Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, ободу зебо гардонидани маҳали зист, беҳтар намудани зисту зиндагии мардум корҳои амалиро ба анҷом расонидааст. Натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ нишон медиҳанд, ки коллективҳои меҳнатии ноҳия чун тамоми заҳматкашони ҷумҳурӣ дар ин давра кӯшиш ва ғайрати худро барои таъмин намудани дастуру супориш ва вазифаҳои пешгузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, тавонистаанд, ки давраи сипаришударо бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намоянд.
Андоз ва рушди саноат
Дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини қисми даромади буҷет ва пардохтҳои ҳатмии фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия чораҳои амалӣ андешида шудаанд. Дар давраи сипаришуда иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 10 миллиону 359 ҳазору 490 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 22,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра дар ноҳия 314,8 тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 2944,3 тонна орд, 6,5 тонна кунҷора, 1985 тонна намак, 1322,1 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 6,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 1252 дал оби ҷав, 67,9 ҳазор дона хишти сементӣ истеҳсол карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 1 адад корхонаи коркарди шифер бо 30 ҷои корӣ ба истифода дода шудааст.
Сармоягузорӣ, савдо ва хизматрасонӣ
Дар ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда ба ҳолати семоҳаи якуми соли ҷорӣ 30,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» бо ҷалби соҳибкорони ноҳия ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ бо назардошти ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорон» 1 лоиҳа пешниҳод намудааст. Инчунин, 17 лоиҳа дар Барномаи минтақавӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта баҳри рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2022 пешниҳод шудааст.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии гардиши мол дар ҳамаи соҳаҳои савдо ба 117 миллиону 534,9 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18 миллиону 277,5 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 118,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 29 миллиону 257,4 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 718 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Вазъи нақлиёт ва роҳ
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳия тавассути нақлиёти автомобилӣ ба миқдори 277 ҳазор тонна бор ва 1 миллиону 580 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 102,4%-ро ташкил медиҳад.
Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 273 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар як қатор роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта корҳои таъмири ҷорӣ гузаронида шудаанд. Дар ин давра ба маблағи 49,4 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири ҷорӣ, 8,4 ҳазор сомонӣ таъмири роҳҳо, 9 ҳазор сомонӣ зимистонгузаронӣ ва ба маблағи 1,2 ҳазор сомонӣ корҳои кабудизоркуниро ба сомон расонидаанд. Хусусан дар роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ба миқдори 19810 сомонӣ корҳои таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.
Дар 3-моҳаи якуми соли 2020 аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 161 ҳазору 824 сомонӣ ворид шудааст.
Дар ин давра корҳои таъмири чуқуриҳои роҳ аз шағали табиӣ 0,55 км, пур кардани канорҳои роҳ аз шағали табиӣ 4500 метр, тахту ҳамвор кардани канорҳои роҳ 20 км, шинонидани аломатҳои роҳ 45 адад, шинонидани дарахтон (мевадиҳанда ва сояафкан) 150 бех ба анҷом расонида шудааст.
Рушди соҳаи кишоварзӣ
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 30 миллиону 615 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 263 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 100,9%-ро ташкил намудааст.
Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 13790 гектар замин, аз ҷумла 11282 гектар ғалладонагиҳо, 1346 гектар зироатҳои техникӣ, аз он 1005 гектар пахта, 728 гектар сабзавот, 58 гектар полезӣ, 340 гектар картошка ва 36 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст.
Дар ин давра хоҷагидорони соҳаи кишоварзӣ 10 тонна сабзавот истеҳсол карда, дар майдони 11 гектар боғу токзори нав бунёд намудаанд.
Барои таъмини иҷрои Барномаҳои рушди парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯри асалпарварӣ вобаста ба талаботи имрӯза хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳаҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои судманд андешида истодаанд. Дар бахши чорводорӣ низ корҳои муайяне ба сомон расонида шудаанд. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 46799 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 24442 сар модагов, 100922 сар бузу гӯсфанд, 68541 сар паранда, 1922 сар асп ва 2340 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидаанд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 746,1 тонна гӯшт, 5103 тонна шир, 1 миллиону 156,2 ҳазор дона тухм ва 5 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Дастоварҳои соҳаи маориф
Дар ноҳия 72 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 1 гимназия, 62 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 мактаб-интернат, 7 муассисаи томактабӣ, 42 марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд.
Хурсандибахш аст, ки дар солҳои 2018-2020-ум 9 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тариқи озмун аз муассисаҳои таълимии №8, 1, 69, 20 ва гимназияи давлатии №1 гирандаи стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.
Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои омӯзиши технологияи компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 59 адад кабинетҳои компютерӣ мавҷуд мебошад. То имрӯз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 1309 адад компютер, 206 адад принтер, 85 адад нусхабардор, 19 адад тахтаи электронӣ, 28 адад диапроектор таъмин карда шудаанд.
Ба муассисаҳои таълимии ноҳия дар ин муддат аз ҳисоби соҳибкорон барои 600 нафар ҷойи нишаст, 20 тахтаи синфӣ, 20 ҷуфт мизу курсӣ барои омӯзгорон, 8 синфхонаи иловагӣ бо тамоми шароитҳои муносиб аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст.
Соҳаи тандурустӣ
Дар ноҳия 86 муассисаи тандурустӣ, аз он 8 адад беморхонаи стасионарӣ, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 39 адад марказҳои саломатии деҳотӣ, 22 бунгоҳи тиббӣ, 98 адад марказҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ ва 9 адад марказҳои тиббии хусусӣ амал менамоянд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дорои 9 шуъбаи махсусгардонидашуда, иборат аз 194 кат ва 4 ёрирасон фаъолият мекунад. Дар беморхонаи марказӣ 45 табибон, ки аз онҳо 13 нафар дорои дараҷаи тахассусии олӣ, 6 нафар дараҷаи якум ва 6 нафар дараҷаи дуюм фаъолият доранд.
Дар се моҳи аввали соли 2020 зиёда аз 2313 бемор бистарӣ шуда, аз ин 2241 нафар саломатии худро барқарор гардонидаанд, ки ин 40,5 %-и нақшаи иҷроиши кат-рӯзҳоро ташкил медиҳад.
Дар семоҳаи аввали соли 2020-ум 198 амалиёти ҷарроҳӣ — статсионарӣ гузаронида шудааст, ки 139 нафарашон ба таври таъҷилӣ ҷарроҳӣ карда шуда, 59 нафарашон ба таври нақшавӣ ҷарроҳӣ карда шудаанд. Дар шуъбаи таваллудхона бошад, 35 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.
Беморхонаи байниноҳиявии Бемориҳои сили ноҳия дорои 60 кат буда, дар се моҳи соли ҷорӣ 36 нафар саломатии худро барқарор намудаанд. Беморхонаи пӯст ва зуҳуравии ноҳия дорои 12 кат буда, бо ду табиб фаъолият намуда истодааст.
Дар муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 40 маркази саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, дар маҷмуъ 65 муассиса фаъолият доранд. Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 79 нафар табибон, 782 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 103 нафар кормандони хурди тиббӣ ва дигарон 35 нафар, ҷамъ 999 нафар ба 239 761 нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии аввалияи тиббиро таъмин менамоянд. Кормандони муассисаҳои КАТС дар се моҳи соли 2020 ба аҳолии ноҳия 432 863 муонаи тиббӣ расонидаанд.
Таваллуд дар ноҳия дар давоми семоҳаи якуми соли 2020-ум 1540 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор таваллуд дар тавалудхона 1529 (99,2 %) нафарро ташкил медиҳад.
Рушди соҳаи фарҳанг
Дар қайди бахши фарҳанги ноҳия 54 муассисаи фарҳангӣ шомиланд. Аз ин 30 китобхона, 22 муассисаи клубӣ, мактаби санъат ва боғи фарҳангӣ буда, кормандони соҳа дар талоши онанд, ки бо тавону дониши соҳавии хеш ба мардум хизмати фарҳангӣ расонанд.
Дар бахши фарҳанги ноҳия тибқи воҳидҳои кории тасдиқшуда 132 нафар кормандон дар бахшҳои гуногуни соҳа фаъолият мекунанд. Аз ин теъдод 4 нафар дар дастгоҳи роҳбарикунанда, 38 нафар дар соҳаи китобдорӣ, 32 нафар дар муассисаҳои клубӣ, 7 нафар дар боғи фарҳангу истироҳатӣ, 18 нафар дар мактаби бачагонаи санъат ва 26 нафар дар гуруҳи хизматрасонӣ ва театрӣ масъулияти пешбурди соҳаи фарҳангро бар дӯш доранд.
Аз теъдоди умумии кормандони соҳа феълан 26 нафар бо маълумоти олӣ, 20 нафар бо маълумоти олии ғайрисоҳавӣ, 38 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси соҳавӣ ва 11 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси ғайрисоҳавӣ ва 10 нафар бо маълумоти миёна мебошанд.
Гуруҳи хизматрасонии назди бахши фарҳанги ноҳия бо шумори 28 нафар мутрибону сарояндагон нерӯи асосии гузаронидани ҳама чорабиниҳои фарҳангии ноҳия буда, муаррифгари соҳаи фарҳанги мусиқию драммавии ноҳия дар сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ мебошанд. Филармонияи халқии ноҳия низ бо ҷалби ҳунармандони таҷрибадор сатҳи хидматрасонии фарҳангиро ба мардум боз ҳам беҳтар карда истодааст.
Дар ноҳия 30 китобхона амал мекунад, ки аз ин 3 китобхона (китобхонаи марказӣ, шаҳрӣ ва бачагона) дар маркази ноҳия ва 27 китобхона дар деҳот ҷойгиранд. Хазинаи китобии китобхонаҳои ноҳия 118176 нусхаро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди ноҳия 4 мавзеи таърихӣ мавҷуд аст. Инҳо қалъаи Ҳулбук, шаҳри қадимаи Манзартеппа, ҳавзи Қайнар, қабристони қадимаи Ғелот ба ҳисоб мераванд. Дар ноҳия 1 осорхонаи моҳияти ҷумҳуриявӣ доштаи Ҳулбук ва музейи таърихии кишваршиносии мактабӣ дар муассисаи таълимии №17 амал мекунанд. Дар осорхонаи Ҳулбук беш аз 10,5 ҳазор дастхату нигораҳои таърихӣ нигоҳ дошта мешавад ва ҳамасола теъдоди нигораҳо тавассути ковишҳои бостоншиносон афзун мегардад. Дар музейи таърихии кишваршиносии мактаби №17-и деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон бошад, 3100 нигора ва дастхатҳои нодир маҳфуз аст. Осорхонаи таърихшиносии мактаби рақами 8-и деҳаи Ғелоти ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов бошад, дорои беш аз 2,5 ҳазор бозёфтҳои таърихист.
Сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш
Дар семоҳаи аввали соли 2020 ба ноҳия 3012 нафар меҳмонон ташриф овардаанд, ки аз онҳо 307 нафарашон меҳмонони хориҷӣ мебошанд. Дар ин муддат намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, сафири давлати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири Федератсияи Россия ташриф овардаанд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ фаъолияти кориашро дар асоси нақшаи корӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои соҳавӣ ба роҳ монда, як қатор корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни омма ва ҷавонон амалӣ намудааст.
Дар 3-моҳаи соли 2020 аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия 95 чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла 33 вохӯрӣ, 2 чорабинии фарҳангӣ, 1 озмун, 6 шанбегӣ, 7 аксия, 6 дарҳои кушод, 27 чорабиниҳои варзишӣ, 6 чорабиниҳои ҳарбӣ — варзишӣ ва 8 машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардида, дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 8480 нафар наврасон, ҷавонон, варзишгарон ва калонсолон фаро гирифта шудаанд.
Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 185-то ва толорҳои варзишӣ 25-торо ташкил медиҳад. Давоми 3 моҳи соли 2020 дар ноҳия 1 майдончаи замонавии варзишӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Муассисаҳои варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 13 намуди варзиш ба роҳ мондаанд, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 1269 кӯдаку наврасони ноҳия ба тамринҳои гуногуни варзишӣ фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 187 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Корҳои сохтмонӣ
Дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 51 миллиону 549,1 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ иҷро карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 39 миллиону 302,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлкорӣ бошад, ба маблағи 50 миллиону 607,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39 миллиону 029,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, дар ин давра ба андозаи 9 миллиону 498 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ва 8410 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.
Корҳои пудратии иҷрошуда аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия 7 миллиону 914,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 775,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 7.01.2020, №9 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 13-уми декабри соли 2018, №276 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2018, №510 “Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
Давоми 3 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия бо роҳбарии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор як қатор корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шудааст. Мувофиқи дастуру супоришҳои роҳбари гуруҳи корӣ дар ҳудуди ноҳия мунтазам корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки фаъолон, коллективҳои меҳнатӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Тибқи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон китоби Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, аъзои гуруҳи корӣ дастрас карда шудааст.
Дар ноҳияи Восеъ шумораи иншооти ҷашнӣ аз 230 ба 405 адад расонида шуда, аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони ноҳия ҷиҳати бунёди иншоот ва корҳои ободонӣ муроҷиатҳои хаттӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1.04.2020-ум 230 иншоот ва корҳои ободонӣ ба истифода дода шудаанд. Рафти корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар 123 адад иншооти банақшагирифташуда мунтазам зери назорати мутасаддиён қарор дорад.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Восеъ, муҳтарам Шарбатулло Азизулло, «яке аз масъалаҳои асосӣ, ки ба таъмини рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ роҳ мекушояд, ин тараққӣ додани истеҳсолот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранок истифода намудани замин, воситаҳои истеҳсолӣ ва захираю имкониятҳои мавҷуда мебошад”.
— Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Восеъ бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд,- меафзояд ӯ.
МТЖТ