Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар утоқи кории давлатӣ хона мефурӯшад

Таҳқиқоти журналистӣ нишон дод, ки Бег Сабур — раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон — дар рӯзҳои корӣ, дар утоқи хизматии давлатӣ ба фурӯши хонаҳои ширкати «Комил 2010» машғул аст. Ин ширкат ба номи Зуҳуров Сиёвуш Бегович — писари Бег Сабур — сабт шудааст. Гузашта аз ин, бархе аз кормандони Хадамоти алоқа ба фурӯши хонаҳои ширкати “Комил 2010” ҷалб шудаанд.

“Барои ман нархи хонаро арзон карданд, дар сохтмонҳои дигар ин гуна арзон намекунанд. Ҳар метри квадратие, ки дар ҷойҳои дигар 500 доллар нарх дорад, инҷо 400 долларӣ мефурӯшанд. Имрӯз ман охирин маблағи хонаро пардохтам ва омадам, ки ба Бег Сабур ташаккур гӯям”, — гуфтугӯ мекард як зани тақрибан 50-сола дар байни одамони дигар дар қабулгоҳи Бег Сабур дар бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Аз суҳбатҳои одамоне, ки дар қабулгоҳи раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омадаанд, чунин хулоса мешавад, ки бештари онҳо барои харидани хона онҷо омадаанд.

Миёни сокинони шаҳри Душанбе чандест дар бораи хариду фурӯши хона дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон — дар утоқи кории раиси хадамоти мазкур Бег Сабур гуфтугӯ мешавад. Муаллифи таҳқиқоти рӯзноманигории мазкур ҳам чанд маротиба ба ҳайси харидор ба ҳузури Бег Сабур даромад ва ҳамчун харидор суҳабт кард. Биноҳои истиқоматие, ки аз сӯи ширкати “Комил 2010” сохта ва фурӯхта мешаванд, дар миёни мардум “Хонаҳои Бег Сабур” ном доранд.

“Дукони хусусӣ дар бинои идораи давлатӣ

Дар марказитарин нуқтаи шаҳри Душанбе — аз дасти рости ҳайкали Исмоили Сомонӣ — сохтмони Маҷмааи алоқа идома дорад, ки оянда дастгоҳи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон онҷо мекӯчад. Маҷмааи алоқаро ҶДММ «Комил 2010» месозад. Аммо айни ҳол дастгоҳи Хадамоти алоқа дар хиёбони Рӯдакӣ 57 — дар як бинои чаҳорошёнаи марбут ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Тоҷиктелеком” — дар пушти сохтмони бинои ояндаи Хадамот иҷоранишин аст. (Шарҳ: Беҳтар аст, дар ҳамин ҷо шарҳ диҳем, ки ҶСК “Тоҷиктелеком” дар тобеияти Хадамоти алоқа аст. Яъне, Хадамоти алоқа дар бинои зерсохтори худ иҷорашинӣ мекунад). Ва … “офис продажа” ё идораи фурӯши манзилҳои ширкати “Комил 2010” ҳам дар ҳамин бинои марбут ба “Тоҷиктелеком” ҷойгир аст…

… 31 октябри соли 2018 муаллифи матлаб ҳамчун харидори қаторӣ ба қабулгоҳи Бег Сабур рафт. Ҳадафи рафтан ба қабули Бег Сабур — муайян кардани арзиши хонаҳоест, ки ширкати писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд мекунад.

Навбатдороне, ки дар даромадгоҳи бино менишастанд, аз пурсиданд, пеши кӣ ва чаро омадаам. Кутоҳ посух додам: хона мехарам. Ба ошёнаи дувум роҳнамоиям карданд. Дар утоқе, ки пушти дараш «Фуруши хонаҳои Зарафшон» навишта шуда буд, тахминан 6-7 зану мард пушти мизҳо нишаста буданд. Дар девори рӯ ба рӯи дари вурудии ин утоқ тақвими соли 2012 бо акси ду ҷавони муштзан (боксёр) ва дар тарафи чапи акси муштзанҳо акси Бек Сабур овезон аст. (Муштзане, ки дастпӯшҳои сурх дорад, ҳамон Зуҳуров Сиёвуш Бегович аст).

Болои мизҳо тарҳи биноҳо ва арзиши метри мураббаи хонаҳо бо доллари ИМА нишон дода шудааст. (Зимнан, моддаи 286 Кодекси ҷиноятии ҶТ муомилот бо асъори хориҷиро манъ кардааст. Барои муомила бо асъори хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст). Яке аз занҳое, ки дар пушти мизҳои рӯ ба рӯи дар нишасти буд, бо ишораи сар маро назди худ даъват кард. Дар рӯ ба рӯяш нишастам ва гуфтам, хонахарӣ омадаам.

Ба гуфтаи он зан (баъдтар маълум кардам, ки вай Лола ном дорад), ширкати «Комил 2010» айни ҳол дар шаҳри Душанбе дар минтақаи Зарафшон — наздикии сафорати Амрико хонаҳои фурӯшӣ дорад. Лола гуфт, “Комил 2010”дар назди Донишгоҳи кишоварзӣ ва наздикии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳам сохтмон дорад. “Аммо танҳо хонаҳои “Зарафшон” омода ҳастанд, сохтмонҳои дигар нав шуруъ шудаанд”, — афзуд вай. Ман минтақаи “Зарафшон”-ро интихоб кардам ва масъули фурӯши хонаҳои ширкати “Комил 2010” маро барои гуфтугӯи ҷузъиёти шартнома ба ошёнаи аввал, ба қабули Бег Сабур фиристод.

Савдо бо Бег Сабур

Одамони зиёде дар роҳрав, қабулгоҳ ва дохили утоқи Бег Сабур ҷамъ омада буданд: қисме хонахар, қисми дигар сохтмончиён, иддае кормандони Хадамоти алоқаву сохторҳои тобеаш ва ғайра. (Ин гуруҳҳоро аз гуфтугӯҳояшон бо Бег Сабур ташхис додам). Яке барои сафари корӣ аз Бег Сабур харҷи роҳу меҳмонхона мепурсид, дигарӣ ҳуҷҷатҳои нафақаашро дуруст мекард ва аз раис як имзо талаб дошт, севумӣ намунаи масолеҳи сохтмонӣ оварда буд, то бо Бег Сабур мувофиқа кунад, чаҳорумӣ дар сар ҳавои хонахарӣ дошт… Утоқи Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 7х7 метр аст. Дар қатори анҷому ашёи дигари лузумӣ (конселярӣ) дар ин утоқ намунаҳои санги мармар, тахтаи фарш (ламинат), зардеворӣ (обои) ва масолеҳи дигари сохтмонӣ низ гузошта шудааст. Утоқи кории раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз идораи кории як муҳандис-сохтмончӣ тақрибан фарқе надорад. (Мутаассифона, имкон нашуд утоқро дар чунин ҳолат акс бигирам).

Гуфтугӯи ман бо Бег Сабур якбора аз савдои хона сар шуд:

Бег Сабур: Инҳо аз кианд? (Ишора ба коғазҳое, ки ошёна, метри квадратӣ ва маҳали сохтмон навишта шудааст).

Муштарӣ: Аз ман, раисҷон.

Бег Сабур бо ҳисоббарор (калькулятор) ҳисоб мекунад.

— Дар назди духтарҳо ба қайд гирифтӣ?

Муштарӣ (бо ишораи сар тасдиқ мекунад): Раис, инҳо арзон намешаванд?

Бег Сабур: Чи қадар пулашро месупорӣ?

Муштарӣ: Агар ҳозир 100% супорем 22 ҳазор (доллар), агар 50% супорем 23 ҳазор (доллар)?

Бег Сабур: Ҳо.

Муштарӣ: Кай метавонем дароем?

Бег Сабур: Аллакай тақрибан тайёр аст. Таъмир кунед, зиндагира сар кунед.

Муштарӣ: Лифташ соз аст?

Бег Сабур: Не, ҳоло соз кардаистодаанд.

Муштарӣ: 15 ҳазор (доллар) супорем, чи хел мешавад?

Бег Сабур: Пул калон шуд, фоизаш ҳам зиёд мешавад.

Муштарӣ: 50% супорем, ҳуҷҷатҳояшро чи хел мекунем, раис? Ягон ҳуҷҷат медиҳанд?

Бег Сабур: Ҳо, ҳамаашро «оформить» мекунем. 15 ҳазор (доллар) фавран супор. Тамом. Ҳамаашро «нотариально заверят» мекунанд, дар дастат медиҳанд. Ин (бино) тамом шудааст. Меравӣ, таъмирро шуруъ мекунӣ.

Муаллиф баъди анҷоми ин муколама давоми ду моҳ чанд маротибаи дигар ба қабулгоҳи Бег Сабур рафт ва ҳадди ақал се маротибаи дигар шоҳиди хонафурӯшии раиси Хадамоти алоқа шуд.

Агентии мубориза бо коррупсия & Агентии хизмати давлатӣ: хизматчии давлатӣ ҳаққи ба соҳибкорӣ машғул шуданро надорад

Агентии хизмати давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дод, ки хизматчии давлатӣ “ба истиснои машғул шудан ба кори илмиву эҷодӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ” иҷозаи дигар навъи фаъолиятро надорад.

«Мувофиқи сархати дуюм ва чоруми банди 1 моддаи 10 Қонуни ҶТ аз 25 июли соли 2005, №100 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор … амалҳои зерин манъ карда шудааст:

— ба кори дигари музднок дар асоси шароити ишғолкунии мансаби штатӣ, ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад.

Ҳамчунин мувофиқи сархати панҷуми моддаи 30 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», шахси мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ иштирок кунад. Мувофиқи моддаи 11 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди корруписия» иҷро накардани маҳдудиятҳо ҳангоми дар хизмати давлатӣ будани шахси мансабдор барои ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ асос шуда метавонад”, — омадааст дар шарҳи Агентии хизмати давлатӣ.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба иловаи шарҳи ҳамсони Агентии хизмати давлатӣ навишт, ки тибқи муқаррароти моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аз ҷониби шахси мансабдор таъсис додани ташкилоте, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Алоқачӣ дар Хадамоти алоқахонафурӯш дар ширкати “Комил 2010

Дар рафти таҳқиқот маълум шуд, ки бархе аз кормандони Хадамоти алоқа ҳамзамон дар ширкати сохтмонии “Комил 2010” фаъолият мекунанд.

Эзоҳ: ҶДММ “Комил 2010 дар мақомоти андози Тоҷикистон 27 октябри соли 2010 бо нишонии ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чоргултеппа, деҳаи Оби Шифо сабт шудааст. Муассиси ин ширкат Зуҳуров Сиёвуш Бегович ва мудири иҷроияаш Зуҳуров Мусо Исматович аст. Ин ширкат асосан ба “истеҳсоли қум ва сангреза, рег, шағал ва иҷрои корҳои сохтмонӣ машғул аст.

Барои расман тасдиқ кардани он ки Бег Сабур дар пешбурди тиҷорати ширкати “Комил 2010” чи гуна кумак мерасонад ва ширкати мазкур бо чи шарту шароите дар бинои марбут ба Хадамоти алоқа (ҶСК “Тоҷиктелеком”) иҷоранишинӣ мекунад, дархости журналистӣ таҳия кардам. Ба телефоне 251 03 61, ки пушти дари “Фуруши хонаҳои Зарафшон” нишон дода шудааст, занг задам. Масъули фурӯши хонаҳои ширкат — Муътабар Абдуллоева гуфт, ки мактубамро ба идораи Хадамоти алоқа биорам ва дар дасти ҳуқуқшиноси ширкати “Комил 2010” — Маҳмадсодиқ Кулулов супорам. Аммо Кулулов нахост, дархости маро қабул кунад. “Ба дасти раис расонед, раис касеро ки вобаста кард ҳамон ҷавоб медиҳад”, — посух дод Кулулов. Аз вай пурсидам, ки дар ширкат ба ҳайси кӣ кор мекунад, гуфт, “дар асоси ваколатнома ҳуқуқшиноси ширкат аст”. Ҷолиб инҷо ки Кулулов ҳамзамон сардори раёсати назорати Хадамоти алоқа аст.

Вақте аз Кулулов ҷавоби рад гирифтам, ба утоқи “Фуруши хонаҳои Зарафшон” рафтам. Аз Муътабар Абдуллоева хоҳиш кардам, ки дархости журналистиро қабул кунад. Ӯ ҳам рад кард. Вале маълум шуд, ки хонум Абдуллоева бар иловаи дар “офис продажа”-и “Комил 2010” кор кардан, ҳамзамон алоқачӣ (связист)-и Хадамоти алоқа аст.

Хонум Абдуллоева машварат дод, дар ягон рӯзе биоям, ки раиси калон (манзур Бег Сабур) дар идора ҳозир бошад ва мактубро шахсан ба дасти худу ӯ супорам. Танҳо дар дафъаи чаҳоруми рафтан ба Хадамоти алоқа муваффақ шудам, ки дархостро ба дасти Бег Сабур расонам.

“Ба юрист супориш медиҳад, ки дар рӯзҳои наздиктарин ба саволҳоят посух диҳад”, — ваъда кард Бег Сабур рӯзи 1 декабри соли 2018. Баъд аз 12 рӯз билохира Кулулов ҷавоби дархостро бо имзои Зуҳуров Мусо Исматович —  мудири иҷроияи “Комил 2010”, дод.

Дар посухи ширкат омадааст, ки “ҶДММ “Комил 2010” … ба миқдори зарурӣ аз ҳудуди бинои ҶСК “Тоҷиктелеком” барои пешбурди фаъолияти худ иҷора гирифтааст ва аз ҳамин ҳисоб маблағи муайяне яъне тариқи шартномавӣ барои иҷора пардохт менамояд”.

Бег Сабур: “Ҳамаашро ман мегирам”

Муаллифи таҳқиқот барои анҷоми мусоҳибаи ниҳоӣ ба ҳузури раиси Хадамоти алоқа рафт. Бег Сабур дар суҳбати рӯ ба рӯ тасдиқ кард, ки дар пешбурди фаъолияти “Комил 2010” ёрӣ мерасонад. Вай ҳамзамон тасдиқ кард, ки Зуҳуров Сиёвуш Бегович писари ӯст.

 

Рӯзноманигор: Саҳми шумо дар ширкати “Комил 2010” чи қадар аст ва шумо чи кумак мерасонед дар пешбурди фаъолияти ширкат?

Бег Сабур: Мо ҳамкорӣ мекунем, сохтмонҳову дигару дигар, байни ҳамдигар, қарз мегирему қарз медиҳем…

Рӯзноманигор: Шумо ҳамчун раиси Хадамоти алоқа дар ин ширкат ҳамкорӣ мекунед?

Бег Сабур: Не, не, не. Хадамот не, Телеком (ҶСК “Тоҷиктелеком”), ин саҳмиявӣ аст. Ҳуқуқи бизнесу комерсияро дорад.  Инҳо байни ҳам шартнома доранд, якдигарро дастгирӣ мекунанд.

Рӯзноманигор: Шумо чӣ кумак мерасонед?

Бег Сабур: Ман ҳеч чиз. Ягон кумак. Мо давлатӣ ҳастем, мо маблағ надорем. Фақат “Телеком” мекунад.

Рӯзноманигор: Худи ширкати “Комил 2010” соли 2010 ба қайд гирифта шудааст бо номи Сиёвуш Зуҳуров. Яъне ба номи писари шумо.

Бег Сабур: Не, Зуҳуров дигар одам аст, Мусо Исматович.

Рӯзноманигор: Мусо Исматович директори иҷроия аст. Муассис Зуҳуров Сиёвуш Бегович аст. Яъне писари шумо аст?

Бег Сабур: Ҳо.

Рӯзноманигор: Шумо аз кадом сол ба ширкат кумак мерасонед?

Бег Сабур: 2-3 сол шуд.

Рӯзноманигор: Мардум назди шумо хонахарӣ меоянд. Инро чи хел шарҳ медиҳед?

Бег Сабур: Ман «гарантия» ҳастам, ки мардум фиреб нахӯранд.

Рӯзноманигор: Маблағро ҳам шумо мегиред?

Бег Сабур: Ҳамаашро ман мегирам. Ман назорат мекунам. Маблағи “арматура”-ву масолеҳи дигарро пардохт мекунам.

Рӯзноманигор: Ширкати “Комил 2010”-ро ёрдам мекунед?

Бег Сабур: Ҳо. Онҳо моро дар дигар корҳо ёрдам мекунанд.

 

… Маҷмааи алоқа, ки айни ҳол сохтмонаш идома дорад, бино бар иттилои ҶДММ “Комил 2010”, қарор аст, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон — 9 сентябри соли 2021 — ба анҷом расад. Суол инҷост, ки ҳамакнун Бег Сабур ба ҳайси пешбарандаи ширкати “Комил 2010” идомаи сохтмонро назорат мекунад ё ба ҳайси раиси Хадамоти алоқа?

Ё. Ҳалимов

4 ШАРҲҲОИ

  1. Ужас. полный ужас.
    не страна, а какая то палёная компания!
    наверное Рустами Эмомали будет этим интересоваться.

  2. Ин Бек Сабур кисаи худро аз кисаи давлат фарк намекардаги шудааст, ку. Чи мамлкат дарвоза дорад ё не?

  3. Ҳар ки дур аз даъвати Раҳмон бувад,
    Ӯ гадочашм агар Султон бувад!

  4. Вот это да… Только в Таджикистане такое возможно. Такая цепочка «бизнес-чиновник-коррупция» во всех структурах есть. Жаль, мало у нас смелых журналистов. Со стороны государства тоже жёстко контролируется деятельность независимых журналистов — из-за этого все молчат. Господин Рахмон что скажет про своего подчинённого???? Может хватит уже обогатить себя и своих родственников? Задумывайтесь о судьбе народа и государства.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here