Афғонистон дар қисми ҷанубу ғарбии Осиё мавқеъ гирифтааст. Дар шимол бо Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, дар қисми ҷанубу шарқ бошад бо Ҷумҳурии Халқии Чину Покистон ва аз ҷанубу ғарб бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамсарҳад мебошад. Дар қаламрави Афғонистон навъҳои гуногуни сарватҳои зеризаминӣ, аз қабили маъдани оҳан, ангишт, тилло, металлҳои ранга, нодир, кибрит, гугирд, намак, сангҳои қиматбаҳо, нафт, газ ва ғайра кашф карда шудааст, ки чашми бозингарони бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ин ҷо дӯхта шудааст.

Афғонистон мамлакати сермиллат аст. Дар ин ҷо тақрибан беш аз 20 халқият умр ба сар мебаранд. Бештар аз 50 дарсади онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ғайр аз тоҷикон, дар ин ҷо паштунҳо, ӯзбекҳо, туркману қазоқҳо, ҳазораҳо, балуҷҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

Тӯли солиёни беш сипарӣ мегардад, ки ин қавму қабоилро дар боло зикр намудем байни ҳам тафоҳум надоранд ва пархошу ситезаҷӯйиро байни худ ба роҳ мемонанд. Зиддият байни Толибон бо Ҳукумати Афғонистон, зиддият дар системаи идоракунии давлаӣб низ ба чашм мерасад.

Дар паҳнои дарозои Афғонистон бар муқобили аҷнабиён нерумандона муқовимат кардааст, ки қодир бар он шуданд, дар се давраи ҳамлаи аскарони англис онҳоро ба ақиб ронанд. ИМА бо ҳамроҳии ИШ бозии бузургеро ба роҳ монданд дар ҷаҳон ва ҳатто дар Афғонистон.

Дар соли 1979 ИШ ба хоки Афғонистон дохил шуд. Ҳукумати Шӯравӣ ҳамаи қаламрави ин кишварро таҳти тасарруфи худ даровард, ба ғайр аз вилояти Панҷшер, ки бо тавонмандӣ ва бузургҳимматии Аҳмадшоҳи Масъуд ва ёронаш алайҳи Шӯравӣ муқовимати сахт нишон доданд. ИШ маҷбур шуд дар натиҷаи бесамар ба Панҷшер шикастро қабул намояд ва бешак ин кор ҳам шуд. Дар соли 1989 ИШ нерӯҳои худро аз хоки Афғонистон берун баровард. Хурсандии Масъуд дер давом накард. Дар солҳои 90-и қарни пор гуруҳе бо номи “Толибон”, ки сохтаи Амрико буд, зуҳур кард ва пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро забт намуд. Маҳви гуруҳи Толибон барои Масъуд садди бузурге буд, чунки онҳоро давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ мекарданд. Масъуд то охири ҳаёти худ муқобили Толибон мубориза бурд ва дар рӯзи 9-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби ду араб ҳангоми мусоҳиба гирифтан дар дохили камера бомб гузошта, худ ва Масъудро тарконданд. Масъуд хоҳони он буд, ки Афғонистони озод бе дахолати хориҷиёнро бинад. Ормонҳои Масъуд инҳо буданд: Ислом, Афғонистон, Мардум ва Озодӣ.

Баъди ду рӯзи қатли Масъуд, дар рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бинои бисёрошиёнае тарконида шуд. Бо баҳонаи тарконидани ин бино нерӯҳои эътилоф бо роҳбарии ИМА, ки 42 давлатро дарбар мегирифт, ба Афғонистон зада даромаданд, барои аз байн бурдани террористон. Қувваи низомии ин нерӯҳо беш аз 90 ҳазор буд, ки дар солиёни баъд теъдоди онҳо кам шудан гирифт ва ҳатто бисёре аз кишварҳо аз Афғонистон хориҷ шуданд. Танҳо аз буҷети ИМА ҳар моҳ 2 млрд доллар ба ҷанги Афғонистон ҷудо мешавад.

Дар ибтидои қарни 21 дар Афғонистон тағйирот ва дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Натиҷаи муҳими ин дигаргуниҳо сарнагунии низоми Толибон буд. Аммо ин низом бо қимати бисёр аз байн бурда шуд. Дар ҳафт соли баъд аз Толибон, бешубҳа, дастовардҳои муҳиме дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва умуман, раванди давлатсозӣ ба чашм мехӯрад. Дар Афғонистон Қонуни Асосӣ ва дигар қонунҳои барои амалкарди давлат зарур, қабул шуданд. Интихоботи Раиси Ҷумҳур ва вакилони парлумон баргузор гардидааст, кишвар аз хориҷ кумакҳои зиёде барои бозсозӣ ба даст оаврдааст. Аммо, бо вуҷуди ин дастовардҳо, мардум аз вазъияти амниятӣ ранҷ мебаранд.

Имрӯзҳо барои чӣ дар Афғонистон ҳолати оромӣ вуҷуд надорад? Ин ҷо сабабҳо зиёданд, баъзе аз ин сабабҳо:

-Низоъи қавмӣ;

-Дахолати кишварҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Афғонистон;

-Ихтилоф байни Ҳукумат бо гуруҳи Толибон;

-Пуштибонии кишварҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба баъзе гуруҳҳо дар Афғонистон;

-Давлатҳои хориҷӣ Афғонистонро ба ҳоли худ гузоранд, то ки мардуми Афғонистон барои ояндаи худ тасмим бигиранд. Буҳрон дар Афғонистон монеи бисёре аз инфрасохторҳои бузург гаштааст, аз қабили интиқоли гази Туркманистон ба Покистону Ҳиндустон, (“ТАПИ”), интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба ҷануб (КАСА-1000), хатҳои роҳи оҳан аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба самти Эрону Покистон, бунёди НБО-и “Даштиҷум”, такмили роҳи мошингард аз Тоҷикистон ба Эрон ва даҳҳо тарҳҳои дигар.

Баъзе муҳаққиқон низоъи Афғонистонро чунин баҳо додаанд: Кишварҳои қудратманд намехоҳанд дар Афғонистон субот ва осудагӣ барпо гардад, чунки Афғонистон дар қалби ҷаҳон ва минтақаи стратегии дорои аҳамияти бузург воқеъ гардидааст. Яъне Афғонистон метавонад ҳамчун транзит дар арсаи байналмилал баромад кунад ва дар муддати кӯтоҳ метавонад ба як кишвари сарватманд мубаддал гардад.

Муҳаққиқи саршиноси тоҷик Абдулло Раҳнамо дар яке аз мақолаҳои худ “Буҳрони Афғонистон ва заволи Осиёи Марказӣ” чунин иброз намудааст:

“Минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз ҳавзаест, ки аз буҳрони Афғонистон таъсири амиқ пазируфтааст. Омилҳои мушаххаси таърихӣ, фарҳангӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва амниятӣ боис гаштанд, ки таъсири он бар вазъи Осиёи Марказӣ гоҳо хусусияти мустақим ва бисёр ҷиддӣ дорад.”

Дуруст аст, ки Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таърих, урфу одат ва мазҳаби мушобеҳ дорад. Инчунин, кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд дар қазияи Афғонистон бетараф бошанд ва даргириҳое, ки дар Афғонистон рух дода истодааст, камубеш таъсири худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақа мерасонад. Айни ҳол Афғонистон минтақаест, ки дар он ҷо “Бозии абарқудратон”, яъне бозии кишварҳои пурқудрат ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2014 дар интихоботи Афғонистон номзадҳои асосӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай буданд, ки дар он интихобот барои касби раёсатҷумҳурӣ Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба таври ноадолатона президент интихоб шуд. Дар соли 2019 бошад, боз ҳам руқабои пешина Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай номзади асосӣ маҳсуб меёфтанд. Натиҷаи интихобот Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 50, 64% раъй президент интихоб шуд, аммо  Абдуллоҳ Абдуллоҳ инро қабул накард ва хост ҳукумати худро ташкил диҳад ва худро барандаи ин интихобот медонист ва тавонистанд ниҳодҳои давлатиро тақсим намоянд. Бисёре аз сиёсатмадорн по пас кашидани А. Абдуллоро хиёнат медонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қазияи Афғонистон бетараф нест. Мо ду кишвари ҳамфарҳанг, ҳамтамаддун дорои таърихи ғанӣ ва забони муштарак ҳастем. Мо хоҳони Афғонистони пурқудрат бе дахолати аҷнабиён ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон ҳастем. Пешвои миллат дар ҳар суханронии худ дар СММ, СҲШ, СААД ва дар дигар конфронсҳову иҷлосу ҳамоиш ширкат варзида, доимо масъалаи Афғонистонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор медиҳанд. Ба сарони кишварҳо даъват ба амал меоранд, то дар масъалаи Афғонистон бетарафиро нишон надиҳанд ва барои сулҳу субот дар Афғонистон барпо гардидан, саъю талош варзанд.

Афғонистон дар он ҳолат ба истиқлолият даст меёбад, ки кишварҳои хориҷӣ аз дахолат кардан ба корҳои дохилӣ дар ин кишвар даст кашанд. Инчунин, дар Афғонистон якчанд қабилаҳое мавҷуданд, ки мухолифи ҳаманд, яке ба сари қудрат омадани дигареро намехоҳад ва дар низоъи байниҳамдигарӣ фурӯ рафтаанд. Агар ин қабилаҳо бо ҳам муттаҳид шаванд, шояд Афғонистонро дар ҳолати низоъи байниҳамӣ бароранд. Ногуфта намонад, ки бояд гуруҳои НАТО ва ИМА аз Афғонистон хориҷ шаванд. Давлатҳое чун Покистон, Эрон, Русия, ИМА, Чин, Туркия бояд аз бозӣ берун оянд то ки мардуми заҳматкаши Афғонистон сарнавишти худро ба дасти худ бигирад.

Азизқулзода АБУЯЗИД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here