Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, №168 “Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст.
Агентӣ фаъолияташро дар партави дастуру супоришҳо ва паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи Стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ ба роҳ мондааст.
Агентӣ вазифаҳои таъминоти кафолати хизматрасонии давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Агентӣ дар давраи фаъолияташ дар давраи солҳои 2014-2019 як қаттор корҳои муайяни назаррасро ба анҷом расонидааст.
Роҳбарии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро марди кордону фидоӣ ва ташаббускор Холзода Абдулҳаким Қувват бар дӯш доранд.
Фаъолият дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ
Холзода Абдулҳаким Қувват, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки сохтори Агентӣ аз дастгоҳи марказӣ иборат буда, дар номгӯи системаи он 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ ва 4 истироҳатгоҳу осоишгоҳ шомил мебошанд.
— Айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии Агентӣ 1207 нафар бошандагон, аз ҷумла маъюбони гуруҳи якум — 287 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 563 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм — 10 нафар ва 99 нафар кӯдакони маъюб дар будубоши доимӣ қарор доранд. Ба бошандагони ин муассисаҳо 722 нафар кормандон хизмат мерасонанд.
Имконияти осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар як басти истироҳат то 320 кат-ҷойро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар мавсими истироҳатӣ, ба ҳисоби миёна, 1970 адад роҳхатҳои ройгон ба имтёздорон ҷудо карда мешавад. Масалан, дар соли гузашта 2443 нафар имтиёздорону роҳбаладон ба табобату истироҳат фаро гирифта шуданд. Ба онҳо 278 нафар кормандони осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо хизмат расониданд.
Баҳри зиёд намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон, одамони ғайри қобили меҳнат, бе ҷойи зисти муайян ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки 221 нафар кормандони он ба 965 нафар муштариён ба хизматрасонӣ фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсади истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ ва самаранок ба роҳ мондани хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ 37 маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта таъсис дода шуданд, ки фаъолиятро тавассути ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ менамоянд.
Аз ҷумла, фаъолияти 35 марказҳои будубоши рӯзона барои тавонбахшӣ равона шудааст, ки 564 нафар кормандони ин марказҳо ба 4082 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 189 нафар шахсони дар ҳолати душворӣ зиндагӣ қарордошта хизматрасонӣ менамоянд.
Инчунин, 2 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта ва қурбони савдои одамон фаъолият менамоянд, ки 25 нафари кормандони ин марказҳо ба 353 нафар истифодабарандагон хизмат расонида истодаанд.
Вобаста ба пешниҳоди шакли хизматрасонии иҷтимоӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 41 марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар биноҳои тобеъи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 774 нафар кормандони он ба 5022 нафар ниёзмандон хизматҳои иҷтимоӣ мерасонанд, — афзуд Холзода.
Фаъолият дар самти кафолати кӯмакҳои иҷтимоӣ
Яке аз шаклҳои муосири дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ҷорӣ намудани низоми нави таъин ва пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат мебошад.
Таҷрибаи андухташудаи механизми мазкур дар 5 соли охир имконият фароҳам овард, ки он дар 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шавад.
Соли 2014 — механизми мазкур 25 шаҳру ноҳияро фаро гирифта, дар давоми сол ба 49112 оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ҳаҷми 15,1 миллион сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт карда шудааст.
Соли 2015 — шумораи гирандагони кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ 60133 нафарро ташкил дода, ҳаҷми маблағҳои пардохташудаи кӯмакпулӣ 21,2 миллион сомониро ташкил дод.
Соли 2016 — фарогирии барнома 40 шаҳру ноҳияҳоро дарбар гирифта, ба 77969 оилаи камбизоат ба маблағи 21,6 миллион сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт карда шуд.
Соли 2017 — ба 84986 нафар оилаҳои камбизоат ба маблағи 28,5 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд.
Соли 2018 — 96 294 оилаи камбизоат дар 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз кӯмакпули бархӯрдор шуда, дар маҷмуъ иҷрои Барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми 38,6 миллион сомонӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ, дар давоми 5 соли фаъолияти Агентӣ ба 366867 оилаҳои камбизоат ба маблағи умумӣ 125 миллион сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин ва пардохт карда шудааст.
Айни замон, 83 нафар корманд, аз ҷумла 72 мутахассиси коргузор оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоии 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ ва 11 нафар кормандони марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозӣ дар самти амалисозии барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ фаъолият намуда истодаанд.
Дар раванди тадбиқи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ Агентӣ вазифаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идоракунии молиявӣ ва мониторинги риояи тартиби таъин, пардохт ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро иҷро менамояд.
Бо мақсади муттамарказ гардонидани вазифаҳои воридкунӣ ва коркарди маълумот, мониторинг ва баҳодиҳии раванди таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ дар шаҳрҳои Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Душанбе марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ таъсис дода шуда, аз моҳи январи соли 2017 ба фаъолият оғоз намуданд.
Системаи иттилоотии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) дар ҳама шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷорӣ карда шуда, тавассути он ҳамаи маълумоти шаҳрвандон тариқи шабакаи интернет ба махзани ягонаи маълумот ворид ва коркард карда шуда, ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ муайян мегардад.
Самти мониторинг ва таҳлили соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ
Тибқи ваколатҳои худ Агентӣ мониторинги татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.
Дар ин раванд, ҷиҳати таъмин намудани кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, кӯдакони ятим, оилаҳои ниёзманди бесаробонмонда ва дигар қишри осебпазири аҳолӣ Агентӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар давоми 5 соли охир ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, 18,7 миллион сомониро ташкил намуда, ба 637987 хонанда пардохт карда шудааст.
Инчунин, дар ин давра ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ, 98,5 миллион сомониро ташкил намуда, ба 519585 оилаҳои камбизоат таъин ва пардохт карда шудааст.
Фаъолият дар самти ҳамкорӣ бо шарикони рушд
Дар доираи Лоиҳаи грантӣ оид ба “Мустаҳкам намудани соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардид, дар тӯли солҳои 2014-2017 чунин корҳо анҷом дода шуданд:
— шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии барнома ва Агентӣ, дар маҷмуъ бо 115 адад компютер, 197 адад дастгоҳи чопкунанда ва 179 басти мебел таъмин гардиданд;
— бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба системаи иттиоотии АСИСТ тавассути шабакаи интернет пайваст шуданд;
— маркази иттилоотии коркарди маълумот дар назди Агентӣ ташкил ва бо серверҳои муосири электронӣ таҷҳизонида шуд;
— барои муроҷиаткунандагон барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба миқдори 330 ҳазор нусха шакли варақаҳои барнома ва 170 ҳазор ҷувздон барои нигоҳдории парвандаҳои гирандагони кӯмакпулӣ табъу нашр гардида, ба онҳо ройгон дода шуданд;
— ба омӯзишҳои тахассусӣ ва семинарҳои амалӣ, дар маҷмуъ 735 нафар кормандони ҷамоатҳо, раёсатҳои манзилию коммуналӣ, бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кормандон оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ва мутахассисони филиалҳои Бонки “Амонатбонк” ва кормандони Агентӣ ба омӯзишҳои тахассусӣ ва семинарҳои амалии сатҳи маҳаллӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳаҷми маблағҳои масрафшудаи Лоиҳа дар давоми солҳои 2014-2018 қариб 3 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд.
Инчунин, бо мақсади идома додани фаъолият дар самти мусоидати техникӣ ба 28 шаҳру ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ ва таъсис додаи махзани электронии маълумот оид ба маъюбон Созишномаи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ “Оид ба маблағгузории иловагии Лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2018 ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳаҷми умумии маблағгузории Лоиҳа 1,8 миллион доллари ИМА, аз ҷумла: Қарз — 900 ҳазор доллар ва Грант — 900 ҳазор доллари ИМА.
Айни замон, ҷиҳати таҳким бахшидани заминаи моддию техникӣ ва нерӯи кории бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҳисоби маблағҳои “Лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ”-и назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар маҷмуъ 350 баст мебел, 320 адад дастгоҳи нусхабардори чопкунанда ва сканерӣ (МФУ) ва 75 адад компютер ва дигар таҷҳизоти зарурии ба интернет пайвасткунанда харидорӣ гардида, ба шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуданд.
Шумораи муассисаҳои будубоши доимӣ ва шумораи бошандагон дар солҳои 2014-2018
Дар навбати худ Назархудо Дилшодов, муовини раиси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки мувофиқи Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон аз 2 октябри соли 2014, №843 бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти ҷории муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии Вазорат назорати муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъююби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб», «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор», «Хона-интернати беморони руҳии ноҳияиВосеъ», «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии маъюбону пиронсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон», низ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии ахолӣ вогузор карда шудааст.
Илова ба ин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2017, №562 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои давлатии «маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии маъюбону пиронсолон дар шаҳри Бохтар», «Хона-интернати бемории руҳии шаҳри Ҳисор» ва «Хона-интернати беморони руҳии ноҳияи Восеъ» ба номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ шомил карда шудаанд.
Ба ҷои охирсухан
Бо зикри ин нуктаҳои муҳими нишондодӣ аз ҷамъбасти 5 солаи фаъолияти Агентӣ Холзода Абдулҳаким Қувват
— директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароварди суҳбат иброз дошт, ки вазъ дар соҳа нисбати солҳои пешин хеле тағйир ёфта, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
— Дар сиёсати пешгирифтаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро самти афзалиятноки кишвар шуморидаанд. Сарвари давлат дар як суханрониашон иброз дошта буданд, ки: “Саломатии миллат — боигарии давлат аст”.
Имрӯз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои беҳтарин марказҳои тавонбахшии замонавиву муосир буда, кормандон дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимзода Насим Хоҷаро сармашқи кори худ қарор дода, намегузоранд, ки ягон ашхоси муҳтоҷ ба кӯмак аз оилаҳои камбиозат аз мадди назар дур монад ва ҳамаи кормандон садоқату хизмат ба Ватану миллатро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, ҳамеша омодаи хизмат ба Ватан мебошанд.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ