Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба раванди фаъолият ва рушди комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ, таҳкими тартиботи хизматрасонии нақлиётӣ ба мусофирон ва пурзӯр намудани назорати фаъолияти онҳо дар хатҳои сайр, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 19-уми феврали соли 2015, №113-1 “Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе “, аз 31-уми июли соли 2017, №419 дар бораи амалисозии лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомолии истифодаи умумии шаҳри Душанбе”, аз 19-уми феврали соли 2018, №101 “Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаҳои хатсайрҳои шаҳри Душанбе” ва аз 7-уми ноябри соли 2019, №693 “Дар бораи тасиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвияти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе” ба тасвиб расида, вобаста ба ин нақша-чорабиниҳо таҳия ва дар ин замина чораҳои мушаххаси мақсаднок андешида мешавад.
Аз ҳисоби масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ гуруҳи корӣ таъсис дода, масоили ҳалталаби соҳа мавридии баррасӣ, таҳлилу омӯзиш ва чораандешӣ қарор дода шудаанд. Ҳамзамон, ҷаласаҳои корӣ бо иштироки муовини соҳавӣ дар ду ҳафта як маротиба баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба соҳаи хизматрасонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёт баррасӣ мегарданд.
Мутобиқ ба нақшаи корӣ дар соли 2019 як қатор корҳо дар самти баррасии муроҷиати шаҳрандон ба анҷом расонида шудаанд. Муроҷиатҳои дар ин давра воридгардида бо тартиби муайян, марҳила ба марҳила баррасӣ ва ё ҷиҳати иҷро ба сохторҳои дахлдор ирсол шудаанд.
Маҷмааи нақлиётии шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, 4 корхонаи коммуналӣ, 14 ширкати хусусии микроавтобусӣ ва 11 ширкати таксӣ иборат буда, дар самти таъмини бехатарӣ ва назорати раванди ҳамлу нақл Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута фаъолият намуда, баҳри дар амал татбиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии қабулнамудаи давлату ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоянд.
Хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ ба сокинону меҳмонон дар 78 хатсайрҳои мусофирбарӣ, ки аз 23 автобусгард, 8 троллейбусгард ва 47 микроавтобусгард иборат мебошанд, ба роҳ монда шудааст. Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 350 адад автобус, 55 адад троллейбус, 1600 адад микроавтобусҳои хусусӣ ва то 2050 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.
Ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, таъмини риояи ҷадвали ҳаракат, аз байн бурдани ҳолатҳои ҷамъшавии беасос ва паст намудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар давоми соли 2019 ба нақшаи ҳаракати хатсайрҳои микроавтобусии №5, 15, 26, 27, 34, 53, 56 ва 57 тағйироти зарурӣ ворид карда шудааст. Бо мақсади таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди хиёбони С. Шерозӣ ба нақшаи ҳаракати хатсайрҳои микроавтобусии №2, 13, 15, 25, 48, 52 ва 54 тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шуда, фаъолияти хатсайрҳои мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуда, ба ворид гардидани автобусҳои нави замонавӣ дар шабакаҳои дохилишаҳрии шаҳри Душанбе хатсайрҳои нави автобусии №4, 6, 10, 11, 12 ва 29 ташкил карда шудааст.
Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” тибқи вазифаи оинномавӣ фаъоляташро дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19-уми янавари соли 2007, №42 “Дар бораи Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба роҳ монда, танзими бонизоми фаъолияти нақлиёти дохилишаҳрӣ ва нақлиёти мусофирбаре, ки аз нуқтаҳои ҳудуди пойтахт ба нуқтаҳои наздишаҳрӣ ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва баръакс аз он нуқтаҳо ба ҳудуди пойтахт фаъолияти мусофиркашонию боркашониро анҷом медиҳанд, пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, ҳифз намудани манфиати мусофирон ва интиқолдиҳандагонро новобаста аз шакли моликият амалӣ менамояд.
Бозори хизматрасонии нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе аз корхонаҳои коммуналӣ ва ширкатҳои нақлиётии сектори хусусӣ иборат буда, дар соли 2019 тариқи воситаҳои нақлиёти корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе 297 миллиону 717 ҳазор мусофир интиқол дода шуда, гардиши мусофирон бошад, 141 миллиону 409 ҳазору 61 масофа километрро ташкил намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан ба 113,1% , 108,6% баробар аст.
Нақлиёти мусофирбари истифодаи умум дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 2213 адаро ташкил менамояд, ки аз ин шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе, дар умум 559 адад, аз ҷумла, автобусҳои тамғаи “ISUZU CITIBUS” — 54 адад, тамғаи “ISUZU ITIPORT” — 10 адад, тамғаи “AKIA” — 256 адад, “ЛиАЗ” — 52 адад, тамғаи “ПАЗ” — 50 адад, тамғаи “ИКАРУС” — 9 адад, тамғаи “КИНГ ЛОНГ” — 2 адад, тамғаи “SAZ” — 4 адад, микроавтобуси тамғаи ГАЗЕЛ — 30 адад ва троллейбус 92 ададро ташкил намуда, микроавтобусҳои сектори хусусӣ ба 1654 адад баробар мебошанд.
Аз ҳаҷми умумии интиқоли мусофирон дар 12 моҳи соли гузашта тариқи воситаҳои нақлиёти сектори коммуналӣ 167 миллиону 480,6 ҳазор мусофир иҷро гардида, гардиши мусофирон 681 миллиону 151,6-ро ташкил додааст, ки ин нишондиҳандаҳо дар сектори хусусӣ ҳаҷми мусофирбарӣ 130 миллиону 237,1 ҳазор мусофир ва гардиши мусофирон ба 729 миллиону 809,6 ҳазор мусофир км баробар мебошад.
Дар маҷмуъ, дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 бо нақлиёти автомобилӣ (корхонаю ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва соҳибкорони хусусӣ , ки дорои воситаи нақлиёти истифодаи умум мебошанд) 311,7 млн нафар мусофир кашонида шуда, гардиши мусофирон бошад, дар ин давра ба 1 611,2 млн мусофир км баробар мебошад, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта 114,3 % ва 113,0 %-ро ташкил медиҳад.
Дар доираи Лоиҳаи Рушди нақлиёти ифстифодаи умуми шаҳри Душанбе дар соли 2019 чор зеристгоҳи барқии троллейбус пурра бо таҷҳизоти муосир нав гардида, 46892 метр кабелҳои фидерии шиддатноки баланди троллейбус иваз гардида, ба системаи барқӣ пайваст ва дар доираи барқарорсозии инфрасохтори рӯизаминии нақлиёти барқӣ 12,4 км ноқилҳои троллейбусгард иваз, сутун, кронштейн, симтаноб ва дигар шабакаҳои пайвасткунанда нав гардидааст.
Дар иртибот ба ин, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе №719, аз 12-уми ноябри соли 2018 “Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ”, инчунин тибқи банди 3-и қарори Раиси шаҳри Душанбе №853, аз 28-уми декабри соли 2018 “Дар бораи эълон намудани ғолиби озмун” 2300 адад воситаҳои нақлиёти кироякаши таксӣ, ки хизматрасониро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, пурра ба номи зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ карда шудаанд.
Дар асоси нақша-чорабинии аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душане бобати гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ одоби муошират ва риояи меъёрҳои мусофиркашонӣ тартиб дода шуда, дар корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётӣ вохӯрӣ бо кормандон — ронандагону чиптачинон гузаронида шуда, ин иқдом дар ширкатҳои нақлиётии кироякаши таксӣ идома дорад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ бо ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати тақвият бахшидани нақши хизматрасонии хусусӣ, дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ, лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” амалӣ гашта истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи муқаррароти қарори мазкур дар ҳамаи хатсайрҳои автобусию троллейбусӣ низоми пардохти электронии роҳкиро пурра роҳандозӣ карда шудааст.
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12-уми декабри соли 2017, №777 “Дар бораи ройгон истифода намудани нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло аз хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои нақлиёти сабукрави таксӣ)” 2744 адад корти ройгон ба нафақахӯрон тақдим карда шудааст.
Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе фаъолиятро дар асоси Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3-юми марти соли 2007, №107 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда, назорати давлатиро дар маҷмааи нақлиётии шаҳри Душанбе (автомобилӣ, роҳи оҳан, барқӣ, хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияти терминалҳо, логистикаи нақлиётӣ (экспедитсионӣ), таъмир ва хизматрасонии техникӣ, таъмирию сохтмонӣ ва дигар намудҳои фаъолияти нақлиётӣ-роҳдорӣ) амалӣ намуда, назорати риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи нақлиётро дар доираи ваколатҳои пешбининамудааш ба анҷом мерасонад. Дар соли 2019 аз ҷониби Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе 13 635 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар фаъолияти ронандагон ва таъмин нагардидани иҷрои қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, қоидавайронкуниҳо ошкор шудаанд, ки нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 9 миллиону 082 ҳазору 285 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Тибқи қарордоди басташуда байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и ҶТ дарсоли 2019 харидории 100 адад автобуси тамғаи “AKIA” ба нақша гирифта шуда, то инҷониб дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба корхонаҳои нақлиётии пойтахт 57 адад автобус тибқи санад супорида шудааст. Дар баробари ин, дар асоси шарномаи баимзорасида байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” харидории боз 50 адад автобуси тамғаи “AKIA” бо дарозии 8 метр амалӣ шуда истодааст. Вобаста ба оғози истеҳсоли автобусҳои мазкур, ки таҳвили хати истеҳсолӣ идома дорад, айни замон 50%-и онҳо ба ҶТ ворид ва насб гардидаанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳти муайян намудани талаботи мусофирон ба микроавтобусҳои мусофирбарӣ ва аз ин лиҳоз, ба роҳ мондани истеҳсолот ва бандубасти минбаъдаи микроавтобусҳо дар заминаи коргоҳи истеҳсолии ширкати муштарак 3 намуд микроавтобусҳои тамғаи «KARSAN», «IVECO» ва “JAC” (5 адад аз ҳар як намуд) харидоӣ гардида, дар хатсайри №16 ба фаъолият оғоз намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки хизматрасонии мусофиркашонӣ дар хатсайри мазкур идомаи иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти гузориши пардохти ҳаққи роҳкиро ба таври ғайринақдӣ, инчунин рақамикунонӣ ва шаффофгардонии хизматрасонӣ мебошад. Иқдоми мазкур барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба саноатикунонии ҷумҳурӣ тибқи муқаррароти “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридоти ҶТ барои солҳои 2016-2020” истифода ва коркарди маҳсулоти хоми ватанӣ дар дохили кишвар дастрас ва харидории масоҳати тайнамудаи автобусҳо бо гардиши сифр ва дар дохили кишвар ба роҳ мондани марказҳои хизматрасонии нигоҳубини техникии автобусҳо ва дастрас будани қисмҳои эҳтиётӣ равона карда шудааст.
Илова бар ин, дар асоси Амри Президенти ҶТ аз 20-уми августи соли 2019, №АП-1258 Вазири молияи ҶТ аз номи Ҳукумати ҶТ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи Ширкати идоракунии холдинги “Белкоммунмаш”-и Ҷумҳурии Белорус ҷиҳати харидорӣ намудани 100 адад нақлиёти барқии мусофиркашонии тамғаи 32100D , ки барои пурра намудани парки нақлиётии шаҳри Душанбе равона гардидааст, шартномаи дахлдорро ба имзо расонидаанд. Троллейбусҳои муосир тибқи нақша то охири соли 2020 марҳила ба марҳила вориди шаҳри Душанбе мегарданд.
Лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум”-и шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила амалӣ шуда, дар доираи тарофаҳои гуногун бо асоси истифодабарӣ такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст. Бо назардошти таҳлил ва талаботи имрӯзаи истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ кортҳои яксафара аз моҳи марти соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Боиси зикр аст, ки ғайр аз ҷорӣ намудани кортҳои яксафара воситаи дигари пардохт ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар шакли электронӣ, яъне бо истифода аз телефонҳои мобилӣ бо сабт намудани барномаи махсус мавриди истифоданамоӣ пешкаш гардида, табқи мушоҳидаи низоми электронӣ, шумораи онҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Бо мақсади ба пуррагӣ гузаштан ба низоми пардохти электронии роҳкиро хатсайрҳои автобусию троллейбусӣ пурра ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаронида шудаанд.
Вобаста ба шахсоне, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ аз имтиёзҳо ҳангоми сафар намудан дар нақлиёти мусорфирбари истифодаи умум бархӯрдорнад, кортҳои махсуси ройгон омода гардида, барои ба роҳ мондани тақсимоти онҳо ба воситаи сохторҳои марбутаи ҳифзи иҷтимоии шаҳрӣ дастрас карда шудааст.
Шумораи терминалҳо 453 адад ва валидаторҳои насбгардида дар автобусу троллейбусҳо 527 ададро ташкил мекунанд, ки баҳри татбиқ намудани лоиҳаи “Корти шаҳрӣ” ва дастрас гардонидани хизматрасониҳо барои сокинон ва меҳмомнони пойтахт мусоидат менамояд. Бояд қайд намуд, ки аз шумораи 453 адад терминал 257 адади он махсус барои татбиқи Лоиҳа, аз ҷумла 147 адад бо таҷҳизоти диспенсер барои додани корт ва пуррагардонии тавозун ва 110 адад терминал танҳо барои пурранамоии тавозуни корти нақлиётӣ равона гардидааст. Айни ҳол зиёда аз 419129 адад корти пластикӣ дастраси аҳолӣ, бахусус сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шудааст.
Қобили зикр аст, ки тамоюли зиёдшавии истофодабарандагони кортҳои имтиёздор асосан ба гузариши ҳамаи хатсайрҳои автобусиву троллейбусӣ ба низоми пардохти электронӣ, инчунин ба дастрас гардидани кортҳои ройгон ба сохторҳои аз имтиёз истифодабаранда алоқаманд аст.
Дар корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ нақшаи гузаронидани воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз муоинаи техникӣ ва таъмири ҷорию мавсимӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 омода карда шуда, корҳо аз рӯйи нақшаи тартибдодашуда ба анҷом расонида шудаанд.
Дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе назорати таъмини расонидани хазматрасонии Wi-Fi-и ройгони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет дар фазои ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби ширкатҳои мухобиротӣ ба шаҳрвандон ва мизоҷон пешниҳод карда мешаванд, ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор карда шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки солҳои охир дар соҳаи нақлиёти мусофирбарии пойтахт бо дастгирию ҳидоятҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти роҳдорӣ ва мусофирбарӣ нисбати давраи пеш ба маротиб марҳила ба марҳила пеш рафта истодааст. Дар баробари ин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини фаъолияти нақлиёти мусофирбар, дастгирӣ ва тараққиёти ботадриҷи соҳаи ҳаётан муҳим дар доираи имкониятҳои мавҷуда пайваста тадбирҳои мушаххаси мақсаднок андешида мешавад. Аз ҷумла, сол аз сол воситаҳои нақлиёти мусофирбарии нав харидорӣ гардида, роҳу иншооти ҳудуди пойтахт таъмиру азнавсозӣ карда мешавад. Инчунин, ҳамасола барои дастгирӣ намудани корхонаҳои коммуналии нақлиётии хизматрасон маблағҳои муайян ҷудо гардида, ҷиҳати азнавкунии паркҳои нақлиётӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Тавре зикр гардид, дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, аз ҷумла, корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”, “Автобус-2”, “Автобус-3” ва Троллейбус”, 14 ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва 11 ширкатҳои тавассути таксӣ фаъолияткунанда хизматрасонӣ менамоянд. Бо мақсади беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе давоми солҳои 2017-2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе 325 адад автобусҳои нави замонавӣ (аз ҷумла, дар соли 2017 автобуси тамғаи “ИСУЗУ” — 64 адад, соли 2018 автобуси тамғаи “АКИА” — 200 адад, соли 2018 автобуси тамғаи “САЗ” — 4 адад ва дар соли 2019 автобуси тамғаи “АКИА” — 57 адад) ва инчунин дар соли 2019-ум 4 адад троллейбусҳои тамғаи “32100D” бидуни пайваст бо ноқилҳои троллейбусгард ба масофаи то 15 км ба таври автоматӣ ҳаракаткунандаи истеҳсоли Белорусия харидорӣ гардида, бо ин васила вазъи парки нақлиётии корхонаҳои мусофиркашонӣ беҳтару хубтар гардидааст.
Тибқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, дар хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт зиёда аз 64 адад истгоҳҳои намунавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Шабакаҳои хатсайрҳои нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе дар қиёс бо солҳои қаблӣ такмил дода шуда, дар радифи хатсайрҳои фаъолияткунанда хатсайрҳои нави автобусию микравтобусҳо ифтитоҳ гардидаанд. Тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ бо сарулибоси ягонаи корӣ таъмин карда шудаанд.
Баҳри иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба пешбурди рушди бемайлони соҳаи нақлиёт бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда, чораҳои мушаххаси мақсаднок андешида шуда истодааст.
Тавре директори Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” муҳтарам Ҷумъахон Давлатов иброз намуданд, “тӯли таърихи давлату давлатдории тоҷикон касе барои ин миллату давлат хизмати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст. Гарчанде Душанбеи азиз дили Тоҷикистон асту таърихи беш аз 96-сола дорад, касе барои он чун раиси ҷавону боғайрат муҳтарам Рустами Эмомалӣ хизмате накарда буд. Дар як муддати кӯтоҳ шаҳрдори ҷавон шаҳрро ба як бӯстони афсонавӣ табдил доданд. Гузашта аз ин, агар дар самти хизматрасонии нақлиётӣ гӯем, дар ин самт пойтахти мо аз пойтахтҳои зиёд кишварҳо дар пеш буда, барои сокинону меҳмонон дар 78 хатсайри нақлиётӣ ҳамарӯза беш аз 325 адад автобусҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ, 55 троллейбусҳо ва 1600 микроавтобусҳои хусусӣ аз ҷамъиятҳои хизматрасонии нақлиётӣ ва беш аз 2050 таксиҳо аз 11 ширкатҳои хизматрасонии таксӣ ва шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Маҳз дар доираи талаботи қатъии шаҳрдорӣ тамоми роҳҳои пойтахт ва истгоҳҳо бозсозӣ карда шуда, иловатан боз 64 адад истгоҳҳои намунавӣ сохта мешаванд ва тамоми терминалҳои нақлиётӣ, ки пойтахтро бо дигар шаҳру ноҳияҳо мепайванданд, ба канори пойтахт бароварда мешаванд. Аллакай аз имрӯз ман бо боварии тамом метавонам бигӯям, ки маҳз талаботи қатъӣ ва навовариҳои шаҳрдорӣ буданд, ки аз ҷиҳати хизматрасониҳои нақлиётӣ, аз ҷумла ҳамлу нақли мусофирону борҳои гуногун ва одобу муоширати кормандони соҳаи нақлиёти Душанбешаҳр дар миқёси минтақа дар самти мусбат назир надорем. Метавон гуфт, ки ин ҳамагӣ аз хизматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва командаашон мебошад ва мо низ аз кору фаъолият таҳти роҳбариашон ифтихор дорем”.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ