Дар Иттиҳоди Шӯравӣ мавзӯи иҷрои ҳукмҳои қатл аз ҷумлаи мавзуҳои мамнуъ буд, ки расонаӣ намешуд. Ширкаткунандагони мустақими ин равандҳо забонхат медоданд, ки ин асрорро ҳаргиз фош нахоҳанд кард. Аммо имрӯз он кишвар ва он мақомоте, ки ин гуна забонхатҳо мегирифтанд, вуҷуд надоранд.

Дар ин бора Холид Маҳмудович Юнусов — собиқ сардори муассисаи УА-38/1 УИТУ Вазорати корҳои дохилии СССР, ки беш аз ду сол ҳукмҳои қатлро дар Озарбойҷон амалӣ кардааст, нақл мекунад.
— Маъмулан аз Додгоҳи олӣ аз қабл моро дар бораи маҳбусон огоҳ мекарданд ва онҳо танҳо баъди эълони ҳукми ҷазо ба муассисаи мо фиристода мешуданд. Ин ҳоло барои ҳар маҳбус дастбанд мезананд, аммо он замон ин корро танҳо барои зиндониёни маҳкум ба қатл мекарданд. Ман чун сардори маҳбас уҳдадор будам, ки ӯро қабул кунам, пешниҳод кунам, ки барои авф ариза нависад ва агар ӯ бар ин назар бошад, ки ҳукм беасос аст, менавишт, ман ва корманди дигаре, ки ҳамроҳамон буд, санади рад кардани маҳбус навиштани ариза барои авфро омода мекардем ва ин гуна аснодро ба нозироти додситонӣ ва нусхае аз онро аввал ба Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва баъд ба Шӯрои Олии СССР ирсол мекардем. То замоне, ки арзиаи авф баррсасӣ мешуд, маҳбус бо мо мемонд.
— Аз замони эълони ҳукм то иҷрои он маъмулан чӣ қадар вақт мегузашт?
— Ҳар хел: се моҳ, шаш моҳ, ҳатто то як сол ҳам мемонданд. Аз Вазорати корҳои дохила нома тахминан ба ин мазмун мерасид :”Талаби авфи шумо мавриди баррасӣ қарор гирифт…” Дар ин гуна ҳолатҳо ҳукми қатлро ба ҳабси 15-сола иваз мекарданд. Ва ё гуфта мешуд: “Ҳукм иҷро карда шавад”. Мо маҳбусро даъват мекардем ва ӯро бо муҳтавои паём шинос мекардем. Дар ин муддате, ки маҳбусон бо мо мемонданд, ба ҳадди шинохтанашаванда тағйир меёфтанд. Агар дар оғоз ба ким-чизе умед мебастанд, вале баъдан аз рӯз ба рӯзи дигар яъс онҳоро фаро мегирифт. Бинои панҷуми маҳбаси Баилов, ки маҳбусони маҳкум ба қатлро дар он ҷойгир мекарданд, хеле хурд буд.
Фармони махфие вуҷуд дошт (ман ҳоло шумораи онро дар хотир надорам), ки дар дасти сардори маҳбас буд. Тибқи ин фармони ВКД-и СССР маҳбусони маҳкум ба қатл бояд дар камераҳои алоҳида ва хеле кам дукасӣ нигоҳ дошта мешуданд, албатта агар ҷой нарасад, онҳоро метавонистем дукасӣ ҷобаҷо кунем. Ҳоло ин маҳбусон дар камераҳо 5-6 нафарӣ ҷой дода мешаванд.
Дар бинои панҷум нозиронро ҳам интихобан ба кор мегирифтанд, то касоне ҷалб шаванд, ки аз эҳтимоли муколамаи байни маҳбусон ҷилавгирӣ кунанд ва нерӯманду машқдида бошанд. Барои маҳбуси маҳкум ба қатл ҳаёташ дигар арзише надорад, мекушад ва меравад ба он дунё. Аммо ифшои маълумот комилан мумкин набуд.
— Ба маҳбусони маҳкум ба қатл мулоқот бо пайвандонашон мумкин буд?
— Танҳо бо иҷозати Раиси Додгоҳи Олӣ.
— Оё ҳодисае ҳам рух дода буд, ки маҳбус то замони иҷрои ҳукм фавтида бошад?
— Дар тӯли қариб се соле, ки дар ин вазифа кор кардам, танҳо як маротиба ин гуна ҳодиса рух дод. Ин зиндонӣ гирифтори бемории саратони гулӯ будааст ва аз он мурд.
— Оё авфи ин гуна афрод зиёд иттифоқ меуфтод?
— Ҳамагӣ ду маротиба ман шоҳиди ин гуна авф будам. Ёд дорам, ки ҷавоне аз Белокан, ки якеро куштаву дуюмиро захмӣ карда буд, бахшида шуд. Ҳодиса ин гуна рух дода буд: аз хизмат дар сафи артиш дар синни 21-солагӣ баргашт, тракторист буду замин меронд. Ба наздаш кадоме аз сарварон меояд ва эрод мегирад, ки нодуруст шудгор кардааст. Ҷавон оҳанеро мегирад ва ба сараш мезанад, ки мағзаш пош мехӯрад, ронандаи вай шадидан захмӣ мешавад. Ин ҷавон аризаи авф нанавишт ва гуфт: “Гунаҳгорам, бигзор парронанд. Ман ба додситон занг задам ва машварат шуд, ки бигзор барои бахшиши гуноҳонаш нависад. Ва авф шуд.
— Аз тариқи телевизион нишон дода буданд, ки одам ба ҳуҷраи махсус барояш ҷудошуда ворид мешавад, пушт ба дар меистад, даричае аз пушти вай боз мешавад ва аз пушт мепарронанд…
— Дар мо ин гуна набуд. Хеле бераҳмона мекуштанд. Худи раванди қатл кор карда баромада шуда буд. Ман ҳатто ба ин масъала ба вазири корҳои дохилӣ навишта будам. Вай ба ман ваъда кард, ки маро ба Ленинград мефиристад, ки он ҷо шеваи қатл дигаргуна ба роҳ монда шуда буд. Вале ваъда иҷро нашуд, чун ӯро куштанд.
Шеваи қатли маҳбусон то ман ва дар замони ману ҳатто баъди ман ҳамон гуна монд. Ҳамаи ин як поси шаб, баъди соати 12-и шаб рух медод. Дар он бояд ҳатман сардори маҳбас, додситони нозир ширкат мекарданд: шояд мо ягон берунаро мепарронем ва ҷинояткорро ба ивази миллионҳо рубл раҳо мекунем. Ғайр аз касоне, ки ном бурдам, ҳангоми иҷрои ҳукми қатл духтур-сардори ташхиси судӣ, ки марги қатлшударо таъйид мекард, намояндаи маркази иттилоотӣ, ки ба ҳисобукутоб машғул буд, иштирок мекарданд.
Мо санад месохтем, бо имзои ман ва имзои яке аз касоне, ки дар ин амал ширкат дошт. Дар ВКД-и ҷумҳурӣ ҳамин гуна як гуруҳи махфие амал мекард, ки аз даҳ нафар иборат буд. Солҳое, ки ман кор мекардам, сардори ҳамин гуруҳ будам. Ду ҷонишин доштам. Ҷонишини аввали ман дар татбиқи ҳукмҳои қатл ширкат намекард, вай аз хун метарсид. То ин замон вай дар ОБХСС кор мекард ва аз он ҷо ба ин вазифа таъин шуда буд.
Муовини дигарам баъдҳо мурд, шояд ин ҳама ба руҳияи вай таъсир кард. Муовини ман тибқи қоида дар се моҳ ақалан як маротиба маро иваз мекард, то ман тавонам каме дур аз ин даҳшат бошам. Тӯли се соли корам 35 нафар қатл шуданд ва ҳар семоҳа мо қатл доштем, ҳатто ёд дорам шаш нафарро дар ин семоҳа куштем… Вақте маҳкумшударо мебурдем, эълон намекардем, ки куҷо мебарем. Танҳо мегуфтем, ки бо амри Шӯрои Олӣ талаби авфи ӯ рад шудааст. Ман ёд дорам одамеро, ки ҳамон замон дар пеши чашмони мо мӯйҳои сараш сафед шуданд. Мегуфтем, ба ҳуҷра ворид шавад. Ва дар ин ҳол онҳо пай мебурданд, ки вуруд ба ҳуҷра яъне чӣ ва маъмулан доду фарёд мезаданд: “Бародарон!…Алвидоъ!…”
– Ҳуҷра пур аз хун мешуд?
– Вай комилан пӯшида аст ва танҳо як даричаи хурдакак дорад. Мегӯянд, вақте гӯсфандро дасту по мебанданд, вай ҳис мекунад, ки чаро чунин мекунанд ва аз чашмонаш об мешорад. Одамон дар ин гуна ҳолатҳо ҳар гуна вокуниш нишон медоданд, баъзеҳо якбора ба замин меафтоданд. Ҳолатҳое ҳам буд, ки бар асари кафидани дил пеш аз иҷрои ҳукм мемурданд. Касонеро ҳам ёд дорам, ки муқовимат мекарданд, лозим меомад аз пой афтонем, дастонашро ба пушт гардонем, дастбанд занем.
Тирро бо туфангчаи “Наган” аз қисми чапи сар, дар наздикии гӯши чап, ки узвҳои ҳаётан муҳим дар он ҷой гирифтаанд, холӣ мекарданд. Дар ин ҳол одам ҷобаҷо мемурад.
— Дар таҷрибаи кории шумо буд ҳолате, ки тир хато мерафт ва ё одам аз тир худро наҷот медод?
— На, мо-ку ҳатман ду ё се нафар будем ва баъд ин ки бояд касе тир меандохт, ки бехато мезад.
— Дар филмҳо нишон медиҳанд, ки маҳкумшуда зоҳиран ором аст, сарашро пеш хам мекунад ва ба зону мезанад ва агар зан аст, ҳатто мӯйҳояшро аз гарданаш дур мекунад. Оё ин ҳақиқат дорад?
— Рӯйдоде буд: тағову ҷияни молдузд ду корманди милисаро мепарронанд. Яке аз онҳо на якбора, вале каме дертар садо баровард: “Маро накушед, ман соҳиби се фарзанд ва боз ду фарзанди бародари мурдаам бар дӯши ман аст…”. Нобакорон! Ман чунинҳоро ҳатто одам намеҳисобам. Ба писарбача менигарам ва вай оромона мегӯяд: “Ин тағоям, на ман”. Ин тағо пештар панҷ маротиба суд шуда буд, фарбеҳ, ҳатто гардан надошт, мо дастбанде наёфтем, ки қолаби дастони вай бошад.
Вақте ӯро ба “ҳуҷра” бурдем, ҳеч намехост ба зону занад, зарур омад аз пой афтонем. Вай уфтод ва сараш ба бетон зад. Ҳафт тир холӣ кардем, мағзи сараш пош хӯрд. Ман ҳатто фикр кардам, ки бояд хилъат мепӯшонидем… Ва баъди ин ҳафт тир ҳам вай ҳоло ҳам нафас мекашид. Бақувват буд. Вай намебоист бо ин нерӯ ҷинояткор мешуд, балки ин қувваро барои корҳои хайр сарф мекард. Баъдан ду тири дигар ба сари синааш, дар наздикии дилаш задам.
Сипас, ҷиянашро овардем. Вай вақте ҷасадро дид, ҳамон замон афтод. Духтур муоина кард ва гуфт: “Лозим нест, алакай тамом, кораш шуд…”. Ба ҳар ҳол се тир холӣ кардем…Баъди ин ҳодиса ман муддати як ҳафта ба худ наомадам. Ҳоло ки нақл мекунам, ин саҳна пеши чашмам омадааст.
— Оё ҳодисае буд, ки аз иҷрои ҳукми қатли кадоме аз ҷинояткорон афсӯс хӯрда бошед?
— Директори корхонаи лимонадбарориро ёд дорад. Лимонадҳои вайро ба анҷуманҳо мебурданд. Ӯро ба моддаи “ғорат” маҳкум карда буданд. Марди худотарсу ибодатгаре буд. Ба вай иҷозати ибодат додем ва барояш қолинчаеро ҳам чун ҷойнамоз пешкаш намудем. Ҳар рӯз панҷ маротиба намоз мехонд. Боре ба старшина гуфт (бо ҳама муносибати хуб дошт): “Медонам, ки маро хоҳанд парронд”.
Вақте ӯро ба қатлгоҳ бурдем, ҳатто лозим наомад дастбанд занем, вай орому ботамкин хобид ва гуфт: “”Медонам, ки ин ҳукми одилона буд”.
Шахсан ман зидди онам, ки барои ғорат ҳукми қатл дода шавад. Шахсе аз Нахҷуван, падари 11 фарзанд буд. Мо боре байни худ мубоҳиса кардем. “Хуб, ин мардро ҳоло барои ғорат мепарронанд, вай соҳиби 11 фарзанд аст, онҳо чӣ хел калон мешаванд? Кӣ онҳоро мехӯронад ва мепӯшонад? Ва баъд ин 11 душман барои ҷомеа аст”. Вақте амри авф расид ва ҳукми қатлаш ба 15 соли зиндон иваз шуд, вай ба зону зад. Ман ҳисоб кардам, ки вай 14 соли дигар бояд дар ҳабс бошад. Вақте ӯро ба ҳуш овардем, гуфт: “Ман на барои худ, барои 11 фарзандам меандешам”.
Дар нашрияи “Аргументы и факты” мақолае чоп шуда буд бо номи “Кӣ, дар куҷо ва чӣ гуна ҳукми қатлро ба иҷро медарорад?” Дар бораи ҷаллод менавишт, ки онҳо хиради худро ҳам аз даст медиҳанд. Медонед, ман ин паррондашудаҳоро ҳатто одам намеҳисобам, разилҳо! Ман ҳатто боре мехостам картотека ҳам созам барои худ ва баъд аз баҳраш гузаштам. “Бало ба пасашон!” Мана ба ин расми қатлшуда нигаред.
— Ҷавон. Бо кадом ҷурм ҳукм гирифт?
— Духтари худро таҷовуз кард ва кушт. Ана дар ин расм Рамин. Вай бо шарикаш ронандаи мошинро кушт ва ҷасади ӯро ба ҷӯй партофт. Рамин аз ин пеш панҷ маротиба суд шуда буд ва дар зиндон боз як нафарро бо сим басту кушт. Ва боз “файласуф”-е ҳам доштем. Рӯзе баъди он ки ӯро паррондем, падараш наздам омад. Рӯзи шанбе буд ва ӯ ба қабули ман даромад. “Дар хоб дидам, ки ӯро пироҳани сафед мепӯшонам…”- вай ҳис мекард. “На, гуфтам ба ӯ. Ӯро ба Додгоҳи олӣ бурданд, ба он ҷо муроҷиат кунед”.
Ҳодисае дигаре ҳам буд. Бояд ду нафарро ба қатл мерасондем ва дар остонаи иҷрои ҳукм яке аз ман суол кард: “Оиди ман гапе нест? Хоб дидам, ки маро мебаранд”. Ман ҳамон лаҳза лифофаро, ки дар сейф мехобид гирифтам, нома нав расида буд. Вақте онро боз кардам, номи ин ду нафар навишта шуда буд. Инро чӣ метавон номид?
— Пас чаро хешовандон дар бораи одаме, ки аллакай кушта шудаву вуҷуд надорад, набояд чизеро медонистанд? Ҷасадро гирифтаву гӯронидан чаро иҷозат набуд?
— Намедонам. Шояд барои он ки одамонро бераҳму шафқат накунанд. Афсонаҳо ҳам мебофанду нақл мекунанд, ки онҳоро ба Сибир, ба конҳо фиристодаанд. Ин ҳам умедеро барояшон зинда медошт. Аммо ҷойи қабрашонро намегуфтанд.
— Дар куҷо мегӯрониданд?
— Аз он солҳо бист сол гузашт. Он вақтҳо дар наздикии як қабристон, 40-50 км дуртар аз Боку буд.
— Он “файласуфе”, ки гуфтед, чӣ ҷиноят содир карда буд?
— Дар яке аз ноҳияҳо муаллим буд. Бо шогирддухтари худ, ки дар синфи даҳум мехонд, аз наздик шинос шуд. Ваъда дод, ки издивоҷ мекунад ва ба Боку мебарад. Вале амалан ғайриқонунӣ бо вай мезист. Аммо баъди чанде ин духтар фаҳмид, ки ошиқаш бо дигаре хонадор мешавад. Гуфт, ки ба партком ба шикоят меравад. Ва ӯ гантелро бардошту ӯро кушт ва ҷасадашро дар об ҳаво дод. Вай хеле муддат инро рад мекард, вале баъдан исбот карданд, ки ин кирдори ӯст. Оқилӣ кардаву ба камера асари Ленинро овард. Мегӯям: вай пуштибонони қавӣ дошт. Ду маротиба аз Маскав барқия омад, ки иҷрои ҳукм боздошта шавад.
Инро бинед (боз расм нишон медиҳад) ҷавоне аз Ганҷа, соли таваллудаш 1955, аъзои ҳизб нест, маълумоти ҳаштсола дорад, муҷаррад ва пеш борҳо суд шудааст. Дар шаҳри Саратов шаҳрванди шастусесоларо куштааст ва пеш аз куштан ба номусаш таҷовуз ҳам кардааст. Баъдан ҳамхизматашро, ки мудири мағоза будааст, низ куштааст. Аз ҳабсхона хост фирор кунад. Девона, намедонист, ки дарҳо бо ду калид қуфл мешаванд ва як калид дар дасти нозир ва дуюмӣ дар дасти ман. Бе ин ду калид аслан намешавад дарҳоро боз кард. Навбатдор як марди собиқадоре буд, ки охирин навбатдории худро мегузаронд ва мо ҳатто ифтихорнома ҳам тайёр карда будем. Ҷавон аз вай об хост. Муҳофиз набояд дарро боз мекард, вале ҳисси инсонӣ ғолиб омад ва даричаро кушода обро дароз кард. Ҷавон ӯро аз либосаш кашид ва хост дасташро шикаста калидро гирад. Вале муҳофиз бо собиқи кории 25-сола таҷрибаи зиёд дошт. Шинелаш ба дасти ҷавон монд ва худ зуд бонги хатар зад. Аммо ҷавон аз қабл арматур омода карда буд ва хост бо он пирамардро кушад.
Ин Валиев Ҳамид (расм нишон медиҳад). Магар ин инсон аст? Шабона занашро ба қатл расонд, баъд кӯдакони сесолаву яксолаашро. Гӯё занаш хиёнат карда бошад. Чӣ гуна мешавад ба ин гунаҳо раҳм хӯрд?
— Оё шумо ва аъзои гуруҳатон мегуфтед, ки чӣ кореро анҷом медиҳед?
— Ҳаргиз. Дар маҳбас кор мекунам. Тамом!
— Наздиконатон медонистанд?
– Ҳамсарам пай мебурд. Буд ҳолате, ки ба хона бармегаштам ва ҳуш дар сар надоштам. Дар низомномаи кори мо навишта шуд буд, ки барои иҷрои ҳукми қатл маъмур иҷозат дорад, ки то 250 грамм арақ нӯшад. Ва ман ба шумо мегӯям: то он замон ва ҳатто баъди он ва то кунун ҳам ман мурғеро сар задаву пӯст накандаам ва наметавонам.
— Аммо чаро ба ин кор розӣ шудед?
— Медонед, маро таъин карданд. Ман то ин замон шаш сол ришвахӯронро меқапидам ва ба ҷонам ҳам расида буд ин кор. Сарварон қобилияти корӣ ва қотеъияти маро медонистанд ва маро ба шуъбаи ҳаннотӣ дар кишоварзӣ фиристоданд. Баъдан ба ин кор ҷалб шудам. Ҷонишини вазири корҳои дохилии Озарбойҷон Кязимов, ки он замон ин самти фаъолиятҳоро назорат мекард, пурсид: “Наметарсӣ?” Ва ман посух додам: “Замоне дар роҳи оҳан кор мекардам ва лозим меомад ҷасади одамонро ҷамъ оварам, расм гирам, буданд ҳолатҳое, ки ҷасадҳоро пора-пора ҷамъ меовардам”. Медонед вай чӣ гуфт? “Инҳо ҷасади мурдагон буд. Ту ҳоло ҷавонӣ”. Ман сивупанҷсола будам.
Мисли хизмат дар сафи артиш аст. Ҳар касе гапдарост, ӯро ҳар кор мефармуданд. Ҳамин гуна як ҳаётест. Ман мегӯям: “Хайр чӣ? Ҳукми додгоҳ содир мешавад ва ҳамаи ин дар доира ва асоси қонун сурат мегирад”. Вале баъдтар сари ин фикр кардам. Охир ман амалан қотили қонунӣ будам. Давлат инсонеро ҳукм медиҳад, ки каси дигарро куштааст ва худи вай дар ин ҳол ҷиноят содир мекунад.
— Вале ҳозир худи шумо гуфтед, ки ҳисси нафрату адовате қариб ба ҳамаи онҳо доштед ва онҳо сазовори марг буданд. Ва ё бояд онҳо дар озодӣ мебуданд ва ба одамкушии худ идома медоданд?
— Ман қотилони гузаро ва ашаддиро мекуштам. Вале агар инсон аз беэҳтиётӣ сабабгори қатли дигаре шуда бошад ва ё аз рӯйи ғазаб, пас набояд ӯро мекуштанд. Барои ҷиноёти иқтисодӣ набояд ҳукми қатл дода мешуд.
— Маъмулан дар филмҳо аз маҳкум ба қатлшудагон суол мекунанд: “Хоҳиши охирини шумо?” Дар асл чунин буд?
— Аввалин касе, ки ман паррондам, ҷавони шаҳрие буд. Вай амаки худро кушта буд ва баъди қатл ангуштонашро ба сӯрохии розетка гузошт, то гумон равад, ки худкушӣ кардааст. Вақте ӯро бори охир ба пурсиш бурданд, аз ӯ суол карданд: “Хоҳиши охиринатро бигӯ”. Ва ӯ сигор хост. Албатта, хоҳишро мепурсанд, вале кӣ онро иҷро мекунанд? Агар сигор, пас ин мушкил нест, вале агар дастурхони ороста талаб кунад чӣ? Иҷрои ин гуна хоҳишҳо амалан номумкинанд.
— Вале мешавад, ки мехоҳад паёме ба пайвандонаш расонанд ва ё бори охир касеро бубинад?
— На, ин гуна рӯйдодеро ёд надорам, аниқтараш вақте ман кор мекардам, ин гуна хоҳиш нашуда буд.
— Шумо дар бораи мардон ҳарф задед. Занони маҳкум ба қатл ҳам буданд, ки шумо парронда бошед?
— Солҳои кори ман ягон зан парронда нашуда буд.
— Чаро шумо хеле кам-ҳамагӣ қариб се сол дар ин вазифа кор кардед?
— Баъди қатли вазири корҳои дохилӣ Ориф Ҳайдаров ҷобаҷогузории кадрҳо шуруъ шуд. Аммо маъмулан дар ин вазифа дурудароз кор намекунанд. Ба ман нақл мекарданд, ки як сардори пеш аз ман, ки ба қатли маҳкумшудагон машғул буд, билохира девона шуд. Ва ҳар касе беш аз панҷ сол дар ин вазифа кор мекард, рутбаи полковникӣ медоданд, ба истироҳатгоҳҳо мефиристоданд, вале шахсан ман аслан ба ягон истироҳатгоҳ нарафтаам.
— Сардори маҳбас ҳатман бояд дар ин қатлҳо ширкат мекард?
— Бале, тибқи низомнома сардор бояд ҳатман иштирок мекард.
— Оё ягон сифати инсоние барои кор кардан дар ин гуна вазифаҳо лозим аст, чун на ҳама метавонанд ин корро анҷом диҳанд?
— Ман дар ин бора аслан фикр накардаам. Чун медонистам, ки ин қотилии қонунишуда аст. Дар Қуръон ва Инҷил ҳам навишта шудааст, ки ҳаёт ва умрро Худованд медиҳад ва боз худаш онро меситонад. Мувофиқам, ки Шӯрои Аврупо талаб мекунад, ки на ҳукми қатл, балки ба ҳабси якумра маҳдуд шавад. Вале инро таъмин бояд кард…
— Дар таҷрибаи шумо буданд рӯйдодҳое, ки танҳо баъди иҷрои ҳукми қатл фаҳмиданд, ки одамро бегуноҳ қатл кардаанд?
— Дар замони кори ман ва таҷрибаи кории ман ин гуна ҳодиса набуд. Умуман дар Озарбойҷон ман дар ин бора нашунидаам. Парвандаҳои қалбакӣ ва ё иштибоҳӣ буданд. Дар бораи Чикатило шунида будам, ки аввал ба ин ҷурм шахси бегуноҳеро кушта буданд. Чанде пештар аз телевизион дар бораи мизи барқӣ дар ИМА хабар ёфтам ва дар таърихи садсолаи истифодаи он 25 нафар иштибоҳан кушта шудаанд. На, беҳтар аст сад гунаҳгорро ҷавоб диҳанд, аммо якеро бегуноҳ қатл накунанд.
— Оё шахси маҳкум ба қатл метавонад шомили авф шавад?
— На, системаи мо дигар аст.
— Дар асарҳои адабӣ ва филмҳо пеш аз иҷрои ҳукми қатл имкон медиҳанд, ки бо мулло ва ё роҳиб вохӯрад. Ин гуна таҷриба буд?
— Шумо чиҳо мегӯед? Он замонҳо одамон ҳатто дар маъракаҳои худ аз даъват кардани муллоҳо худдорӣ мекарданд, метарсиданд. Аъзои ҳизбро барои ин кораш ҳатто аз узвият ихроҷ менамуданд.
— Боз менависанд, ки ба онҳое, ки ҳукми қатлро ба иҷро мерасонанд, иҷозат намедиҳанд бо маҳкумшудагон ҳамсуҳбат шаванд, то ҳисси раҳму шафқат ва дӯстӣ дар онҳо бедор нашавад. Ҳамин тавр?
— На, ман суҳбат мекардам, вале дар доираи қонун. Шароити нигаҳдории онҳоро назорат мекардам. Агар маҳбус мегуфт, ки кадоме аз узви баданаш дард мекунад, ман вазифадор будам, ки духтур даъват кунам, охир ӯ низ инсон аст. Дигар ягон муколама набуд, ман ба ҳуҷраи корӣ чойнӯшӣ даъват намекардам.
— Оё мешавад, ки синну соли миёнаи қатлшудагонро муайян кард?
— Ман дар ин бора наандешидаам ва омор надорам. Вале гумон мекунам ҳудудан 35-40 сол. Ҷавонон як-ду маротиба афтиданд. Солмандтарини онҳо шастусесола буд. Вай оилаашро раҳо карда, бо зани дигаре мезист. Ин зан духтаре дошт, ки мард ӯро аввал таҷовуз кард ва баъд буғӣ карда кушт. Вақте модари духтар-ҳамсараш ҳозир шуд, ин мард ӯро низ кушт.
— Оё шароити нигаҳдории маҳкум ба қатлшудагон аз маҳбусони дигар фарқ мекард?
— Оре, шароити зисти дигарон дигаргуна аст. Ба инҳо аз берун овардани ғизо комилан манъ аст, бо олами беруна аслан иртибот ва муколамаву мубоҳиса надоранд, сайругашт намебаранд, танҳо дар як шабонарӯз як маротиба ҳоҷатхона мебаранд. Тамом.
— Шумо гуфтед, ки розӣ ҳастед, ки исматон дар матбуот навишта шавад. Фикр намекунед, ки фарзандонатон шояд нахоҳанд, ки дар ин бора каси дигаре донад?
— Чуноне мегӯянд, фарзандон масъули аъмоли падар ва падарон масъули аъмоли фарзандон нестанд. Ин ҳаёти ман буд, мактабе буд, ки ман гузаштам, касе наметавонад онро аз ман бигирад. Медонед, ин ҳама буд! Чаро ман бояд пинҳон дорам? Чаро одамонро бояд фиреб диҳем? Бигзор ҳамаро донанд.
— Коратон ба маошатон таъсир дошт?
– Бале. Пули бештар медоданд. 100 рубл ба ҳар аъзои гуруҳ ва 150 рубл ба касе, ки дар ҳар се моҳ як маротиба ҳукмро ба иҷро мерасонд.
— Эҳтимол шумо ба ҳаёти олами дигар, абадзинда будани руҳ бовар надоред, чун бо чашмони худ 35 маргро дидаед. Оё баъди ин назаратон ба ҳаёти инсон тағйир нахӯрд?
— Медонед, вақте пеш аз иҷро ҳукми қатлро мехонӣ ва медонӣ, ки ин мард ба чӣ аъмоле даст задааст, ин ҳама дарку идрок ва ҳиссиётро хира мекунад. Ман тасаввур мекардам, ки вай метавонист ҳамин аъмолро барои бародари ман ҳам раво бинад. Ва ҳамин бадҷинс ва палид бояд дар рӯи замин гардад? Арзиши зиндагӣ чӣ? Арзиши зиндагии худро худ барояш муайян кардааст. Ба ҳаёти ман чӣ? Гумон мекунам сарнавишти сангине насибам шудааст. Ман медонистам, ки одамон дар мансабу вазифаҳои рӯғанин кор мекунанд ва камтар ва бадтар аз ман дар ин бора медонанд, вале бахт ба рӯи онҳо хандидааст. Аммо барои ман кори ифлосе насиб шуд.

Манбаъ: ”Зеркало”, Боку, N19 (504), моҳи майи соли 1997.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here