Як пораи хотираи ман ба ду фарди бароям ниҳоят азизу муътабар, ки онҳо замоне дар давраи бачагӣ бо ҳам дӯсту бародар буданд ва рӯзгори пуршӯру шар ва қисмати талху вазнин бо гардиши айём онҳоро аз ҳам ҷудою бегона гардонд, бахшида мешавад. Якеаш олими машҳури соҳаи иқтисод, сиёсатмадори варзидаю фарди ҳалиму меҳрубон ва бениҳоят хоксору фурӯтан Талбак Назаров ва дигараш, ҳамсинфам, падари меҳрубону бародари ғамхор ва деҳқони хокпоши хоҷагии пахтакории ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) Абдусаттор Боронов, ки имсол пас аз маргаш бист сол гузаштааст, ба шумор мераванд.
Ҳар дуяш зодаи деҳаи Шингхо (ҳоло ин деҳа пас аз бунёди НОБ — и Норак зери оби баҳри Норак мондааст) буда, соли таваллудашон 1938 мебошад. То соли 1953 дар ҳамин деҳа умр ба сар мебаранд ва бо ҳам дӯсти қарину қадрдон будаанд. Баъд зиндагӣ онҳоро ба ҳар гӯшаи дунё партофтааст. Аниқтараш, баъди барҳам додани ноҳияи Кангурт соли 1953 оилаи Бороновҳо (онҳо: модар ва се бардар — Абдусаттор, Абдуҷаббор ва Абдураҳмон) ба деҳаи Қизил — Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Колхозобод муҳоҷир шуданду устод Талбак Назаров роҳи илму маърифатро ихтиёр карда, пас аз хатми факултаи иқтисодии Университети Давлатии Ленинград (ҳоло Санкт — Петербург) омӯзгори фанни иқтисоди сиёсии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (айни ҳол ДМТ) шуданд.
Ману Абдусаттор, воқеан ӯ аз ман 6 сол калон буд, соли 1961 мактаби миёнаи рақами 8 (айни замон рақами 33) — ро хатм кардем. Абдусаттор, азбаски сардори оила буд, пешаи деҳқониро интихоб кард ва табиист, ки бо ин шуғлаш ӯ ҳеҷ гоҳ аз деҳа ба ҳеҷ куҷо баромада наметавонист. Як бегоҳии фасли баҳори соли 1968 ба ҳавлиамон даромада, ба ман муроҷиат намуд:
— Зариф, пагоҳ мо бояд ба шаҳри Душанбе равем.
— Бе иҷозати роҳбар ман ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонам, — ҳайрон посух додам. Он замон ман дар идораи редаксияи «Ҳақиқати Колхозобод» ба ҳайси ходими адабӣ кор мекардам. — Ва баъдан чи зарурат пеш омад, ки ман ҳамроҳат ба пойтахт равам?
— Ту бояд маро бо устод Талбак Назаров рӯ ба рӯ кунӣ, — Абдусаттор мақсади асосиашро пинҳон мекард.
— Чӣ шуморо бо ҳам мепайвандад? — кунҷковӣ кардам. — Ва чи тавр ман туро бо устод рӯ ба рӯ мекунам, ки айни замон ӯ декани факултети иқтисодиёт буда, ба наздаш даромадан амрест муҳол ва аслан ман устодро намешиносам.
— Мо бо ҳам дӯстони давраи бачагием, — ранги рӯи дӯстам қадре тағйир ёфт. — Он тарафашро намедонам. Хоҳиши маро бояд иҷро кунӣ.
— Эҳ — ҳа, — аз ҳайрат китф боло кардам. — Ин қадар солҳо гузаштааст. Ҳоло он кас магар саломи моро алейк мегиранд. Ягон шахси баробарвазн ёфтан даркор.
— Туро корат ба дигарон набошад, — Абдусаттор ба фикрам қадре ранҷид. — Вазифаат, боз такрор мекунам, моро рӯ ба рӯ кардан. Ман ба назди ҳеҷ кас намеравам. Ягона шахси боваринокам ту мебошӣ.
Ноилоҷ розӣ шудам ва субҳи барвақт ба дафтари кори устод даромадам. Боадабона салом додам. Ҷавонмарди ниҳоят зебочеҳра сар аз навиштан бардошта, ҷавоби саломам дода пурсид:
— Хизмат?
— Устод…, — забон хоидам. — Илтимоси ман ғайриоддист…
— Гӯш мекунам, — на омиронаю на ҳалимона овозаш садо дод.
— Дар берун шуморо дӯсти давраи бачагӣ интизор аст, — зери обу арақ мондам.
— Кӣ будааст он дӯсти давраи бачагиям? — декан ҳайрон ба ман савол дод.
— Абдусаттор Боронов! — базӯр ҷавоб гардондам.
— Чаро худаш ба наздам надаромад? — тааҷҷуби устод афзуд.
— Аз ваҷоҳати вазифа ва солҳои зиёди ҷудоӣ ҷуръат накарданд, — худро сафед кардам. — Ва ӯ як деҳқони оддӣ мебошад.
— Аҷоиб, — гуфтанду Талбак Назаров қаламро болои навиштаҷот гузошта, аз ҷой хестанд. — Канӣ, пеш даро! — фармон доданд. — Ку, ман он дӯсти давраи бачагиамро бинам.
Мо ба саҳни факултет баромадем. Он солҳо факултет дар мавзеи саристгоҳи Роҳи Охан қарор дошт. Ман, ки вохӯрии самимию гарму ҷӯшонро интизор будам, аз дастфишории кӯтоҳу сардонаи устод дар ҳайрат мондам. Абдусаттор низ аз чунин муносибат худро гум карда, дар ҳолати ногувор монд. Устод дарҳол ба дӯсти давраи бачагиаш савол дод.
— Ташрифи шумо бе мақсад нест? Гӯшам ба шумо?
— Ҳамин… додарам, — Абдусаттор сурху сафед шуда, даст ба қафо бурда, бо азоб овоз бароварда, Абдураҳмонро нишон дод, — қарздор…
— Чанд — то қарз дорад? — такроран пурсид устод.
— Сето…
— Эҳ — ҳа, — мад кашид декан. — Пас аз қарзи якум наомадед. Баъди қарзи дуюм муроҷиат накардед. Қарзи сеюм шуморо аз хоби ғафлат бедор кард. Дер шуд. Фармон кайҳо содир шудааст.
Хомӯшии вазнине байни мо ҳукмрон гашт. Акаву додар чун ҳайкалу чун шахсони гунаҳкор танҳо ба замин менигаристанд. Аҳволашонро дида, надонистам, ки ба онҳо чи тавр ёрӣ расонам. Вақте ба худ омадам, ки устод аллакай баргашта, ба дафтари кориаш даромада буд. Аз қафояшон беовоз даромадам ва кӯшиш намудам ба дилашон раҳму шафқат ҷой диҳам.
— Устод… охир ӯ … дӯсти давраи бачагиатон мебошад.
Декан бо шаст аз ҷояш хеста, ба наздам омада, бо зарда гуфт:
— Ҳамон дӯсти давраи бачагӣ замоне, ки ба даҳ тин зор будам, куҷо буд? Медонӣ, ки ман дар мусофират чи қадар рӯзҳои вазнинро паси сар кардам? Не, намедонӣ! Ҳамон дӯсти давраи бачагиам боре аз аҳволам пурсид? Замоне, ки ба сараш мушкилӣ афтид ӯ маро ба хотир овард.
Хеле баъд ба маънои гуфтаҳои устод сарфаҳм рафтам. Ҳамаи мо ҳангоме, ки шахсеро ба мансаби баланди давлатӣ таъин ва ё интихоб кунанд, ё бо қудрати ақлу заковат, донишу малакаи таҷрибаи корӣ ба вазифае соҳиб шавад, дар гирди хони пурнозу неъмат бо виқору худнамоӣ ба атрофиён ҳадс мезанем, ки фалонӣ дӯсти давраи бачагиям буд. Ва ӯро пас аз соҳибмансаб шуданаш ба хотир меорем.
Ба ҳар ҳол дилам ба ҳоли ҳамсинфам дар мегирифт ва боз савол додам.
— Устод, ҳеҷ илоҷаш нест? Охир ҳаёти додараш месӯзад?
— Исто, ки ту худат кистӣ? — Талбак Назаров рост ба чашмони маҳзунам нигарист.
— Ман коргари заводи Орҷоникидзе мебошам, — дурӯғ ҷавоб гардондам ва бо ин кирдорам хостам, ки ба дили устод раҳму шафқат биоварам.
— Дурӯғ мегӯйӣ, — декан дасти ростамро дошта ба тарафи худ кашида, ба кафу ангуштонам дида дӯхт. — Дастони коргар ин хел намешаванд. Ту ё муаллимӣ ва ё рӯзноманигор. Дониста мон, ки дили ман ҳам аз санг нест. Онҳо вақтро аз даст додаанд. Танҳо як роҳ мемонад. Аз сари нав имтиҳонҳоро супорида ба Университет дохил мешавад. Лекин ин дафъа даҳанялагӣ накунанд. Акнун, аз ту коргари заводи Орҷоникидзе эҳтиромона хоҳиш дорам, баромада рав…
Бо сари хам аз дафтари кории Талбак Назаров баромадам. Ҳар се паҳлӯи ҳам қадам мезадем. Ҳеҷ кас ёрои сухан гуфтан надошт. То меҳмонхонаи Душанбе хомӯшона омадем. Сукути аламоварро Абдусаттор хотима бахшид:
— Ҳамааш айби худам. Тайи ин қадар сол ман боре ӯро суроғ накардам. Худам гунаҳкор, худам…
Баъди суханони дӯстам чеҳраам кушода шуд. Гӯё санги вазнинеро аз болои дилам гирифтанд.
Солҳо гузаштанд. Факултети ҳуқуқшиносиро хатм карда, дар пойтахт ба кор мондам. Ва ҳар боре, ки устод Талбак Назаров дар кӯчаҳои шаҳр бо ман вохӯрад бо табассуми ба худаш зебанда аҳволпурсӣ мекунад:
— Ҳа, коргари заводи Орҷоникидзе, аҳволат чӣ хел?
Ман низ дар партави саволи устод бо чеҳраи шукуфон ҷавоб мегардонам:
— Ба монанди дӯстони давраи бачагӣ!
Ва ҳар дуямон он лаҳзаи хотирмонро ба ёд оварда, бо завқ механдем…
Ин сатрҳоро барои он ба хонандагони гиромӣ пешкаш намуда истодаам, то ки онҳо дӯстиро ҳеҷ гоҳ ба давраҳо тақсим накунанд. Он аз давраи худшиносӣ оғоз гардида, бояд беғаразона то охири умр давом кунад.
Зариф ҒУЛОМ, адиб