Ҳафтаи гузашта радиои «Озодӣ» дар маводе бо унвони «Ё русӣ ё англисӣ» хабар дод, ки «Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур додааст, ки минбаъд дар кишвар ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба истиснои «ихтисосҳои ҷанбаи этникиву миллидошта», бо забони русӣ ва ё англисӣ баргузор шавад». Дастур бо имзои вазири маориф Нуриддин Саид дар ҷаласаи мушовараи вазорат содир шудааст.

Агарчи дастури мазкур дар сомонаи расмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://vak.tj/) ва дар сомонаи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон (http://www.maorif.tj/) дида намешавад, вале аз нусхаи ба мо дастрасшудаи Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми сентябри соли 2017, №49/1-3 «Оид ба вазъи таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълум мешавад, ки воқеан чунин қароре қабул шуда, дар он гуфта мешавад: «Минбаъд ҳамаи рисолаҳои илмиро барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо, доктор аз рӯи ихтисос, доктори фалсафа (Phd) ва доктори илмҳо, ба ғайр аз ихтисосҳои ҷанбаи этникию миллидошта, бо забони русӣ ё англисӣ ба роҳ монанд. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми вазир Р. Мирбобоев вогузор карда шавад».
Бархе аз коршиносон қарори мазкурро хилофи Замимаи 2 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №505 «Дар бораи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ» (дотсент, профессор) медонанд. Зеро дар банди 3-юми қарори номбурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №505, ки «Пешниҳод ва ҳимояи диссертатсияҳо» ном дорад, чунин муқаррароте ҷой дорад, ки зимни ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ риояи он ҳатмӣ мебошад: «Диссертатсия ба шӯрои диссертатсионӣ бо забони давлатӣ, забони русӣ ва ё забони англисӣ пешниҳод мешавад. Автореферат бояд дар шакли саҳифабандишуда пешниҳод гардад ва аннотатсияи мавзӯъ дар он бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ оварда шавад. Дар ҳолати ба шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод кардани диссертатсия бо забони русӣ ё забони англисӣ автореферати он бояд ба забони давлатӣ тарҷума шуда бошад. Ҳимояи диссертатсия бо забони давлатӣ, забони русӣ ё забони англисӣ баргузор мегардад (дар мавриди зарурӣ шӯрои диссертатсионӣ тарҷумаи ҳамзамонро таъмин менамояд)».
Чӣ сабаб шуда, ки Вазорати маориф ва илм ҳимояи рисолаҳои илмиро ба забони давлатӣ манъ карда, ба кори Комиссияи Олии Аттестатсионӣ тағйирот ворид намудан мехоҳад, муайян нест, вале далели овардашуда собит месозад, ки Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №505 аст, зеро Комиссияи Олии Аттестатсионӣ муассисаи алоҳида буда, дар назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон ташкил шудааст ва Вазорати маориф ва илм ҳуқуқи дахолат ба кори ин комиссияро надорад.
Ба ҷанбаи қонунӣ будан ва ё набудани Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф дар бораи танҳо ба забони англисӣ ё русӣ ҳимоя намудани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ баҳс намекунам ва ба ин кор бигзор ҳуқуқшиносон машғул шаванд. Дар маводи мазкур мехоҳам бипурсам, ки агар воқеан Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми сентябри соли 2017 №49/1-3 «Оид ба вазъи таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амал татбиқ шуда, минбаъд ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба забони ғайридавлатӣ сурат гирад, тақдири забони давлатӣ чӣ хохад шуд? Оё ин беэҳтиромӣ ба забони давлатӣ нест? Ё забони тоҷикӣ — забони Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Румӣ ва садҳо шоирону уламои гузаштаи мо дигар наметавонад забони аҳли илм бошад ва он ҳам дар давлате, ки соҳибистиқлол асту забони давлатиаш тоҷикӣ аст? Чаро забонеро, ки ҳатто дар замони истилои арабҳо чун забони илм боқӣ монда буд, дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушду равнақи он монеа мегузорем ва ба забони илм буданаш шубҳа мекунем?
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ дар Рӯзи забон иброз дошта буданд, ки «забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд». Пас чаро Вазорати маориф ва илм ба ҷои баланд бардоштани иқтидори ин забон, забони тоҷикиро аз забони илм дур кардан мехоҳад?
Танҳо дар сурати бо забони тоҷикӣ навиштани ҳама корҳои илмию амалӣ ин забон метавонад иқтидори худро нигоҳ дорад ва афзун кунад. Дар акси ҳол, забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм аз байн хоҳад рафт. Чи гуна ки шоир Рустами Ваҳҳоб қайд мекунад, «агар ҳимоя дар ҳамаи тахассусҳо ба забони тоҷикӣ сурат нагирад, муҳол аст, ки забони мо воқеан табдил ба забони илм шавад».
Мо давлати алоҳидаем ва забони мо дар Тоҷикистон забони давлатӣ эътироф шудааст. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки барои баланд бардоштани сатҳи забони тоҷикӣ ва табдил додани он ба забони илм бояд ҳимояи рисолаҳои илмиро дар ҳама ихтисосҳо бо забони давлатӣ ба роҳ монем ва дар сурати бо забонҳои русиву англисӣ ҳимоя шудани рисолаҳо низ тарҷумаи комили онҳоро ба забони давлатӣ таъмин намоем, то ин ки толибилмони тоҷик аз он бархӯрдор шаванд. Олимони мо бояд рисолаҳои илмиашонро ба забони давлатӣ тарҷума ва чоп намоянд. Ё чи тавре, ки Исфандиёри Одина савол гузоштааст, «мо ин рисолаҳоро магар барои шаҳрвандони Россия ё кишварҳои дигар ҳимоя мекунем, ки бояд рисолаҳо ҳатман ба забони онҳо навишта шаванд?». Ман гумон намекунам, ки давлатҳои дигар ба рисолаҳои мо эҳтиёҷе дошта бошанд.
Ҳақ бар ҷониби Исфандиёри Одина аст, ки менависад: «Ин ки масалан ниҳодҳои илмию окодемии Русия тақозо мекунанд, ки рисолаҳои илмӣ ба русӣ нивишта шаванд, амре табиист, чун донишмандони рус фақат забони худашонро медонанд ва барои ин ки як рисолаи илмиро баррасӣ кунанд, бояд матни онро фаҳманд. Ин ки дар Олмон ҳам тақозо мешавад матолиби илмӣ ба олмонӣ, ё дар Инглис тақозо мешавад, ки ба инглисӣ ё дар Чин тақозо мешавад, ки ба чинӣ нивишта шавад, низ амре табиист. Чун агар шумо мехоҳед дар ин кишварҳо таҳсил кунед ё ба маҷаллоте дар он кишварҳо мақолаи илмӣ фиристед, баночор бояд ба забони худашон фиристед. Аммо дар Тоҷикистон, ки забони давлатиаш тоҷикӣ аст, дастури нивиштани китобу мақолаи илмӣ ба забонҳои ғайр комилан дур аз мантиқ аст. Ин китобу мақолаҳо барои кӣ нивишта мешаванд? Барои инглису рус ё барои тоҷик? Буҷети фарҳангистон ва донишгоҳҳои Тоҷикистон аз куҷо таъмин мешавад? Русу инглис таъмин мекунад ё молиётпардозандаи тоҷик? Чаро бояд аз мо пул бигиреду барои русу инглис китобу мақолаи илмӣ бинвисед? Илми тоҷик чаро бояд ба ҷои хидмат кардан ба миллат, дар хидмати дигарон бошад?».
Дар фарҷом мехоҳам ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Нуриддин Саид муроҷиат карда, пешниҳод намоям, ки ҳаргуна монеаҳои сунъиро, ки дар пешорӯи рушди забони давлатии мо қарор доранд, аз байн бардоред ва дар кишвар ҳама гуна шароитро баҳри рушди забони давлатиамон муҳайё сохта, барои ба забони илм табдил додани он мусоидат кунед ва ҳамчун вазир дар рушду нумӯи забони тоҷикӣ саҳмгузор бошед. Зеро мансаб ҳамешагӣ нест, вале забони тоҷикӣ забонест, ки ҳазор сол қабл ҳам чун забону илму адаб ва шеъру шоирӣ мавҷуд буд, новобаста ба монеаҳо пеш мерафт ва дар оянда низ рушд хоҳад кард. Пас, биёед ба забони тоҷкӣ арҷ гузорем, зеро Пешвои миллатамон ҳамеша мегӯянд: «Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад».

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here