Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тақдирсози ҳаёти ҷомеа, ояндаи ҳар як миллат ва кишвар ба шумор меравад, зеро рушду нумӯи ҳар як миллат аз шаҳрвандони донишмандаш вобаста аст. Дар ин самт, яъне омода сохтани мутахассисони варзида саҳми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бузург аст.

 Маълумоти умумӣ

Дар донишкада 4 факултет ва 14 кафедра аз рӯйи 16 ихтисос фаъолият менамоянд. Дар донишкада 118 омӯзгор кор ва фаъолият мекунанд, ки 19 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии омӯзгорон 8 нафар дорои унвон ва дараҷаи илмӣ, 28 нафар муаллими калон ва 82 нафар ассистент мебошанд. Шумораи донишҷӯён ба 3452 нафар баробар аст, ки аз ин шумора 1626 (897 буҷавӣ ва 729 шартномавӣ) нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1826 нафар (868 буҷавӣ ва 958 шартномавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 148 (74 писар ва 74 духтар) нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд. Дар донишкада ҳамагӣ 735 духтар таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 234 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 501 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсили 2019-2020 донишкадаро 569 нафар хатм карданд, ки аз ин шумора 31 нафар аз ҷониби раисони Комиссияи аттестатсияи хатм барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура тавсия шудаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ҳамаи хатмкардагони шуъбаи рӯзона рисолаи хатми бакалаврӣ навиштаанд.

Дар соли ҷорӣ дар масъалаи таҳсили фарогир аз ҷониби Мирзоев Шамсулло ва Муродов Бахтиёр лоиҳа ба барномаи Эразмус плюс пешниҳод карда шудааст.

Дар соли оянда таълими 10 ихтисоси нав, аз қабили Биохимияи тиббӣ; Электроникаи тиббӣ; Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок; Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ; Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология; Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ; Таърих. Таърихи дин; География. Асосҳои иқтисодиёт; Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ; Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ) ба роҳ монда мешавад.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 нақшаҳои таълими ихтисосҳои дар боло зикршуда дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ тасдиқ шудаанд.

Сессияи тобистонаи соли таҳсили 2019-2020 ба тариқи холгузории миёнаи арифметикии холҳои рейтинги якум ва дуюм ҷамъбаст гардидааст. Аз 1626 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона имтиҳони 1577 донишҷӯ ҷамъбаст гардида, 49 донишҷӯ дар таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ қарор доштанд. Аз шумораи умумии имтиҳонсупорандагон 43 нафар баҳои аъло, 311 нафар баҳои хубу аъло, 15 нафар баҳои хуб, 896 нафар баҳои омехта, 9 нафар баҳои миёна гирифтанд ва 303 нафар қарзи академӣ гирифтанд. Дараҷаи азхудкунии донишҷӯён ба 78,4% ва сифати таҳсилолт ба 22,7% баробар аст.

Дар аввали шашмоҳа 36 нафар ба курсҳои мувофиқ барқарор шуданд, 7 нафар рухсатии академӣ гирифтанд, 15 нафар аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, 32 нафар аз рӯзона ба ғоибона ва 12 нафар аз ғоибона ба рӯзона интиқол шудаанд.

Донишкада бо 5 мактаб (№1 — Ғарм, №2 — Н. Махсум, Шул, №32 — Ғарм, Сари пул, №48 — Қалъаи сурх, Кулоба, №100 — Ғарм, Э. Муҳиддин) шартнома дорад, ки дар ин мактабҳо донишҷӯён таҷрибаи омӯзгорӣ мегиранд. Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ҳамагӣ 290 донишҷӯ аз таҷрибаомӯзии педагогӣ гузашта, 49 донишҷӯ таҷрибаи истеҳсолӣ гирифтанд.

Қисми илм

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2019 ба кормандони соҳаи маорифи кишвар изҳор намуда буданд, ки “рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба саъйу талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд аст”. Пешвои миллат инчунин қайд намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, донишҷӯёну ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад.

Дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мутахассисонро корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил медиҳад, ки ба ин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дохил мешавад: реферат, кори назоратӣ, кори дипломӣ ва ё рисолаи хатм, рисолаи магистрӣ, рисолаи номзадӣ ва докторӣ (доктор аз рӯи тахассус PhD) мақолаи илмӣ, фишурда, барнома, китоби дарсӣ, дастури таълимӣ, тавсияи методӣ, кашфиёт, ихтироъ, тавсияи зеҳнӣ, гузориш ва ғайра. Аз ин нуқтаи назар, ҳангоми таҳия ё таълифи навъҳои зикршуда ҳар як муаллиф бояд методҳои мушаххаси тадқиқоти илмиро истифода барад ва натиҷаҳои бардошткардааш бо далелу рақам исботи худро ёбанд.

Аз ин лиҳоз, Раёсати ДОТ дар ноҳияи Рашт тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ва ректори донишкадаро сармашқи кори худ намуда, барои тарбияи кадрҳои мутобиқ ба талаботи замони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ, болоравии сифати илм ва дар роҳи илмдӯстӣ тарбия намудани шогирдон саъю кӯшиш намуда истодааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар самти илм дар татбиқи барномаҳои ҳукуматӣ, нашри китобҳо, нашри маҷаллаи илмӣ, гузаронидани конференсияҳо ва маҳфил ва семинарҳои илмӣ-назарявӣ ва ғайра донишкада ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ

Раёсати илм рафти татбиқи барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар солҳои 2020-2040”, “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, Барномаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”-2018-2028”-ро дар донишкада амалӣ менамояд, ки ҳамасола аз рафти ин барномаҳо дар Шӯрои олимони ДОТ дар ноҳияи Рашт ҳисоботи Раёсати илм шунида мешавад. Бояд гуфт, аксари бандҳои ин барномаҳо дар донишкада амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамзамон, Раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ин рисолати таърихии таъкиди Сарвари давлатро дарк карда, ба он сайъу талош менамояд, ки ҷавонони мо соҳиби илму дониш ва ҷаҳонбинии васеъ гарданд. Раёсат ва ҳайати омӯзгорони донишкада дар масъалаи тадбиқи ислоҳоти соҳаи маориф дар такя ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришу нишондодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2011, таҳти №227), “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар солҳои 2020-2040”, “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ-техникӣ барои солҳои 2010-2020” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2010, таҳти №89), дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ фаъолият намуда, дар самти баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва илмӣ — тадқиқотӣ чораҳои мушаххас андешида истодааст.

Раёсати илм ва муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар шашмоҳаи аввали соли таҳсили 2020 оид ба баланд бардоштани зинаи илмӣ ва илмӣ-тадқиқотии донишкада корҳои зеринро ба сомон расонидааст.

Татбиқи “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ-техникӣ барои солҳои 2010-2020” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2011, таҳти №227) дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт сол аз сол беҳтар мегардад. Дар асоси ин барнома, Раёсати илми донишкада нақша-номгӯйи чорабиниҳоро тартиб дода, муҳлат, иҷрокунанда ва шахсони масъулро дар он муайян кардааст. Барномаи мазкур аз 29 банд иборат аст ва бандҳое, ки дар донишкада мавриди иҷроиш қарор доранд.

Дар банди 2-юми барнома густариши ҳамкориҳои донишкада бо Пажуҳишгоҳи АИ ҶТ ва Пажуҳишгоҳи АТТ мебошад. Айни замон устодони зерин дар бахши илмҳои риёзӣ ва табиӣ навиштани рисолаҳои номзадии худро идома дода истодаанд: Сангов М., Маҳмадуллоев А., Ҳусейнов У., Маҳкамов А., Музаффарова Ш., Икромов С., Неъматов А., Пиров Б., Деҳқонов С., Ҳафизов А., Давлатов Ҳ., Ҷамолов Н.

Баргузории конференсияҳо ва мизҳои мудаввар

Дар конференсияи илмӣ — назариявии умумидонишкадавӣ дар мавзуҳои “Артиши миллӣ — сипари давлат” баромади чор нафар омӯзгорон ва ду нафар донишҷӯ дар санаи 21.02.2020 шунида шуда, “Зан — модар тарбиятгари насли ҷавон” санаи 06.03.2020 баргузор гардида, дар ин конференсия 5 нафар омӯзгорон ва 4 нафар донишҷӯён баромад намудаанд. Конференсия дар мавзуи “Методикаи муосири таълими забони муосир дар мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 17-уми феврали соли 2020 ва конференсия дар мавзӯи “Нақши технологияи муосир дар таълими забонҳои хориҷӣ” санаи 10-уми марти соли 2020 дар кафедраи забони англисӣ баргузор гардидааст.

Мизи мудаввар бахшида ба 125-солагии шоири бузурги рус Сергей Александрович Есенин 5-уми марти соли 2020 дар толори Шӯрои олимон баргузор гардидааст. Мизи мудаввар дар мавзуҳои “Рушди саноати минтақаи Рашт” ва “Фаъолияти НОБ-ҳои ноҳия ва таъминоти барқ дар ноҳияи Рашт” санаҳои 28-29-уми феврали соли 2020 аз ҷониби кафедраи технология ва соҳибкорӣ баргузор карда шудаанд.

Дар кафедраҳои донишкада семинари илмию назариявӣ дар сатҳи дахлдор баргузор мегардад, аз ҷумла дар кафедраи География ва ҳифзи табиат дар санаи 28.01.2020 дар мавзуи “Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор шудааст, ки дар он се нафар омӯзгорон — Одинаев С., Восиев М., Музаффарова Д. ва ду нафар донишҷӯён — Кучакшоева М. ва Мирзоҷонова М. баромад намудаанд.

Ҳимояи рисолаҳо ва таҳсил дар бахши PhD

Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 Аминова Иқболбӣ санаи 29-уми феврали соли 2020 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Асосҳои дидактикии фаъолгардонии шакл ва воитаҳои таълими босифат дар фаъолияти маърифатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” дар Шӯрои диссертатсионии АТИПҶТ ҳимоя намуда, 5 нафар омӯзгорони донишкада — Зокиров З. (дар соҳаи ҳуқуқ), Ҳусейнов У. (дар риштаи биология), Шарипова М. (дар соҳаи таърих), Ҳусейнов Н. (дар риштаи педагогика) ва Саидова С. (дар соҳаи адабиёт) рисолаҳои худро ҷамъбаст намуда, ба комиссияҳои Шӯрои диссертатсионӣ барои ҳимоя пешниҳод намудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки як қатор омӯзгорони ҷавон дар давраи ҳисоботӣ мавзуҳои кори илмии худро дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалии ДМТ — ассистент Давлатов Н. М. дар мавзӯи “Шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол” ва Бобохонов Ф. А. дар кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзуи “Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҷавобгарии маънавӣ: таҳқиқи назариявӣ ва таърихи ҳуқуқӣ ” дар санаи 29.03.2020 ва мудири кафедраи забон ва адабиёти рус дар кафедраи Забон ва адабиёти руси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар мавзуи “Формирование лингводидактической компетентности студентов — будущих учителей русского язика в условиях педагогического вуза” тасдиқ намудаанд ва омӯзгорон Муродов Б., Латифов М., Убайдов Ш. мавзуҳои корҳои илмии худро барои тасдиқ пешниҳод намудаанд.

Ҳоло бошад, дар донишкада 13 нафар унвонҷӯён дар риштаҳои мухталифи илм ба навиштани корҳои илмӣ машғул мебошанд (Қосимов М., Икромов С., Давлатов Н., Бобохонов Ф., Мирзоев Ш., Займуддинов Қ., Одинаева С., Сарбозова З., Деҳқонов С., Ҳафизов А., Пиров Б., Тоиров М., Сафарова Х.). Дар бахши доктор PhD бошад, 7 нафар омӯзгорони ҷавон, ки аз онҳо 4 нафар (Мақсудов А., Шарипова С., Неъматов А., Ҷамолов Н.) дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар (Маҳмадуллоев А., Сангов М.) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 1 нафари дигар (Давлатов Ҳ.), дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд.

Нашри мақолаҳои илмӣ

Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 аз тарафи омӯзгорони донишкада ба Раёсати илм ва муносибатҳои байналмилалӣ барои нашри шумораи дуюми маҷаллаи илмӣ — Паёми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз тарафи омӯзгорон ҳамагӣ 37 мақолаи илмӣ барои чоп пешниҳод шудааст (Олифтаев Н. Ф., Исроилов И. Н., Зокиров З. Х., Ахмедов Н., Давлатов Н. М., Бобохонов Ф., Маҳмадуллоев А., дар ҳамуаллифӣ бо омӯзгорони кафедра, Назаров И. ва Сайҷаъфаров А., Миршарипов Э., Ниёзов М., Ниёзов М. дар ҳаммуаллифӣ бо Миршарифзода Э., Ҳаётов Қ., Сангов М., дар ҳаммуалифи бо Ҳаётов Қ). Инчунин, Зокиров З. Х. ва Шодиев Н. М. се мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар ба нашр расонидаанд.

Маҳфилҳои илмии донишҷӯён

Баргузории конференсияву маҳфилҳои илмии донишҷӯён рӯз то рӯз беҳтар гардида, Раёсати илм дар якҷоягӣ бо кафедраҳои донишкада ҳар ҳафта баргузории конференсияҳоро ба нақша гирифтааст. Дар назди ҳар як кафедра маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият менамояд. Дар асоси нақшаи пешниҳоднамудаи кафедраҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 26 маҳфилҳо дар мавзуҳои вобаста ба ихтисос гузаронида шудааст.

Омӯзишии забонҳои русӣ ва англисӣ

Дар донишкада донишҷӯёну устодон ба бахшҳои иловагии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фаро гирифта шудаанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ДОТ дар ноҳияи Рашт бахшҳои омӯзишии забонҳои русӣ ва англисӣ ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои омӯзгорон дар назди кафедраҳои забони русӣ ва забони англисӣ аз тарафи омӯзгорон Зинина М., Гулхарёва Н., Саидхоҷаев Ш., Мирзоев Ш., Займуддинов Қ. роҳандозӣ шудааст.

Кор бо гуруҳҳои олимпӣ

Дар кафедраҳои донишкада гуруҳҳои олимпӣ бо роҳбарии устодони ботаҷриба дар асоси нақша амал менамоянд. Ҳамасола олимпиадаи ҷуҳуриявии фаннии донишҷӯён вобаста ба ихтисосҳои мавҷуда дар муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад. Оид ба масъалаи мазкур Раёсати илм ва муносибатҳои байналмилалӣ дар асоси нақшаи ба тасвиб расида дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт даври якуми озмуни олимпиадаро вобаста ба ихтисосҳо аз 1 то 14-уми декабр ва даври дуюмро аз 4 то 28-уми феврали соли равон, олимпиадаи фаннии донишҷӯён баргузор гардид. Вобаста ба мактуби воридшудаи Вазорати маориф ва илм аз 07.02.2020, №05/2-1246, ки мазмуни онро иштироки донишҷӯён дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи ихтисосҳои технологияи иттилоотӣ, математика, биология ва химия номзадии 4 нафар донишҷӯ пешниҳод шуд. Дар санаи 13-14-уми март ду нафар донишҷӯён — Табаров Мирзошариф — донишҷӯи соли чоруми ихтисоси биология ва Назруллоев Ойбек — курси панҷуми ихтисоси химия дар “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори илми донишкада даври якум ва дуюми озмуни мазкурро ҷамъбаст намудааст, ки ғолиби даври дуюм донишҷӯи курси 3-юми забони англисӣ Ҳиҷобова Зебунисо дониста шуд.

Қисми тарбия

Дар тарбияи ҷавонон ҳадаф мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷовонон, ташаккули афкори эҷодиву созандаи онҳо, гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ, ҷалби онҳо ба варзиш, пешгирии роҳҳои гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ, баланд бардоштани ҳиси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва боз дигар паҳлуҳои ҷамбаи тарбиявидошта мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар нимсолаи дуюми соли хониши 2019-2020 қисми тарбияи донишкада ҷашнҳо ва чорабиниҳои сиёсиро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ низ фаъолона иштирок намудааст.

Бо мақсади солимгардонӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар Маҷмааи варзишӣ тимҳои варзишӣ дар намуди гӯштини миллӣ, карате, варзиши вазнин, бадментон, волейбол, футбол, тенниси рӯйи миз ва шоҳмот фаъолият дошта, дар онҳо 370 нафар донишҷӯён ба тамрин машғуланд. Инчунин, 6 маротиба мусобиқаҳои варзишии волейбол, футбол, шашка, шоҳмот ва тенниси рӯйи миз миёни устодон ва миёни донишҷӯён баргузор гардидааст.

Дар ҳамкорӣ бо Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт оид ба бемории вируси тоҷдор ду маротиба вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, дар он тренер омӯзгорони маркази байниноҳиявии таълимии клиникии тибби оилавӣ иштирок намуда, суханронӣ намудаанд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедраи химия-биология гуруҳи таблиғотӣ оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории дар боло зикргардида таъсис дода шуда, дар ҳама факултетҳо суханронӣ намуда, тавассути тахтаҳои электронӣ видеонаворҳоро ба намоиш гузоштаанд.

Раёсати донишкада бошад, барои дастгирии донишҷӯён дӯхти ниқобҳои муҳофизатиро аз бемории вируси тоҷдор ба роҳ монда, аксарияти онҳоро бо ниқоб таъмин намудааст. Ҳолатҳои санитарию гигиенӣ дар биноҳои таълимӣ, маҷмааи варзишӣ, аз ҷумла дар хобгоҳи донишҷӯён мунтазам риоя мегардад.

Ба гуфтаи ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои ҳуқуқ муҳтарам Раҷабзода Маҳмадёр Носир, “аз солҳои шӯравӣ дар минтақаи дурдасти Раштонзамин (Қаротегин) Омӯзишгоҳи педагогии Ғарм (Навобод) амал мекард ва то андозае талаботи муассисаҳои таълимиро ба муаллимон таъмин намояд ҳам, вале талабот ба муаллимони ихтисосманду маълумотдор дар минтақа басо калон буд. Инро ба назар гирифта, дар соли 1992, 7-уми август бо қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғарм филиали Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев бо фарогирии чор ихтисос — методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика ва математика, география кушода шуд, ки то соли 1995 фаъолият намуд ва аз сабаби нооромиҳо дар минтақа худи ҳамин сол фаъолияташро қатъ намуда, донишҷӯён ба дигар муассисаҳо гузаронида шуданд. 12-уми апрели соли 2002 дар ноҳияи Ғарм филиали шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуда, соли 2006 он ба филиали мустақили Донишгоҳи омӯзгорӣ табдил ёфт. 2-юми майи соли 2013 тибқи қарори №206-и Ҳукумати кишвар, ки ба он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошта буданд, дар ноҳияи Рашт Донишкадаи омӯзгорӣ таъсис дода шуд, ки имрӯз дар 4 факултети он аз рӯи 26 ихтисоси педагогӣ 3661 муҳассилин илм меомӯзанд. Давоми солҳои фаъолияти донишкада, ки дар ҳақиқат меваи даврони истиқлолият аст, онро беш аз 4000 нафар хатм намуда, дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба халқу ватани хеш хизмат менамоянд”.

— Ногуфта намонад, ки маҳз талаботи зиёди мардум, хусусан занону духтаронро ба иломӯзӣ ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилкунандаи ин боргоҳи илму маърифат дар минтақаи куҳистони кишвар гардиданд. Кайҳо исбот шудааст, ки Пешвои муаззам аз рӯзи аввали сари қудрат омадан масъалаи маориф ва тандурустиро дар сиёсати хеш дар самти афзалиятнок гузоштанд, то мардуми кишвар аз ҷиҳати маънавӣ рушд намоянд. Ин марди худо кайҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи намоён ёфтаанд. Ваҳдати саросариву сулҳу суботи кишвар ва бунёди ҳазорон муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар кишвар гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Барои мо — мардуми шарифи Тоҷикистон Пешвои муаззам бояд ҳамеша идеал бошанд, ки чунин ҳам ҳаст,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here