Пеш аз он ки ба саволи нақш, мақом, ҷой ва мавқеи ҳокимияти судӣ ҷавоб диҳем, моро зарур аст таърихи пайдоиш ва инкишофи мақомоти судиро чун шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти судӣ ба хотир биёрем.

Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр болшевикҳо бо роҳбарии пешвои синфи коргар В.И.Ленин (буғикунандаи падидаҳои демократӣ) аввал Думаи давлатӣ (парлумон) ва баъдан фаъолияти на кам аз 15 ҳизби сиёсиро барҳам дода, дар мамлакат террори сурх (красный террор) ҷорӣ намуданд. Илова бар ин, дастандаркорони ҳизби коммунистӣ ислоҳоти судии соли 1864 қабул намудаи шоҳаншоҳи Русия Александри 2-ро пушти по зада, ба ҷойи он ки мақомоти судиро ба шохаи ҳокимияти давлатӣ табдил диҳанд, нақши мақомоти прокуратураро баланд бардошта, ба мақомоти назорати фаъолияти судӣ табдил дода, дар охир мавқеи онро ҳамчун мақомоти назорати давлатӣ дар Қонунҳои асосии солҳои 1936 ва 1977 ҷой доданд.

Барои қонунӣ ва асоснок кардани хунрезиҳои бешумор ва ҷиноятҳои даҳшатноки худ давлати болшевикӣ (коммунистӣ) дар давоми мавҷудияти худ ба сари мақомоти судӣ ислоҳотҳои бешумор бор карданд. Нахуст мақомоти судиро судҳои револютсионӣ, ки аз дасти он шоири тавонои тоҷик Нақибхон Туғрал низ талаф ёфт, судҳои сегона, судҳои шараф ва дар охир барои пӯшонидани кирдорҳои ваҳшатангез судҳои халқӣ таъсис доданд.

Ҳатто дахолат ба фаъолияти ин шохаи ҳокимияти давлатӣ ба дараҷае расид, ки соли 1946 бо ҳукми суд ба генерали хоин Власов ҳукми қатл таъин карда, иҷрои он ба намуди ҷазои асримиёнагӣ ба воситаи ба дор овехтанро ба амал бароварданд. Чунин намуди ҷазо дар қонунгузории Шӯравӣ — яке аз давлатҳои ба ном демократии ҷаҳон, вуҷуд надошт. Ҳайратовараш он буд, ки хоини давлат Л.П.Берияро на суди халқӣ, балки бо супориши махсуси сардори ҳизб Хрушёв Н.С. се маршали Иттиҳоди Шӯравӣ бо сардории Конев С. мурофиаи судӣ гузаронида, ба ҷазои қатл маҳкум карданд.

Чунин тартиби ба меъёрҳои башарӣ мувофиқат накардани фаъолияти мақомоти судӣ, ба шохаи ҳокимияти давлатӣ баробар накардани ҳокимияти судӣ то давраи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ давом кард ва табиист, ки обрӯю нуфузи мақомоти судӣ дар назди аҳли ҷомеа бо қабули қарорҳои фармоишӣ: дар давраи сталинӣ беасос паррондану ба лагерҳо фиристодан (аз он зиёиёни тоҷик ҳам бенасиб намонданд) ва дар давраи хрушёву брежневӣ ба девонахонаву аз ватан рондан коста мегардид. Аҷибаш дар он буд, ки дар тамоми ин муддат мақомоти судӣ аз номи давлат ҳукму ҳалнома бароварда бошад ҳам, дар сатҳи Конститутсия шохаи ҳокимият эътироф нагардид. Танҳо пас аз сари қудрат паридани ҳизби яккатоз имконияти ислоҳи хатоиҳои содирнамудаи болшевикон ба даст омад ва ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ бо қабули Конститутсия, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳокимияти судиро рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ эълон ва эътироф карданд.

Гумон набаред, ки бо эълону эътирофи ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсия соли 1994 ҳокимияти судӣ мустақилияти ҳақиқӣ ва пурраи худро ба даст овард. То мустақилияти томи ҳокимияти судӣ ҳоло вақти зиёду заҳматҳои пай дар паю мунтазам ва пеш аз ҳама бартараф кардани монеаҳои зиёдеро лозиманд. Ҳамаи инро ба назар гирифта Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармон соли 1997 дар бораи гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ эълон намуд, ки баъдан он ба Барномаи давлатӣ табдил ёфта, раванди ба ҳаёт татбиқ намуданаш то ҳол давом дорад. Мувофиқи талаботи ин фармон ва ин Барномаи давлатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ давра ба давра, марҳила ба марҳила чи дар соҳаи қонунгузорӣ, қабули кодексу қонунҳои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, бо ҷалби кадрҳои донишманду болаёқату поквиҷдон ба ин мақомот ва чи дар соҳаи таъмини ташкилӣ, моддӣ-маишӣ, хоҷагӣ-техникӣ, беҳтар кардани шароити зисти судяҳо бояд қадамҳои таъҷилӣ, зарурӣ ва ҷиддӣ гузорад. 

Қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, судии иқтисодӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин давра ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуда, дар мустақилияти ҳокимияти судӣ махсусан аз моҳи апрели соли 2009 ба ихтиёри мақомоти судӣ гузаштани баррасии ҳамаи баҳсҳои маъмурӣ нақши муҳим бозид.

Эътирофи асосӣ ва ҳалкунандаи мустақилияти ҳокимияти судӣ бо қабули кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ ба даст оварда шуд. Мутобиқи он аз 1- уми апрели соли 2010 қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла иҷозати ба ҳабс гирифтани гумонбар, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо ба салоҳияти суд вогузор карда шуданд. 

Вале то мустақилияти аслӣ ва ҳақиқии ҳокимияти судӣ масъалаҳои зиёди мубрами муносибатҳои ҷамъиятиро бояд ба иҷро расонд. Аз ин хотир, акнун мустақилияти ҳокимияти судиро дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мебинем. Боиси ифтихор мебошад, ки бо қабули Конститутсия дар моддаи 9 ҳокимияти давлатӣ аз рӯи таҷзияи ҳокимият ба се шоха: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ҷудо карда шуда, боби 8 Сарқонун ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст. Аммо гуруҳи кории омодасозии қонуни асосии давлат як нуқтаро фаромӯш карданд, ки яке аз омилҳои асосӣ ва бевоситаи мустақилияти ҳокимияти судӣ аз ҷониби халқ интихоб намудани судяҳо мебошад. Судяҳо низ чун вакилон ва Сардори давлат ваколати худро бевосита аз иродаи халқ бояд гиранд. Таъини номзад ба вазифаи судягӣ маънои дар зери тобеияти ҳокимияти иҷроия мондани судро дар назар дорад. Тааҷҷубовараш он аст, ки муаллифони гуруҳи корӣ мафҳуми «ҳокимияти судӣ»-ро накушода, муҳлати ваколати судяҳоро 10 сол муқаррар намуданд. Ҳол он ки воситаи муҳимми ба даст овардани мустақилияти ҳокимияти судӣ интихоби (таъин) якумари номзад ба вазифаи судягӣ мебошад. Чунин меъёр дар конститутсияҳои аксарияти давлатҳои мутамаддин нишон дода шудааст. Ба муҳлати якумра интихоб ва таъин намудани судяҳо кафолати боварӣ ва эътимоди шахсӣ ба касби судягӣ буда, судяҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба халқу Ватан содиқона хидмат намуда, адолати судиро бошарафона ба амал бароранд.

Омили дигари асосӣ ва муҳиме, ки ба мустақилияти ҳокимияти судӣ оварда мерасонад, ин ба дараҷаи музди маоши вакилони мардумӣ ва вазирони ҳукумат баробар кардани музди меҳнати судяҳо мебошад. Ба ду шохаи ҳокимияти давлатӣ баробар кардани ҳокимияти судӣ мантиқан ҳамин маъноро дорад. Дар сурати баробар эълон кардани шохаҳои ҳокимият баробарии иҷтимоӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бояд риоя карда шавад.

Худ қазоват кунед. Кору пайкори судя фаъолияти махсуси ҳокимияти давлатӣ буда, судя дар давоми рӯз даҳҳо шаҳрвандонро қабул мекунад ва чандин парвандаҳои судиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва аз номи давлат санади ҳуқуқӣ қабул менамояд. Акнун ба худ савол диҳед, ки оё вакили мардумӣ ва вазири ҳукумат дар давоми рӯз чанд шаҳрвандро қабул намуда, чанд санади ҳуқуқӣ қабул менамояд? Аз ин хотир, фаъолияти судяро магар бо фаъолияти вакили мардумӣ ва вазири ҳукумат баробар кардан мумкин аст? Албатта не! Ҳайратовараш он аст, ки фаъолияти судя, яъне намояндаи шохаи сеюми ҳокимияти давлатӣ дар назари халқ сурат мегирад. Фаъолияти намояндагони ду шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ пушти дарҳои пӯшида ба амал бароварда мешавад ва суханронии онҳоро ҳатто ба воситаи оинаи нилгун аҳён-аҳён дидан мумкин аст. 

Азбаски ба амалбарории адолати судӣ яке аз шаклҳои махсуси фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, санадҳои судӣ аз номи давлат бароварда мешаванд, ба уҳдаи судя масъулияти бузург ва шарафманд вогузор карда мешавад. Барои ҳамин ба фикри мо ба вазифаи судягӣ номзаде пешбарӣ карда шавад, ки синнаш аз 30 кам набошад.

Аз тарафи дигар тасаввур кунед, ки мавриди баррасии парвандаи оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ судяи 25-сола дар рӯ ба рӯи даъвогару ҷавобгари 40-50 сола истода, тақдири зиндагии оилавии ояндаи онҳоро ҳаллу фасл менамояд. Оё ин ҷавони ба қавли пирони хирадманд акнун ба ҳаёти мустақилона қадаммонда, ба тарафҳои баҳси мазкур чи маслиҳату насиҳатҳои муфид дода метавонад? 

Ба ин масъала аз тарафи дигар назар мекунем. Номзади ба вазифаи судягӣ пешниҳодшуда ҳадди аққал собиқаи 3 солаи кори касбӣ дошта бошад. Тасаввур кунед, ки номзад 3 сол дар вазифаи пристав, судиҷрочӣ, котиби суд, мудири дафтархона, муфаттиш, адвокат ва ҳуқуқшиноси корхонаю ташкилот фаъолият намуда, пас аз таъин ба ин вазифа паси курсии судягӣ менишинад. Хуб мешуд, ки қонунгузор талаботро вобаста ба собиқаи корӣ ба вазифаи судягӣ 10 сол муқаррар мекард.

Барои иҷррои вазифаи судягӣ пеш аз ҳама дониши мукаммал ва устувори ҳуқуқӣ ва маҳорату малакаи ғании касбӣ зарур аст. Хурсандиовар аст, ки доир ба ин масъала Маркази таълими судяҳо амал карда, машғулиятҳои семинарӣ ва омӯзиши таҷрибаи касбӣ гузаронида мешавад. Аммо маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки сифати баррасии парвандаҳои судӣ то ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест.

Сабаби асосии беҳтар нагардидани сифати кори судяҳо аз он иборат аст, ки бештари номзадҳо барои ишғоли мансаб талош меварзанд. Ҳол он ки онҳо пеш аз ҳама бояд дар назди халқу Ватан масъулияти том эҳсос намуда, барои иҷрои вазифаи судягӣ дасти поку дили гарму сари хунук (ба ибораи Феликси матин) дошта бошанд.

Аз тарафи дигар ҷомеа, дар сурати ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, меҳри касби судягиро аз давраи таҳсил дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ҷой дода, шахсонеро, ки хоҳиши судя шудан доранд, боз ду сол дар факултет аз рӯи барномаи махсус (ба мисли Федератсияи Русия) нигоҳ доштан таҳия намояд. 

Ба барномаи таълимии факултети ҳуқуқшиносӣ назар карда кас дар ҳайрат мемонад. Дар давраи начандон дури Шӯравӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ фанни «Суд ва адолати судӣ» дар алоҳидагӣ омӯхта мешуд, ки донишҷӯёнро бо нозукиҳои касби судягӣ шинос менамуд. Мутаассифона, баъди ҷанги шаҳрвандӣ ин фан ва фанни «Омори судӣ» аз барнома бардошта шудааст. Беҳтар ва мувофиқи мақсад мешуд агар омӯзиши ин фанҳо ба роҳ монда шавад.

Мустақилияти ҳокимияти судӣ пеш аз ҳама ба кадрҳои баландихтисос марбут мебошад. Ҳоло ҳолати пешниҳод, пешбарӣ, интихоб, таъин ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар кадом сатҳ қарор дорад? Пеш аз он ки ба ин савол ҷавоб диҳем ба хотир меорем, ки дар давраи муноқишаҳои шаҳрвандӣ ба низоми судӣ шахсони нолоиқ, дар замони шӯравӣ аз вазифаи судягӣ рондаҳо ва номзадҳои тасодуфӣ бо баҳонаи нарасидани кадр сар дароварданд ва табиист, ки бо рафтору кирдор ва қабули қарорҳои ғайриқонунӣ ба обрӯю нуфузи ҳокимияти судӣ лакнат ворид намуданд. Хотиррасон кардан лозим аст, ки чунин таҷрибаи номатлуб ҳоло низ давом дошта, судяҳое, ки ба аъмоли зишт даст задаанду аз кор ронда шудаанд бо гузашти муҳлати муайян аз нав ба вазифаи судягӣ пешбарӣ карда мешаванд.

Масъалаи дигаре, ки ба мустақилияти ҳокимияти судӣ мустақиман таъсир мерасонад, омодасозии шароити корӣ, манзилию маишӣ, вазъи таъмини техникии судҳо ва судяҳо мебошад. Хуб мебуд, ки агар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боре аз шароити кори суди ноҳияи Синои пойтахт ва суди шаҳри Ваҳдат бохабар мешуданд. Ёдовар мешавем, ки бинои суди шаҳри Ваҳдат ҳанӯз соли 1936 сохта шуда, айни ҳол барои фаъолияти муътадили корӣ мувофиқ нест.

Бартараф кардани омилҳои нишондода, ки ба мустақилияти ҳокимияти судӣ таъсир мерасонанд, бояд пеш аз ҳама аҳли ҷомеаи судяҳоро ба ташвиш оварад. Мутаассифона, судяҳо оид ба ин масъала мавқеи интизорӣ ва бетарафиро касб намудаанд. 

Дар саҳифаҳои матбуот андешаҳои худро пешкаши хонандагони гиромӣ намуда, ҷиҳати ҷорӣ ва пойдор кардани мустақилияти ҳокимияти судӣ пешниҳод менамоем:

1.Ба Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ тағйироту иловаҳо ворид намуда, муҳлати интихоби якумраи ишғоли вазифаи судягӣ ҷорӣ карда шавад;

2.Музди маоши судяҳо ба маоши вакилони мардумӣ ва вазирони ҳукумат баробар карда шавад;

3.Дар факултети ҳуқуқшиносӣ барои донишҷӯёни ҳавасманд барномаи махсуси дусолаи омӯзиши касби судягӣ ворид карда шавад;

4.Омӯзиши фанҳои «Суд ва адолати судӣ» ва «Омори судӣ» дар факултети ҳуқуқшиносӣ аз нав ҷорӣ карда шавад;

5.Барои тозагии сафи судяҳо шахсони аз ин мансаб барканоршуда такроран ҷалб ва таъин карда нашаванд; 

6.Барои беҳтар кардани шароити корӣ ва ҳолати маанзилию маишии судяҳо тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

Гумон мекунам, ки бо бартараф кардани ин монеаҳо ҳокимияти судӣ дар ҳақиқат мустақил гардида, судяҳо барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи он садоқатмандона меҳнат мекунанд.

Зариф ҒУЛОМ, ҳуқуқшинос

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here