Дар ҷаҳони имрӯз ҳар кишваре, ки соҳибихтиёр аст, дорои парчам, нишон ва суруди хеш аст. Гуногунрангии парчамҳо гувоҳи шумораи зиёди кишварҳо ва аломатҳои гуногуни дар парчамҳо сабтшуда гувоҳи тамаддуну фарҳангҳои аз ҳам фарқкунандаи давлатҳост. Ин рангорангии манзараро дар назди бинои СММ дидан мумкин аст, ки ба он 193 кишвари олам аъзо буда, ҳамин миқдор парчамҳои миллии кишварҳо болои бинои он парафшонӣ мекунанд. Мояи ифтихори мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 инҷониб дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ҳаққи узвият дошта, яке аз давлатҳои ташаббускор дар ҳалли муаммоҳои байналмилалӣ ба шумор меояд.

 Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси куҳҳои барфпӯш тулуъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, куҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 пазирӯфта шудааст.

Бар асоси Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 891-и Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он тасдиқ шудааст

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

Бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892-и Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он тасдиқ шудааст.

Тозагул ШОДИЕВА,

омӯзгори МТМУ №17-и ноҳияи Фирдавсӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here