Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Тоҷикобод сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Тоҷикобод дар давоми соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод давоми соли 2019 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо мегӯяд, ки “дар ҳақиқат, соли 2019 мардуми диёрамон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия заҳмати шоиста карда, ба як қатор муваффақиятҳои меҳнатӣ сазовор гардиданд, корҳои ободонӣ ва бунёдкории зиёдро анҷом доданд, барои пешрав сохтани кори соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоиёту маънавиёти мардум тозакориҳо ба вуқуъ пайвастанд”.
Бузургтарин воқеаи соли 2019 дар ҳаёти ноҳия сафари хизматии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод буд, ки 25-уми июни соли 2019 ба вуқуъ пайваст. Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи иқтисодӣ- иҷтимоии ноҳия шинос гардида, барои рушду тараққиёти минбаъдаи ноҳия саҳифаҳои тоза боз гардид.
Гузашта аз ин, тавре огоҳем, бузургтарин рӯйдоди пешорӯ ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо Амр, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ахиран қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ асоснок гардидааст, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолият, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 бояд корҳои созандагиву ободонӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод густариш бахшида шаванд. Дар асоси нақша-чорабиниҳои мувофиқагардида вобаста ба шоиста ҷашн гирифтани ин иди муқаддас давоми якуним соли минбаъда бояд 69 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шаванд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат гуруҳҳои кории ҳукуматӣ ду соли охир таъсис ёфта, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда шудаанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода, Директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» муҳтарам Хол Карим Иброҳим ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободкориро назорат мебаранд.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо мегӯяд, ки “умед дорем бо дастгирии ин давлатмардони арзанда суръати корҳо дар ноҳияи мо вусъати тоза касб менамоянд. То ин вақт ободкориҳои зиёде арзи ҳастӣ намуданд, ки аз номи мардуми ноҳияи Тоҷикобод самимона миннатдорӣ изҳор менамоям. Бахусус муҳтарам Хол Карим Иброҳим бо кӯмакҳои пайвастаи хеш шаҳрванди ифтихории ноҳияи Тоҷикобод ба ҳисоб мераванд».
Ҳамзамон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми декабри соли 2019 ба халқи Тоҷикистон пешниҳод гардид, назди ҳокимиятҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳои деҳот, хизматчиёни давлатӣ, вакилони халқ, роҳбарони муассисаю ташкилот, фаъолон, ходимони дин ва дар маҷмуъ тамоми шаҳрвандон ҳаллу фасли вазифаҳои мушаххасро гузошт. Ин ҳуҷҷати роҳнамо аллакай дастури фаъолияти мардуми ноҳия қарор гирифтааст.
Мақсади асосӣ аз пешниҳоди солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин аст. Соли 2019 дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Тоҷикобод низ чорабиниҳои зиёд баргузор гардидаанд. Дар бисёр чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳунармандони ноҳия иштироки фаъол доштанд.
Фаромӯш набояд кард, ки ягона воситаи ғанӣ сохтани буҷети маҳаллӣ, имконият ёфтан ба корҳои хайру ободонӣ ва иҷрои саривақтии нақшаҳои андозӣ, дарёфти сарчашмҳои иловагӣ аз пардохти андоз вобаста аст. Соли 2020 нақшаи умумии андоз 12 фоиз зиёд мегардад. Назди нозироти андоз, раёсати молия ва дар маҷмуъ ҳамаи субектҳои андозсупор вазифае меистад, ки натанҳо нақшаи имсоларо иҷро намоянд, балки барои соли оянда аз ҳоло ҷиҳати дарёфти сарчашма ва даромадҳои иловагии андозӣ чора андешанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, соли гузашта ба ғайр аз зироатҳои ғалладонагӣ дигар дар ҳамаи намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2018 афзоиш мушоҳида мешуд. Алҳол, муовини соҳавии раиси ноҳия, шуъбаи кишоварзӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ вазифадор карда шудаанд, ки аз ҳоло барои дарёфти тухмии хушсифат ва ҷавобгӯ ба иқлими ноҳия чораҳои амалӣ андешанд. Зеро баҳори оянда на камтар аз 50 фисади заминҳои обӣ ба кишти картошка банд мегарданд.
Дар бораи соҳаи афзалиятнок эълон гардидани соҳаи маориф, таваҷҷуҳу ғамхориҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати ин соҳаи ҳаётан муҳим метавонем соатҳо ҳарф занем. Маорифчиёни ноҳияи Тоҷикобод низ дар ҷавоби ин ғамхориҳо вазифадоранд сифати таълиму тарбияи насли наврасро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда, насли шоиставу арзандаро ба камол расонанд. Ҷои қайд аст, ки солҳои охир дар ноҳия ба азнавсозӣ ва сохтмони биноҳои муассисаҳои таълимӣ эътибори махсус дода мешавад. Соли 2019 бинои ҳозиразамони кӯдакистон дар маркази ноҳия ва маркази муҷаҳҳази касбомӯзӣ-технологӣ дар назди мактаби рақами 17-и деҳаи Мазори поён ба истифода дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии мардуми саховатманд ва омӯзгорон дар назди муассисаҳои таълимии №7, 18, 31, 32, 37, 38, 43 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардида, то охири соли 2020 мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бо мақсади дигаргун сохтани раванди таълим шуъбаи маориф бо тасдиқи раиси ноҳия нақшаи махсуси чорабиниҳо тартиб додааст, ки иҷрои ҳатмии он аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ талаб карда мешавад.
Ҳифзи тандурустии омма муҳимтарин самти фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои пешрафт ва рушди соҳа эътибори махсус дода мешавад. Ин ғамхориҳоро нисбати соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Тоҷикобод низ дида метавонем. Тибқи нақшаи чорабиниҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои водии Рашт сохтмони бинои ҳозиразамони беморхонаи марказии ноҳия дар назар аст, ки ин навиди фараҳбахш мебошад.
Бахши фарҳанги ноҳия соли 2019-ро бо як қатор навгониҳо ҷамъбаст намуд. Барномаҳои театрикунонида дар тантанаҳои қабули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои Наврӯз ва солгарди Истиқлолият, ки бахши фарҳанг ва муассисаҳои таълимӣ омода сохта буданд, аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуданд. Ҳайати ҳунармандони шуъба бо чанд нафар овозхонони хушсалиқа пурра ва сифати барномаҳои консертӣ беҳтар гардидааст. Бо дастури раиси ноҳия баргузор кардани шабҳои эҷодии адибони ноҳия ва баргузор кардани консертҳо дар деҳаҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба сифати кори аҳли фарҳанг таровати тоза мебахшад.
Дар асоси муроҷиати роҳбари бахши фарҳанг бо қарори раиси ноҳия аз буҷети маҳаллӣ барои харидории таҷҳизоти барқии мусиқӣ ва дигар асбобу ашёҳои лозима бештар аз 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, сифати кори бахш рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Масъалаи тарғиби китобхонӣ ва фаъолияти пурсамари китобхонаҳо дар Паёми навбатии Сарвари давлат таъкид ёфт ва мутасаддиён дар ноҳияи Тоҷикобод дар ин самт чораҷӯӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Тоҷикобод дар қисмати соярӯи минтақаи Раштонзамин ҷойгир буда, зимистони инҷо нисбати дигар ноҳияҳои минтақа дарозтар аст ва боришот зиёд мешавад. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи 43 деҳаи ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ бо ғайрати даҳчанд идома доранд. Соли 2019-ум давоми даҳ соли охир нақшаҳои андоз бо сари баланд ба андозаи 102 % ба иҷро расонида шуда, дар ҳамаи деҳаҳо ва марказҳои маъмурӣ 69 адад иншооти ҷашнӣ сохта мешаванд. МИҲД-и ноҳия дар якҷоягӣ бо мардум тамоми каналу заҳбурҳоро тоза намуда, кулли мардуми ноҳияро бо оби полезиву ошомиданӣ таъмин намудаанд. Корҳо барои ташкили кӯлҳои моҳипарварӣ ва фермаҳои чорвопарвариву сехҳои истеҳсоли қуму шағал, истеҳсоли семблоку хишти пухта бо суръати баланд идома доранд. Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳудудҳои шоҳроҳи Тоҷикобод — Лахш иловатан сохтмони даҳҳо нуқтаҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Маҳз дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми манотиқи куҳистон беназир буда, имрӯз тамоми деҳоти куҳистон ба таври тасхиркунанда симои худро дигар менамоянд. Дар ин сурат, дар 4-5 соли оянда зиндагии мардум даҳчанд хуб гардида, маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ низ афзоиш хоҳад ёфт. Дар баробари ин, корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатӣ афзоиш ёфта, зиндагии шоистаи мардум таъмин мегардад, ки ҳамагӣ аз хизмати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод, муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо мегӯяд, ки “дар соли 2020 вазифаҳои роҳбарияти ноҳия ва дар маҷмуъ мардуми ноҳия тарҳрезӣ гардидаанд. Умед дорам, хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони муассисаю корхонаҳо, кормандони онҳо соли 2020-ро бо тозакориҳо сипарӣ менамоянд. Авҷи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, дигаргунии ҷиддӣ ворид намудан ба раванди таълиму тарбия, нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоиёту маънавиёт вазифаҳои мушаххаси мо барои соли 2020 ба ҳисоб мераванд, ки барои иҷрояшон камар бастаем».
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ