Дар натиҷаи як назарпурсӣ, ки аз ҷониби МТЖТ дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, маълум гардид, ки кулли мардуми пурсидашуда аз хизматҳои арзанда ва бунёдкориҳои бемислу монанди Пешвои муаззами худ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, пешравиҳою комёбиҳои беназири ҷумҳуриро ба номи он кас рабт доданд. Дар баробари Пешвои муаззами миллат, раиси ҷавону ояндадори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баҳои басо баландро сазовор гаштанд. Аз 1170 нафар пурсидашудагон дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ, ҳамаи 1170 нафар, яъне 100% аз хизматҳои арзанда ва созандаи раиси ҷавони шаҳри Душанбе ёдовар шуда, ӯро чун роҳбари намунавӣ баҳогузорӣ намуданд. Дар баробари муҳтарам Рустами Эмомалӣ номи раиси солро раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода низ сазовор гаштанд. Бояд гуфт, ки давоми соли 2019 бо дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат шаҳри Хуҷанд, ки таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо номи фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он оғоз мегардад, ба дастовардҳои беназир дар тамоми самтҳои фаъолият ноил гардидааст. Номи вазири солро бошад, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Олимзода Насим Хоҷа ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ муҳтарам Нуриддин Саид ба худ касб карданд. Маҳз дастгирию роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давоми соли 2019 садҳо муассисаҳои нави тандурустиву таълимӣ сохта шуда, як қатор ободкориҳо баҳри ҳифзи саломатии мардум ва омӯзиши ҷавонону наврасон равона карда шудаанд. Номи кумитаи солро бошад, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба худ касб намуд. Маҳз эродҳои ҷиддии Сарвари давлат сабаб гардиданд, ки мутахассисони ин кумита дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи генералӣ таллаву тороҷи заминро то як дараҷа пешгирӣ намоянд. Миёни роҳбарони ободкор бошад, номи раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода садо дод. Номи роҳбари орӣ аз амалҳои коррупсиониро раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳтарам Зариф Назирӣ ва раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба худ касб намуданд. Ба номи соҳибкори сол бошад, соҳибкори маъруфи кишвар Нуршед Машрабов шарафёб гардид, ки ин шахс барои ободии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии №7 дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҳисоби худ маблағи зиёд хароҷот намуда, бунёди қисми дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№57-ро дар деҳаи Чимтеппаи ҷамоати деҳоти Чимтеппа оғоз намудааст. Номи табиби солро бошад, директори муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода Амирхон ба худ касб намудаанд. Метавонем боз намояндагони зиёд касбу корҳоро ёдовар шавем, вале алҳол хонандагони азизро бо дастовардҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос хоҳем кард.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин корҳои муайянро ба сомон расонида, баҳри пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас меандешад.
Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бобати истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида баён дошта буданд, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намудааст.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда 9615 гектар, аз он обӣ 8139 гектарро ташкил медод. Дар ин давра аз ин миқдор 2971 гектар, аз он обӣ 1920 гектар аз худ карда шудааст.
Дар панҷ соли охир бошад, аз 16550 гектар, аз он обӣ 1306 гектар, 9906 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст, ки аз онҳо 6787 гектараш заминҳои обӣ мебошанд.
Соли ҷорӣ майдони умумии заминҳои корам 4864 гектар ва майдони заминҳои корами обӣ 4300 гектар зиёд шудааст.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 заминҳои боир 27278 гектар, аз он обӣ 22740 гектарро ташкил дода, то ин давра ба 22055 га, аз он обӣ 18658 га коҳиш дода шудааст.
Яъне майдони заминҳои партов 5223 гектар, аз ҷумла обӣ 4082 гектар кам шудааст. Қайд бояд намуд, ки камшавии заминҳои партов дар натиҷаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин намуди замин ба амал омадааст.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар майдони 30492,47 гектар фонди замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандон ҷудо карда шуда, ба ҳолати 01.10.2019 аз майдони умумӣ майдони 22930,59 гектар ба 224625 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда дода шудааст.
Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ буда, соли 2018 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 14 858 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 14 858 дастур дода шуда, нисбати 12787 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 5 183 950 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, аз ин миқдор маблағи воридот ба суратҳисоби махсус 4 474 111 сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 807 мавод ба прокуратура, 795 мавод барои ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуда, 10 995 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.
Дар соли 2019 бошад, аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 12868 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 14858 дастур дода шуда, нисбати 11457 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 5 072 805 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шудааст, ки аз ин миқдор маблағи 4 398 434 сомонӣ ба суратҳисоби махсус воридот карда шудааст.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 593 мавод ба прокуратура, 491 мавод барои ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуда, 9318 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.
Соли 2019 бошад, тибқи нақшаи корӣ назорати риояи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Фархор, Ш. Шоҳин, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияи Ашти вилояти Суғд, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Шуғнони ВМКБ, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Шаҳринав гузаронида шудааст.
Дар баробари ин, тибқи мушоҳидаҳои аксҳои кайҳонӣ аз рӯи барномаи интернетии Googl вобаста ба бунёди сохтмонҳо дар 2 ҷамоати деҳоти ноҳияи Хуросон корҳои назоратӣ гузаронида шудааст.
Ҳамагӣ соли 2019 дар натиҷаи корҳои назоратӣ 941 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, ҷиҳати бекор намудан ва ба талаботи қонунгузории замин мутобиқ намудан ба 125 қарорҳои раисони шаҳру ноҳия, 1 қарори раиси ҷамоат ба унвони раисони шаҳру ноҳияҳои зикршуда пешниҳодҳои дахлдор ирсол карда шудааст.
Бо мақсади бартараф ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин, инчунин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати оқилона ва самаранок истифода намудани қитъаҳои замин, натиҷаи корҳои назоратӣ бо иштироки бевоситаи роҳбарияти Кумитаи давлатӣ дар ҷаласаҳои сайёр дар маҳал бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раис ва кормандони кумитаи идораи замин, мудирони шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони масъул дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ашт, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ва минбаъд пешгирӣ намудани чунин қонуншиканиҳо корбарӣ гардидааст.
Таҳлили натиҷаи корҳои назоратӣ дар соли 2018 ва соли 2019 нишон медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд бо мақомоти Прокуратураи генералӣ дар давраи ҳисоботии соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018-ум қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин 828 ҳолат кам гардидааст (соли 2018-ум 13696 буд), ки чунин нишондиҳандаҳо баъди таъсиси Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.
Дар ин замина таъкид намудан бамаврид аст, ки соли 2019 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости Прокуратураи генералӣ 73 маротиба дар маҳалҳо ҷараёни риояи қонунгузории заминро мавриди санҷиш қарор додааст, ки чунин ҳамкориҳо низ ба нисбатан кам шудани қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин мусоидат намудаанд.
Инчунин, аз тарафи роҳбарият ва кормандони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи мақсаднок ва оқилонаи замин доир ба баррасии пешниҳодҳои Прокуратураи генералӣ, инчунин вохӯриҳо оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки тамоми кормандон гузаронида шуда, моҳи майи соли ҷорӣ бо иштироки муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи II, муҳтарам Назарзода Ҳотам Назрулло баргузор шудани мулоқот аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Роҳбарияти Кумитаи давлатӣ барои пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар байни кормандони дастгоҳи марказӣ, кумитаҳои идораи замин дар маҳалҳо ва корхонаҳои зертобеъ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Масъалаи мазкур мунтазам дар ҷаласаҳои назоратӣ ва ҳайати мушовара таъкид гардида, дар баробари ин моҳи майи соли ҷорӣ мулоқоти раиси Кумитаи давлатӣ бо кормандони дастгоҳи марказӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», мутахассисони Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо», Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз», инчунин моҳи июни соли ҷорӣ мулоқоти роҳбарияти Кумитаи давлатӣ бо кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз», раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор шуда, дар он таъмини риояи дақиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳодҳои мақомоти прокуратура баррасӣ гардида, ба ҳамаи кормандон оид ба пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин, дар доираи салоҳият ва талаботи қонунгузорӣ баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон, иҷрои босифати корҳои заминсозӣ ва кадастри замин, ки аз тарафи институтҳои лоиҳакашӣ амалӣ карда мешаванд, дастур дода шудааст.
Ба гуфтаи сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назуров Дилшод, “маҳз тавассути дастгириву талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳо дар самти назорати истифодаи замин пурсамар ба роҳ монда шуда, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар ин ҷода боз ҳам пурзӯр менамоянд”.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ