Ё чаро ҳатто суҳбат бо Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён бенатиҷа анҷом ёфт?
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Фазои озод ва ороми ин мамлакат, ки натиҷаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Роҳбари давлат ва ҳукумати он аст, имрӯз барои таҳким ва таъмини ҳуқуқи шаҳарвандон, истифода аз дастовардҳои демократӣ ва ҷамъияти граждании озод тамоми шароит ва имкониятҳои васеъро таъмин мегардонад. Пӯшида нест, ки бисёре аз шаҳрвандон, ки бо сабабҳои мухталиф Ватани азизашон — Тоҷикистонро тарк карда буданд, имрӯз ба меҳани худ бозмегарданд. Аксари онҳо дар рушд ва пешравии Тоҷикистон камари меҳнат ва хизмат бастаанд.
Яке аз сабабҳои асосии рушд ва пешрафти Тоҷикистони имрӯза аз рӯи раванди демократӣ ва барпо кардани ҷамъияти граждании ҳуқуқбунёд — ин баробар будани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар назди қонун новобаста аз ҷинс, баромади иҷтимоӣ, миллату ирқ, дину оин ва ҳоказо мебошад. Дастоварди Тоҷикистон дар ин бора он ормону орзуе мебошад, ки баъзе мамолики дунё асрҳо барои дастрасӣ ба он мекӯшанд. Дар чандин давлатҳои дунё, мо олимон доир ба таъмини оромӣ ва осоиштагӣ дар Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқи мардум дар он баҳсҳо кардаем ва исбот намудаем, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки ҳуқуқи башар аз тарафи Конститутсия, қонунҳо, сарпарастии шахсан Президенти он — Пешвои миллат чун гарави таъмини озодӣ ва ҳуқуқи мардум сарбаландона таъмин ва ҳифозат мегардад.
Ман, Сафар Давлатов, сокини шаҳри Панҷакент, кӯчаи Саъдии Шерозӣ №142, саргузаште дорам пур аз сарсонӣ ва саргардонӣ, ки ба сари ман додгустарон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ овардаанд. Ранҷу азияти кашидаам аз он сабаб, ки парвандаи граждании ман солиёни зиёд ҳаллу фасли худро наёфта, чун як парванда — намунаи бесаводӣ, бесалоҳиятӣ ва хӯрдагирӣ шояд дар илми ҳуқуқшиносӣ ва амалиёти судӣ минбаъд омӯхта шавад.
Муроҷиати ман аз болои ҳалномаи Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ аз 20.05.2016 сол, қарори Раёсати Суди вилояти Суғд аз 02.08.2016 сол, таъиноти Суди Олӣ оид ба рад намудани ирсоли парванда аз 16-уми марти 2017 сол мебошад.
Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ аз 20-уми майи соли 2016 даъвои Зокиров Усмон бо ҷавобгарии МИҲД-и ш. Панҷакент, Давлатов Сафар — ман, Камолова Умеда оид ба беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 08.05.2003-юм сол таҳти №152 оид ба ман Давлатов Сафар ҷудо намудани замин барои сохтмони бинои чойхона аз заминҳои ҳудуди Панҷакент беэътибор дониста шудааст.
Даъвои ман оид ба бекор кардани шартномаи ҳадя аз санаи 21.02.2008 сол таҳти феҳристи № 4Ш-109 идораи нотариалии давлатии ш. Панҷакент байни Зокиров А. ва Зокиров У. басташуда, шартномаи хариду фурӯш байни Зокиров У. ва Мирзоалимов Р. таҳти феҳристи 4Ш-527 аз 15.07.2011 басташуда ва даъвои иловагии ман оид ба беэътибор донистани қарори кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ш. Панҷакент аз 22-юми майи соли 1992-ум, таҳти №113 қисман қонеъ карда шудааст.
Шартномаи ҳадя аз санаи 21.02.2008 сол таҳти феҳристи №4-Ш-109 байни ҷавобгарон Зокиров А. ва Зокиров У. басташуда беэътибор дониста шудааст.
Қарори кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ш. Панҷакент аз 22-юми майи соли 1992 таҳти №113 беэътибор дониста шудааст.
Даъвои ман оид ба беэътибор ҳисобидани шартномаи хариду фурӯши байни Зокиров У. ва Мирзоалимов Раҳматулло таҳти феҳристи № 4Ш- 527 аз 15.07.2011 сол дар нотариуси ш. Панҷакент бақайдгирифташуда рад карда шудааст.
Даъвои муқобили даъвои Мирзоалимов Раҳматулло оид ба эътирофи харидори бовиҷдон қонеъ карда шудааст.
Бо ҳалномаи мазкур бинобар бармаҳал, ғайриқонунӣ ва ба манфиати ҷавобгар Мирзоалимов Р. буданаш розӣ нашуда, нисбаташ шикояти кассатсионӣ оварда будам.
Суди зинаи аввал бархилофи қонуни мурофиавӣ парвандаро бархилофи нишондодҳои Қарори суди марҳилаи назоратӣ, ки бо он ҳалномаи қаблии суд аз рӯи ҳамин баҳс бинобар пурра ва ҳаматарафа санҷида нашудани ҳолатҳои кор бекор карда шуда, парванда барои пурра ва ҳаматарафа санҷида нашуданаш бекор карда шуда, барои баррасии нав ирсол шуда буд, шитобкорона баррасӣ карда, барои ҳозир шудани шоҳидони ман имконият надод ва онҳоро напурсида, ҳуқуқҳои мурофаивии маро поймол намуда, қарори ғайриқонунӣ, бармаҳал ва бар манфиати ҷавобгаронро қабул намуд.
Баррасии парванда санаи17-уми майи соли 2016 оғоз гардида, санаи 21-уми майи соли 2016 рӯзи шанбе санади судӣ аз тарафи судя Ҳоҷизода С. эълон карда шуд. Шахсан худи ман низ иштирок доштам. Ҳамагӣ ду дафъа — санаҳои 17 ва 18-уми май мурофиа шуда, 1-2 соатро дар бар гирифт, ҳол он ки, баҳси мазкур аз соли 2009 инҷониб давом ёфта, ҳалли ниҳоии худро намеёбад.
Аммо аз ҳалномаи судӣ бармеояд, ки он санаи 20.05.2016 тайёр карда шудааст. Пеш аз мурофиа судя ба ман чанд бор гуфт, ки тарафи муқобил серпул аст ва ту ин мурофиаро бой медиҳӣ. Судя Ҳоҷизода С. пеш аз мурофиа чанд маротиба ба ман таъкид намуда баён дошт, ки мурофиа хоҳӣ ё нахоҳӣ ба фоида ту ҳал намешавад. Ман пойтахт рафта омадам. Ҳуҷҷатҳои ту тоза бошад ҳам, дасти пулдор баланд мешавад. Ман ба сухани ӯ раддия дода, вайро ба хӯрдагирӣ ва тарафкашӣ айбдор кардам. Аммо судя раддия ва суханҳои маро ба инобат нагирифт. Ҳалнома рӯзи шанбе бе иштироки ман ба тасвиб расид, ки ин қонуншиканӣ мебошад.
Тартиби таҳқиқи далелҳо, ки аз пурсиши тарафҳо оғоз ёфта буд, ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои ман оид ба мубоҳисаи тарафҳо имконият дода нашуд. Саволҳои ман ва намояндаи ман кушода монданд. Раисикунанда — Ҳоҷизода С. бинобар он ки судяи Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ буд ва мурофиа дар Суди ш. Панҷакент баррасӣ шуда истода буд, бинобар вақтангиаш ба саросемагӣ роҳ медод ва бо ин талаботҳои қонуни мурофиавии гражданӣ вайрон карда шуданд.
Дар мурофиаи судӣ шоҳиди худи ҷавобгарон пешниҳодшуда М. Миноқулов пурсида шуд, ки номбурда аз тарафи У. Нуруллоев сохта шудани бинои баҳсӣ — чойхонаро барои солҳои 1992-1993-юм баён намуд.
Суд бошад, барои аниқ намудани ҳолатҳои барои парванда муҳим, ба монанди чойхонаро кадоме аз онҳо ва кадом сол сохта шуданаш чора надидааст. Нуруллоев У. ба онҳо муносибате надорад. Миноқулов М. аз соли 2008 ё ин ки тавре даъвогар Зокиров А. қайд намудааст, аз соли 1996 инҷониб чойхонаро истифода намудааст.
Илова бар ин, Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ хулосаи худро ба қарори Шӯрои депутатҳои шаҳри Панҷакент аз 10-уми майи соли 1996 асоснок намудааст, вале хулосаи суд ба ҳолатҳои воқеии парванда мувофиқат намекунад. Аз ҷумла, дар маводҳои парванда соли сохташавии чойхона 1992-1993 омадааст.
Дар қарори ҳукумат бошад, мавзеи ҷойгиршавии қитъаи замини барои чойхона ҷудошуда 0,08 га байни Универмаги Наврӯз ва меҳмонхонаи Суғдиён нишон дода шудааст.
Чойхонаи зери баҳс қарордошта дар боғи истироҳатӣ ҷойгир шудааст, ки он ба қитъаи замини барои сохтмони чойхона ҷудошуда алоқамандие надорад. Ҳол он ки, бартараф намудани ин ҳолатҳо барои ҳалли дурусти парванда аҳамият дорад.
Дар ҳалнома омадааст: «Дар маҷлиси судӣ дақиқу саҳеҳ муайян карда шуд, ки дар асоси қарори Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Панҷакент аз 22 майи соли 1992 таҳти №113 дар бораи ҷудо намудани замин барои сохтмони чойхона барои 75 ҷой ва санади интихоби қитъаи замин, чойхонаи мазкур бояд дар байни бинои универмаги «Наврӯз» (ҳозира ошхонаи «Диловара») ва меҳмонхонаи «Суғдиён», яъне дар ҷойи ҳозира қомат росткардаи бинои бонки «Эсхата» сохта мешудааст. Ҳангоми таҳқиқи далелҳо суд муайян намуд, ки дар замине, ки дар асоси қарори мазкур барои сохмони чойхонаи мазкур ҷудо гардидааст, имрӯз бинои бонки “Эсхата” сохта шудааст. Чойхонаи баҳсӣ бошад, дар асоси ҳамин қарор бе тағйир додани қарор ва санади интихоби қитъаи замин, гӯё дар дохили боғи истироҳатии шаҳр сохта шудааст.
Суд мебоист барои таъини ташхиси комплекси техникӣ-заминсозӣ чораҷуӣ намуда, хулосаи мутахассисони дахлдор, аз ҷумла КФБТ-ро бояд дастрас менамуд.
Инчунин, таҳлилу омӯзиши харитаи ҷойгиршавии қитъаҳои замини гӯё барои Зокиров А. соли 1992 ҷудошуда ва барои Давлатов С. — ман ҷудошуда ба андозаи 236,8 м. дар соли 2003 ҷудошуда барои муайян кардани ҳолатҳои парванда аҳамияти ҷиддӣ доранд.
Судя дар муҳокима қайд намуда буд, ки дар суд шоҳид Рофиев З. нишондод дод, ки замин ба шаҳрвандон дар асоси хулосаи сармеъмори шаҳр, аз тарафи кумитаи идораи замин ҷудо карда мешавад. Иброз намуд, ки дар ҳақиқат бо сабабҳои номаълум (?) бинои чойхонае, ки бояд дар дигар ҳудуди шаҳр сохта мешудааст, сохта нашуда, имрӯз биное, ки ҳанӯз солҳои қарни гузашта дар дохили боғи маданӣ-истироҳатии шаҳр сохта шудааст, мавриди баҳс қарор дода шудааст. Ҳол он ки, қарорҳое, ки дар мурофиаи судӣ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд, дар асл ба ин бино ягон мансубият надошта, бо сабабҳои номаълум хусусигардонӣ, сипас ҳадя намудан ва хариду фурӯш намудани бинои чойхона, ки дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, аз ҳамин қарорҳои беасос манша гирифтааст.
Дар қарори комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ш. Панҷакент аз 22.05.1992 сол, ки дар маводҳои парванда ҳаст, ному насаби касе, аз ҷумла Зокиров А. дарҷ нагардидааст. Ман ваҷҳ оварда будам, ки ин қитъаи замин ба Бобоев Ф. ҷудо шудааст. Талаб намудани замимаи ин қарор ба манфиати кор буд. Ҳамзамон ҳуҷҷате, ки Зокиров А. ба чойхона ҳуқуқи соҳибмулкӣ пайдо намуда, минбаъд дар асоси он чойхонаро бегона намудааст, дар маводҳои парванда мавҷуд нестанд. Оид ба ин масъала Бобоев Фурқат чунин маълумот додааст: “Оид ба қарори Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Панҷакент аз 12-уми майи соли 1992, №13 чунин равшанӣ меандозам, ки ман дар байни универмаги «Наврӯз» ва меҳмонхонаи «Суғдиён», ки заминаш ба «Райпотребсоюз» дахл дошт, хостам чойхона барои 75 ҷой созам. Дар асоси аризаи ман оид ба сохтмони чойхона бо роҳбарии муовини раиси кумитаи иҷроияи ш. Панҷакент У. Одилов дар ҳайати сармеъмор З. Рофиев, сардухтури эпидемология Мирзололимов Р. ва дигарон акт оид ба дида баромадани замин сохта шуд. Дар ҳамин асос қарори болозикр оид ба дида вобаста кардани замини номбурда ба ман қабул гашт. Пас аз чанд муддат, тахминан соли 1995 азбаски вазъи молиявии ман бад шуд, ман замини мазкурро ба Раҳмонқулов Абдураззоқ фурӯхтам. Ҳамин ҳуҷҷатҳои лозимӣ дар нотариус мавҷуд мебошад (баёноти Бобоев Фурқат мавҷуд аст). Дар асоси ҳуҷҷатҳои парвандаи замин ба номи ман қитъаи замини ҷудошаванда дар ҳудуди боғи истироҳатии шаҳр воқеъ буда, дар он нақшаи маҳали ҷойгиршавии замин, сарҳадҳои он, аломатҳои геодезӣ, хулосаҳои мақомоти дахлдор, қарори раиси шаҳри Панҷакент таҳти рақами 152, аз 08.05.2003, таҳти №3132 замима шудааст, ки суд ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ надодааст. Бидуни муайян кардани ҳолатҳои мазкур хулосаҳои суд ба ҳолати воқеии парванда номутобиқ ҳастанд”.
Суд Мирзоалимов Раҳматуллоро бо он асос харидори бовиҷдон эътироф намудааст, ки гӯё номбурда дар лаҳзаи бастани шартномаи хариду фурӯши бинои чойхона, оид ба он ки азхудкунии моликият аз тарафи фурӯшанда бо қарорҳои ғайриқонунӣ байни Зокиров А. ва Зокиров У. ба амал бароварда шуда, объекти мазкур байни Зокиров У. ва Давлатов С. — ман мавриди баҳс қарор дорад, огоҳ набуд ва огоҳ буда ҳам наметавонист, дурӯғи маҳз буда, бо он асос ғайриқонунӣ будани санади судӣ дар ин қисм дар он ифода меёбад, ки намояндаи ваколатдори Мирзоалимов Р. — Туробов Парвиз домоди Мирзоалимов буда, Зокиров Усмон домодшавандаи бародари Мирзоалимов мебошад ва оид ба зери баҳси тӯлонӣ қарор доштани бинои чойхона нағз хабардор буд, зеро ки тамоми сокинони ш. Панҷакент ин баҳсро хуб медонистанд.
Дигар далели бебаҳс исботшавандаи бохабар будани Мирзоалимов Р. оид ба зери баҳс қарор доштани бинои чойхона акти интихоби қитъа барои сохтмон аз 10-уми майи 1992 сол ба қарори комиҷроия замимагардида аст, ки дар ҳайати комиссия сардухтури ҳамонвақтаи СЭС — Мирзоалимов Р. нишон дода шудааст. Дар зери ин акт имзои сардухтури ҳамонвақтаи СЭС — марҳум Мирзоалимов Р. низ ҷой дорад.
Яъне номбурда хуб медонист, ки мавзеи ба Зокиров А. ҷудошуда бо бинои баҳсӣ ягон алоқамандӣ надорад.
Дар ҳалномаи Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 19.03.2009, банди 13 оварда шудааст, ки ҳангоми баррасии баҳсҳо вобаста ба беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ (квартира) харидор (бадастовардандаи бовиҷдон) шахсе эътироф мешавад, ки агар хонаи истиқоматиро бо подош аз шахсе ба даст овардааст, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва бадастовардаранда аз он огоҳ набуд (қисми1, моддаи 323 КГ ҶТ).
Ҳол он ки, баҳс хонаи истиқоматӣ набуда, иловатан қайд кардан бамаврид аст, ки тавзеҳоти моддаи 323, банди 1 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст: “Агар молу мулки музднок аз шахсе ба даст оварда шуда бошад, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва бадастдароваранда аз ин огоҳ набуд ва огоҳ буда ҳам наметавонист (бадастоварандаи бовиҷдон), ин молу мулкро молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ дода гум карда бошад ё аз яки онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигар, бидуни ихтиёри онҳо аз тасарруфашон баромада бошад, молик ҳақ дорад онро аз бадастоваранда талаб карда гирад.
Суд бошад, баръакси раводиди моддаи мазкур молу мулкро ба молик баргардонида надода, дар истифодаи «бадастоварандаи бовиҷдон — Мирзоалимов Р.» гузоштааст.
Мутобиқи моддаи 352 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ асос барои бекор кардани санадҳои судӣ мебошад.
Мутобиқи моддаи 376 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври ҷиддӣ вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ асос барои бекор кардани санадҳои судӣ мебошад.
Ин ҳол як намунаест аз тарафкашӣ ва қонуншиканиҳои суди марҳилаи якум ва зинаҳои болоӣ.
Шояд чунин судяҳо, ки ҳамеша бо қонуншиканӣ ва тарафкашӣ ба мартаба ва манзалаҳои баланд расидаанд, метавонанд пешниҳоди Прокурори генералӣ ва қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар кунанд!
Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шахсони арҷманд — Ш. Шоҳиён — Раиси Суди Олӣ, аъзо Ашӯрзода A. A., Холова Б. М., Сатторзода A. C., Лутфуллозода Ш., Қамарзода, Ҳакимова С. А., Тошев С. ва котиби он Ғозиева Г. А., иштироки иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Осимзода М. О. бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи мавриди назарро ҳарҷониба баррасӣ намуда, ҳалномаи судиро бекор ва парвандаи гражданиро ба Суди ш. Панҷакент барои баррасии нав аз ҷониби дигар суд ирсол намуда, таъкид кардааст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, ваҷҳҳои тарафҳоро санҷида, ба ҳолатҳои воқеии кор баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, вобаста ба баҳси ҷойдошта санади қонунӣ ва асонок қабул намояд.
Дар асоси Қарори коллегияи Суди вилояти Суғд шикояти кассатсионии ман бе даъват ва иштироки ман беасос ва муғризона рад карда шудааст.
Бо шикояти назоратӣ ба суди марҳилаи назоратии вилояти Суғд муроҷиат намудам. Суди вилояти Суғд қарори раёсати кассатсионии судро дастгирӣ намуда, шикояти маро рад намуд. Бо шикояти назоратӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудам. Бо таъиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми марти 2017 сол шикояти назоратии ман рад карда шудааст.
Шикояти назоратии такрории ман ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бенатиҷа монд.
Ниҳоят ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намудам.
Дар асоси як мактубча аз номи Пленуми Суди Олӣ дар санаи 14.09.2017, судяи Суди Олӣ — Пулодӣ М. ба ман ҷавоби рад додааст, ки гӯё ман муҳлати яксолаи шикоятро гузаронида бошам. Ҳол он ки, ҳалномаи Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мутобиқи Қарори Раёсати Суди вилояти Суғд аз 02.08.2016 қувваи қонунӣ гирифта, муҳлати яксолаи шикояти назоратӣ овардан танҳо 2-юми августи соли 2017 ба охир мерасад ва дар ин муддат шикояти назоратии ман дар асоси таъиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16-уми марти 2017 сол рад карда шуда, муҳлати овардани шикояти назоратӣ ба Пленуми Суди Олӣ то 02.08.2017 нигоҳ дошта шудааст. Ман охирҳои моҳи июли 2017 сол ба Пленуми Суди Олӣ муроҷиат намудам. Судя Пулодӣ худаш дар мактуби ҷавобӣ қайд кардааст, ки шикоятҳои назоратии қаблан воридгардида 15.05.2017 сол, 25.07.2017 сол мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Боз кадом муҳлати яксоларо ман гузаронидаам, ки тааҷубовар аст?!
Санадҳои судии зинаҳои гуногуни баровардашуда аз суди зинаи аввал то зинаи назоратии Суди Олиро ғайриқонунӣ меҳисобам, зеро онҳо бо татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва меъёрҳои мурофиавӣ ба тасвиб расидаанд.
Тибқи талаботи моддаи 13 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад.
- Суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаро анҷом медиҳад, ба иштирокчиёни мурофиа барои татбиқи ҳуқуқҳояшон мусоидат намуда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар кардани ҳолати воқеӣ ва истифодаи дурусти қонунҳо ҳангоми ҳалли парвандаҳои гражданӣ шароит фароҳам меорад.
Қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми октябри 2015 сол ба тасвиб расида бояд қонеъ мешуд. Аммо баръакси ҳол судяи дигар — Ҳоҷизода барои ҳимояи гуруҳи ғосибон миён баста, аз Конститутсия, КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, адолатпешагӣ ва адолатпарварии Пешвои миллат, Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар карданд!
Тамоми ҷараёни парвандаи мазкур аз хатоҳо ва қонуншиканиҳо пур буда, намунаи хешу таборбозист! Марҳум Мирзоалимов Р. то марги худ чандин мардуми оддиро дар ба дар сохта, хонабардӯш намудааст.
Тарафкашӣ ва таомили ҳифзи обрӯи кормандони ҳуқуқ боло гирифта ва чун пешина ҷавобҳои духӯраро ба ману дигар зулмдидаҳо аз марҳум Мирзоалимов Р. ва оилаи ӯ медиҳанд.
Муроҷиати чанинбораи ман ба воситаҳои ахбори омма беҷавоб монда, ба мактуби ман Суди Олии Тоҷикистон ҷавоби муғризона дода, тарафи қонуншиканҳо гирифта шуд. Ман сару калобаи худро гум кардам. Оддитарин адвокат аз парвандаи ман садҳо хатоҳо ва тарафкашӣ, қонуншиканиҳоро пайдо кард. Вохӯрии ман бо раиси Суди Олии Тоҷикистон низ бенатиҷа анҷомид. Ҳол он ки, ман ба раиси Суди Олӣ дар бораи қонуншиканиҳо ва тарафкашию хешу таборбозиҳо гуфта будам. Номувофиқӣ ва сохта будани ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни парвандаро нишон дода будам.
Ман бевосита ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат карда, умедворам, ки Ҷаноби Олӣ ба доди ман мерасанд. Парвандаи ин кор бори дигар мебояд баррасӣ шавад.
Аз ин рӯ бо асосҳои боло, хоҳиш менамоям, ки шикояти ман қабул карда шавад ва ба ҳалномаи Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ аз санаи 20.05.2016 сол эътироз оварда шавад.
Бо камоли эҳтиром, Сафар ДАВЛАТОВ, сокини шаҳри Панҷакент, кӯчаи Саъдии Шерозӣ №142, тел: +992926374106