Тавре дар шумораи гузаштаи “Фараж” (№51, аз 16.12.2020) маълумот дода будем, тибқи як назарсанҷии густурда, ки дар ҳудудҳои кулли ҷумҳурӣ аз тарафи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон гузаронида шуд, дар радифи раддабандии шаҳру ноҳияҳо ва донишгоҳу касабаҳои гуногун барои хизматҳояшон барои халқу миллат, байни вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ чун вазорат ва вазири сол ё кумитаи сол ва раиси кумитаи сол номи неки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷойи аввал қарор дошт. Зеро, маҳз хизмати арзандаи кормандони ин кумита буд, ки новобаста аз буҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ ва пандемияи “КОВИД-19”, ки кулли ҷаҳонро фаро гирифту сарҳадоти тамоми ҷаҳон то нимаи дуюми соли 2020 барои тамоми мардумони дигар давлатҳо баста гардида, воридоту содирот қариб ба сифр баробар гардида, қариб то 90% соҳибкорони калону миёна ва ҳатто хурд муваққатан фаъолияти худро боздошта буданд, кормандони кумита худро чун сипари вафодортарини давлату миллат нишон доданд. Онҳо исбот карданд, ки дар мушкилтарин вақт аз уҳдаи иҷрои фаъолияти хизматӣ мебароянд ва чун сарбозони вафодори ватан дар хизмакти халқу меҳани худ қарор доранд, то аз хизмати арзандаашон Тоҷикистони азиз гул—гул шукуфад. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Давлатзода Нусратулло Муқим, ки масъули омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон мебошанд, масъулиятшиносии баланд нишон дода, бо соҳибкорони бонангу номус дар як муддати басо кӯтоҳ дар ин ноҳия садҳо иншоот бунёд намуда, маркази ноҳияро ба гулистони афсонавӣ табдил доданд, ки мардум аз эшон сипосгузору миннатдоранд. Мавсуф бо ҳисси масъулиятшиносӣ дилхоҳ супориши Роҳбари давлатро сари вақт ба иҷро расонида, яке аз вафодортарин нафар дар командаи кории Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Ин аст, ки дар номинатсияи “Вазорат ё Вазири сол”, “Кумитаи сол” ё “Раиси кумитаи сол” Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар ва раиси он Давлатзода Нусратулло Муқим ғолиб дониста шуданд, ки кулли кормандон ва раиси муҳтарами кумитаро табрику таҳният гуфта, ба эшон саломатӣ ва дар кору фаъолияташон бурдбориҳо хоҳонем.
Дар робита ба фаъолияти бонкдорию хизматрасонӣ ва захираи маводи озуқаворӣ бошад, бонки мардумии “Амонатбонк” (раисаш Сироҷиддин Икромӣ), ки имрӯз маҳз он аз лиҳози хизматрасониҳои олии бонкӣ ва даҳҳо намуд хизматрасониҳои нави бонкиву онлайнӣ миёни ҳамватанон машҳур аст ва КВД “Идораи истеҳсол, захира ва фурӯши маводи аввалия”-и МИҲД-и шаҳри Душанбе (роҳбараш Хушвақтзода Фаррух), ки аз ҷониби он бо супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти маҳсулоти аввалия, аз қабили шакар, орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар маҳсулоти аввалияи рӯзгор дар ҳаҷми даҳҳо ҳазор тонна маҳсулот захира карда шудааст, ғолиб омаданд, ки эшонро низ табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу бурдбориҳо хоҳонем.
Дар 11 моҳи соли 2020 новобаста аз чораҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидашуда, асосан вобаста ба вазъияти баамаломада дар натиҷаи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва дигар омилҳо, ки таъсирашро бевосита ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ расонид, нақшаи муқарраршудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 90,3% таъмин гардида, ба ҷойи 10 327,7 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 9 323,2 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 004,5 млн сомонӣ кам мебошад.
Ба таъмин нагардидани иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ин давра асосан омилҳои зерин таъсир расониданд. Аз ҷумла:
— бинобар ба миён омадани ҳолати фавқулодда оид ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва вобаста ба ин коҳишёбии суръати рушди нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, коҳиш ёфтани хизматрасониҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана мебошад, ки дар натиҷа ин ҳолатҳо ба таъмин намудани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷаи коҳиш ёфтани ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ, дар 11 моҳи соли 2020 аз ҳисоби фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасонии онҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо ба буҷет зиёда аз 200,0 млн сомонӣ маблағи андозҳо ворид нагардид;
— дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи баъзе намуди моли ба содирот нигаронидашуда ва вобаста ба ин кам гардидани даромади як қатор корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани пардохти андозҳо ба буҷети давлатӣ.
Қобили қайд аст, ки зери таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъмин нагардидани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ ва нисбат ба соли сипаришуда кам ворид гардидани маблағи андозҳо ба буҷет дар дигар давлатҳои иштирокчии ИДМ низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, тибқи маълумотҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар Федератсияи Россия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11% ва дар Ҷумҳурии Молдова 2,3% маблағ камтар ба буҷет ворид гардида, дар Ҷумҳурии Қазоқистон иҷроиши қисми даромади буҷети давлатӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 90,2% таъмин карда шудааст.
Сарфи назар аз чораҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда, бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми декабри соли 2020 дар маҷмуъ 966,0 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2020 ба андозаи 385,0 млн сомонӣ зиёд гардида, асосан ба сабаби зери таъсири пандемия бад шудани вазъияти молиявии корхонаҳо вобаста мебошад.
Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва кам намудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, дар асоси меъёрҳои (критерияҳои) тасдиқшуда модули алоҳидаи «Баҳисобгирии хавфҳо» мавриди амал қарор дода шуда, банақшагирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор дар асоси системаи таҳлил ва баҳодиҳии омили хавфҳо аз рӯи критерияҳо ба роҳ монда шудааст. Тибқи тартиби мазкур дар навбати аввал фаъолияти он андозсупорандагоне таҳти санҷиши андоз қарор дода мешавад, ки ба вайронкунии қонунгузории андоз роҳ додаанд. Аз ҷумла, эъломияҳои андозии худро сари вақт пешниҳод накардаанд, маблағҳои ҳисобшударо дар ҳаҷмҳои пурра ва сари вақт пардохт наменамоянд, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мол ворид намуда, аммо оид ба фурӯши минбаъдаи он эъломия пешниҳод наменамоянд, ё эъломия пешниҳод намоянд ҳам, ҳаҷми воқеии молро ба маротиб кам нишон медиҳанд, вазни қиёсии андозҳояшон нисбат ба даромади умумӣ дар муқоиса бо дигар андозсупорандагон, ки дар ин соҳа фаъолият доранд, паст мебошад, фаъолияташонро пайваста бо зарар ҷамъбаст менамоянд.
Дар 11 моҳи соли 2020 дар натиҷаи беҳтар намудани корҳои назоратӣ дар маҷмуъ зиёда аз 16,2 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 130,2 млн сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 106,7 млн сомонӣ маблағҳо ворид карда шудааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз — ин дар шакли электронӣ расонидани хизматрасониҳои давлатӣ ба субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019, қарорҳои дахлдор ва нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тибқи талаботи замони муосир омода ва пешниҳод намудани хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки ин тадбирҳо пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон, халалдор насохтани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, содаву осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андоз мусоидат менамоянд.
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ба раванди гузариши андозсупорандагон ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида шуда, дар 11 моҳи соли 2020 шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 12,0 ҳазор адад зиёд карда шуда, дар айни замон зиёда аз 140,0 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодаанд ва аз ҷониби мақомоти андоз барои ба ин тартиб гузаронидани андозсупорандагони боқимонда чораҳои иловагӣ андешида шуда истодааст.
То оғози соли 2020 аз ҷониби Кумитаи андоз барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон 37 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуда буд, ба монанди “Пешниҳоди эъломияҳо дар шакли электронӣ”, “Дастрас намудани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ”, “Кодекси андоз барои телефонҳои мобилӣ дар платформаи Android”, “Саволу ҷавобҳо вобаста ба қонунгузории андоз”, “Дастрас намудани маълумот оид ба надоштани қарзи андоз”, “Дастрас намудани маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда”, “Пардохти андозҳо тавассути кортҳои бонкӣ”, “Маркази тамос — колл-сентр” ва ғайраҳо.
Қобили қайд аст, ки ҳамаи намудҳои хизматрасонии давлатии Кумитаи андоз дар шакли электронӣ бо мақсади боз ҳам қулайтар ва бештар намудани самаранокии онҳо пайваста такмил дода мешаванд.
Дар баробари ин, дар давоми соли 2020 аз ҷониби Кумитаи андоз се намуди хизматрасонии нав ҷорӣ карда шудааст, аз ҷумла, “Кушодани суратҳисоб дар ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ дар шакли электронӣ”, “Дар шакли электронӣ тартиб додани санади муқоисавӣ” ва “Муайян намудани бомасъулиятии контрагентҳо”.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ бармеоянд, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳо ба андозсупорандагон, инчунин, ҳаддалимкон маҳдуд намудани алоқаи бевоситаи корманди мақомоти андоз бо андозсупорандагон, Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии давлатӣ — “Дар шакли электронӣ тартиб додани санади муқоисавӣ”-ро мавриди истифода қарор додааст. Хизматрсонии электронии мазкур шароит фароҳам меорад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо истифода аз модули компютерии «Утоқи шахсии андозсупоранда» дар дилхоҳ вақт бе ташриф овардан ба мақомоти андоз дархости электронӣ равон намуда, дар ҳолати дуруст будани нишондиҳандаҳо тариқи электронӣ тартиб дода, онро тасдиқ намоянд.
Кумитаи андоз бо мақсади дастгирии андозсупорандагони бомасъулият, инчунин пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти андозсупорандагон дар соли 2020 дар модули компютерии «Утоқи шахсии андозсупоранда» шакли нави хизматрасонии давлатии электронӣ — “Муайян намудани бомасъулиятии контрагентҳо”-ро мавриди истифода қарор дода, дар он рӯйхати корхонаҳои дорои хавфҳои баландро ҷойгир намудааст.
Ин намуди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ имкон медиҳад, ки андозсупорандагон ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ оид ба мавҷудияти баҳисобгирии контрагентҳо дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда ё супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, қарздории онҳо дар назди буҷети давлатӣ, ҳайати кормандон, мавҷудияти пойгоҳи истеҳсолӣ ё иншоот, инчунин қобилияти дар оянда иҷро намудани уҳдадориҳои ба зимма гирифта, маълумот дастрас намоянд.
Ба ҳамин тариқ, андозсупорандагон метавонанд аз рӯйхати омоданамудаи Кумитаи андоз истифода карда, номгӯи корхона ва соҳибкорони дорои хавфи баланди андозӣ ва ё ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил кардашударо муайян намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо аз ҳамкорӣ бо чунин гуруҳи андозсупорандагон худдорӣ намоянд.
Бо мақсади сода ва қулай намудани тартиби ҳисоб намудани андозҳо дар сомонаи Кумитаи андоз шакли хизматрасонии электронӣ — «Ҳисобкунаки (калкулятори) андоз тариқи онлайн» мавриди истифода қарор дода шудааст, ки тавассути он соҳибкорон ва шаҳрвандон метавонанд маблағи андозҳо аз даромади шахсони воқеӣ, аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла қитъаҳои замин, биноҳо, иморатҳо ва андоз аз воситаҳои нақлиётро бо тартиби содакардашуда ҳисоб намоянд.
Дар соли 2020 «Ҳисобкунаки андоз тариқи онлайн» такмил дода шуда, барои истифодабарандагони сомонаи Кумитаи андоз имконият фароҳам оварда шудааст, ки доир ба объектҳои андозбандишаванда, манбаи андоз, меъёри андоз, тартиби ҳисоб намудани маблағи андоз ва имтиёзҳои пешбинигардида доир ба маблағи андозҳо аз даромади шахсони воқеӣ, аз молу мулки ғайриманқул ва андоз аз воситаҳои нақлиёт маълумоти бештар ба даст оранд ва маблағи андозҳои мазкурро бо тарзи сода, оммафаҳм ва дар як муддати кӯтоҳ дуруст ҳисоб карда, пардохти саривақтии онро ба буҷети давлатӣ таъмин созанд.
Хизматрасонии такмилдодашудаи электронии «Ҳисобкунаки андоз тариқи онлайн» алалхусус барои шаҳрвандон бисёр қулай мебошад, зеро аксари шаҳрвандон, ки фаъолияти соҳибкорӣ надоранд, мутаносибан аз қонунгузории андоз, аз ҷумла тартиби дуруст ҳисоб кардани андозҳо дар сатҳи дахлдор огоҳ намебошанд. Хизматрасонии электронии «Ҳисобкунаки андоз тариқи онлайн» бошад, ба онҳо имконият фароҳам меорад, ки бе доштани дониши дахлдори муҳосибӣ ҳам, андоз аз даромад, андоз аз молу мулки ғайриманқул ва аз воситаҳои нақлиётро дар муддати кӯтоҳ, ба тариқи содаву оммафаҳм ва дақиқ ҳисоб намуда, ба буҷети давлатӣ пардохт намоянд.
Ҳаддалимкон сода ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ омили бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи шакли нави хизматрасонии электронӣ — Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд.
Шумораи чунин муроҷиатҳо тамоюли афзоишро дошта, то имрӯз зиёда аз 18 ҳазор субъектҳои хоҷагидор бо роҳи ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо фаъолияти соҳибкории худро ба қайди давлатӣ гирифтаанд ва аз ҷониби Кумитаи андоз ҷиҳати истифодаи бештари тартиби мазкур пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Имрӯз дар Кумитаи андоз аксарияти хизматрасониҳои давлатӣ ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ҳамаи ин тадбирҳо пеш аз ҳама барои аз ҷониби андозсупорандагон осон гардидани ҳисобу пардохти андозҳо равона гардидаанд ва Кумитаи андоз бо назардошти омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ҷиҳати такмили барномаҳо, модулҳои компютерии амалкунанда, роҳандозӣ намудани хизматрасониҳои нави электронӣ, ки онҳо ба рушди соҳибкорӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ мусоидат менамоянд, чораҳои иловагӣ андешида истодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи ислоҳоти маъмурикунонии андоз, шуруъ аз соли 2017 дар Кумитаи андоз ва мақомоти ҳудудии андоз толорҳои алоҳида ҷиҳати баргузор намудани маҷлисҳо ва семинар — машваратҳои корӣ тариқи реҷаи видеоконфронс ташкил карда шудаанд.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии короновирус COVID — 19 аз моҳи марти соли ҷорӣ инҷониб ҳамаи маҷлис ва семинар-машваратҳо бо мақомоти ҳудудӣ ва андозсупорандагон тавассути видеоконфронс амалӣ карда шуда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст ва аз соли 2010 инҷониб дар маҷмуъ тамоюли зиёдшавии бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор ва ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз намудани онҳо ба назар мерасад.
Тибқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1-уми декабри соли 2020 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 334,5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2020 дар маҷмуъ (асосан аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ) 8,0 ҳазор адад ё худ 2,4 фоиз зиёд мебошад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ҳисоб рафта, дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андоз зиёда аз 920 семинар-машварат, видеоконференсияҳо, вохӯриҳо ва намоишу мусоҳибаҳо баргузор карда шудааст. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон, сомонаи расмии Кумитаи андоз пайваста такмил дода шуда, дар он санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳаи андоз, маълумотҳо вобаста ба тағйиру иловаҳои ба қонунгузорӣ воридгардида ва дигар маълумотҳои зарурӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар назди Кумитаи андоз КВД “Редаксияи рӯзномаи “Боҷу хироҷ” фаъолият менамояд, ки ҳар ҳафта рӯзномаи соҳавии «Боҷу хироҷ»-ро нашр мекунад. Дар саҳифаҳои рӯзнома масъалаҳои андоз ва андозбандӣ, маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани маърифати андозии аҳолӣ ва соҳибкорон, татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ, консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ва консепсияи иқтисоди рақамӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ дар соҳаи иқтисод ва андоз пайваста мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. Бо мақсади фаро гирифтани доираи ҳарчи васеи соҳибкорон ва андозсупорандагон имрӯз тавассути пайваста анҷом додани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ теъдоди рӯзнома ба 80 ҳазор нусха расонида шудааст (аз 28 ҳазор нусха дар соли 2018).
Қобили қайд аст, ки рӯзномаи «Боҷу хироҷ» ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ройгон дастрас карда мешавад. Соли дуюм аст, ки дар шабакаи Интернет саҳифаи электронии рӯзномаи “Боҷу хироҷ” низ фаъол гардонида шуда, дар он муҳимтарин ва ҷолибтарин маводҳо дар мавзуҳои андозу андозбандӣ, ки ба онҳо соҳибкорону андозсупорандагон бештар ниёз доранд, ба табъ расонида мешавад.
Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои бандҳои 8 ва 60 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 зикр гардидаанд, ҷиҳати зиёд намудани фонди китобхонаи соҳавӣ ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ дар давраи ташаккулёбии ҳукумати электронӣ аз моҳи марти соли 2020 модули нави компютерии “Китобхонаи электронии Кумитаи андоз” (http://lib.andoz.tj/) ташкил карда шудааст, ки 24 соат дастраси тамоми кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон мебошад.
Дар Китобхонаи электронӣ барои истифодаи умум шакли электронии китобҳо (PDF) аз рӯи соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, фарҳанг, адабиёти бадеӣ, илмҳои ҷомеашиносӣ, дақиқ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, фонди китобхона пайваста пурра карда мешавад.
То моҳи декабри соли ҷорӣ тибқи махзани электронии маълумотҳои модули компютерӣ аз китобхонаи электронии Кумитаи андоз зиёда аз 3490 нафар кормандони соҳа ва шаҳрвандон истифода намудаанд.
Сомонаи расмии Кумитаи андоз — “www.andoz.tj” аз соли 2007 мавриди истифодаи шаҳрвандон ва андозсупорандагон қарор дода шуда, пайваста такмил дода, азнавсозӣ карда мешавад.
Дар айни замон сомонаи таҷдидшудаи Кумитаи андоз аз бахшҳои алоҳида барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ иборат буда, дар он доир ба қонунгузории андоз, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сохтори Кумита ва мақомоти тобеи он, дастурамалҳо, эъломия ва шаклҳои ҳисоботҳои андозӣ, инчунин тартиби пур кардани онҳо, ахбороти соҳавӣ ва дигар маълумоти муфид барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар самти қонунгузории андоз, аз ҷумла мактубҳои дастурии Кумитаи андоз, фармоишҳои дахлдори Раиси Кумитаи андоз ва дигар маводи барои масъалаҳои андозбандӣ зарурӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар баробари ин, дар сомонаи Кумитаи андоз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон ва шаҳрвандон осон ва қулай намудани кори онҳо дар мавриди иҷро намудани уҳдадориҳои андозӣ, аз он ҷумла оид ба пурра ва дуруст пешниҳод намудани ҳисоботҳои (эъломияҳои) андоз, видео-роликҳои омӯзишӣ, семинар-машваратҳо тариқи онлайн, саволнома ва ҷавобҳо ҷойгир карда шудааст.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин андешидани чораҳо ҷиҳати ҳавасманд намудан ва дастгирии соҳибкорон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсадҳо аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол озмуни “Андозсупорандаи беҳтарин” доир карда мешавад. Чунин озмун моҳи октябри соли гузашта низ доир карда шуда буд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи соҳибкорон дар Меҳмонхонаи “Ҳайатт Реҷенси” аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани дипломи “Андозсупорандаи беҳтарини соли 2019” ва “Ифтихорнома” ба андозсупорандагоне, ки қонунгузории андозро софдилона иҷро менамоянд, дар рушди иқтисодиёт ва қисми даромади буҷети давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин, “Мизи мудаввар” дар мавзуи «Мониторинги горизонталӣ» ҳамчун усули ташаккул додани муносибатҳои шариконаи мақомоти андоз бо андозсупорандагон» баргузор карда шуд.
Ҳайати Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманднамоии соҳибкорон, дар асоси омӯзиши нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла:
— таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ оид ба дуруст ҳисоб ва пурраву саривақт ба буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ;
— ноил гардидан ба фоиданокии баланд дар фаъолият ва дар эъломияҳои андозӣ дуруст дарҷ намудани он;
— саҳми субъектҳои хоҷагидор дар рушди иқтисодиёти кишвар;
— саҳми субъектҳои хоҷагидор дар ғановати буҷети давлатӣ;
— саҳми субъектҳои хоҷагидор дар инкишофи соҳаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо;
номгӯи 10 субъектҳои хоҷагидорро ҳамчун “Андозсупорандаи беҳтарини соли 2019” муайян намуд, ки онҳо дар муқоиса ба дигар субъектҳои хоҷагидор нишондиҳандаҳои нисбатан беҳтар доштанд ва ба онҳо дар ин бора диплом супорида шуд.
Инчунин, бо назардошти нишондиҳандаҳои дар боло номбаршуда боз ба 39 адад субъектҳои хоҷагидор “Ифтихорнома”-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар навбати худ роҳбарони субъектҳои хоҷагидор барои дастгирии соҳибкорӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, барои доир намудани чунин маросим ва қадрдонӣ гардидани фаъолияти соҳибкории онҳо ба роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид сохтанд, ки кӯшиш менамоянд минбаъд низ қонунгузории андозро риоя намуда, дар рушди иқтисоди кишвар, ғановати буҷети давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.
Дар назар аст, ки бо мақсади ҳавасманднамоии соҳибкорон бо натиҷаи соли 2020 низ чунин озмун доир карда мешавад.
Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷаи дуру наздик аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мақомоти молия ва андози ин давлатҳо низ бештар ба масъалаҳои фаъолияти соҳибкории хурду миёна, такмили қонунгузории андоз дар қисмати андозбандии онҳо ва беҳтар сохтани маъмурикунонии андоз ҷиҳати таъмини шароити мусоид оид ба риояи қонунгузории андоз аз тарафи андозсупорандагон диққати махсус зоҳир менамоянд.
Аз тарафи дигар ин таҷриба ба чунин хулоса меоварад, ки таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир сиёсати андоз дар Ҷумҳурии мо низ дуруст муайян гардида, асосан ба ҳамин самтҳо равона шуда, равандҳои асосии рушди мақомоти андозро дар сатҳи байналмилалӣ дар бар мегирад ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозӣ намудани он пайваста чораҳои мушаххас андешида истодааст.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ