Аз таърихи давлатдории тоҷикон бармеояд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватан саҳми занон дар баробари мардон кам нест. Аз ин ҷост, ки дар аксари навиштаҷоти олимону донишмандони тоҷик аз қаҳрамонӣ, далериву ҷасурӣ ва шуҷоати зани тоҷик ёдоварӣ шудааст. Мусаллам аст, ки мардонавор ҷангидан, ҷасорат ва матонати занони қаҳрамони миллатамон дар симои занони ҷасуру паҳлавон, амсоли Гурдофариду Бурондӯхт, Томирису дигар қаҳрамонзанон эҳсос мегардад.
Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбарияти олии мамлалкат нисбат ба занон рӯз аз рӯз бештар гардида, барои ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбиру чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ин аст, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ занону модарон дар ҳама сохторҳо кору фаъолият мекунанд. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат низ барои боз ҳам баланд бардоштани ҳуқуқу манфиати занон, дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият намудани онҳо сухан рафт, ки боси сарфарозист.
Аз ҷумла, занони тоҷик пайравӣ аз қаҳрамонзанҳо, амсоли Томирису Гурдофарид ва дигарон карда, имрӯз дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қатори мардҳо барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат бастаанд. Албатта, 23-юми феврал танҳо ҷашни мардҳо набуда, балки ҷашни он занҳое низ ҳаст, ки дили мардона, номусу нанги Ватандорӣ доранд.
Пӯшида нест, ки занону модарон қувваи бузурги ҷомеа ва тарбиятгару насли созандаи Ватананд. Тамоми бузургони олам дар домани сабзи модар ба камол расида, арзи ҳастӣ карда, тамоми сайёраро нигаҳбонӣ намудаанд. Аз ин хотир, мегӯянд, ки «модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад».
Танҳо дили модар аст, ки дар ягон ҳолат, дар ягон вазъият намехоҳад, ки байни фарзандонаш ҷанг бошад. Агарчи ӯ дар қитъаи Амрико, Осиё ё Африқо зиндагӣ мекунад, барои ӯ фарзанд аст. Зан-модар ҳамеша тарафдори хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати фарзандонаш буда, мехоҳад, ки онҳо хушбахт бошанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи зан пеш аз ҳама модар будан аст. Занро дар ҷомеа аз қадимулайём чароғи хонадон мегӯянд. Ин аст, ки нақши ӯ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созандакорӣ аст, албатта, нақши модариро мебозаду Ватанашро чун фарзандонаш ҳимоя менамояд.
Ҳимоякунандаи миллат зан-модар аст. Ҳеҷ як паҳлавоне, рӯинтане наметавонад беш аз зан мудофеи Ватан бошад. Занон ҳам офаранда ҳастанд, ҳам нигоҳдорандаву ҳифзкунанда ҳастанд ва зимомдорандаи ҷаҳонанд. Бонувоне, ки ҳаёти худро ба мудофиаи Ватан пайванд кардаанд, даҳчанду садчанданд.
Дар воқеъ, занон қишри фаъоли ҷомеа буда, дар иҷрои босифати вазифаҳои бар зимма дошта пурмасъуланду баробари мардон қадамҳои устувор мегузоранд.
Ба андешаи ин ҷониб, мартаба ва манзалати занро ҳанӯз Фирдавсии бузург дар “Шоҳнома”-и безаволаш тасвир кардааст. Имрӯз дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хушбахтона, тариқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳову манзалати зан баланд бардошта шудааст. Тавре зикр гардид, далели ин гуфтаҳо қонуну қарорҳо доир ба баланд бардоштани мартабаи зан дар ҷомеа ва махсусан дар артишанд. Дар Артиши Тоҷикистон занону хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари мардон ширкат меварзанд, ҳеҷ кас ҳуқуқҳои онҳоро поймол намекунад. Рӯз то рӯз барои боз ҳам беҳтар намудани хизмати онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида мешавад.
Бояд зикр намуд, ки хизмати ҳарбӣ масъулиятноку заҳматталаб аст. Занону модарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, дар баробари ин, боз мудофеони Ватанро тавлид намудаву ба воя мерасонанд, ки муҳофизи Модар-Ватананд.
Заҳмату талош, ташаббусҳои созанда ва некбинонаву ватандӯстонаи занону модарон, нақши онҳо дар пешрафту шукуфоии Ватан ва рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ эҳсос мегардад.
Дар ташаккулу таҳкими Артиши миллӣ нақши модар хеле бузург аст, чунки ӯ ҳамеша қаҳрамону паҳлавону бавиҷдону поквиҷдонро мехоҳад тарбия кунад. Инсонҳои боҷасорат, паҳлавонони бонангу номус медонанд, ки хизмат ба Ватан як гӯшаи имон аст. Дӯстдории Ватан ҳам имон аст. Аз ин хотир, зан дар домони худ ана ҳамин ҷасуронро мепарварад, то онҳо ҳомии ин Ватан бошанд. Ҳангоме, ки онҳо ҳомии Ватананд, ҳомии модару хоҳар, падару бародар ва дигар наздикону пайвандон хоҳанд шуд.
Нақши зан дар ҳимояи марзу буми кишвар назаррас буда, дар баробари мардҳо саҳми бонувон ҳам кам нест. Аз ин рӯ, имтиёзҳое, ки мардон дар артиш доранд, занон ҳам аз он имтиёзҳо истифода мебаранд. Дар воқеъ, барои ташаккули Артиши миллӣ саҳми занону модарон бузург буда, Артиши миллиро бе зани тоҷик тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Азимҷон БАДАЛОВ