Ҳар як қавму миллат бо дарки афзалиятнокии ин ё он соҳа муносибат ва диди хешро ба он танзим месозад. Дар давлатҳои пешгом маориф аз соҳоти махсусест, ки таваҷҷуҳ ва назари хосаеро касб кардааст ва кулли пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ бар пояи маорифи пурқувват ба роҳ монда шудаасту устувор аст. Агар ба тарзи оддӣ иброз намоем, фишанги асосии пешрафти миллату давлат ва ҷомеа маориф аст.

Маориф бояд оинаи миллат бошад, ки камбудӣ ва нуқсонро пешорӯйи миллат ифшо созад. Чуноне ҳар фард бо назар кардан ба оина зоҳири хешро ба тартибу танзим медарорад, маориф болотар аз ин бо оинаи миллат буданаш бояд ҳам зоҳиру ҳам ботини миллатро ба танзим дарорад.

Агар чунин муносибате, ки имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар оғоз аз Вазорати маориф ва илм то ба макотиби рустоҳои дурдаст ҷой дораду чунин боқӣ монад, бешубҳа, баъди 15-20 сол дар торикии маънавиву фарҳангӣ ва ботлоқи иқтисодиву иҷтимоӣ қарор хоҳем дошт. Зеро имрӯзҳо дар соҳаи маорифи кишвар меъёри муайянкунандаи пешравӣ фақат моддиёт асту пул. Он маблағҳое, ки аз ҷониби фондҳои гуногун пешниҳод мегарданд, бо пасманзари нохушоянде, ки паёмади он ба кишваре, ки ин маблағҳоро мегирад, бетаъсир нест.

Ҳар як миллату кишвар махсусияти худро дар соҳаи маорифи хеш дорост, ки бозгӯи ҳам менталитет ва ҳам низоми танзимкунандаи ин соҳаи калидист. Бо гирифтани маблағ ва зери нақораи дигарон рақс намудан паёмадҳои номатлуберо дорост.

Солҳои аввали бозсозии горбачёвӣ ҳама бо шиору овеза баҳри баргаштан ба фарҳангу маориф ва хати гузаштагони хеш даъво кардему аз усули таълими шӯравӣ даст кашидем. Ба ивази он чӣ гирифтем? Бесаводиву боқӣ ҳеҷ. Имрӯзҳо, ки ҷор мезанему кафкӯбӣ дорем, ки маорифи мо дар қатори маорифи кишварҳои мутараққӣ қарор дорад, дурӯғе беш нест, ки дидаву дониста ба ин дурӯғ бо мақсади пайдо намудани манбаи дигари маблағгузории берунӣ бовар кардаем. Худамон худамонро дидаву дониста фиреб кардан дорем. Чуноне собиқ раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар яке аз баромадҳояш гуфта буд, “бояд бо дурӯғ мубориза барем”. Мо низ бояд ин муборизаро дар тамоми сатҳи маориф ба роҳ монем.

Бо номи аслӣ сифатро низ гӯр кардем…

Бо гаравидан ба усули таълими “кишварҳои пешқадам”оғоз намудем ба табдили номи мактабу омӯзишгоҳу донишкадаву донишгоҳҳо. Ба ҷои мактаб муассисаи таълимӣ (МТМУ, МТАУ) гуфтему онро низ ба асосиву умумиву ғайриасосӣ тақсим намудем, ки хандаовар аст. Магар дар омӯзишгоҳу донишкадаву донишгоҳ таълим надода, бо дигар фаъолият машғуланд, ё асосӣ неву дуюмдараҷаанд? Омӯзишгоҳҳоро ба литсейу коллеҷ табдил додем, ки маблағгузорон бинанд, ки мо “кор” карда истодаем. Усули таълимро дар донишгоҳҳову донишкадаҳо ба бакалавру магистр, ки хоси “кишварҳои мутараққӣ” ҳастанд, тағйир додему тоқӣ ба ҳаво партофтем, ки мо босавод шудему пеш рафтем, зеро ба меъёри ҷаҳонӣ маорифи мо баробар шуд. Масхарабозӣ!!!

Баъдан пардохтем ба усули фаъолу ғайрифаъолу дигар усулҳои сунъӣ, ки ҷои савод додан бесаводиву танбалӣ меомӯзад. Гузаштем ба зинаҳои таҳсилоту ибтидоиро аз 3 ба 4 сол боло бурдему миёнаро аз 10 ба 11 сол ва иншоаллоҳ ба қафо баргаштанӣ нестему ба 12 низ мерасонем. Дигар, тохтем болои баҳогузорӣ, ки қаблан бо чоряку нимсолаву солона номгузорӣ мешуд, рейтинг ном гузоштем, дар ҳоле ки журнали синфӣ бо ҳамон чоряку нимсолаву солона боқӣ монда буд. Кадом босаводе пайдо шуду баргаштем ба асл. Лекин аттестатсияи хатму аттестатсияи аз синф басинфгузаронӣ бо он ҳама гӯшхарошиаш боқӣ монд. Дар макотиби олӣ низ унвонҳои сунъие ба монанди доктор PhD ва дигару дигар ба вуҷуд омаданд, ки “харро хандаву бузро бозӣ”-ро мемонад.

Дар боло гуфтем, ки меъёри муайянкунандаи соҳаи маорифи кишвар пул аст. Бо чанд далел асоснок менамоем. Аввалан, дастурамалҳои гуногуне барои таълим бо усули нав нашр кардаву фурӯхта мешуд ва сари ҳар чанд вақт боз рақсҳои наву мусиқиҳои гуногун ва боз нашри дигар мавод. Салоҳиятнокиву гӯё ба хонанда додани имкони бештар мақоли “пеш омад, хуш омад”-ро мемонаду об овардаву кӯзашикастаро баробар месозад. Ҷиҳати дигари бар пояи пул бино ёфтани маорифи кишвару аз мантиқу мазмуни хеш дур мондани он пулакӣ гардидани таълим дар кишвар аст. Вақте таълим шартномавӣ мешавад, савияву сифати дониш ба мадди дуюм мегузарад. Чуноне байни донишҷӯён тамасхуромез мегӯянд: “Дохил шудӣ, пули шартномаро, ки пардохтӣ, донишгоҳ ё донишкада аз ту як диплом қарздор аст”. Бо вуҷуди ин ҳама хараҷу мараҷе, ки дар зинаҳои болои маорифи кишвар сурат мегиранд, гунаҳкори асосӣ боз бечора муаллимини макотиби миёнаанд.

Шумора дар мадди аввал

Одатан дар кулли мамолики пешрафта мутаносибан ба талаботи соҳаҳои иқтисодии хоҷагии халқ мутахассис омода месозанд. Дар мо ин масъала ба инкубатор шабоҳат дорад. Зарур ё хайр мо мутахассисони соҳаеро тайёр менамоем, ки фаъолияти соҳа он тараф истад, ному нишони соҳаро дар рӯзи равшан на бо чароғи иличиву на бо каммасрафҳои чинӣ ёфтан наметавонем. Солҳои қабл дар кишвар 8-9 донишкадаву донишгоҳ буду мутахассис ба ҷуз баъзе соҳаҳо мерасид. Имрӯз бошад, соҳиби 33 донишгоҳу донишкада ҳастем, вале боз ҳам норасоии кадр бармалост. Лекин дар тайёр намудани мутахассис пешгом ҳастему аз сабаби набудани соҳаи кору фаъолият бо он ихтисосҳои донишгоҳҳо боз ҳам сафи муҳоҷири дипломдору пистафурӯши бозорҳо рӯзафзун рӯ ба зиёдшавист. Пас суоле пайдо мешавад, ки оё зарурати будани донишгоҳ ё факултаҳое, ки фориғуттаҳсилини он бо кор таъмин буда наметавонанд, мувофиқи мақсад аст? Шояд боз ҳам тарс аз зиёд шудани сафи бекорон аз ҳисоби муаллимини донишгоҳу донишкадаҳо дар ҳолати бастани фаъолияташон ба миён меояд, ки ин ихтисосу донишгоҳҳо фаъол ҳастанд.

Низоми имтиҳоноти қабул низ ба як тағйироти ҷиддӣ ниёз дорад. Кулли кишварҳои собиқ иттиҳод низоми тестии имтиҳонро санҷиданд ва чун аз манфиат холӣ дарёфтанд, баргаштанд ба усули пешин, ки дар ҳақиқат усули таълими беҳтарин буд. Имтиҳони қабулро метавон бо варзиш қиёс намуд, ки ҳарду тайёрии ҳамаҷонибаро талаб доранд. Агар рақиби варзишгар пурқувват бошад, пас варзишгар пеш аз набард пайваста ва ҷиддӣ ба тамрин ва обутоб додани бадани хеш машғул мегардад, то комёбӣ насибаш гардад. Дар имтиҳони қабул низ бояд инчунин бошад. Агар талабот ба довталаб ва дониши ӯ баланд бошад, пас аз зинаҳои аввали таҳсил хонандаи мактаб кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як фан ва ҳар як дарсро ба таври бояду шояд азбар намояд. Дар акси ҳол, чун солҳои қаблӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ шуда метавонад. Лекин мо имрӯз акси ин ҳамаро мебинем. Ҳатто кор то ба ҷое расидааст, ки хонандае, ки дар вақти таҳсил дар мактаб хуб мехонд, дар натиҷаи фикр намуда ба саволи тестӣ ҷавоб гуфтан ба хато роҳ медиҳаду хонандаи фориғбол бо таваккал ишора намудани посухҳо комёб мегардад. Усули тестии таълим қобилияти эҷодии хонандаро маҳдуд намуда, ҳатто ба нобудӣ бурда мерасонад. Ҳамчунин бо усули АВСД дониши чуқур андӯхтан имкон надорад ва ҳамзамон шавқи хонандаро низ саркӯб менамояд. Зеро гуфтаанд: “Шавқе агар саркӯб шуд, нохуб шуд, нохуб шуд”. Сабаби аз китоби бадеӣ ва умуман хондан дур мондани хонандагон низ маҳз дар ҳамин гуна талабот ба имтиҳони қабул ба донишгоҳу донишкадаҳост. Мақсади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо ташкили озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” пур кардани ин холигии маънавист.

Аз ин лиҳоз, маорифи кишвар бо кулли ҷанбаҳояш оғоз аз ислоҳи истилоҳи коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ, усули таълиму баргузории имтиҳонот ва ногузирии ихтисосу донишгоҳ ба як бозбинии ҳаматарафа ниёз дорад. Зеро ин сатҳе, ки имрӯз маорифи мо қарор дорад, бозгӯи тараққиёту пешрафти ҷаҳонӣ буда наметавонад ва дар акси ҳол, ояндагон моро намебахшанд.

Бахтиёр ОБЛОҚУЛЗОДА, омӯзгор, узви ИЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here