Симои шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистони азизи мо рӯз ба рӯз зебову рангин мешавад. Гулгаштҳои сарсабз, дарахту ниҳолҳои гуногун, роҳҳои ҳавоӣ ва мумфарш ба болоравии маърифати шаҳрвандии мо таъсир мерасонад ва муносибати мардумро ба якдигар пурмеҳртару самимитар мегардонад. Имрӯз сокинони ин шаҳри овозадор ва обод дар радифи мардуми курраи замин дар фазои озоду осоиш кору фаъолият менамоянд ва ин вазъи орому амнро чун меҳрубонию инояти Парвардигори ягона пазироӣ менамоянд. Албатта, ин ҷо мо ба талошҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем, то насли имрӯзу оянда донад, ки ин гаҳвораи фарҳанги тоҷикони дунё маҳз бо ҷаҳду талошҳои рустамонаи ин абармарди набардҳои сиёсиву фарҳангӣ ба шаҳри Сулҳу дӯстӣ расида, мавриди эътибори оламиён гардидааст.
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистони ягона мекӯшад ва мехоҳад, ки дар баробари ин навсозию бунёдкориҳо ботинан рӯ ба беҳшавию зебоӣ ва хушрӯзиҳо намояд. Беҳуда нест, ки солҳои охир дар забони мардум ифодаи “зиндагии шоиста” бисёр маъмул шудааст. Яъне халқи тоҷик дар баробари мардуми ҷаҳон ҳақ дорад, ки дар фазои озоду обод лоиқи зиндагии шоиста бошад, — дар ҳар мулоқоту вохӯриашон таъкид менамоянд Пешвои миллат. Зиндагии шоиста фақат дар дастрасии ниёзҳои моливу таъмини баланди талаботи истеъмолии мардум ифода намегардад. Балки пеш аз ҳама дарки масъулият ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ низ яке аз ниёзҳои рӯзгори шоистаи мардум мебошад. Яъне мо фақат дастрасии ниёзҳои истеъмолиро дар назар надорем, ҳамзамон, расидан ба тафаккури созандагию бунёдкорӣ низ аз шохисҳои зиндагии шоиста мебошад. Агар мо дар ҷойи кор, маҳалли зист ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо алфози қабеҳ ва дашномҳои гӯшношунид ба мардум муносибат намоем, ин пеш аз ҳама ба решаи зиндагии шоиста зарба хоҳем зад.
Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони азиз, чун дар симои мардум фараҳ ва хушнудиро мебинам, хушҳол мешавам, вале агар соҳибмасъуле ба мардум муомилаи дилхароше кунад, ба андеша меравам, ки чаро симои шаҳри азизамон Душанбе рӯ ба зебоӣ меораду мо ҳанӯз дар хами муносибатҳои аз одобу муошират дур қарор дорем. Бояд ҳар як соҳибмақом дар баробари заҳматҳои бунёдкории Пешвои миллат худро тағйир диҳад ва рӯ ба зиндагии шоиста орад.
Имрӯзҳо мо мебинем, ки аксари хизматрасониҳо ба сокинони пойтахт аз ҷониби муассисаҳои давлатию хусусӣ хеле пеш рафтааст. Кормандон ва корфармоён нисбати корафтодагон муомилаи хуби кориро ба роҳ монда, бар он мекӯшанд, ки мардум аз хизматрасониҳои онҳо қаноатманд бошанд. Дар акси ҳол аз зиндагии шоиста андеша кардан барвақт аст. Замоне буд ва имрӯз ҳам ба назар мерасад, ки мардум барои дастрасии як аснод бо чи мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешуданд, якдигарро дашном медоданд ва боиси ранҷишу озори ҳамдигар мешуданд. Инро агар таҳлил ва омӯзиш намоед, маълум мешавад, ки ин бесарусомониҳо ҳама аз сатҳи пасти хизматрасониҳо аст.
Чунин андешаҳои махшуш дар тафаккури банда, ҳангоме ки ба идораи Шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандон дар ноҳияи Синои пойтахт пайдо шуд. Чандин сол пеш барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди яке аз фарзандонам ба ин идора корафтода шуда будам. Дар ҳар дафтари корӣ навбати беинтиҳои корафтодагон ҳукмронӣ мекард ва дар рӯ ба рӯятон духтароне хизматрасонӣ менамуданд, ки аз ваҷоҳати гирифтаи чеҳраи онҳо дилат сиёҳ мешуд ва ё агар беэҳтиёт калимае аз забонат мебаромад, кори ту ба ҳафтаи дигар мемонд. Ин ҳолатро ба хотир оварда нахостам, аз пайи шаҳодатномаи таваллуди фарзандам шавам.
Ночор роҳ ба сӯи маҳаллаи 82, собиқ бинои кинотеатри “Ситора” намудам. Ҳар қадар наздик мешудам, маро навбатпойии сангин пеши назарам меомад. Ва ба бинои ин кинотеатари овозадор наздик шуда идораи Сабти ҳолати шаҳрвандонро пайдо кардам. Ҳама ҷо оромӣ ва мардум хушҳол аз ин идора берун мешуд ва дар симои онҳо қаноатмандӣ ва ризоият ҳувайдо буд. Боварам наомад, аз худ пурсон шудам, ки наход хизматрасонӣ ин қадар беҳ шудаасту масъулини ин муассисаи давлатӣ дар баробари ободиҳои шаҳри азизашон ба ин дараҷаи хушмуомилагӣ расидаанд. Бо ин хаёлот банд будам, ки духтари зебои хушчеҳрае бо лаҳни дилкаш ва гуворо ба ман боодобона салом дода, аз ман пурсон шуд:
— Салом, шаҳрванди муҳтарам, ба шумо чӣ хизмат расонем? Ман чизе гуфта натавониста, каме ба андеша рафта, ҳадафамро баён намудам. Маро ба дафтари кории сардори шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандон дар ноҳияи Синои пойтахт Раҳмон Гулчеҳраи Қурбоналӣ оварданд. Мо гӯё шиносҳои дерин бошем, ки Гулчеҳраи Қурбоналӣ маро хеле хуш қабул намуда, матлабамонро фаҳмида, барои беҳбудии кор чанд пешниҳод ҳам намуданд. Дар муддати ман бо пур кардани чанд ҳуҷҷат машғул шудан ин роҳбари оқил ва донишманд бо муомилаи хеле баланд шаҳрвандони дигарро низ гӯш мекард ва маслиҳатҳо медод. Ин замон мӯсафеди тақрибан 60-70- сола марде бо чеҳраи ғазаболуд ба дафтари кории Гулчеҳраи Қурбоналӣ вори шуда, бо овози ниҳоят дағал даъво менамуд, ки ман мехоҳам набераамро Самӣ номгузорӣ кунам, вале кормандони ин идора маро гӯш намекунанд ва даъво пеш меоранд, ки ин ном аз рӯи имло ғалат ва номувофиқ мебошад. Гулчеҳраи Қурбоналӣ аввал ба суханони ин мӯйсафеди даъвогар мутаваҷҷеҳ шуда, як лабханде намуда, аз мизи кории худ берун шуда, курсиеро аз кунҷи дафтари корӣ ба мо наздик оварда, даъвогарро он ҷо ба нишастан даъват намуда ва ҳатто аз чойники пешашбуда, як пиёла чой ҳам рехта ба мӯсафед дароз кард. Марди даъвӣ ором шуд ва хеле боодобона ба духтарам гӯён матлабашро баён мекард. Маълум шуд, ки ин мард ба наздикӣ наберадор шуда, мехостааст ба наберааш номи “китобӣ”, яъне “Самиҷон” гузорад. Ҳарчанд сардори шуъба фаҳмонданӣ мешуд, ки калимаи “Самӣ” дар ин шакл ягон маънӣ надорад ва ба калимаи “Самеъ”-и арабӣ, яъне “шунаванда” наздик аст. Вале даъвӣ аввал ба суханони Гулчеҳраи Қурбоналӣ аввал гӯш надода, даъвии худро бо алфози каме дурушту дилхарош ва ғазаболуд баён мекард. Вале тадриҷан мӯйсафед аз ноҷо суханони қаҳромез гуфтаи худ пушаймон шуда, оромона ба суханони мудири шуъба гӯш фаро дод. Аз чунин тавзеҳоти Гулчеҳраи Қурбоналӣ марди мӯйсафед тадриҷан аз даъвоҳои худ даст кашида, муаддабона ба суханҳои мусоҳиби худ таваҷҷуҳ намуд. Ман эҳсос кардам, ки марди даъвӣ аз чунин муносибати боодобона ва самимонаи сардори идораи мазкур каме дар хиҷолат монд. Инро Гулчеҳраи Қурбоналӣ хеле моҳирона дарк карда:
— Амакҷон, шумо ҳақ доред, дар асоси қонун набераи худро номгузорӣ намоед, танҳо ин ном маънои хуб дошта, ба қоидаҳои имлои забони миллӣ мутобиқ бошад. Ва фаромӯш накунед, ки ҳама номҳо китобианд ва ҳеч ном аз китоб берун нест.
Марди даъвӣ ором шуд ва бо нигоҳи каме илтиҷоомез ба сӯи сардори шуъба чашм дӯхт ва маълум шуд, ки ӯ аз рафтори дағалонаи худ хиҷолат кашида, ки ба ҳар пешниҳоде аз ҷониби Гулчеҳрахон изҳор шавад, қабул хоҳад кард. Гулчеҳраи Қурбоналӣ дар назди марди даъвӣ рӯихати номҳое, ки Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, аз ӯ хоҳиш кард, ки аз ин ҷо ном ёфта, ба мо нишон диҳед, мо онро сабт намуда, ба шумо шаҳодатномаи таваллуди набераатонро медиҳем. Ин вақт ҳолати ғайричашмдошт рӯй дода, ҳама муаммоҳоро аз байн бурд. Марди даъвӣ ба сардори шуъба муроҷиат намуда:
-Духтарам, ман аз рафтори нодурусти худ аз худат узр мехоҳам, сониян ман нав фаҳмидам, ки номҳои тоҷикӣ ҳам зебо ва дилнишин будаанд. Ба ман гуфтанд, ки номи Самиро гузор, вале ман маънои ин калимаро намефаҳмам, бинобар ин, аз худат хоҳиш дорам, ки ба набераи ман як номи мувофиқ ва соҳибмаъно гузошта бошӣ.
Гулчеҳраи Қурбоналӣ аз чунин ранг гирифтани муносибати ин марди 70 — сола ва аз меҳрубонӣ ва оромона пазируфтани рӯихати номҳои тоҷикӣ хурсанд шуд. Зеро шахси дар ғазаббударо дар ҳолати оромӣ ва қаноатмандӣ овардан ин маҳорати равоншиносии Гулчеҳра маълум мегардид. Гулчеҳраи Қурбоналӣ бо ин марди рӯзгордида пешниҳод намуд, ки номи мубораки набераи худро Фаридун гузорад. Ҳамзамон, ӯ ба мӯйсафед фаҳмонд, ки Фаридун кист ва дар таърихи миллати мо чӣ мақоме дорад. Ӯ чун фаҳмид, ки Фаридун аз қаҳрамонони “Шоҳнома”-и Фирдавсии бузург мебошад, дар чеҳрааш осори хушҳолӣ ҳувайдо гашт. Мӯйсафедро ҳолати хушҳолӣ ва қаноатмандӣ фаро гирифта буд, зеро ба ӯ маълум гардид, ки номи набераи ӯ таърихи буда, дар таърихи миллати ӯ мақоми арзандаеро соҳиб мебошад. Барои боз ҳам амиқтар фаҳмидани маънои ин ном Гулчеҳраи Қурбоналӣ ба мӯйсафед дар баробари шаҳодатномаи таваллуд, дар як варақи махсус бо хатҳои заррин ин мисраҳоро навишта, тақдим намуд:
Фаридуни фаррух фаришта набуд,
Ба мушку ба анбар сиришта набуд.
Ба доду диҳиш ёфт ӯ мардумӣ,
Ту доду диҳиш кун Фаридун туӣ.
Ин мисраҳо ифодаи орзую ормони Гулчеҳраи Қурбоналӣ нисбати набераи ин марди рӯзгордида ва хушбахт буд, аз он ки набераи азизашро Фаридун ном гузошт. Мӯйсафед хеле қаноатманд ва сарфароз, ҳар замон шукргузорӣ аз сиёсати созанда Пешвои миллат ва аз чунин роҳбарони боирода ва донишманд менамуд. Маро ҳам як ҳисси ифтихор ва фараҳмандӣ фаро гирифт ва дар дил гуфтам, “Фиристода бояд, ки доно бувад”. Зеро шоҳиди ин рӯйдод будам, ки ин бонуи зебо, донишманд, маърифатнок ва фазилатгуҳар бо фазилату заковати худ роҳеро ба сӯи зиндагии шоиста пеш гирифтааст.
Нурмуҳаммад ОДИНАЕВ,
Рустам ҲАСАНОВ