Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Спитамен сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Спитамен манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

 Аз таърихи ноҳия

Спитамен яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Нов мебошад. Аҳолиаш 128 700 нафарро ташкил медиҳад. Аз Спитамен то Душанбе 294 км роҳ аст. Ин ноҳия 29-уми сентябри соли 1926 чун ноҳияи Нов дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. 10-уми майи соли 1929 бинобар Қарори III анҷумани Шӯроҳои ҶШС Ӯзбекистон округи Хуҷанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд ва дар октябри соли 1929 бахше аз Тоҷикистон шуд. 21-уми ноябри соли 2003 бар асоси Қарори №460-и Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёди Спитамен ноҳияи Спитамен номида шуд.

Рушди соҳаи саноат

Ҷиҳати рушди соҳаи саноат танҳо дар панҷ-шаш соли охир дар ноҳия зиёда аз 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст. Яке аз иншооти зикршуда Корхонаи муштараки ҶСП “Норд Азия Металл” мебошад. Бунёди корхонаи мазкур бо ҳамкории соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, барои сохтмони он беш аз 23 миллион сомонӣ равона шудааст.

Фаъолияти корхонаи ҶДММ “Спитамен Ойил” низ оғоз гардида, бо иқтидори коркарди 150 тонна ашёи хом дар як шабонарӯз бунёд гардида, равғани растанӣ истеҳсол мекунад. Коргоҳ дар як сол метавонад то 30 ҳазор тонна равғани растании тоза истеҳсол намояд. Илова бар ин, дар корхона дар асоси технологияи замонавӣ хӯроки махсуси ғизоноки паранда истеҳсол мегардад.

Соли гузашта дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд. Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркарди шир бунёд гардида истодааст. Ин корхона аз ҷониби ҶСП “Комбинати шири Душанбе” сохта шуда истодааст. Маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил дода, аз он 3,5 миллион маблағи умумии сохтмон ва 4 миллион маблағи таҷҳизоти воридшаванда ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад. Баъди ба истифода дода шудани корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП “Комбинати шири Душанбе” 50 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Аҳамияти сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 9-10-уми марти соли 2018 сурат гирифт, барои ноҳияи Спитамен таъсири мусбати калон расонид. Бо ташаббуси бевоситаи президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ кушода шуданд, ки ин боиси боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳо гардид.

Қайд намудан бамаврид аст, ки санаи 1-уми марти соли 2018 гузаргоҳи наздисарҳадии «Ҳаштияк», ки ноҳияи Спитаменро бо шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст менамояд, бо иштироки бевоситаи намояндагони ҳар ду ҷониб мавриди кушодашавӣ қарор гирифт, ки то ҳол мардуми ноҳияи Спитамен ва дигар шаҳру ноҳияҳо бе мамониат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда истодаанд.

Баҳои Пешвои миллат ба сокинони Спитамен

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен аз заҳматқаринии мардуми ин ноҳия ситоиш намуда, аз ҷумла гуфтанд: “Мушоҳида мегардад, ки мардуми заҳматписанди ноҳияи Спитамен низ бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба хотири амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дучанд заҳмат кашида, барои ободиву сарсабзии диёри хеш корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд. Бо истифода аз фурсат, ба мардуми сарбаланди ноҳия барои заҳмати содиқонаашон арзи сипос намуда, бовар дорам, ки онҳо барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ноҳия, афзун намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳким бахшидани имкониятҳои содиротии кишварамон бо азму талоши бештар фаъолият мекунанд. Имрӯз дар маркази ноҳия боз ду иншооти нав — майдонҳои Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ҳусни маркази ноҳияро боз ҳам зебову дилкаш гардонидаанд. Қомат афрохтани рамзҳои муқаддаси давлатдориамон боиси боз ҳам таҳким ёфтани эҳсоси ватандӯстиву ватанхоҳӣ ва ифтихору сарафрозии сокинони ноҳия гардида, майдони онҳо ба макони баргузории чорабиниҳои гуногун табдил меёбад. Қасри фарҳанги деҳоти Куруш, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, аз ҷумлаи корҳои созандагие мебошад, ки ба муносибати истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо риояи унсурҳои беҳтарини меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Илова бар ин, дар шафати қаср аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии “Спитамен-текстайлз” толори пӯшидаи варзиш ва майдончаи бозии кӯдакона бунёд гардидааст, ки беҳтарин туҳфа барои кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад”.

Таваҷҷуҳ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен рӯзи 2-юми августи соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳраки Навкат бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуд. Раиси вилоят аз ҷумла аз манзили сокини ноҳия Ҳамроқул Ҳазратқулов боздид кард. Мавсуф дар замини наздиҳавлигии худ помидор, қаламфур, кабудиҳо, меваҳои ангур, шафтолу, анҷир, хурмо парвариш намуда, ҳамасола ҳосили хуб ба даст меорад.

Аъзои оилаи Ҳазратқуловҳо дар фасли тобистон сертарадуд мебошанд ва чун анъана барои хуш гузаронидани тирамоҳу зимистон маводи ғизоӣ захира менамоянд. Онҳо бо истифода аз масолеҳи кишоварзие, ки дастранҷи худашон аст, афшура ва мураббоҳои гуногун омода намуда истодаанд. Аҳли ин оила ҳамзамон маводи ғизоиро ба монанди орд, равған, биринҷ, мош, гӯшт захира кардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои боздид аз манзили истиқоматии Ҳамроқул Ҳазратқулов таъкид кард, ки мардуми тоҷик аз қадим дар фасли тобистон маводи зарурии худро барои тирамоҳу зимистон захира мекард ва ин анъанаи нек имрӯз низ риоя карда мешавад. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳар оила бояд тибқи талаботи худ захираи маводи ғизоӣ дошта бошад.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имсол аз боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Спитамен боздид намуда, ҳамроҳи соҳибкор Саидмурод Давлатов дар нахустин супербоғ дар Тоҷикистон ниҳол шинонданд. Боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст. Боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад.

Хушхабар: кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари худ дар аввали моҳи августи соли равон ба ноҳияи Спитамен дар ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шуд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад. Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш доранд.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба COVID-19

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо намояндаҳои МИҲД- и ноҳияи Спитамен дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд, Т. Ӯлҷабоев, Истиқлол, Тағояк, Хуррамзамин ва Куруши ноҳияи Спитамен вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯриҳо бо сокинон ҳамчунин баҳри мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, захираи маводи хӯрока, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалла ва хонаҳои шахсии худ, пурра ба фаъолият шуруъ намудани корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварӣ намудани полезиҳои кишоварзӣ, доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Бо мақсади иҷроиши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №968 аз 19-уми декабри соли 2017 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №510 аз 31-уми октябри соли 2018 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тартиб дода шуда, баҳри саривақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳо гуруҳҳои кории ноҳиявӣ ва гуруҳи корӣ дар ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил карда шуда, якҷоя бо сокинон, соҳибкорон ва дигар табақаҳои аҳолӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар маҷмуъ ба санаи 1-уми июли соли 2020 дар ноҳия аз 410 адад иншооти гуногуни ба нақша гирифташуда дар 292 адад иншоот корҳои сохтмонӣ, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ ба итмом расонида шудааст, ки ин 72,1%-ро ташкил мекунад.

Аз ҷумла, дар соли 2018 аз 63 адад иншоот 65 адад (103%), дар соли 2019 аз 162 адад иншоот 167 адад (103,2% ) иҷро шуда, дар 6 моҳи соли 2020 аз 110 адад иншоот дар 60 адад ё ин ки 54,5% иншоот корҳои сохтмонӣ, таъмиру таҷдид ва корҳои азнавсозӣ иҷро карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев барои 320 талаба дар як баст, гармхонаи замонавӣ дар майдони 1 га, боғи суперинтенсивӣ дар майдони 4,3 га дар ҷамоати деҳоти Тағояк мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Инчунин, даҳҳо дигар иншоот, ба монанди толори варзишии замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Сарбанд, майдони варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев, марҳилаи сеюми сохтмони сехи истеҳсолии ҶДММ «Норд Азия Металл», сохтмони марказҳои хизматрасонӣ, таъмиру таҷдиди бунгоҳҳои тиббӣ ба итмом расонида шудааст. Баҳри иҷроиши Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Солҳои 2018-2028 — даҳсолаи об барои рушди устувор” ва бо мақсади таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Куруш, Тағояк, Т. Ӯлҷабоев, Истиқлол ва шаҳраки Навкат дар давоми 2 соли охир зиёда аз 50 км хатҳои оби нӯшокӣ, обанборҳо, чоҳҳои амудӣ бунёд карда шуда, зиёда аз 18000 нафар сокинони деҳаҳо бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд.

Корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои маҳаллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ бомаром идома дорад.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди ноҳия мувофиқи нақша 2,1 км буда, дар асл 6,1 км ё ин ки 286% иҷро гардидааст. Инчунин, таъмири ҷории роҳҳо 56,6% ва шағалпӯш намудани роҳҳо 69,4% иҷро карда шуда, баҳри пурра иҷро намудани нақша корҳо дар нимсолаи дуюм ҷоннок карда мешаванд.

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру таҷдид ва азнавсозии хатҳои нерӯи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ ба назар гирифта шудааст. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2020 кӯчаҳои марказии деҳаи навбунёди Навандарсойи ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев, деҳаи Озариёни ҷамоати деҳоти Тағояк, деҳаҳои Ҳаштияк, Меҳнатобод ва Куркати ҷамоати деҳоти Куруш, кӯчаҳои Дӯстӣ, Спитамен, Б. Ғафуров, Ю. Маҳкамов ва А. Берунии ҷамоати шаҳраки Навкат чароғон карда шуда, сутунпояҳои фарсудашуда ба сутунҳои оҳану бетонӣ ва ноқилҳои барқӣ иваз карда шуда, боз 4 адад зеристгоҳи барқӣ насб карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар аксарияти иншооти ҷамъиятӣ корҳои сохтмонӣ, азнавбарқароркунӣ, таъмиру тармим босуръат идома дорад.

Раиси ноҳияи Спитамен муҳтарам Темурҷон Нуъмонзода мегӯяд, ки “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои нақша-чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад”.

— Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар оянда низ тамоми фаъолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздамон гузошташуда равона намуда, меҳнаткашони ноҳия ҳамаи тадбирҳоро меандешанд, ки соли 2020-ро ба марҳилаи созандагию бунёдкориҳои азим ва муваффақиятҳои калони меҳнатӣ табдил дода, санаҳои муҳими таърихиро сарбаландона истиқбол гирем. Кӯшиш мекунем дучанд меҳнат намоем ва сазовори боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ноҳия гардем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here