин тайёра ин ҳамаро ба нақша гирифтаву ҷойҳои махсус барои ҳайатҳо ҷудо кардааст. Дар маҷмуъ дар ҳавопаймои президенти ИМА 70 нафар бо 26 ҳайати идории он парвоз карда метавонанд. 

Арзиши ҳавопаймои сафарии Трамп

Чуноне дар мавриди ҳавопаймои президенти Русия ишора кардем, дар бораи арзиши тайёраи Трамп низ чизи мушаххасе гуфтан мушкил аст. Танҳо ин маълум аст, ки дар замони сохта шудани аввалин VC-25A (дар соли 1990) нусхаи мусофиркашии Boeing 747-200 наздик ба 100 миллион доллар арзиш дошт. Ва ин тағйиру иловаҳои дохили ҳавопаймо барои президент бо ҳама таҷҳизотҳои замонавиву иртиботӣ ва солонҳои тафреҳиву истироҳатӣ ва корӣ арзиши аслии онро хеле боло бурд. Ва агар ба назар гирифта шавад, ки ҳар бор ду VC-25A тағйир дода мешуданд, метавон ҳадс зад, ки ҳар Boeing 747-200B барои президенти ИМА наздик ба 1 миллиард доллар арзиш пайдо карда буд. 

Ва нуктаи дигар: Доналд Трамп ба муҷарради расидан ба Кохи Сафед муоҳадаи иваз намудани ҳарду VC-25A-ро ба Boeing 747-8-и мудерншуда лағв кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин ду VC-25A муддати 25 сол аст, ки дар хидматанд. Гумагуҳо дар мавриди иваз шудани ҳавопаймоҳо аз соли 2009 дар ҷараёнанд ва гуфта мешуд, ки аввалин ҳавопаймои нав соли 2017 дар ихтиёри Кохи Сафед қарор мегирад ва арзиши муоҳада бештар аз 1,5 миллиард доллар буд. Аммо Трамп ин тарҳро лағв кард ва имрӯз сарвазири Ҷопон, шоҳи Арабистони Саудӣ ва султони Бруней назар ба Трамп ҳавопаймоҳои муҷаҳҳазу пешрафтатар доранд.  

 

Си Ҷинпин ва Боинги $250 000 000 доллараи ӯ

Дар қиёс ба ҳамкасбону ҳамтоёни худ, ки калиди зохоири ҳастаӣ дар даст доранд ва қудратҳои атомӣ номида мешаванд, дабири кулли Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Чин Си Ҷинпин аслан ҳавопаймои рақами як надорад. Барои сафарҳои давлативу расмӣ ба мамолики дигар сарвари Чин аз ду ҳавопаймои тамғаи Boeing 747-400 мансуб ба ширкати ҳавоии Air China (рақамҳои B-2447 ва B-2472) истифода мебарад, ки арзиши ҳар кадоми онҳо замони сохта шуданашон наздик ба 250 миллион доллари ИМА буд. 

Ин ду ҳавопаймо дар хатсайрҳои ҳамешагии ширкати Air China дар парвозанд, яъне онҳо вижаи сарвари Чин нестанд, вале чун сафари Си Ҷинпин эълон мешавад, онҳо аз ҷониби хадамоти амниятӣ комил мавриди санҷишу тафтиш қарор мегиранд (ва ин санҷишҳо метавонанд чанд ҳафтаро дар бар гиранд) ва баъдан ба сафар омода месозанд, аз солони онҳо роҳаткурсиҳо барчида мешаванд ва ба ҷойи онҳо меҳмонхона, ҳуҷраи корӣ ва хоб доман мегустаранд. Ҷузъиёти ин дигаргуниҳо чандон рушан нестанд, вале бино ба баъзе маълумотҳо асосан ин тағйиротҳо дар қисмати саввуми ҳавопаймо сурат мегиранд. Баъди анҷоми сафари Си Ҷинпин ин ду ҳавопаймо дубора ба ширкат бармегарданд ва ба парвозҳои мулкии худ идома медиҳанд.  

Сохтусозир Boeing 747-400 — и Си Ҷинпин

Дар бораи ҳолати дохилии Boeing 747-400 Air China, ки дар хидмати сарвари аввали кишвар қарор мегиранд, танҳо метавон аз рӯи баъзе расмҳои расман интишорёфта ҳукм кард, аз ҷумла аз гуфтушуниди Си Ҷинпин бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Ва он чи метавон гуфт, ин аст, ки сарвари Чин аз дабдабаву ҳамҳама ва густардагии майдони тафреҳу истироҳат ва ғайра назар ба дигарон хеле фосила гирифтааст.   

Чаро раиси давлати Чин тайёраи хусусӣ ва ҳамешагии худро надорад? Соли 2001 дар замони ҳукмронии Сян Земин ин масъала мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд. Ҳавопаймоҳои шабеҳ ба тайёраҳои сафарии президентони Русия ва ИМА он замон ба фурудгоҳи Сан-Антонио (ИМА) барои таҷҳизонидан оварда шуданд, вале аз он замон дигар сарварони Чин аз онҳо аслан истифода накарданд. Сабаби ин ифшо нашуд ва ҷониби Чин хомӯшӣ ихтиёр намуд. Вале бино ба навиштаи матбуоти Амрико хадамоти амниятии Чин ҳангоми санҷиши ин тайёраҳо дар кобини пилотҳо ва худи солони мусофирон чандин дастгоҳҳои кӯчаки шунаванда пайдо кард. Баъди ифшогариҳои матбуоти Амрико ҷониби Чин ҳам ба ҳамин як ишораи хеле нозуке кард. Пас аз анҷоми санҷиш хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ҶМЧ эълон намуд: “Ҳеч зарурати шунидани Чин вуҷуд надошт”. 

 

Конрад Аденауэр ба маблағи 300 000 000 доллар барои Ангела Меркел

Хадамоти расмии хизматрасон ба садриаъзами Олмон Ангела Меркел ва сарони дигари ин кишвар воҳиди вижаест, ки ин гуна метавон онро тарҷума кард: “Флоти ҳавоии ҳукумати Олмон”. Он бештар аз 1000 нафарро дар бар мегирад. Ин сарбозону афсарон на танҳо амнияти сарваронро таъмин мекунанд, ҳатто дар ҳоли зарурат ҳозиранд силоҳҳои сангинро дар кӯтоҳтарин фурсат ба макони таъиншуда эъзом намоянд.  

Флоти ҳавоӣ барои Ангела Меркел

Порки киштиҳои ҳавоии Фрау Меркел васеъ аст ва дорои ҳамин миқдор ҳавопаймост, ки ба иҷрои ҳар гуна вазифаҳо ва парвозҳои дохиливу хориҷӣ басандаанд. Барои парвозҳои дохилӣ ва ё кишварҳои ҳамсояи наздик садриаъзами Олмон метавонад аз яке аз се чархболҳои махсус таҷҳизонидашудаи Eurocopter AS 532 истифода кунад. Барои парвозҳои дуртар, масалан аз 2000 км бештар, 4 бизнес-ҷети Bombardier Global 5000 дар хидмат хоҳанд буд, ки арзиши ҳар кадоми онҳо замони сохта шуданашон наздик ба 70 миллион доллар буд. Ғайр аз ин ҳукумати Олмон дар порки ҳавпаймоҳои хизматии худ Airbus A319-133X CJ низ дорад, ки ҳар кадоми онҳо беш аз 150 миллион доллар қиммат доранд ва онҳо барои сафарҳои хориҷи дур иистифода мешаванд.   

Аммо ҳукумати олмон бештар ба Airbus A340-313X VIP «Конрад Аденауэр» ва ҳамсони он Airbus A340-313X VIP «Теодор Хойс» таваҷҷуҳ дорад. Лайнере, ки ба номи аввалин садриаъзами Олмон номгузорӣ шудааст, охири моҳи марти соли 2011 ба ихтиёри ҳукумат гузошта шуд. То ин замон ин ҳавопаймо пайваста дар хати Lufthansa чун як ҳавопаймои мулкии маъмулӣ дар парвоз буд. 

Сохтусози Airbus A340-313X VIP «Конрад Аденауэр»

Ин киштии ҳавоии ғунҷоиши 150 мусофир дорад. Дар дохили он ҳуҷраҳои кориву истироҳатӣ, толори ҷаласот ва ҳама шароити мусоиди техникӣ ва иртиботҳои мухобиротӣ, ҷойи шустушӯву тафреҳ, машқи бадан ва ғайра вуҷуд дорад. Ҳамчунин «Конраде Аденауэре» дорои ҳуҷраест, ки дар он метавон ҳама гуна гуфтушунидҳои махфиро ҳам гузаронд ва барои ин шароитҳои заруриро фароҳам овардааст.  

Ҳавопаймои канслери Олмон бо системаи “худиву бегона”, системаи мудофиаи мушакӣ таҷҳизонида шуда, ҳамчунин бакҳои иловагии сӯзишворӣ дорад ва он метавонад то 13 500 км масофаро тай кунад. Ин дурбурд кофист, ки бидуни резиши изофаи сӯзишворӣ ва таваққуф аз Берлин то Вашингтон, Пекин ва ё Рио-де-Жайнеро парвоз кунад.  

Арзиши тахминии «Конрада Аденауэра» ва «Теодора Хойса»

Ин ду ҳавопаймо аз рӯи андоза ва таҷҳизоти дохилӣ камтар аз Air Force One Доналд Трамп ва ё ИЛ-96-300ПУ Путин нестанд. Дар қиёс ба Boeing 747-200B — и Трамп Airbus A340-313XVIP метавонад ду баробар бештар мусофиронро ғунҷонад (ба ҷойи 70 147 ҷой дорад). Арзиши тахминии  «Конрада Аденауэра» ва «Теодора Хойса» наздик ба 300 миллион доллар аст. 

 

Елизавета II ва эскадриляи 32-уми неруҳои ҳавоӣ ба маблағи 100 000 000 доллар

Эскадрилаи 32-уми неруҳои ҳавоии Британияи Кабир вижаи Маликаи ин кишвар Елизаветаи дуввум, аъзои хонаводаи ӯ ва ҳукумати Британия мебошад. Дар ҳайати он ду чархболи AW109 вуҷуд доранд, ки ба масофаи то ҳазор км парвоз мекунанд, 6 ҳавопаймои BAe-125, чаҳор таёраи реактивии миёнаҷуссаи BAe 146 дохил мешавад. Чархболи шахсии малика Елизаветта Sikorsky S-76 Spirit буда, он дар итоати Раёсати кохи шоҳаншоҳӣ мебошад. Дар маҷмуъ флоти 32-уми неруҳои ҳавоии Шоҳигарии Британия наздик ба 100 миллион доллари ИМА арзиш дорад. Барои парвозҳои дур то ҳамин охирҳо аз ширкатҳои  British Airways ва ё Virgin Atlantic Airways ҳавопаймои Boeing 747 ва ё  Boeing 777 ба иҷора гирифта мешуд. Дар ҳолатҳои вижа барои бурдани хонаводаи малика метавонанд тайёраҳои мусофирбар ва чархболҳои неруҳои ҳавоии Британия истифода шаванд.  

 

Тереза Мэй ва Airbus A330-и 250 000 000 доллараи вай

Ҳавопаймои мазкур ба ҳамин қарибиҳо вориди парки тайёраҳои неруҳои ҳавоии Шоҳигарии Британия шуд ва арзиши он ҳудудан 250 000 000 доллар мебошад. Яке аз имкониятҳое, ки ин ҳавопаймо дорад, дар ҳаво гирифтани сӯзишворӣ ва бидуни таваққуф идома додан ба сафар мебошад. Дар қиёс ба ҳавопаймоҳои сарварони дигар кишварҳои ҳастаии олам тайёраи Тереза Мэйро метавон як ҳавопаймои шабеҳ ба тайёраи мулкӣ номид.   

 

СохтусозиAirbus A330

Такмили ин ҳавопаймо ва аз нав муҷаҳҳаз кардани он дар шароити басо шадиди иқтисодӣ сурат гирифт. Дар матбуоти ин кишвар ин гуна хабарҳое ҳам нашр шуда буданд, ки барои такмилу таҷҳизи ҳавопаймои сарвазир 20 миллион доллари молиётсупорандагони англис сарф шудааст. Ва боз дар ҳошияи ин гуна хабарҳо иттилоъ дода мешуд, ки танҳо дар як сол ин ҳавопаймо имкон дод, ки аз ҳисоби иҷораи тайёраҳои дигар ду миллион доллар сарфакорӣ шавад.  

Ҳавопаймои Тереза Мэй хеле одиву сода аст. Дар қисмати пеши он минтақаи начандон бузурги VIP ҷойгир аст, ки аз ду роҳаткурсӣ иборат аст. Пардаи ҷудошаванда ӯро аз мусофирони дигари ҳавопаймо ҷудо мекунад ва таваҷҷуҳи ҳайати сафар ба ӯ ҷалб намешавад. Салони марказии ҳавопаймо дорои 58 ҷойи нишаст аст ва дар он метавонанд ҳамаи вазирон бо ҷонишинҳояшон комилан ҷой гиранд. Дар қисмати охири Airbus A330 наздик ба 100 курсӣ гузошта шудааст, ки вижаи журналистоне мебошад, ки фаъолияти кобинаи вазиронро пӯшиш медиҳанд.  

Зимнан, дар гузашта, сарвазири пешини Британияи Кабир Дэвид Кэмерон баъзан дар ҳавопаймоҳои мулкӣ, ҳамроҳ бо мусофирони дигар ба сафар мерафт, вале дар ин ҳол ӯро ду муҳофизаш зери назорати ҳамешагӣ доштанд.  

 

Ҳавопаймои Султони Бруней бо арзиши 220 000 000 доллар

Султони Бруней Ҳасанал Барқия аз замоне, ки ба дунё омад, дар иҳотаи тиллову зару зевар ва сангҳои қиматбаҳо буд. Ва ҷойи тааҷҷуб ҳам надорад, ки ҳавопаймои ин шоҳи шоҳигарии Брунейро ҳатто қасри паррон ҳам меноманд. Ҳавопаймои Airbus A340-212 барои султон ба 100 миллион доллар харидорӣ шудааст. Боз 120 миллиони дигар барои муҷаҳҳаз сохтану такмилу таҷҳизи он масраф шудааст. Ҳамаи ин корҳоро дар қаламрави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом доданд. Дар натиҷа ин лайнер на танҳо дорои як салони васеъ ва барҳаво ва зебову диданӣ шуд, балки онро комил сангҳои гаронбаҳо ва зеварҳои хушру оро доданд. 

Ҳавопаймо баъди такмил дорои бакҳои иловагии сӯзишворӣ шуд, ки дар натиҷа ҳоло он бидуни нишасти иловагӣ метавонад 15 ҳазор километрро тай кунад. Дар ҳоле, ки дар сохти аввала он наметавонист аз 12,5 ҳазор км дуртар парвоз кунад.   

 

Тамим бин Ҳамад бинни халифа Оли Сонӣ ва флоти ҳавоии 1 500 000 000 доллараи ӯ

Амири Қатар Тамим бин Ҳамад бинни халифа Оли Сонӣ на танҳо як фарди сарватманди олам ба шумор меравад, балки дорандаи як флоти ҳавоии бузургест, ки дар он на танҳо сарвари давлат, балки бисёре аз аъзои ҳукумат ва аъзои хонаводаи шоҳ парвоз мекнунад. Дар сафарҳои расмиаш амири Қатарро ҳаддиақал ҳазор нафар хешованд, ҳайати давлатӣ ва персонали хизматӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин сафар на танҳо одамон, балки бори шахсии амир садҳо тоннаро ташкил медиҳад ва ба ин захираи ғизое, ки амир одат дорад аз он тановул кунад, ҳатто лимузинҳои гаронарзише, ки қарор аст дар кишваре, ки сафар дорад, аз онҳо истифода кунад, низ ҷой мегиранд.  

Ва дар олам ягон тайёрае вуҷуд надорад, ки ин бори гаронро ба танҳоӣ кашад. Аз ин рӯ дар ҳама сафарҳо амири Қатар бо чанд ҳавопаймо ба роҳ мебарояд. Масалан дар гуфтушунид бо сарвазири Ҷопон ҳайати Қатар бо 10 ҳавопаймо ҳозир шуд, ба Шветсария бо 8 ҳавопаймо рафтанд.  

 

Флоти ҳавоии шоҳигарии Қатар

Барои сафарҳои сарвари давлат, хонаводаи ӯ ва мансабдорони давлатӣ ширкати алоҳидаи ҳавонавардӣ бо номи Qatar Amiri Flight, ки вижаи ҳукумати Қатар аст, хизмат мерасонад. Он соли 1977 бунёд шуд. Соли 2016 флоти ширкати Qatar Amiri Flight аз 14 ҳавопаймо иборат буд, ки арзиши онҳо ба беш аз 100 миллион доллар мерасид. Ҳоло дар ихтиёри амири Қатар Тамим бин Ҳамад бинни халифа Оли Сонӣ се ҳавопаймои Airbus A319-100 (CJ), ду Airbus A320-200 (CJ), ду Airbus A330-200, ду Boeing 747-8 BBJ ва як ададӣ Airbus А310-300, Airbus А320-200, Airbus А340-200, Airbus А340-300 ва Airbus А340-500 қарор доранд.

Ғайр аз ин тайёраҳо амири Қатар аз ҷет Bombardier BD-700-1A10 Global Express ва ҳавопаймои ҳарбиву нақлиётии неруҳои ҳавоии ин кишвар Boeing C-17 Globemaster II истифода мебарад. 

 

Ҳавопаймои 250 000 000 доллараи Нурсултон Назарбоев

Бино ба гузоришҳои сомонаи расмии президенти Қазоқистон соли 2016 сарвари ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар сафарҳои хориҷӣ хеле фаъол буд ва аз 15 кишвари олам бо сафари расмӣ рафт (ба баъзе аз ин мамолик чандин бор сафар кард). Дар маҷмуъ зарфи ин як сол сарвари Қазоқистон 140 соати умрашро дар ҳаво пушти сар кард ва 99 ҳазор км масофаро тай намуд. Ба сарвари ин кишвар ширкати ҳавопаймоии “Беркут” хизмат мерасонад. Ин ширкат дар Остона ҷойгир аст. 

 

Флоти ҳавоии Нурсултон Назарбоев

Парки ширкати номбурда дорои бештар аз 10 ҳавопаймо ва чархболҳои тамғаҳои гуногун мебошад, вале на ҳамаи онҳо махсуси парвозҳои шахси аввали кишваранд. Табиист, ки дар масофаҳои хеле наздик ва ё душворгузар Назарбоев бо истифода аз яке аз чархболҳои Ми-8 парвоз мекунад. Ба сафарҳои нисбатан дур вай бо ҳавопаймоҳои СRJ-200 ва Embraer-135-ширкати “Беркут” меравад.

 

Арзиши тахминии тайёраи рақами яки президенти Қазоқистон

Барои сафарҳои давлатии хеле муҳим ҳавопаймоҳои Airbus A320-214(CJ) Prestige, Airbus A321-211(CJ) ва Airbus A330-243 Prestige истифода мешаванд. Ва охирӣ бидуни баҳс ва бидуни шак флагмани ширкати давлатии ҳавопаймоии Қазоқистон аст. Маҳз ҳамин ҳавопайморо Нурсултон Назарбоев барои рафтан ба форумҳои калони байналмилалӣ ва анҷоми сафарҳои давлатӣ ба кишварҳои бузурге чун ИМА, Чин, Русия ва Ҷопон истифода мебарад. Бино ба арзёбиҳои гуногун тайёраи рақами якуми президенти Қазоқистон 250 миллион доллар арзиш дорад.  

 

Шоҳи Баҳрайн Ҳамад ибн Исо ал-Халифа ва VVIP Вoeing 767-400FSER — и 250 000 000 доллараи ӯ

Шоҳигарии Баҳрайн хурдтарин кишвар дар миёни ҳамаи кишварҳои арабист, вале сарвату боигарии ин мамлакат боис шудааст, ки ин ҷазираи шоҳаншоҳӣ ба як мамлакати сарватманди Халиҷи Форс табдил ёбад.  

Ширкати давлатии ҳавопаймоии Баҳрайн Bahrain Royal Flight, ки соли 1981 поягузорӣ шудааст, ҳоло яке аз ширкатҳои аслист, ки ба Ҳамад ибни Исо хидмат мерасонад. Флоти ҳавоии шоҳи Баҳрайн дар айни замон аз шаш тайёра иборат аст: Boeing Business Jet BBJ2, ду Boeing 747-400, Boeing 767-400, Gulfstream Aerospace G-IV Gulfstream ва Bell 430. Ҳар кадоми онҳо барои сафари хонаводи шоҳ ва масъулини давлату ҳукумат вазифаҳои вижа доранд.

 

Сохтусози Boeing 767-400 FSER ва Boeing Business Jet BBJ2

Дар бораи тайёраҳои Boeing 767-400 FSER  ва Boeing Business Jet BBJ2, ки ширкати Bahrain Royal Flight ахиран харидорӣ кардааст, меарзад, ки муфассалтар ҳарф занем. Кори таҷҳизу такмили ин ду ҳавопаймо аз ҷониби ширкати Lufthansa Technik гузаронида шуд.  Баъди он ки корҳои такмил пурра анҷом ёфтанд, кори ороишоти дохили Боингҳо оғоз гардид ва онҳо қаламрави Lufthansa Technik-ро дар Ҳамбург тарк карданд ва ба Дублин омаданд ва дар ин ҷо онҳо бо рангҳои хос оро дода шуданд.   

Бояд гуфт, ки ҳавопаймои дурпарвози Boeing 767-400 охирин намояндаи оилаи ҳавопаймоҳои Boeing-767 мебошад, ки аз нусхаҳои қаблии он ба куллӣ фарқ мекнуад. Boeing 767-400ER бо бори пурра метавонад масофаи бештар аз 10 ҳазор км-ро тай кунад. Ин навъи ҳавопаймо аввалин парвози худро соли 2001 шуруъ карда буд.   

 

Парки ҳавопаймоҳои президенти Белорусия: Боингҳо барои нухбагон бо арзиши 210 000 000 доллар

Барои президенти Белорусия ширкати ҳавонавардии Belavia хизмат мерасонад ва ин парк иборат аз 3 ҳавопаймост. Гаронарзиштарин ҳавопаймои Александр Лукашенко Boeing 767-300ER мебошад, ки онро аз Туркманистон харидаанд. Ҳамчунин муддати бештар аз 15 сол аст, ки тайёраҳои Boeing 737 Business Jet ва Ту-154M дар хидмати сарвари Белорусия қарор доранд. Ва чун суоли сабаби харидории ҳавопаймои нав пеш омад, посух доданд, ки тайёраҳои пешин муносиб ба парвозҳои дур нестанд, масалан бо онҳо аз Белорусия бидуни таваққуф дар роҳ наметавон мустақим то Амрикои Лотин парвоз намуд.   

Boeing 767-300ER — ин ҳавопаймоест, ки метавонад ба масофаи 10 550 км парвоз кунад ва ин нишондиҳанда ду баробар бештар аз  Boeing 737 — дуюмин тайёраи парки Лукашенко мебошад. Баландии ин ҳавопаймо 15,85 метр, вусъати болҳояш  47,57 метр, дарозии он 54,94 метр ва баландтарин суръати ҳаракаташ 980 км дар як соат мебошад.  

 

Арзиши ҳавопаймоҳои президенти Белорусия

Александр Лукашенко боре дар суҳбаташ бо ВАО иқрор шуда буд, ки ҳавопаймои нави Boeing 767-300ER  250-300 миллион доллар арзиш дорад. Бо мақсади сарфаҷӯӣ Белорусия  Boeing 767-300ER — ро аз Туркманистон ба маблағи тахминан 100 миллион доллар харидорӣ кард. Арзиши ҳавпаймои Ту-154M, ки соли 1995 истеҳсол шудааст, тахминан 10 000 000 доллар аст. Ҳамин тариқ ҳамаи ин тайёраҳо дар маҷмуъ наздик ба 210 000 000 доллар арзиш доранд.

 

Ва президентони дигар:

Раиси ҷумҳури Украина се ҳавопаймо ва чархболи “меросӣ” дорад. Ба нафарони аввали Украина ширкати ҳавопаймоии «Украина» хизмат мерасонад ва парки ҳавопаймоҳои президент Порошенко аз ду ҳавопаймои тавлиди Украина — Ан-74 ва Ан-148, Airbus A319CJ-и франсавӣ, ки ба 86 000 000 доллар харидаанд ва чархболи Ми-8 иборат аст. Петр Порошенко дар мавриди парвозҳо ба кишварҳои дигар ва анҷоми диду боздидҳои расмиву давлатӣ назар ба пешгузаштаи худ Янукович хоксоронатар амал мекнуад. Янукович дар замони худ ду ҳавопаймои дигарро ҳам ба иҷора гирифта буд, ки соли 2011 барои онҳо аз хазинаи давлат 86 700 доллар пардохт шуд.   

Президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дар ҳавопаймои давлатие ба сафар меравад, ки 166 000 000 доллар арзиш дорад. Модели ин ҳавопаймо A340-200 буда, аз ҷониби ширкати ҳавпаймосозии франсавии Airbus S.A.S. сохта шудааст. Ва бояд гуфт, ки президент якҷо бо дигар намояндагони ҳукуматаш аз соли 1995 дар ин ҳавопаймо сафар мекунанд. 

Императори Ҷопон Акихито ва наздикони вай дар ду ҳавопаймое парвоз мекунанд, ки 600 000 000 арзиш доранд.  

Airbus «Сантос-Дюмон» -и президенти Бразилия Мишел Темер 80 000 000 доллар қиммат дорад. Ҳавопаймои асосии президент Airbus A319CJ мебошад, ки соли 2005 истеҳсол шудааст.  

Президент Кения Ухуру Кениата бо ҳавопаймои Fokker 70 парвоз мекунад, ки гуфта мешавад 20 000 000 доллар қиммат дорад. Аммо барои парвозҳои масофаашон наздик Ухуру аз ҳавопаймои думатории канадиёии De Havilland Canada DHC-8-100 истифода мекунад. 

Ҳавопаймои президенти Бангладеш Абдул Ҳамид Boeing 777-300ER  мебошад, ки бино ба маълумоти расмӣ 260 000 000 доллар арзиш дорад.  

 

Ба ҷойи хулоса

VIP хизматрасониҳо аз усулҳои хеле серталаб дар авиатсияи мулкӣ дар сар то сари олам аст. Ва чуноне дар ин гузоришҳо дидем, ҳар кишвар ва ҳар сарвар паркҳои ҳавопаймоии худро дорад, баъзеи онҳо хоксоронаву одӣ, аммо баъзе хеле пурдабдаба. Бахусус кишварҳои сарватманди олам гӯё дар доштани ҳавопаймоҳои гаронарзиш ва орододаву такмилдода бо ҳам мусобиқа мекунанд.  

Дар миёни ҳамаи сарони кишварҳо президенти Русияро бо доштани ҳавопаймо ва чархболҳо (68 адад, ки 64 адади он дар истифода буда, 4 адади дигар захиравист) метавон рекордсмен номид. Амири Қатар дуюмин пешгоми ин мусобиқот аст. Агар президенти Русия бо теъдоди ҳавопаймову чархболҳояш дар ҷойи аввал бошад, пас амири Қатар бо арзиши умумии флоти ҳавоии худ, ки болотар аз якуним миллиард доллар мебошад, пешсаф аст. Ва амири Қатар дар “шумори ҳамсафаронаш” ҳам дар олам аз ҳама пеш аст. Дар сафарҳои расмӣ Тамим бин Ҳамадро то 1000 нафар ҳамроҳӣ мекунанд ва бағоҷи шоҳ садҳо тоннаро дар бар мегирад, ки ғизо ва мошинҳои Лимузини хизматрасон низ аз ин ҷумлаанд.  

Ва чуноне болотар ишора кардем, сарвазири Ҷопон, шоҳи Арабистони Саудӣ ва султони Бруней Боингҳои навтарин доранд, ки Доналд Трамп надорад. Ҳавопаймои сафарии Трамп 25 сол пеш тавлид шудааст. 

Дар миёни тоҷирону миллиардерон калонтарин ҳавопаймо мансуб ба Алишер Усмонов мебошад. Airbus A340-300-и вай ба андоза танҳо аз А380 камтар аст.

Аз ҳамаи сарварони олам, ки дар бораашон ҳоло сухан рондему аз ҳавпаймоҳои онҳо ҳарф задем, хоксортарини онҳо сарвари Чин Си Ҷинпин аст, ки ҳавопаймои шахсии худро надорад. 

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here