22 – юми феврали соли 1828 ба имзои Аҳдномаи сулҳи Туркманчой 191 сол пур мешавад. Ин муоҳада дар пайи ҷангҳои тӯлонӣ миёни Русия ва Эрон дар давраи Қоҷор байни ин ду кишвар дар рустои Туркманчой имзо шуд. Барои имзои ин паймон аз ҷониби Фатҳалишоҳ – подшоҳи Эрон Мирзо Абулҳасанхони Шерозӣ ва Оллоҳёрхони Қоҷор ва аз сӯи императории Русия Иван Фёдрович Паскевич ҳузур доштанд. То ин замон Эрону Русия барои қаламрав панҷ маротиба даргир шуданд.

 

Охирин бархӯрди артиши шоҳи рус ва артиши Эрон ду сол идома кард. Ин ду кишвар аслан барои касби тасаллут дар Закавказия, Доғистон ва соҳилҳои баҳри Хазар бо ҳам дар набард буданд. Баъди марги императори рус Александри якум ва шӯриши декабристон то ҳадде императории рус заъиф шуд ва бо истифода аз ин артиши шоҳи Эрон моҳи июли соли 1826 бе ягон эълони ҷанг марзро убур кард, то ки бар Қарабоғи Куҳӣ ва шарқи Гурҷистон тасаллут пайдо кунад. Ин қаламравро худи эрониҳо дар аввали асри 19 ба ихтиёри Русия вогузор карда буданд.

Артиши чиҳилҳазорнафараи вориси тахту тоҷи форс Аббос-Мирзо 1300 сарбозони рус ва казакҳои русро дар қалъи Шуш воқеъ дар Қаробоғ ба муҳосира гирифт. Муште аз русҳо бо ёрии ҳазорон муборизони арманӣ ду моҳ қалъаро муҳофизат карданд. Ин ба генерал Ермолов, ноиби русҳо дар Қафқоз имкон дод, ки неруҳои худро ҷамъ оваранд ва баъдан даст ба ҳамлаи ҷавобии муваффақона зананд.

Моҳи сетябри соли 1826 дар муҳорибаи назди шаҳри Шамкур, воқеъ дар қаламрави Озарбойҷони кунунӣ 4 ҳазор русҳо ва ду ҳазор муборизон аз ҷумлаи арманиҳо ва озариҳо артиши 10-ҳазорнафараи эрониёнро шикаст доданд. Артиши шоҳи Эрон илоҷи дигаре ба ҷуз ақибнишинӣ надошт. Се ҳафта баъди ин ҳодиса муҳорибаи дигар шуруъ гардид ва даҳ ҳазор сарбозони генерал Паскевич 35 ҳазор сарбозони эрониро водор ба шикаст карданд. Ин ҳодиса барои артиши шоҳи Эрон мусибатбору барои русҳо нишотовар дар наздикии шаҳри Елизавет (ҳоло Ганҷа) иттифоқ уфтод.

Тӯли соли 1827 ҷангҳо дар куҳҳои қаламрави Арманистон идома доштанд. Дар ин манотиқ боз як артиши муҷаҳҳази 30-ҳазорнафараи форсҳо амал мекард. Танҳо тирамоҳи ҳамон сол русҳо шаҳри Ереванро ишғол карданд, баъдан ба пеш ҳаракат намуданд ва фурсате баъд шаҳри Табрез низ тасарруф шуд. Табрез чӣ ҳоло ва чӣ он замон аз ҷумлаи шаҳрҳои калон ва рушдкардаи Эрон буд. Ин шоҳи Эронро водор кард, ки рӯ ба гуфтушунид ва созиш орад.

22-юми феврали соли 1828 аҳдномаи сулҳи Туркманчой имзо шуд. Номи аҳднома баргирифта аз рустое бо ҳамин ном дар наздикии шаҳри Табрез, ки шартнома он ҷо имзо шудааст. Шоҳи Эрон билохира манотиқи ишғолкардаи Русияро моли ин кишвар донист ва ҳамчунин аз Гурҷистон ва Доғистон даст кашид. Дар охир низ гузашт кард: қаламрави Арманистон ва Озарбойҷони имрӯзаро, ки аз худ медонист, ба Русия дод. Тибқи муоҳадаи Туркманчой Русия ягона кишваре эътироф гардид, ки дар баҳри Хазар флоти ҳарбӣ хоҳад дошт, Эрон аз ин ҳақ маҳрум гардид. Амалан шоҳи Эрон бо имзои ин паймон худро тобеъи Империяи Русия карда буд. Ғайр аз ин гузаштҳо боз Русия аз Эрон 20 миллион рубли нуқра товони ҷанг талаб кард.

Аксари коршиносон ва муаррихон ба ин назаранд, ки баъди муоҳадаи Туркманчой Эрон дигар қудрати эътирофшудаи минтақавӣ набуд. Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин ин кишвар як мамлакати аз лиҳози ҳарбӣ ва қудрат таъсиргузор ба шумор мерафт. Тақрибан баробар ба Туркияи усмонӣ буд нуфузи он дар қораи Осиё. Аз соли 1828 сарзамини овозадору шуҳратдори Форс ба як мамлакати вобаста ва амалан тобеъи Русияву мустамликаи Британия шуд.

Англисҳо, ки он замон Ҳиндро забт карда буданд ва қаламрави имрӯзаи Покистон низ тобеъи Лондон буд, аз ин муоҳада ва ин паймон изҳори норозигӣ карданд. Британия нуфузи Русияро намехост ва ҳамчунин таҳаммул намекард, ки дар марзҳои ишғолии вай неруҳои шоҳи рус мустақар бошанд. Ин буд, ки ҷосусон ва дипломатҳои англис тавонистанд мутаассибонро водор ба ҳамла ба сафорати Русия дар Теҳрон кунанд ва ин рӯйдоди фоҷеабор маҳз баъди имзои муоҳадаи Туркманчой ба вуқуъ пайваст.

Муоҳадаи Русияву Эрон дар таърих на танҳо ба унвони пирӯзии ҷангии Русия ва муваффақияти дипломатияи ин кишвар ворид шуд, балки он ба таърихи адабиёти рус ҳам ворид гардид. Зеро яке аз созмондиҳандагони аҳдномаи Туркманчой аввалин сафири Русия дар Теҳрон баъди имзои муоҳада Александр Сергеевич Грибоедов, дӯсти наздики Пушкин ва драматурги эътирофшудаи нимаи аввали асри XIX-и рус буд.

Вале муаллифи “Дод аз дасти ақл” на танҳо як адиби соҳибистеъдод, орзупарвар ва аз дӯстони шоирони декабрист, балки дипломати басо ҷиддӣ буд, ки манфиатҳои Русияро тавонист дар вақти гуфтушунидҳо ҳимоя кунад. Чун сафири оянда вай амалан шоҳи Эронро на танҳо водор намуд, ки манфиатҳои Русияро эътироф намояд ва ба талаботҳои сиёсии вай тан диҳад, балки ҷавоҳироти хазинаи шоҳиро барои пардохти подоши ҷанг омода созад.

Нафрати кохи шоҳ ба дипломати рус, амали англисҳо, ки ба таври сунъӣ мутаассибонро зидди муоҳада ва пирӯзии Русия ба шӯр оварда буданд, сабабгори он гардид, ки анбуҳи мардуми ба шӯромада моҳи феврали соли 1829 ба сафорати Русия дар Теҳрон ҳамла кунанд. Грибоедов ва 35 казаке, ки ин сафоратро ҳимоя мекарданд, ҳамлаваронро бо силоҳ истиқбол гирифтанд. Ҳамагӣ дар ин набард кушта шуданд.

Ҷасади Грибоедов ба ҳадде харошу хароб шуда буд, ки онро танҳо аз рӯйи доғи захме дар панҷаи дасти чапаш шинохтанд, ки аз як дуэл монда буд. Чанд моҳ баъд ҷасади шоири дипломатро ба Тифлис оварданд ва дар яке аз ағбаҳо ӯро А.Пушкин вохӯрд ва таассуроташ аз ин мулоқот ва фоҷеаро дар достони “Сафари Арзум” ба қалам овард.

Шоҳи Эрон аз тарси хашми Русия набераи худро ба Петербург фиристод, то аз рӯйдоди нангини Теҳрон пӯзиш хоҳад. Дар миёни туҳфаҳо ба императори рус ҳамчунин алмоси машҳури “Шоҳ” буд, ки он замон бузургтарин ҷавоҳире маҳсуб мешуд, ки дар олам пайдо буд.  Ин туҳфаи гаронарзиш имрӯз ҳам дар хазинаи алмоси Кремл нигаҳдорӣ мешавад.

Император Николайи I барои он ки ба англисҳо имкони нуфузи бештар дар Эрон надиҳад, расман пӯзиши шоҳи Эронро пазируфт. Аз он ба баъд калонтарин давлат дар марзҳои ҷанубии Русия на рақибу ҳариф, балки ҳамсояи заъиф буд. Маҳз аҳдномаи Туркманчой буд, ки ба таври ҳамешагӣ нуфузи Эронро дар минтақа коҳиш дод ва ба Русия имконеро фароҳам овард, ки басо муваффақона бар зидди Туркия биҷангад ва дар охири асри XIX Осиёи Миёнаро низ тасарруф кунад.

 

Шарҳи дигар: Пас аз ин ки инқилоби Кабири Октябр дар Русия ба пирӯзӣ расид, Ленин барои исботи ҳусни нияти худ нисбат ба милали заъифи ҷаҳон тамоми имтиёзоти истеъмории шоҳи пешинро лағв кард. Аз ҷумлаи ин имтиёзот муоҳадаи Туркманчой буд.

 

Алексей Волинетс

«Rusplt.ru»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here